1 март – Рӯзи интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ

Саидҷаъфар Усмонзода: «Мо ифтихор мекунем, ки низоми давлатдориамон демократӣ аст»

№16 - 17 (4122 - 4123) 04.02.2020

Ҳизби демократи Тоҷикис­тон ҳамчун яке аз собиқадортарин ташкилотҳои сиёсӣ дар тӯли фаъолияти сисолааш ба ҳодисаҳои гуногун рӯ ба рӯ шудааст. Замоне маъруфтарин ҳизб буду даврае ба парокандагӣ дучор шуд. Чанд сол пеш бо ташаббуси роҳбарону аъзояш аз парокандагӣ наҷот ёфт ва номзадҳои он дар интихоботҳои президентӣ (соли 2013) ва парлумонӣ (соли 2015) иштирок карданд. Инак, якуми марти соли равон интихоботи даъвати нави Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад. Суҳбати мо бо раиси Ҳизби демократ Саидҷаъфар Усмонзода атрофи омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ сурат гирифт.

- Нахуст мегуфтед, ки омодагии Ҳизби демократи Тоҷикистон ба интихоботи парлумонӣ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ чӣ гуна аст?

- Мо ба интихоботи парлумонии соли 2020 аз рӯйхати ҳизбӣ 4 нафар ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 8 нафар номзад пешниҳод кардем. Алабатта, вақт нишон медиҳад, ки соҳиби чанд курсӣ мешавем, зеро рақибҳои пурқувват дорем. Рақибони сиёсие ҳастанд, ки нуфузу эътибори зиёд доранд. Номзадҳоямон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ низ пешниҳод шудаанд. Кӯшиш мекунем ҳадафу барномаи ҳизбро дар маҳалҳо ташвиқ намоем, яъне барои расидан ба мақсаду маромамон талош варзем, то ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ ва интихобкунандагон як кори хуберо барои ҷомеа анҷом дода тавонем.

Ба маҷлисҳои маҳаллии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Кӯлоб, Хуҷанд ва Бохтар якнафарӣ номзад пешниҳод кардем. Ба ғайр аз ноҳияҳои Сангвор, Тоҷикобод, Носири Хисрав ва Панҷ, аз дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба маҷлисҳои сатҳи гуногун номзадҳои мо пешбарӣ шудаанд.

- Шумо дар суҳбатҳои қаблӣ аз эҳтимоли пешниҳоди бештари номзадҳо сухан карда будед. Сабаб чист, ки аз рӯйхати ҳизбӣ чор ва аз ҳавзаҳои якмандатӣ 8, дар маҷмӯъ, 12 нафарро пешниҳод намудед?

- Мо дар Шӯрои сиёсии ҳизб ин масъаларо баррасӣ кардем ва имкониятҳои ҳизб ва шахсони сазоворро, ки салоҳияти иштирок дар интихоботро доштанд ва барномаҳоро муаррифӣ карда метавонистанд, ба инобат гирифтем. Албатта, метавонистем нафарони зиёдеро пешниҳод кунем, вале агар, аз як ҷониб, масъалаи молӣ имкон надиҳад, аз ҷониби дигар, дар муқобил ҳизби ҳукмрон истодааст ва пӯшида нест, ки мавқеи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ҷомеа ниҳоят мустаҳкам аст. Шахсони бонуфуз, олимон, варзишгарони номӣ, ҷавонони болаёқат ва шахсони баландпояи хизмати давлатӣ аъзои ҳизби мазкур ҳастанд. Нуфузи ин шахсиятҳо, албатта, Ҳизби халқии демократиро пурқувват мекунад. Аз ин рӯ, дар ҳеҷ ҳолат ба ҳизби мазкур баробар шуда наметавонем. Бинобар ин, мо шумораеро пешниҳод кардем, ки имкони дар ҳамин доира мубориза бурданро дорем. Ба изофа боз 6 ҳизби дигар дар интихобот ширкат меварзад. Ба назари мо ягон ҳизб ҳамаи 63 курсии вакилиро ба даст оварда наметавонад.

- Ҳизби демократ яке аз ҳизбҳои собиқадор дар кишвар мебошад. Замоне шахсиятҳои маъруф аъзои он буданд. Имрӯз аъзои он намояндагони кадом табақаи ҷомеа ҳастанд ва мавқеъгирии онҳо нисбат ба равандҳои ҷомеа чӣ гуна аст?

- Дар гузашта, албатта, шахсиятҳои маъруф аъзои ҳизб буданд ва он мақсаду мароме, ки ҳизби соли 1990 дошт, ҳамааш амалӣ шуд. Дар давраи нав мо дар марҳилаи гузариш ба арзишҳои демократӣ қарор дорем. Мардуми Тоҷикис­тон бошад, дар давраи мутобиқшавӣ. Дар ин давра мушкилоти зиёде ба вуҷуд меоянд ва ҳизбҳои сиёсӣ метавонанд дар қиболи онҳо барои рушди ҷомеа барномаҳои мушаххасеро пешниҳод кунанд. Имрӯз низ шахсони номдори зиёде ҳастанд, ки аъзои ҳизби мо мебошанд, аз қабили докторони илм, рӯзноманигорон ва дигар намояндагони ҷомеа. Аммо шумораи мутахассисоне, ки соҳаи иқтисодро хуб медонанд, бештар аст. Онҳо метавонанд сиёсати стратегии ҳизбро ба Ҳукумат пешниҳод кунанд. Чунин таҷрибаро Ҳизби демократ дорад. Ман ҳамчун намояндаи ҳизб дар бораи гароншавии интернет гуфтам ва Роҳбари давлат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ шунида, онро бекор карданд. Дар масъалаи шиносномаҳо ҳам гуфтем, ки муҳлаташ дароз карда шавад, иҷро шуд. Қисмати зиёди мушкилотеро, ки мо мегӯем, Ҳукумат дар доираи имконот иҷро мекунад. Мо бояд эътироф кунем, ки тамоми пешравии 28 соли охири кишвар бо роҳбарии ҳамин Ҳукумат ва тибқи барномаи интихоботии ҳизби ҳукмрон ба даст омадааст. Ба ёд биёред, аз соли 1992 то 2000-ум мардум дар орзуи нон буд. Ҳозир агар дилхоҳ бозор дароед, илтимос мекунанд, ки нон бихар. Он солҳо барои аз як ноҳия ба ноҳияи дигар рафтан ҳарос доштем, имрӯз чунин ташвиш надорем.

Ҳатто дар суроғи он нестем, ки фарзандонамон дар куҷо мегарданд. Ин суботу амниятро ҳамин давлат таъмин кардааст. Баъзеҳо ба ин назаранд, ки «муҳоҷирони меҳнатӣ тамоми буҷаи моро гардон мекунанд». Бале, муҳоҷирон ҳиссагузоранд, вале маблағҳои онҳо бо таври мустақим ба буҷа ворид намешаванд. Пули муҳоҷирон тавассути сохторҳои марбутаи давлатӣ ба дасти зану фарзандонашон мерасад. Дуруст аст, ки 40-50 дарсади хариди молҳо бо пули муҳоҷирон сурат мегирад, вале ин маънои онро надорад, ки онҳо пурра иқтисоди моро гардон мекунанд. Нисфи даромади буҷа аз дигар манбаъҳо шакл мегирад.

Дар маҷмӯъ, кишвари мо имрӯз дар доираи имконоти иқтисодиву сиёсӣ ба рушди муайян ноил гардидааст. Вале мо дар барномаи пешазинтихоботиамон пешниҳодҳое дорем, ки ба раванди рушди беш аз пеши кишварамон мусоидат мекунанд.

- Чанде пеш нафароне, ки худро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон муаррифӣ мекунанд, иддао карданд, ки Тоҷикистон бояд ҷиҳати иштироки намояндаи муҳоҷирон ҳамчун номзад дар интихоботи парлумонӣ шароит фароҳам оварад. Назари шумо ҳамчун роҳбари ташкилоти сиёсӣ ба ин масъала чист?

- Мушкилотеро, ки ду намояндаи муҳоҷирони меҳнатӣ ёдовар мешаванд, мо ҳар рӯз ба таври касбӣ баррасӣ мекунем. Тарзе талаб мекунем, ки он дар сатҳи зарурӣ иҷро шавад. Лекин бо як-ду овоз дар парлумон ягон қарор қабул нашудааст. Мо эродҳоямонро ба Сафорати Россия дар Тоҷикистон ва Сафорати кишвари мо дар Россия мефиристем. Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон онҳоро мустақим ба Вазорати корҳои хориҷаи Федератсияи Россия ирсол менамояд. Фикр намекунам, то ба дараҷае ки муддаиён мегӯянд, ин мушкилот ҳалли худашро наёфта бошад. Дигар ин ки тарзи пешниҳоди номзадҳо ба вакилӣ ва бақайдгирии онҳо мувофиқи қонунгузорӣ муайян шудааст. Мо наметавонем дар ҳудуди як давлати дигар ин расмиётро ба ҷо орем. Албатта, мушкилот дар ҳаёти муҳоҷирон вуҷуд доранд ва ҳалли онҳо ба фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мансуб аст. Аммо, мутаассифона, ин сохторҳо баъзан одитарин масъаларо ҳал намекунанд. Вазорати корҳои хориҷӣ бояд роҳҳои ҳалли ин мушкилотро пайдо кунад. Бо се-чор консулгарӣ дар Россия кор буд намешавад. Мо бояд на камтар аз 40 консул дар Россия дошта бошем. Агар барои ин кор маблағ аз ҳисоби буҷа нарасад, як басти кории сафоратҳоеро, ки дар дигар давлатҳо фаъолият мекунанд, ихтисор кунанд, масъала ҳал мешавад. Аз ин кор буҷет зарар намебинад. Давлатҳое ҳастанд, ки ба коргари зиёд дар сафоратҳои онҷобуда зарурат нест.

Мо дар барномаи пешазинтихоботиамон ба масъалаи муҳоҷирони меҳнатӣ низ дахл кардаем. Аз ҷумла, дар шартномаи ширкатҳои ҳавопаймоие, ки дар Тоҷикистон кор карда, фоида мебинанд, илова кардан даркор, ки агар мабодо шаҳрванди Тоҷикистон вафот кунад, ҷасади ӯро ройгон биёранд. Бечунучаро, бе ягон мушкил эҷод кардан. Инчунин, консулгариҳо бояд телефони боварӣ дошта бошанд то бидонанд, ки дар кадом минтақа кадом тоҷик вафот кард ва масъалаи интиқоли онро ҳатман ҳал кунанд. То бор кардани он ба ҳавопаймо мусоидат намуда, тавассути телефон масъулини ноҳияеро, ки шаҳрванд сокини он мебошад, хабар диҳанд. Масъулини ноҳия аз фурудгоҳ ҷасадро гирифта, ба манзилаш бурда расонанд ва бо наздикони он ғамшарик бошанд. Ҳамчунин, як маблағи муайян кумак намоянд. Чунки он сарпарасти оила ва ҳиссагузор дар гардиши бозори моли Тоҷикистон буд. Ҳамчун шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифода аз чунин лутфу марҳамати Ҳукумат ва ин ҷомеаро дорад.

- Муҳимтарин банди Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон фарогири кадом масъалаҳост?

- Муҳимтарин нуқтаи Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон сохтани харитаи корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, бо дарназардошти зарфиятҳои захираҳои табиӣ, шумораи одамон, нишондодҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори барқу обу роҳ аст. Мо чунин меҳисобем, ки Ҳукумат се ҳадафи стратегиро иҷро карда тавонист. НБО «Роғун» бунёд гардид ва имконияти истеҳсолӣ пайдо шуд. Бо истифода аз чунин шароит мо имкони таъсиси 30 миллион ҷойи корӣ дорем. Барои амалӣ кардани ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар, албатта, Ҳукумат барномаҳои мушаххас дорад. Чун се барномаи стратегиро иҷро кард, аз уҳдаи чорумаш ҳам мебарояд. Аммо тавре ёдовар шудам, агар пешниҳоди моро истифода кунанд, бо суръати ду-се баробар тезтар рушд хоҳем кард.

Мо бояд дар муддати кӯтоҳ харитаи зикршударо сохта, ба шаҳрвандони кишвар, сармоягузорони дохилӣ ва берунӣ пешниҳод намоем. Ғайр аз ин, зарур аст, ки тамоми намуди андоз ва пардохти иҷтимоӣ барои шахсоне, ки дар он корхонаҳо кор мекунанд, 50 дарсад кам карда шавад. Нафароне, ки аз харита ҷоеро барои фаъолият интихоб мекунанд, аз гирифтани иҷозатнома ва супоридани бонусҳои обунавӣ бояд озод гарданд. Дар ин ҳолат тоҷир имкони рушд пайдо мекунад. Имкониятҳое фароҳам мешаванд, ки рушди Тоҷикистон мувофиқи нақша роҳу равиши муайянро мегирад. Ҳамзамон, иқтидори Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-ро 50-100 маротиба баланд бардоштан лозим аст. Он бояд маҳсулоти кишоварзиро харидорӣ ва ба мардуми кишвар пешниҳод карда, боқимондаашро ба бозорҳои хориҷа барорад. Дар баробари ин, деҳқон низ маҳсулоташро ба бозор барорад, то ин ки рақобат ба вуҷуд ояд.

Бонкҳои мо бояд ба шахсони соҳаҳои истеҳсолӣ дастрас бошанд. Тоҷир бо фоизи имрӯзае, ки бонкҳо барои додани қарз мондаанд, фоида гирифта наметавонад. Бо пахтаву гандум коштан ин қадар фоида гирифтан ғайриимкон аст. Чунки кори хоҷагиҳои деҳқонӣ мавсимӣ аст, боз ба болои ин андоз ва пардохтҳои дигарро супоридан лозим меояд. Дар ноҳияҳои кӯҳистон, ки 4-5 моҳ пурбарф аст, деҳқон кореро иҷро карда наметавонад. Аз ин рӯ, додани имтиёзу имкониятҳои молиявию бонкӣ ва иҷро кардани корҳои зикршуда шояд ҳаҷми буҷаи давлати моро 5 — 10 баробар зиёдтар гардонад.

- Бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузорӣ аъзогии намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ манъ шуд. Назари шумо ба ин масъала чист? Оё Ҳизби демократ барои назорати интихобот аз ҳисоби аъзояш нозир мемонад?

- Роҳбарон ва кормандони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР) ҳамаашон шахсони сарсупурда ҳастанд. Онҳо дилхоҳ пешниҳоди хуб­ро дастгирӣ мекунанд. КМИР имсол бисёр фаъол аст. Дар муносибати шахсӣ, таъмин кардани дастурамалҳо ва дигар маводи лозима мушкил надорем. Ҳатто рӯзҳои истироҳат ҳам ба саволҳои мо ҷавоб медиҳанд. Мутобиқи арзишҳои демократӣ ҷараёни интихоботро намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ низ бояд мушоҳида кунанд. Ман фикр намекунам, ки дар ин масъала мушкил эҷод шавад. Худи баргузории интихобот бо ҳузури ҳизбҳои сиёсӣ шоҳиди низоми демократӣ будани он аст. Мо ҳамчун аъзои ҳизби демократ фахр мекунем, ки низоми давлатдорӣ демократӣ аст. Бо вуҷуди ин, нозирони мо дар участкаҳои интихоботӣ ширкат меварзанд.

- Ба андешаи шумо кадом мушкил барои иштироки як ҳизб дар интихобот вуҷуд дорад?

- Мушкили асосӣ барои ҳизбҳо гарави интихоботӣ аст, ки ҳаҷми он 5800 сомонӣ мебошад. Гарави интихоботӣ бояд аз 500 сомонӣ зиёд набошад. Яъне, баробари ҳаҷми маоши ҳадди ақал бошад. Агар ба ҳизбҳои сиёсӣ аз буҷа маблағгузорӣ мешуд, онҳо фаъолтар мегардиданд. Зеро ҳизбҳо ҳам барои манфиати давлат ва ҷомеа кор мекунанд. 50 ҳазор сомонӣ ҷудо кардан барои як ҳизб дар интихобот кам аст. Ин маблағ набояд камтар аз 500 ҳазор сомонӣ бошад. Сари ҳар як шаҳру ноҳия на камтар аз 7000 сомонӣ бояд ҷудо шавад. Он гоҳ корҳои таблиғу ташвиқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешаванд. Танҳо бо аъзоҳаққӣ кореро ба субут расондан ғайриимкон аст. Мо аз аъзои ҳизб, ки 35302 нафарро ташкил медиҳанд, ҳатто аъзоҳаққӣ намегирем. Ин ба он хотир аст, ки бо шаш сомонии аъзоҳаққӣ як килограм шакар харида, бо аҳли оилааш истеъмол кунад.

Мусоҳиб Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»