Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайёҳ бе армуғон барнамегардад

№21 (3815) 17.02.2018

28051830809_e916e75b8c_oАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо масъалаҳои барои мардуми тоҷик муҳим, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ пураҳамиятро низ мавриди таҳлил қарор доданд. Аз ҷумла, зикр карданд, ки: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад».

Илова бар ин, Сарвари давлат бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу маҳсулотро аз пардохти ҳама намуди андоз озод карданд. Бо дарки масъулият мегӯям, ки ба шарофати эълон намудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» зиндагии мардуми тоҷик хеле беҳтар мегардад. Қобили зикр аст, ки Президенти кишвар мудом барои рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла маориф ва техникаи инноватсионӣ, оила, тарбияи фарди солим ва ба илму ҳунар фаро гирифтани ҷавонон дастуру супоришҳои роҳнамунсоз медиҳанд, то мардуми кишвар дар фазои озод ва осоишта умр ба сар баранду рушди бахшҳои гуногуни ҷомеа таъмин бошад.

Миёни соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ алоқамандии қавӣ мавҷуд аст. Вақте дар ҷумҳурӣ ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эътибори махсус дода мешавад, ба ин васила ин бахш рушд карда, маҳсули ҳунармандон харидори бештар пайдо мекунад ва ба бозори ҷаҳонӣ роҳ меёбад.

Аз ин рӯ, бояд кӯшиш намоем, ки сайёҳон ҳангоми дидан аз ҷойҳои таърихӣ ва истироҳатгоҳҳо бо худ хотироти хуб баранд. Ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла навъҳои гуногуни нон, нақшу нигор ва кандакориҳо дар табақу сутунҳои бино, сӯзаниҳо, ки дар ҳар маҳал хусусиятҳои алоҳида доранд, ҳатман таваҷҷуҳи сайёҳонро ба худ ҷалб менамоянд, зеро дар дунё нархи маҳсулоте, ки дастӣ истеҳсол мешаванд, гаронтар аст.

Дар баробари муаррифии табиати биҳиштосои мамлакат, инчунин омӯзиш ва сайқал додани ҳунарҳои мардумиро дар оила ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавсеа бахшидан зарур аст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ барои гус­тариш пайдо намудани ҳунарҳои мардумӣ солҳои қабл низ тавассути ташкили марказҳои таълимию истеҳсолӣ, ба монанди зардӯзӣ, тӯрбофӣ, кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, рӯймолдӯзӣ, тоқидӯзӣ, инчунин кандакорӣ, кордсозӣ, сабадбофӣ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, гаҷкорӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ ва ҷевонсозӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ корҳои зиёдро анҷом дод.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки дар баробари омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ, ҳунаромӯзонро ба коргоҳҳои марбути ҳунарҳои халқӣ дар маҳалҳо ба кор монда, баҳри ба фурӯш рафтани маҳсули онҳо мусоидат намоянд. Коргоҳҳои мазкур барои рушду нумӯъ бахшидан ба ҳунармандии халқӣ, фароҳам намудани ҷойи кор барои бонувони хонанишин мусоидат мекунад.

Барои боз ҳам ҳавасманд намудани мардум баҳри истеҳсоли маҳсулоти беҳтар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро лозим аст, ки дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ соҳибкасбони беҳтаринро қадрдонӣ намоянд. Мутмаинам, ки пешниҳодоти мазкур аз ҷониби масъулин ба инобат гирифта мешавад.

Наргис РАҲМОНОВА, узви Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими пешбари илмии

Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ ҶТ