Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро рушди бештар мебояд

№21 (3815) 17.02.2018

slide_48Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки фаъолияти яксолаи соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар ва масъалаҳои дигари муҳими хоҷагии халқро фаро гирифт, барои давраҳои минбаъда вазифаҳо муайян шуданд.

Ҷиҳати татбиқи ҳар як банди ин ҳуҷҷати муҳим, ки имрӯз дар Ҷумҳурӣ сармашқи амал қарор гирифтааст, тадбирҳо андешида шуда истодаанд.

Дар Паём эълон гардидани соли 2018 — «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» нуқтаи хеле муҳим мебошад. Аз пардохти андозҳо озод намудани фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, ки дар хона истеҳсол мешаванд, дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти кишвар ба ин қишри ҷомеа баръало эҳсос мегардад ва омилест, ки анъанаҳои гузаштагонро эҳё ва ба некуаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Сайёҳӣ яке аз самтҳои ояндадори рушди иқтисодиёти кишвар аст. Барои амалӣ гардонидани ин мақсади созанда моро лозим аст, ки пеш аз ҳама, дар мавзеъҳои сайёҳӣ шароити замонавӣ ва ба талабот ҷавобгӯ муҳайё намоем ва ҷалби сармоягузориро афзоиш диҳем.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дарвоз бо мақсади рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намудааст, ки ҳоло тибқи он корҳо пеш рафта истодаанд.

Ноҳияи Дарвоз дарвозаи Бадахшон маҳсуб меёбад. Тавассути он сайёҳони дохилию хориҷӣ ба шаҳру ноҳияҳои дигари вилоят дохил мегарданд ва таассуроти аввалини онҳо нисбат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳамин ҷо оғоз мегирад.

Имрӯз дар ноҳия истироҳатгоҳи «Чорчаман», шаҳри қадимаи Карон, мавзеъҳои Яхчисор, Бредун, Сафедсанг, Ёвон, Пушогед, дараи Висхарв, Хост, Гишун ҳамчун макони тамошобоби сайёҳони хориҷию дохилӣ дониста шудаанд. Дар ин миён истироҳатгоҳи «Чорчаман» аз ҳар ҷиҳат ба талабот ҷавобгӯст.

Барои ҷалби бештари сайёҳон меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо, ҷойҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои диданибоби ноҳия дар сомонаҳои интернетӣ ҷой дода шудаанд. Дар Дарвоз ширкати туристӣ бо номи «М-Сайёд» фаъолият дорад, ки барои сайёҳони хориҷӣ хизматрасонии гуногунро пешниҳод менамояд.

Деҳоти «Сағирдашт», ки минтақаи баландтарини ноҳия ба ҳисоб меравад, барои ташкили базаи лижаронӣ шароити ниҳоят хуб дорад ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои амалӣ намудани ин мақсад кӯшиш намуда истодааст.

Ҳар як минтақа дорои урфу одат ва анъанаҳои хос мебошад. Дарвоз низ аз қадимулайём бо шахсони ҳунарманд ва моҳираш овозадор буд. Дар ин минтақа ҳунарҳои мардумӣ, бахусус табақтарошӣ, созтарошӣ, сӯзанидӯзӣ, бофандагӣ, тоқидӯзӣ ва ғайра ривоҷ ёфтааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба эҳёи қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва кашидадӯзӣ низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Дар сехҳои дӯзандагии «Меҳри модар» ва «Ахтари меҳр» бонувони зиёд ба ин намудҳои фаъолият ҷалб шудаанд. Ҳамчунин, ҳунарҳои дастӣ дар ноҳия рушд ёфтааст. Аз ин ҷост, ки маҳсули дастони ҳунармандон ҳамеша намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумиро дар сатҳи вилоят ва ҷумҳурӣ оро медиҳанд.

ҳамин тариқ, мардуми меҳнатқарини ноҳияи Дарвоз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо саъю талош намуда истодааст.

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон,

раиси ноҳияи Дарвоз, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон