Санади ифодакунандаи орзую омоли халқи Тоҷикистон

№ 02.11.2019

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо такя ба анъанаҳои миллии ниёконамон — риояи арзишҳои башарӣ таҳия шудааст, баҳри эъмори давлати демократӣ, озоду мустақил ва таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

Боби дуюми Конститутсия, ки ба ҳуқуқу озодиҳо, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд дахл дорад, яке аз бобҳои калонтарин буда, 34 моддаро дар бар гирифтааст.

Дар ҷаҳони имрӯза яке аз ҳуқуқҳои муҳимтарин — ҳуқуқи конститутсионии  шахс ва шаҳрванд ба озодии сухан, матбуот ва истифодаи воситаҳои ахбори омма мебошад. Мутобиқи моддаи 30 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».  Дар ин ҷода  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ яке аз демократитарин давлат ба ҳисоб меравад.

Бо  дарназардошти  хусусиятҳои мушаххаси таърихии Тоҷикистон,  дар Конститутсия муносибати давлат ба дин ва ташкилотҳои динӣ  ба танзим дароварда шудааст. Тибқи моддаи 1 Конститутсия, Тоҷикистон давлати дунявӣ мебошад.  Дар баробари ин, Тоҷикистон  дину мазҳабҳоеро, ки тӯли таърих дар ҳудуди он ба вуҷуд омадаанд, эътироф менамояд. Дар моддаи 26 навишта шудааст: «Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд».

Ҳамзамон, дар моддаи 8 омадааст, ки  мафкураи ягон ҳизб, ташкилот ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ, аз ҷумла, динӣ, наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад. Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар қисми шашуми моддаи мазкур омадааст, ки «Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст».

Меъёри мазкур  на танҳо дар таҷрибаи амали Конститутсияи мо  тасдиқи худро ёфт,  балки  дар конститутсияҳои  бисёр давлатҳои дунё, ки халқҳояшон ба динҳои  гуногун ­эътиқод доранд, сабт гардидааст. Масалан, тибқи конститутсияҳои Ҷумҳурии Халқӣ — Демократии Алҷазоир, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон  ва Қазоқистон фаъолияти ҳизбҳое, ки характери динӣ доранд, манъ аст. Мутобиқи моддаи 18 Конститутсияи Туркманистон, эътиқоди динӣ озод аст, вале таъкид гардидааст, ки ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, вазифаҳои давлатиро иҷро карда наметавонанд. Дар моддаи 14 Конститутсияи Федератсияи Россия ҳам таъкид гардидааст, ки ягон дин давлатӣ эътироф намешавад, дин ва ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо мебошанд ва дар назди қонун ҳама баробаранд.

Аҳамияти Конститутсияро ҳамчун санади ифодакунанда ва ҷавобгӯи ормону орзуҳои халқи Тоҷикистон Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 6 ноябри соли 2013  дар Паёми табрикотиашон ба муносибати 19 — умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид карданд: «Қабули Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз, барои гузариш ба марҳалаи нави рушди ҷомеаи кишвар, яъне ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, заминаи боэъти­мод гузошта, дар давраи басо ҳассос  ва мураккаби сиёсии мамлакат  барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва устувории ваҳдати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат намуд. Арзиши волои Конститутсия боз дар он зоҳир мегардад, ки он ҳамчун неруи тавонои ҳуқуқӣ ба мо имконият дод, ки  консепсияи муосири ҳуқуқҳои фитрии инсонро, ки табиатан ба ӯ хос мебошанд, мустаҳкам намуда, дар таҳкими минбаъдаи дастовардҳои истиқлолият, мустаҳкам гардидани рукнҳои давлатдорӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, бунёди ҷомеаи, воқеан, шаҳрвандӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангӣ, болоравии обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои боз ҳам устувор гузорем».

Бо боварии том гуфта метавонем, ки имрӯз  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон сарчашмаи тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар гашта, ба такмили қонунгузорӣ такони ҷиддӣ бахшидааст. Он ҳуҷҷатест, ки дурнамои пешрафти давлат ва ҷомеаро  муайян менамояд. Эътибори олии ин санад боз дар он аст, ки пешгирии қабули ҳар гуна санадҳои зиддиконститутсиониро кафолат медиҳад.

Бо шарофати қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани меъёрҳои он, мо ба сӯи бунёди ҷомеаи, воқеан, ҳуқуқбунёд устуворона равонем ва ҳар рӯз шоҳиди дигаргуниву тағйи­роти нав дар ҳаёти худ ва мардуми шарифи Тоҷикистон мегардем. Ин моро водор мекунад, ки ин санади таърихӣ ва муқаддасро эҳтиром намуда, баҳри риояи дақиқи қонунҳо ва адолати иҷтимоӣ беш аз пеш кӯшиш ба харҷ диҳем.

Малика ФЕЛАЛИЕВА, сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон