Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Санксияи моддаҳои алоҳида аз нав ифода ва андозаи ҷаримаҳо зиёд мегардад

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

IMG_0485Дувоздаҳуми июни соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш менамоям аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: - Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ мекунем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ориф Ҳакимов дода мешавад.

 Ориф ҲАКИМОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Гулмаҳмадзода, М. Имомзода, Қ. Лоиқзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Х. Абдуназар ва И. Абдуллозода бо мақсади мутобиқгардонӣ ба талаботи кодексҳои гражданӣ, шаҳрсозӣ ва дигар қонунҳои соҳавии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи тағйиру иловаҳои пешбинишуда, моддаи 2 дар таҳрири нав ифода мешавад, зеро ваколат ва фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо қонунҳои дигари соҳавӣ солҳои охир такмил ёфтаанд. Бинобар ин, салоҳияти мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал мушаххас шудааст.

Бо тағйирот ба моддаи 8 мазмуни он ба моддаи 14 қонуни конститутсионии амалкунанда ва Кодекси шаҳрсозӣ мутобиқ карда шуд, зеро нақшаи генералии шаҳр, маркази маъмурии ноҳия ва маҳалҳои аҳолинишинро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. Пешбинӣ шудааст, ки воситаҳои ахбори омма ва сомона аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқ таъсис дода шавад.

Қисми чоруми моддаи 9 бо зикри «мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот» такмил ёфта, моддаи 15 бо дарназардошти истилоҳҳои ҳуқуқӣ, ки дар қонунҳои соҳавӣ муайян гардидаанд, такмил дода шуд.

Моддаи 20 бо моддаи 8 мутобиқ гардонида, калимаҳои «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба калимаҳои «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шудаанд, зеро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» тартиби пешниҳод барои сарфароз намудан бо мукофоти давлатиро на Ҳукумат, балки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд.

Ба қисми якуми моддаи 23 баъди калимаҳои «ташкилию ҳуқуқӣ» калимаи «молиявӣ» илова карда шудааст, зеро таъминоти молиявии раисро дастгоҳ ба зимма дорад.

Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ба моддаи 26 қисми панҷум илова шуд, ки тибқи он маҷлисҳои вакилони халқ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки моликияти коммуналиро ба шахсони воқеӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳое, ки шакли моликияташон ғайридавлатӣ мебошад, ройгон диҳанд.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 феврали соли 2019, №2077 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Аъзои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил, дар маҷмӯъ, 49 таклиф пешниҳод карданд, ки аз он 31-то пурра ва 14 таклиф қисман қабул шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, иҷрои он аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳиш менамоям онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

  РАИС: — Ба баррасии  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оғоз мебахшем. Сухан аз рӯи ин масъала ба  муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Ҳалим Гулмурод дода мешавад.

Ҳалим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чанак омода гардидааст.

Он фарогири имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои сохтмони долонҳои зиддитармавӣ дар роҳи автомобилагарди зикршуда, ки маблағгузории он аз ҳисоби кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ мегардад, мебошад.

Дар доираи тағйироти пешбинишуда иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгар ва пудратчии асосӣ, инчунин воридоти мол тибқи номгӯйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, фоида ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешавад.

Маблағи умумии аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷудошуда 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, дар доираи он дар масофаи 374 метр долонҳои зиддитармавӣ сохта мешаванд.

Бо дарназардошти аҳамияти байналмилалӣ доштани роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чанак, қабули лоиҳаи мазкур саривақтӣ аст.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

Тоҳир ҶОБИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод  шудааст.

Лоиҳаи қонун бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаи шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгард ҷиҳати коҳиш ёфтани арзиши хизматрасонии нақлиётӣ, сарфа намудани вақти интиқоли мусофирон ва бор таҳия шудааст.

Дар доираи ҳамкориҳо байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт, пешгирии офатҳои табиӣ дар роҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чанак маблағгузории сохтмони долонҳо аз ҳисоби кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон, дар ҳаҷми 5 миллион доллари ИМА пешниҳод гардидааст. Аз ин ҳисоб 3 долони зиддитармавӣ бо дарозии 374 метр ва дар мавриди пешниҳод гардидани имтиёзҳои андозиву гумрукӣ, иловатан 94 метри дигар сохта мешавад. Аз ин бармеояд, ки дастгирии иқдоми мазкур ба манфиати кор аст.

Дар ин замина имтиёзҳои пешбинишуда ба рушди соҳаҳои нақлиёт ва беҳбуд ёфтани ҳолати роҳи автомобилгарди зикршуда дар назар дошта шуда, сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон беҳтар мегардад. Инчунин, лоиҳаи қонун барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикис­тон равона мегардад.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод гардидааст, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2019»  «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2019» тағйиру илова ворид шаванд, аз ҷумла, дар қисми 5 моддаи мазкур пас аз калимаҳои «(пудратчии генералӣ ва зерпудратчии сохтмонии Ҷумҳурии Ӯзбекистон)» калимаҳои «ва оид ба сохтмони долонҳои иловагии зиддитармавӣ дар қитъаи муайяншудаи роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд — Чанак, ки аз ҳисоби маблағгузории кумаки башардӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон амалӣ карда мешавад,» илова карда мешавад.

Дар ин замина пудратчии асосӣ ҳангоми иҷрои кор ва хизматрасонӣ аз пардохти андозҳо аз арзиши иловашуда, аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешавад.

Инчунин, воридоти мол аз ҷониби фармоишгар ва пудратчии асосӣ барои сохтмони иншооти мазкур тибқи номгӯй ва дар ҳаҷми тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Аз хулосаҳои пешниҳоднамудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бармеояд, ки лоиҳаи қонун қобили қабул аст.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ  савол дорад?

Сухан ба вакил Ҷаббор Ахмедов дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: -Сохтмони чӣ қадар долонҳои зиддитармавӣ ба нақша гирифта шудааст?

РАИС: - Дар ҷаласа роҳбари Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаи роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак» Шарифзода Зафар Кенҷа ҳузур дорад. Марҳамат, ба савол ҷавоб гӯед.

Зафар ШАРИФЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Сохтмони 55 долони зиддитармавӣ аз километри 48 то 80 -уми роҳи автомобилгарди Душанбе – Чанак бо дарозии 5565 метр ба нақша гирифта шудааст. Бо харҷи ин маблағ дар қитъаҳои хавфноки роҳ-километрҳои 69-350, 69-450 ба дарозии 100 метр, километрҳои 71-200, 72-060 ба дарозии 160 ва дар километрҳои 71-700 ва 71-840 бо дарозии 140 метр долонҳои зиддитармавӣ сохта мешаванд. Дар оянда бо пайдо шудани маблағ сохтмони долонҳо идома меёбад.

РАИС: — Бояд дар назар дош­т, ки роҳ аз минтақаи кӯҳистон мегузарад ва ҳама вақт тармаву сел ва дигар офатҳои табиӣ рух доданаш мумкин аст. Дар сохтмони он маблағи кам сарф нашудааст ва боз маблағгузорӣ шуда истодааст. Маблағи зикршуда  барои он аст, ки камбудиҳоро бартараф кунем.

Сухан ба вакил Усмонзода Саид­ҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Ман ба муовини вазири молия савол дорам. Қисми даромади буҷет аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзӣ қариб 1,5 дарсад­ро ташкил медиҳад. Хоҷагидорон ҳамон 1,5 фоизро пардохт карда наметавонанд. Аммо мунтазам баъзе ширкат ва корхонаҳоро аз андоз озод мекунем. Дар ин сурат буҷет чӣ хел иҷро мешавад? Оё намешавад, ки ин пулро барои таъмири роҳи байни ноҳияҳои Фархору Панҷ сарф кунем, ки ҳолати ногувор дорад. Аз ҷониби дигар, ин роҳ ширкати масъул дорад, ки барои нигоҳдориаш пул ҷамъоварӣ менамояд.

РАИС: - Ин маблағ кумаки башардӯстонаи Ҷумҳурии Исломии Покистон буда, махсус барои роҳи Душанбе — Чанок пешбинӣ шудааст. Ба ибораи дигар, мақсаднок аст ва онро  дар Панҷу Фархор истифода карда намешавад.

Умуман, роҳбарияти Вазорати молия дар бораи имтиёзҳои андозиву гумрукие, ки  пешниҳод мешаванд, бояд фикр кунанд. Мо як қисм  иншоотро аз андоз озод мекунем. Бояд ин асоснок бошад. Дар ин масъала бояд ҷиддитар рафтор кунем.

Сухан ба вакил Аҳматҷон Қобилов дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: — Дар роҳи Душанбе-Чанак якчанд тарозу ҳаст, ки вазни мошинҳои боркашро месанҷанд. Дар сурати аз меъёр зиёд будани бор ронандаро ҷарима мекунанд. Лекин дар таҷрибаи дигар давлатҳо бори зиёдатиро мефароранд. Маблағе, ки барои аз меъёр зиёд будани бор ситонида мешавад, ба фикрам, барои барқароркунии роҳ намерасад. Дар ин самт чӣ чораҳо андешида мешавад?

РАИС: -Дар ҷаласа муовини якуми вазири нақлиёт Мирзозода Суҳроб иштирок доранд. Марҳамат ба савол ҷавоб диҳед!

Суҳроб МИРЗОЗОДА: - Дар роҳи мазкур ду тарозу, яке дар Деҳмой ва дигар дар Варзоб гузошта шудааст. Дар сурати аз меъёр  зиёд будани бори автомобилҳо тибқи қарори №535 ронандагон маблағ месупоранд. Ин масъаларо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 10 майи соли ҷорӣ зимни мулоқот бо кормандони мақомоти андоз, молия, сармоягузорӣ ва бонкҳои кишвар таъкид карда буданд. Нисбат ба ин масъала чораҷӯйӣ карда истодаем.

РАИС: — Боз ягон кас савол ва ё гуфтанӣ дорад?

Сухан ба вакил Зайнудин Сафаров дода мешавад.

Зайнудин САФАРОВ: — Вақте ки ҳамчун вакил ба Вазорати нақлиёт муроҷиат мекунем, ки роҳҳо аз ҳисоби зиёд бор гирифтани автомобилҳо вайрон шудааст, аҳамият намедиҳанд. Аз таъмири роҳи Данғара — Кангурт се -чор сол нагузашта, аллакай таъмирталаб шудааст. Воқеан, ба ин масъала бояд ҷиддӣ муносибат кард.

РАИС: — Шумо расман муроҷиат кунед ва нусхаи онро ба ман равон намоед. Дар навбати худ мо онро ба Роҳбари давлат пешниҳод хоҳем кард, то нисбат ба масъулини вазорату идораҳое, ки ба дархостҳои вакилӣ бетафовутӣ зоҳир менамоянд, чораҷӯӣ шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Толибхон Азимзода дода мешавад.

Толибхон АЗИМЗОДА:

– Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Б. Иноятзода, А. Ҳомидзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Раҳимзода таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади бо ҳам мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии алоҳидаи амалкунанда, аз ҷумла, кодексҳои андоз ва граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешниҳод гашта, хусусияти таҳририро доро мебошад. Чунончӣ, мувофиқи талаботи Кодекси гражданӣ (қисми 1, муқаррарот дар бораи шахсони ҳуқуқӣ) ва Кодекси андоз (моддаҳои 17, 107, 112 ва ғайра), сармоя нисбат ба корхонаҳои давлатӣ фонди оинномавӣ, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ (ҷамъиятҳои саҳомӣ, дорои масъулияти маҳдуд) сармояи оинномавӣ ва нисбат ба ширкатҳои хоҷагидорӣ сармояи шарикона меъёрҳо пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 7 қисми 1 сархати 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», ки аз 12 феврали соли 2004 амал мекунад, ҳангоми таъсисдиҳӣ ва аз қайд гузаштани корхонаи давлатӣ он бояд фонди оинномавии худро пешниҳод намояд.

Дар қисми 1 моддаи 21 ҳамин қонун, ки марбути фонди оинномавӣ ва захиравии корхонаи воҳиди давлатӣ мебошад, пешбинӣ гаштааст, ки андозаи фонди оинномавии корхонаи воҳиди давлатӣ аз тарафи муассиси он муайян мегардад ва аз арзиши умумии амволи ба корхона додашаванда зиёд буда наметавонад. Андозаи фонди оинномавӣ аз андозаи панҷсадкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо кам буда наметавонад.

Аз ин лиҳоз, дар моддаҳои 8, 11 ва 27 қонуни амалкунанда, тавассути илова намудани шаклҳои дигари идоракунии моликиятдорӣ дар баробари сармояи оинномавӣ, мавҷуд будани фонди оинномавӣ ва шарикона пас аз калимаҳои «сармояи оинномавӣ» онҳо мутаносибан илова карда мешаванд, ки ба талаботи кодексҳо ва қонунҳои зикршуда мутобиқ мегарданд.

Ҳамчунин, бо тағйирот ба банди 3) қисми 2 моддаи 11 меъёри ба «қисми якуми моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» дахлдошта бинобар аз эътибор соқит дониста шудани ҳамин қонун ба ибораи «қисми 1 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» иваз карда мешавад.

Асосан тағйирот ва иловаҳо ба тартиби идораи амвол ва қайди минбаъдаи онҳо дахл дошта, ба қисми 1 моддаи 8 илова намудани сархатҳо, дар моддаи 11 хориҷ намудани қонуни аз эътибор соқиткардашуда, илова намудани тартиби пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иловагии қайди шахсони ҳуқуқӣ, намудҳои сармоя ва дар моддаи 27 тартиби ба Феҳристи ягонаи давлатӣ ворид намудани тағйироти идоракунии амвол дар оянда муқаррар шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ карда, барои такмили он 8 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аксари онҳо қабул шуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз лоиҳаи қонун тибқи пешниҳоди манзуршудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми 1 моддаи 1 хориҷ карда шуд.

Дар робита ба таклифи шумо, муҳтарам Раис вобаста ба танзими калимаҳои «фонди оинномавӣ» дар банди 14 моддаи 8 ва дар қисми 5 моддаи 27 қонуни амалкунанда бояд гуфт, ки он ба сохти амалкунандаи идоракунии амволи давлатӣ ва сармоявӣ марбут буда, тартиби гузаштани ҳуқуқи идораи амвол ва ё қайди он ҳангоми ивази мансаб дар корхонаҳои хусусӣ ва ворид гаштан ба хизмати давлатӣ, гузашти ҳисса ё саҳми сармояи хусусӣ ва дар Феҳристи ягонаи давлатӣ дарҷ шудани шакли онҳо арзёбӣ мегардад, ки ин ҳолат ба назар гирифта шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вакили Маҷлиси намояндагон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ, Н. Раҳмонова, С. Дадаҷонова ва вакили Маҷлиси намояндагон Б. Сафарзода таҳия ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ гардонидани алоқамандии дохилии меъёрҳои алоҳидаи боби 7 бо муқаррароти умумии кодекс, мутобиқгардонии меъёрҳои кодекси мазкур бо Кодекси тандурус­тии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва «Дар бораи маориф», бартараф намудани ихтилоф вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, таъмини амнияти беҳдошти  санитарӣ –  эпидемиологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрокворӣ ва маводи фармасевтиву доруворӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои ноболиғон, мусоидат ба фаъолияти сохторҳои навтаъсиси назоратӣ дар соҳаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, беҳдошти санитарӣ – эпидемиологӣ, сифатнокии маҳсулоти хӯрокворӣ таҳия гардидааст.

Назорати сифати хӯрокворӣ, маҳсулоти гӯштӣ ва хизматрасонӣ дар нуқтаҳои хӯроки умумӣ ба хотири таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва ҳифзи саломатӣ, дар маҷмӯъ, таъмини амнияти озуқаворӣ — яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Лоиҳаи қонун аз 17 қисм иборат буда, тибқи он боби 9 кодекс  бо истифодаи мафҳумҳои алоҳидаву якхела, ворид намудани соҳибкорони инфиродӣ ҳамчун субъекти ҷавобгарӣ такмил ёфта, мутобиқан санксияи моддаҳои алоҳида аз нав ифода ва андозаи ҷарима зиёд карда шудаанд. Тибқи лоиҳа, ҷавобгарии маъмурии соҳибкорони инфиродӣ дар моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёри санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемилогӣ),  113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия), 114 (риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ ҳангоми истифодаи биноҳои истиқоматию ҷамъиятӣ, иморат ва иншоот), 115 (риоя накардани қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ дар нақлиёт), 116  (риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба оби нӯшокӣ), 117 (риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ дар муассисаҳои хӯроки умумӣ), 118 (риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбат ба шароити таълиму тарбия), 121 (риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ), 126 (ба фурӯш баровардани маҳсулоти бесифати хӯрокворӣ), 128 (ғайриқонунӣ истеҳсол ва тайёр кардан, коркард, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол ё фиристодани маводи нашъа­дор, моддаҳои психотропӣ ва ё прекурсорҳои онҳо), 129 (ҷалби ноболиғон ба истеъмоли машрубот ё моддаҳои мадҳушкунанда), 131 (тарғиби маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳои онҳо) ва 132 (истеҳсол ё муомилоти спирти этилӣ, маҳсулоти алкоголӣ ё дар таркибаш спиртдошта, ки ба талаботи стандарти давлатӣ мувофиқат намекунад) пешбинӣ шудаанд. Илова бар ин, бо ворид намудани тағйирот ба моддаи 131, ки рекламаи ғайриқонунии воситаҳои нашъадорро пешбинӣ намудааст, мухолифат бо моддаи 549 кодекси мазкур бартараф шуд. Бо тағйирот ба моддаҳои 119 ва 130 ҷавобгарӣ барои аз муоинаи ҳатмии тиббӣ, инчунин муолиҷаи профилактикӣ саркашӣ кардани шахсони гирифтори бемориҳои сирояткунанда, вируси норасоии масуният, пинҳон доштани манбаи сирояти вируси норасоии масунияти одам, бемориҳои сирояткунанда ва алоқаҳое, ки хавфи сироятро ба вуҷуд меоранд, инчунин барои машғул шудан ба фоҳишагӣ, пурзӯр карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 18 июни соли 2018, №1828 барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд ва баҳри такмил, дар маҷмӯъ, 21 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо 13 — тоаш пурра ва қисман қобили қабул дониста шуданд. Кумитаи масъул 7 июни соли равон бо иштироки  муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон А. Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи васеъ гузаронида, лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории мамлакат мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст кард.

Далер МЕРГАНОВ, Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ