Соати парламентӣ

Сарфи назар аз мушкилот дастовардҳо қаноатбахшанд

№154 (4104) 24.12.2019

DSC_211124 декабри соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев «Оид ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соати парламентӣ баргузор шуд. Зимни ифтитоҳи чорабинӣ А.Фелалиев, аз ҷумла, зикр кард, ки дар вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон интихобкунандагон оид ба мушкилиҳои ҷойдошта дар хизматрасонии бонкӣ масъалагузорӣ менамоянд. Мақсад аз баргузории ҳамоиш равшанӣ андохтан ба масъалаҳои ҳалталаби низоми бонкӣ мебошад.

Сипас, муовини раиси Бонки миллӣ Лола Салимова доир ба фаъолияти низоми бонкии кишвар маълумоти муфассал дод. Зикр шуд, ки сарфи назар аз мушкилоти мавҷуда, фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ гардида, натиҷаҳо қаноатбахшанд. Айни замон низоми бонкии мамлакат аз 17 бонк, 22 ташкилоти амонати қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 30 фонди қарзии хурд таркиб  ёфтааст.  Ташкилотҳои молиявии зикршуда дар минтақаҳои мамлакат 328 филиал ва 1500 маркази хизматрасонии бонкӣ доранд, ки ба шаҳрвандон номгӯйи васеи хизматрасонии бонкиро пешниҳод менамояд. Дар панҷ соли охир дороии бонк ва  ташкилотҳои қарзӣ 16 фоиз афзуда, ба 21,6 миллиард сомонӣ расид. Дар 11 моҳи соли ҷорӣ  8,2 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 миллиард сомонӣ зиёд аст. Инчунин, теъдоди қарзи додашуда 160 000 адад зиёд шуд.

Мавҷудияти қарзҳои ғайрифаъол низ аз мушкилоти соҳа буда, солҳои охир барои коҳиш додани онҳо кори зиёд амалӣ шуд. Дар натиҷа, ин қабил қарзҳо 1,8 миллиард сомонӣ  кам шуд.

Муовини раиси Бонки миллӣ қаноатмандӣ кард, ки новобаста аз мушкилиҳо дар фаъолияти ду бонки низомсоз — ҶСК «Агроинвестбонк» ва ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ҳаҷми амонатҳо дар як сатҳ – 9,5 миллиард сомонӣ қарор дорад. Хурсандиовар аст, ки фоизи қарз бо пули миллӣ нисбат ба соли 2016-ум 5, 6 ва бо асъори хориҷӣ 5,7 банди фоизӣ паст шудааст.

Ҷанбаи дигари муҳим афзудани даромади бонк ва ташкилотҳои қарзии мамлакат маҳсуб мешавад. Бино ба гуфти Лола Салимова, фоидаи бадастовардаи онҳо соли ҷорӣ дар муқоиса ба соли 2018-ум 20,4 фоиз зиёд аст. Сатҳи баланди пардохтпазирӣ таъмин буда, нишондиҳандаи мазкур аз меъёри муқарраршуда 37,8 банди фоизӣ зиёд аст.

Муовини раиси Бонки миллӣ муътақид аст, ки ба фаъолият шурӯъ намудани «Маркази миллии протсессингӣ оид ба интиқоли маблағ (NPCR)» нобасомонии ҷойдоштаро пурра рафъ хоҳад кард.

- Роҳбарият ва кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ба дастовардҳои ноилгардида қаноат накарда, баҳри афзун намудани онҳо дар оянда низ ҷаҳду талош хоҳанд кард, — гуфт дар анҷоми суханронӣ Лола Салимова.

Дар охир вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Сабурзода, Қ. Миралиён, М. Ахмедов, А. Ғаффоров, Ҳ. Одинаев, Ҷ. Муртазозода, Б. Абдуалимов ва Ҷ. Ахмедов оид ба қарзҳои ипотекӣ, муҳлати қарз, пардохти ғайринақдӣ, коҳиши пешниҳоди қарз барои соҳаи саноат, зарурати таъсиси Маркази миллии протсессингӣ оид ба интиқоли маблағ савол дода, аз масъулин посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ