Семинари машваратӣ доир ба таъсири шабакаҳои иттилоотӣ

№17 (4279) 06.02.2021

DSC_1542- Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки бо рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик ёфтааст, ба халалдор гардидани фазои фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонид. Ҳоло маҳфумҳои наве ба монанди «ҷанги иттилоотӣ» ва «таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ» арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма ба даст гирифтани қудратро доранд, — иброз дошт раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода зимни семинар-машварат бахшида ба мавзӯи «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши он дар ҷомеаи муосир», ки чоруми феврали соли равон бо ташаббуси кумитаи зикршуда ва Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон доир гардид.

Ӯ, ҳамчунин, зикр кард, ки бо рушди технологияи иттилоотӣ дар кишвар солҳои охир имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурӯҳӣ пайдо шуда, бахши иттилоот дар ҷомеа ба воситаи қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ табдил меёбад.

- Дар ин замина журналис­тика ба сифати муҳимтарин сарчашмаи иттилоот ба яке аз рукнҳои асосии системаи сиёсии давлат ва воситаҳои муҳими идоракунии он, ташаккули маърифати ҷомеа ва афкори омма табдил мегардад, — афзуд ӯ.

Дар назди ҳозирин, ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раъно Бобоҷониён дар мавзӯи «Тамоилҳои нав дар воситаҳои ахбори омма ва корбарӣ бо он» маърӯза хонд. Вакилони Маҷлиси намояндагон Насиба Содиқӣ, Гулбаҳор Назирӣ ва Гавҳар Шарофзода низ бо андешаҳо ва пешниҳодҳо баромад карданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ