Шарҳу тавзеҳи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон

№ 16.06.2020

DSC_224412 июни соли равон бо иштироки кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  дар мавзӯи «Вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» семинар — машварат баргузор гардид.

Дар робита ба он аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Зайниддин Сафаров ва Зафар Файзуллозода маърӯза намуда, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии  узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро шарҳ доданд. Зикр гардид, ки қонуни мазкур аз ду боб ва 39 модда иборат буда, ҳуқуқ, вазифа, масъулият ва кафолатҳои ҳуқуқию иҷтимоии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро муқаррар мекунад.

Зайниддин Сафаров ёдовар шуд, ки тибқи моддаи 3- юми қонуни зикршуда, узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба муҳлати 5 сол интихоб ва таъин мешаванд. Мувофиқи моддаи 4-уми қонун ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ҳангоми вафот, истеъфо, ғайри қобили амал эътироф шудани онҳо аз ҷониби суд, эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, қатъи шаҳрвандӣ, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар, тарки доимии ҷумҳурӣ, ишғоли вазифае, ки ба ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон мувофиқ нест, пеш аз муҳлат қатъ мегардад.

Инчунин, ҳангоми ба вазифаи дигар таъин намудани вакили Маҷлиси намояндагон ваколати ӯ пеш аз муҳлат қатъ мегардад.

Дар моддаи 6-уми қонуни зикршуда омадааст: «Вакили Маҷлиси намояндагон наметавонад вакили дигар мақомоти намояндагӣ бошад, вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ».

Дар моддаи 32 таъкид шудааст, ки  «Узви Маҷлиси миллӣ ҳангоми ба ҷо овардани фаъолияти аъзогиаш дар Маҷлиси миллӣ ва мақомоти он дар асоси расман огоҳонидан оиди даъват ба Маҷлиси миллӣ аз иҷрои вазифаҳои истеҳсолӣ ё хизматӣ дар ҷои кори асосиаш озод карда мешавад, дар ин ҳолат ягон ҳуҷҷати дигар талаб карда намешавад».

Зикр шуд, ки мувофиқи талаботи моддаи 33-юми қонуни конститутсионии зикр­шуда, давлат ба ҳар узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон барои  самарабахш ва бемамониат ба ҷо овардани ваколат кафолат медиҳад, ҳуқуқу озодӣ, шаъну шарафи ӯро ҳифз менамояд. Шахсоне, ки шаъну шарафи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагонро паст  мезананд, ба онҳо ё аъзои оилаи онҳо ва дигар хешу таборашон бо мақсади монеъ шудан ба иҷрои фаъолияти  вакилиашон таъсири ғайриқонунӣ мерасонанд ё бар хилофи иродаи узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон ӯро ба манфиати ягон кас ба қабул намудани қарор  моил кардан мехоҳанд, мувофиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Таҳқир намудани узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, инчунин туҳмат нисбат ба онҳо ва ё паҳн кардани хабарҳои бардурӯғ дар бораи фаъолияти  вакилии онҳо нораво буда, шахсони ин амалҳоро содиркунанда тибқи қонунгузории ҷорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Дар хотима вакилони мардумӣ ба саволҳои  бархе аз иштирокчиён посух доданд.

С. СУННАТӢ, «Садои мардум».

Суратгир Н. АЛИЕВ