Ёде аз вакили халқ

Шарики ғаму шодии мардум буд

№11 (3961) 26.01.2019

123Агар умр вафо мекард, моҳи равон вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати якум, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зайниддин Муҳиддинов 69 — сола мешуд. Сад афсӯс, ки умри инсонҳои комил нисбатан кӯтоҳ аст, зеро онҳо бо зуҳуроти номатлуб оштинопазиранд, мавқеи худро рӯйирост иброз медоранд.

Зайниддин Муҳиддинов шахси огоҳу бедордил буд. Соли 1950 дар деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Соли 1970 ба шуъбаи шабонаи факултаи физикаи Университети давлатии Точикистон дохил шуда, пас аз хатми он аввал ба ҳайси муаллим ва баъд директори мактаб фаъолият намудааст. Соли 1980 котиби масъули рӯзномаи «Ҳақиқат» («Насими айём»)-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) таъин гардид. Аз соли 1983 то соли 1984 вазифаи сармуҳарририро ба уҳда дошт. Моҳи майи соли 1994 раиси колхози ба номи Сайфиддин Пӯлодови ноҳияи Ленин интихоб шуд. Сар то по орзу буд. Вале шаби 14-уми марти соли 1995 аъзои ТТЭ ҲНИ ӯро ба қатл расонданд.

Зайниддин Муҳиддинов симои тоҷикона, хислатҳои ҳамидаи инсонӣ ва ба ҳодисаҳо назари холисона дошт.  Ҳақиқатнигор буд, зеро талаботи вақт  рушди ҳамин сифатро аз кормандон тақозо мекард, то бо мӯшикофии доимӣ ва дилсӯзии истисноӣ дар ҳалли масъалаҳои замона пешсаф бошанд.

Аз ин рӯ, қаҳрамони матолиби журналистии ӯ мардуми одӣ, деҳқону коргар буданд, ки бо заҳмати шабонарӯзӣ боғу роғ ва корхонаҳоро обод намуда, ҷомеаро ба сӯи рифоҳу осоиштагӣ мебурданд.

Зайниддин Муҳиддинов ноҳияи Рӯдакиро маскани зиндагии доимӣ пазируфта, дар байни миллатҳои гуногуни сокини он ҳамчун марди тавоно ва кордон ном баровард. Хонаи истиқоматӣ ва утоқи кориаш доимо аз мардум пур ва дар фазояшон суҳбату шӯхиҳо танинандоз буд. Зеро дар дилу дидаи сокинон ҷой гирифта, ба мушкилоти рӯзгори онҳо бетаваҷҷуҳӣ намекард, аз ин рӯ, ба ӯ тез-тез муроҷиат мекарданд.

Одамияти камназири ӯ боис гардид, ки сокинони минтақа  соли 1995 якдилона Зайниддин Муҳиддиновро вакили парламенти ҷумҳурӣ интихоб карданд. Дар бораи фаъолияти ибратомӯзи вакилиаш байни мардум қиссаҳо зиёданд, вале як чиз яқин аст: меҳру самимияти Зайниддин Муҳиддинов дар  қалби мардуми ноҳияҳои Файзобод ва Рӯдакӣ то абад боқӣ хоҳад монд.

Хисрав Муродов