Соати парламентӣ

Шартҳои расонидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ кадомҳоянд?

№44 (3994) 20.04.2019

DSC_0802Бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ 17 апрели соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Намуд, шакл ва шартҳои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ» соати парламентӣ баргузор гардид.

Хайринисо Юсуфӣ таъкид намуд, ки мавзӯи баррасишаванда яке аз ­масъалаҳои муҳим ва рӯзмарра ба ҳисоб меравад. Зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018, вобаста ба муроҷиатҳои пай дар пайи шаҳрвандон, аз ҷумла зимни расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва ҷой доштани камбудию норасоиҳо дар ин самт, изҳори ташвиш намуданд.

Ҳукумат ҳамеша ба солимии ҷомеа, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бунёди муассисаҳои тиббӣ ғамхорӣ зоҳир мекунад. Пешвои миллат ба гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа — маъюбону ятимон ва ашхоси бесаробонмондаю эҳтиёҷманд ғамхорӣ намуда, ин табақаи ниёзмандро пайваста дастгирӣ мекунанд.

DSC_2908- Ҳоло дар 19 шаҳру ноҳияи мамлакат, «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017 — 2019» амалӣ гардида истодааст. Ин таҷриба давра ба давра тамоми кишварро фаро мегирад, — гуфт Хайринисо Юсуфӣ.

Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода зикр кард, ки беҳтар намудани дастрасӣ ва сифати расонидани кумаки тиббӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор меравад. Мафҳуми кумаки тиббӣ — тадбирҳои пешгирию ташхиси бемориҳо, заҳролудшавӣ, ҷароҳат, табобат ва барқарорсозии саломатии беморон, назорати ҳомиладорӣ, кумаки момодоягӣ ҳангоми таваллуд ва назорати давраи баъди таваллуд мебошад.

Вобаста ба намуд кумаки тиббӣ ба тотабибӣ, аввалияи тиббию санитарӣ, тахассусии тиббӣ, махсусгардонидашудаи тиббӣ, баландихтисоси тиббӣ ва тиббию иҷтимоӣ ҷудо мешавад.

- Бо мақсади сари вақт ва самаранок татбиқ гардидани маҷмӯи чорабиниҳои соҳавӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи амалигардонии «Нақшаи стратегии рушди КАТС аз рӯи принсипи тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар давоми солҳои 2018-2019» таҳия ва тасдиқ шуд. Ҳуҷҷати мазкур аз 15 банд иборат аст, ки то ҳол 8 банди он пурра иҷро гардида, бандҳои дигар дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд,- гуфт Саида Умарзода.

Тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ дар асоси моддаи 11 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Шарти асосии расонидани кумаки ройгони тиббию санитарӣ ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани роҳхати табиби оилавӣ, бемориҳои даруна, бемориҳои кӯдакона ва акушер-гинекологи минтақавии муассисаи тандурустии маҳалли зист, хулосаи комиссияи назорати тиббӣ мебошад.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 47 маркази саломатии шаҳрӣ, 57 маркази саломатии ноҳиявӣ, 840 маркази саломатии деҳотӣ ва 1720 бунгоҳҳои саломатӣ фаъолият менамоянд, ки як қисмашон таъмирталаб мебошанд. Соли 2018 бо шарикон оид ба рушд, соҳибкорон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо сохтмону барқарорсозӣ идома ёфт ва 2 маркази саломатии ноҳиявӣ, 36 маркази саломатӣ барои сокинони деҳот ва 90 бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд.

Барои беҳтаргардонии заминаи моддию техникӣ, расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ дар соли 2018 — ум 65 нақлиёти санитарию ёрии таъҷилии тиббӣ ва махсусгардонидашуда, 80 автоклав барои безараргардонӣ, 50 ҳазор тести оҷилӣ, 200 ҳазор маводи контрасептивӣ харидорӣ гардид. Инчунин, 37 муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон, манбаъҳои энергияи офтобӣ, борхалтаҳои тибби оилавӣ, техникаи компютерӣ ва маводи лабораторӣ, марказҳои иммунопрофилактикаи шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоту лавозимот, аз ҷумла, 407 яхдон барои нигоҳдории ваксинаҳо, сӯзандоруҳои яккаратаи худмаҳвшаванда, маводи масрафи истифодаи яккарата таъмин шуданд.

- Дуруст аст, ки дар соҳа то ҳол камбудиҳо ҷой доранд. Роҳбарияти вазорат барои ҳалли ин мушкилот, хусусан барои иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, мунтазам чораҷӯйӣ менамоянд, — гуфт дар охир Саида Умарзода.

Сайфиддин СУННАТӢ, «Садои мардум». 

Суратгир Н. АЛИЕВ