Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Шартномаи Марокаш «Гуруснагии ҷаҳонии китобӣ»-ро рафъ мебахшад

№72 - 73 (3866 - 3867) 12.06.2018

DSC_69958 июни соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 56 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ

2. Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон»

4. Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ».

РАИС: — Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳаждаҳуми сентябри соли 2017 дар шаҳри Ню — Йорк Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ба имзо расида, тибқи он, ҳар як Тарафи аҳдкунанда шароити мусоидро барои сармоягузорони Тарафи дигари аҳдкунанда ҷиҳати сармоягузорӣ дар ҳудуд ташкил менамояд ва мутобиқи қонун ва қоида иҷозат медиҳад.

Инчунин, Тарафҳои аҳдкунанда бояд интиқоли озоди пардохтҳои вобаста бо сармояҳо ва даромадҳоро иҷозат диҳанд. Интиқол бояд бо асъори озод мубодилашаванда мувофиқи қонун ва расмиёти Тарафи аҳдкунандае, ки дар он ҷо сармоягузорӣ анҷом дода шудааст, бе ягон маҳдудият ва таъхири беасос амалӣ карда шавад.

Созишнома пешбинӣ менамояд, ки ҳар як Тарафи аҳдкунанда бояд бо дархости Тарафи дигари аҳдкунанда оид ба гузаронидани машварат доир ба тафсир ва истифодаи созишномаи мазкур розӣ шавад.

Бо дархости яке аз Тарафҳои аҳдкунанда бояд мубодилаи маълумот доир ба қонунҳо, расмиёт, қарорҳо, амалияҳои маъмурӣ ё равандҳо ва ё сиёсатҳои пешгирифтаи Тарафи аҳдкунанда, ки ба сармоягузориҳои созишномаи мазкур дахл доранд, анҷом дода шавад.

Муқаррароти созишнома ба меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ба муҳлати 10 сол эътибор дорад ва тибқи тартиби муқарраргардида, Тарафҳои аҳдкунанда метавонанд бо огоҳиномаи хаттӣ онро тамдид ва ё қатъ гардонанд.

Баҳри ба танзими давлатӣ даровардани муносибатҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Венгрия ва эътибори ҳуқуқӣ пайдо намудани созишномаи мазкур аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва буҷет Бобоев Олимҷон дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавас­мандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июни соли 2018, № 1783 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Он принсипҳои асосии ҳуқуқиро вобаста ба танзим намудани фаъолияти сармоягузорӣ муқаррар менамояд, ки дар маҷмӯъ баҳри тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои сармояи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ду кишвар равона шудааст.

Созишномаи зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд. Инчунин, дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи он ба мақсад мувофиқ дониста шуд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Венгрия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дода мешавад.

ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Асоси системаи байналмилалии ҳуқуқи муаллифро конвенсия ва аҳдномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳо ташкил медиҳанд. Мақсади асосии созишномаҳои умумиҷаҳонӣ аз байн бурдани мухолифати байни қонунҳо ва ҳимояи ҳадди ақали манфиатҳои муаллифони узви аҳднома мебошад.

Ҳар сол аз миллионҳо китоби нашршуда дар ҷаҳон танҳо 1,7 фоиз барои зиёда аз 314 миллион нафар шахсони нобино ва дорои нуқсони биноӣ, ки 90 фоизи онҳо дар мамлакатҳои рушдёбандаи бо сатҳи ками даромад зиндагӣ мекунанд, дастрас мегардад. Барои ҳалли масъалаи мазкур, ки одатан «гуруснагии ҷаҳонии китобӣ» меноманд, 27 июни соли 2013 аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) намояндагони 186 кишвари аъзо ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ, дар маҷмӯъ 600 нафар, дар баррасии матни «Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда» (Шартномаи Марокаш) иштирок доштанд ва онро қабул намуданд. Шартномаи мазкур аз ҷониби 20 давлат тасдиқ шуда, 30 сентябри соли 2016 қувваи қонунӣ гирифт. Дар он ҷанбаҳои инсондӯстӣ ва иҷтимоӣ ифода ёфта, мақсади асосӣ муқаррар намудани номгӯйи маҳдудиятҳо ва истисноҳо вобаста ба асарҳои нашршудаи муаллифон ба манфиати нобиноён ва шахсоне, ки биноияшон халалдор гардидааст ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда мебошад.

Шартномаи мазкур, ки асосашро меъёрҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон ташкил медиҳад, мухтасар дар Эъломияи ҳуқуқи башар ва Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои маъюбон ифода ёфтааст.

Дар шартнома нақши асосии ташкилоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ ҷиҳати таъмини дастрасӣ ба маълумот дар шакли гуногун барои нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда зикр шудааст.

Ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба шартнома имкон медиҳад, ки асарҳо ё аудиосабтҳои онҳо барои нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида, бо истифода аз ҳарфҳои нуқтагӣ ва дигар навъҳои махсус барои нобиноён бе иҷозати муаллифон нашр ва истифода карда шаванд, ки дастрасии иттилоот барои онҳо осон мегардад ва дар баробари ин, ҳуқуқи муаллифон беасос поймол карда намешавад.

Шартнома талаб мекунад, ки Тарафҳо нисбати ҳуқуқи муаллиф маҷмӯи маҳдудиятҳо ва истисноҳоеро, ки вобаста ба асарҳои нашршудаи муаллифон муқаррар гардидааст, тавассути мақомоти ба бенефитсиарҳо хизматрасонанда анҷом диҳанд. Дар шартнома дақиқ нишон дода шудааст, ки бенефитсиар шахсе ҳисобида мешавад, ки нобино ва биноияш халалдоргардида мебошад ва ӯ барои хондани адабиёти чопӣ мушкилӣ мекашад.

Шартномаи Марокаш, инчунин талаб мекунад, ки Тарафҳои аҳдкунанда дар қонунгузории миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф маҳдудиятҳо ё истисноҳоро ба манфиати онҳо пешбинӣ намоянд. Ҳуқуқҳое, ки ба чунин маҳдудиятҳо ё истисноҳо паҳн мешаванд, ин ҳуқуқ ба таҳия намудан, ҳуқуқ ба паҳн намудан ва ҳуқуқ ба маълумоти умум расонидани асар мебошад.

Ҳифзи манфиатҳои шахсони нобино дар банди 6 — уми моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» зикр гардидааст, вале масъалаи мазкур дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳалли худро наёфтааст.

Дигар талаботи шартнома ба Тарафҳои аҳдкунанда иҷозат медиҳад, ки берун баровардан ва дохил кардани нусхаҳо дар шакли дастрас бо риояи шартҳои муайян амалӣ гардад.

Санҷиши сезинагӣ ҳамчун яке аз принсипҳои асосӣ барои муайян кардани маҳдудиятҳо ё истисноҳо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф истифода мешавад. Дар ин ҷо се омил мавҷуд аст: Якум, ҳар кадом маҳдудиятҳо ва истисноҳо бояд дар ҳолатҳои махсуси муайян истифода ва паҳн шаванд. Дувум, бояд ба истифодаи муътадили асар халал нарасонанд ва севум манфиатҳои қонунии соҳибҳуқуқро беасос маҳдуд насозанд.

Қоидаҳое, ки дар Шартномаи Марокаш муқаррар шудааст, танҳо асарҳои дар шакли матн, сабти нотавӣ, нашршуда ва ё дигар воситаҳои иттилоотонӣ, аз ҷумла аудиокитобҳоро, дар бар мегирад. Қабули санад барои рушди муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар байни аъзои Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС) ва барои иштироки шахсон дар ҳаёти фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Шартномаи мазкур ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, ягон оқибати эҳтимолии ногувори сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва молиявию иқтисодӣ ба миён намеорад.

Аз маълумотномаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ маълум мегардад, ки аксар кишварҳои рушдёбанда ва камрушдёфта ба шартномаи мазкур ҳамроҳ шудаанд, онро тасдиқ намуданд ва ё дар ин раванд қарор доранд.

Ҳамроҳ шудан ба шартномаи мазкур ҳуқуқи муаллифони моро маҳдуд намекунад ва танҳо барои истифодаи асар аз ҷониби нобиноён, шахсони биноияшон суст ва онҳое, ки қудрати китоб дар даст нигоҳ доштан надоранд, мавриди истифода қарор дода мешавад.

Хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Достизода Миралӣ дода мешавад.

Миралӣ ДОСТИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он 27 июни соли 2013 дар Марокаш қабул гардида, аз дебоча ва 21 модда иборат мебошад.

Мақсади асосии шартномаи мазкур муқаррар намудани маҳдудиятҳо ва истисноҳои ҳатмии ҷойдошта ба манфиати нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида ё дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ нисбати асарҳои нашршуда мебошад.

Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаи мазкур имкон фароҳам меорад, ки китобҳо ё аудиосабтҳо барои нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида, бе иҷозати муаллифон нашр карда, дастрасии иттилоот, барои нобиноён ва шахсони биноияшон зарардида осон гардонида мешавад.

Дар хусуси ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шартномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 1786 аз 4 июни соли 2018 он барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба шартномаи мазкур пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 5 июни соли 2018 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шартномаи мазкур баррасӣ ва онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон дар бораи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муҳтарам вазир дуруст зикр намуданд, ки ин масъаларо дар дунё «гуруснагии ҷаҳонии китобӣ» меноманд. Ин гуна шахсон, яъне нобиноён, шахсиятҳое мебошанд, ки зеҳни баланд доранд, хотираашон ниҳоят қавӣ аст. Агар хабареро аз радио ё телевизион гӯш кунанд, дар ёдашон мемонад.

Чунин меҳисобам, ки бояд ба ин масъала диққати ҷиддӣ диҳем, зеро дар паҳлуямон одамоне, ки чашми бино доштанду бо сабабе аз он маҳрум шуданд ё биноияшон ниҳоят заиф гардида, имкони мутолиа кардан надоранд, зиндагӣ доранд. Тасдиқи шартнома барои онҳо аҳамияти калон хоҳад дошт. Барои татбиқи амалии он зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ барномаи мушаххас дошта бошем. Татбиқи он бигзор аз Буҷети давлатӣ маблағ тақозо намояд, вале андозаи он зиёд нахоҳад буд.

Муҳтарам вазир, он воситаҳои аёние, ки барои тадриси нобиноён заруранд, дар ҷумҳурӣ вуҷуд доранд ва ё аз берун оварда мешаванд?

ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек: — Сиёсати иҷтимоии давлат, ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъкид гардидааст, шаҳодат медиҳад, ки масъала зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ ин категорияи аҳолӣ, яъне нобиноён, бо тамоми воситаи таълимӣ, хоҳ дар марказ, хоҳ дар вилоятҳо таъмин мебошанд. Маълум аст, ки нобиноён мушкилоти бештар доранд ва мақомоти марбута ба он мекӯшанд, ки ниёзмандии онҳо бароварда шаванд. Ташкилотҳои зиёди ғайридавлатӣ низ дар ин самт фаъолият мебаранд. Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ низ онҳоро дастгирӣ менамоянд. Тасдиқи шартнома, ҳамчунин имкон медиҳад, ки нобиноён ба ҳама китобҳое, ки дар ҷаҳон нашр мешаванд, дастрасӣ пайдо намоянд.

РАИС: — Ин масъала махсусан барои онҳое, ки солҳои дароз бино буданд ва бо сабабҳои гуногун нобино шудаанд, басо муҳим аст, зеро онҳо дигар бе мутолиа буда наметавонанд, хондан мехоҳанд, то ин ки ҳам аз ҳоли дунё воқифу ҳам асабашон ором бошад. Ташкили ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз қабили толорҳои китобхонӣ барои ин категорияи одамон аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим хоҳад буд, зеро нобиноён бо истифода аз воситаву аёниятҳои фароҳамшуда ҳам мутоила мекунанд ва ҳам тафреҳ, зеро дар шароити имрӯза бе иттилоот душвор аст.

Ба маърӯзачӣ кӣ савол дорад? Марҳамат, сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Акрамшо Фелалиев дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис! Мехостам аз вазири муҳтарам як чизро аниқ намоям.

Дар қисми дуюми моддаи 4 омадааст, ки Тарафи аҳдкунанда метавонад муқаррароти моддаи зикршударо иҷро карда, мутобиқ ба он дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф маҳдудиятҳо ё истисноҳои зеринро пешниҳод намояд. Яке аз истисноҳо чунин аст, ки ба мақоми ваколатдор иҷозат дода мешавад бе розигии дорандаи ҳуқуқи муаллифӣ нусхаҳои асарро ба шакли дастрас таҳрир намояд. Яъне, ин ҷо иҷозати муаллифро гирифтан чӣ душворӣ дорад?

ОРУМБЕКЗОДА Шамсиддин Шодибек: — Масъалаи муҳимтарини ин шартнома он аст, ки вай имтиёз муқаррар менамояд, маҳдудият ҷорӣ намекунад. Ба ҳар сурат, дар мавриди истифода бурдани асар ҳатман бояд бо муаллиф мувофиқа карда шавад. Аммо хусусияти Шартномаи Марокаш дар он аст, ки метавонад бе розигии муаллиф асарҳои ӯро истифода намояд.

РАИС: Боз кӣ савол дорад? Сухан ба вакили муҳтарам Шариф Раҳимзода дода мешавад.

Шариф РАҲИМЗОДА: — Магар бе розигии муаллиф истифода бурдани асари ӯ дуруст аст, зеро вай соҳиби моликият мебошад?

РАИС: - Мо ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияш халалдор ҳамроҳ шуда истодаем. Дар сатҳи байналмилалӣ қабл аз қабули он, албатта, баҳсу мунозираҳо шуда, баъд қабул гардидааст, зеро ҳама медонанд, ки бе розигии муаллиф моли ӯро нашр кардан мумкин нест.

Сухан ба вакил Бахтовар Сафарзода дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳуқуқи байналмилалии ҳифзи моликияти зеҳнӣ вуҷуд дошта, ҳуқуқи муаллифонро барои бе иҷозат чоп кардан ҳимоя мекунад. Баробар ба ин дар ҳуқуқи байналмилалӣ қоидае ҳаст, ки ба тариқи истисно аз қоидаи умумӣ, конвенсия ё шартномаи байналмилалӣ қабул карда мешавад ва чоп кардани китобҳо барои нобиноён ва шахсони нобиноияшон заиф аз ҳамин ҷумла мебошанд. То имрӯз 38 кишвари олам шартномаи мазкурро қабул карданд. Ин чунин маънӣ дорад, ки онҳо розиянд, ки дар кишварашон ба ин ҳуқуқи муаллифӣ дар робита ба нашр кардани асарҳояшон истисно ҷорӣ карда шавад. Ин дар ҳуқуқи байналмилалӣ истисно аз қоидаҳои умумӣ маҳсуб шуда, иқдоми гуманистӣ ба шумор меравад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Шартномаи Марокаш оид ба осонгардонии дастрасии нобиноён ва шахсони биноияшон халалдор ё дорои дигар қобилияти маҳдуди қабул намудани иттилооти чопӣ ба асарҳои нашршуда» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

Неъматулло Ҳикматуллозода:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар раванди татбиқи иқдомҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаронидани ислоҳот дар қонунгузории кишвар, бахусус дар самти такмили низоми дурнамосозӣ ва таҳияи сифатноки ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва барномавӣ, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ идомаи фаъолият дар ин ҷода мебошад. Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти тағйирёбии вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва низоми дурнамосозӣ бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия гардидааст.

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2003 қабул гардида, ба он се маротиба (солҳои 2009, 2011 ва 2016) тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Бо дарназардошти он ки ҳуҷҷатҳои стратегӣ, аз ҷумла дурнамоҳои давлатӣ, стратегияҳо, консепсияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, дар асоси қонуни мазкур таҳия ва ба тасвиб расида, самтҳои ояндаи рушди иқтисодиётро бо дарҷи роҳҳои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии давлат муайян менамоянд, зарурати такмили қонуни зикршуда ба миён омад. Қонуни мазкур мақсаду мазмуни дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва соҳавиро муайян карда, асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии таҳия, баррасӣ ва тасдиқи онҳоро муқаррар менамояд. Аз ҷумла, дурнамоҳои давлатии рушди ­иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар ва таъмини амнияти иқтисодӣ барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат (як сол), миёнамуҳлат (то 5 сол) ва дарозмуҳлат (на кам аз 10 сол) таҳия мегардад.

Консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи дарозмуҳлат ба муҳлати на кам аз 20 сол таҳия карда мешавад.

Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, афзалиятҳо ва принсипҳои рушди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ба муҳлати на кам аз 15 сол таҳия мегардад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди босуботи иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла устувории макроиқтисодӣ, сохтмону таҷдиди инфрасохтори истеҳсолӣ, энергетикӣ, нақлиёт ва иҷтимоӣ, афзоиши даромади буҷет, баландшавии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ таҳия ва татбиқ мегардад.

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо ҳадафҳои стратегии рушди кишварро дар бар гирифта, бо мақсади таъмин намудани рушди шаҳру ноҳияҳо бо дарназардошти хусусиятҳои хос, иқтидорҳо, афзалиятҳо ва захираҳои мавҷудаи ҳар як маҳал таҳия ва амалӣ карда мешавад.

Моҳияти батанзимдарории идоракунии ҷараёнҳои иқтисодӣ тавассути амали қонуни мазкур дар он аст, ки дар асоси дурнамои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати хароҷоти давлатӣ таҳия гардида, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва нишондиҳандаҳои он барои ду соли минбаъда» ташаккул меёбад.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таҳия ва пешниҳод кардани нишондиҳандаҳои дақиқу босифати рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ ва дар ин замина муайян намудани иқтидорҳо ва имкониятҳои мавҷудаи дохилӣ баҳри таъмини рушди устувори иқтисодиёти миллӣ лоиҳаи қонун таҳия ва аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқи 6 санади зерқонунӣ пешбинӣ шудааст, ки дар онҳо раванди таҳияи дурнамоҳо, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мушаххасан дарҷ мегарданд. Аз ҷумла, «Тартиби таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ояндаи кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат» (тибқи моддаи 4 лоиҳаи қонун), «Тартиби таҳияи барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (тибқи моддаи 5 лоиҳаи қонун) ва «Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал» (тибқи моддаи 13 лоиҳаи қонун) пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонун аз 18 модда иборат буда, дар он 6 моддаи нав нисбат ба қонуни амалкунанда, аз ҷумла: «Принсипҳои дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ» (моддаи 3), «Ҳамбастагии консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (моддаи 7), «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ» (моддаи 5), «Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ» (моддаи 14) ва «ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур» (моддаи 17) илова карда шуд. Дар лоиҳаи қонун 5 принсипи дурнамосозӣ, ба монанди ягонагӣ, воқеъбинона, илман асоснок, шаффофӣ ва масъулиятнокӣ пешбинӣ шудааст, ки барои сифатнок таҳия гардидани дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ мусоидат мекунад.

Принсипи ягонагӣ бо мақсади ҳадаф ва усули ягона доштани дурнамоҳо ва ҳуҷҷатҳои стратегию барномавӣ, принсипи воқеъбинона бо дарназардошти ба инобат гирифтани иқтидорҳои мавҷуда ва тамоюлҳои солҳои гузашта, принсипи илман асоснок барои истифодаи методологияи муайянгардидаи илмӣ, принсипи шаффофӣ ҷиҳати дастраси умум будани дурнамоҳои давлатӣ ва принсипи масъулиятнокӣ барои босифат ва сари вақт пешниҳод намудани маълумот пешбинӣ гардидаанд. Дар шароити имрӯзаи иқтисодӣ дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон тавассути моделҳои иқтисодӣ таҳия карда мешаванд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин усули муосири дурнамосозӣ истифода намуда истодааст. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳаи қонун мафҳуми моделҳои дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дарҷ гардидааст.

Бо мақсади ҳамоҳангсозии ­фаъолияти вазорату идораҳо оид ба таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудани дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, дар лоиҳаи мазкур аввалин шуда, дар таҷрибаи ҷумҳурӣ ташкили Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ пешбинӣ шудааст. Шӯрои мазкур мақоми машваратии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо буда, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо дар самти таҳияи дурнамоҳои давлатии рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз нуқтаи назари илмӣ асоснок намудани онҳо таъсис дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, ҳадаф аз таҳияи лоиҳаи қонун дар таҳрири нав, пеш аз ҳама, ба талаботи равандҳои муосир ва ба таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи минтақа ва ҷаҳон мутобиқ намудани қонунгузории кишвар дар ин самт мебошад.

Вакилони муҳтарам, лоиҳаи қонуни мазкур дар Кумитаи иқтисод ва молия ва Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳаматарафа баррасӣ гардида, такмил дода шудааст. Бо дарназардошти ин аз шумо – муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

Назирӣ Гулбаҳор Назир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 2018, № 1650 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни зикргардида бо мақсади ба талаботи раванд­ҳои муосир ва бо дарназардошти таҷрибаи давлатҳои пешрафтаи минтақа мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни мазкур аз 18 модда иборат буда, ба он 6 моддаи нав, аз ҷумла: «Принсипҳои дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ», «Ҳамбастагии консепсия, стратегия ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дурнамосозии давлатии рушди иҷтимоию иқтисодӣ», «Шӯрои методӣ оид ба дурнамосозӣ» ва «Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур» илова карда шуд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои моделҳои дурнамосозии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дарҷ шудааст.

Инчунин дар лоиҳа принсипҳои дурнамосозӣ, ба монанди ягонагӣ, воқеъбинона, илман асоснок, шаффофӣ ва масъулиятнокӣ пешбинӣ шудааст, ки барои сифатнок таҳия гардидани дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуҷҷатҳои стратегӣ мусоидат мекунад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва баҳри такмили он 46 таклифу дархост пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 18 майи соли 2018 лоиҳаи қонун бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз 46 таклифу дархости пешниҳодшуда 40-тоаш пурра ва 2-тоаш қисман қабул гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои зикргардида, бовар дорам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ менамоем.

РАИС: — Сухан ба вакил Рустам Қудратов дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Муҳтарам Раис. Ман оид ба моддаи 8 савол дорам. Дар банди якуми моддаи 8 омадааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро таҳия менамояд. Чаро чунин савол пайдо шуд? Чанде пеш бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин тасдиқ гардид.

Дар лоиҳаи қонун маълум нест, ки онро кӣ тасдиқ менамояд?

РАИС: — Савол бамаврид мебошад. Мо дар Маҷлиси намояндагон якчанд барномаву консепсияҳоро тасдиқ намудем. Бинобар ин, дар қонун аниқ бояд муайян шавад, ки барномаву консепсияҳоро кӣ тасдиқ менамояд? Бо фармони Президент ё бо қарори Маҷлиси намояндагон?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Аз рӯи амалияи таҷрибаи ҳосилгардида ва таҷрибаи давлатҳои пешрафта гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи қонун пешниҳод карда буд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Стратегияи рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои на кам аз 15 сол таҳия мешавад, тасдиқ мегардад. Консепсияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳо бояд аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд, чунки онҳо дар доираи Буҷети давлатӣ, ҷалби шарикони рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шакл мегиранд.

РАИС: — Сухан ба вакил ҷамшед Саидов дода мешавад.

Ҷамшед САИДОВ: — Дар моддаи 4 лоиҳаи қонуни баррасишаванда тартиби тасдиқи таҳияи дурнамоҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст. Тибқи қонунгузории амалкунанда дар асоси кадом тартиб то имрӯз нишондиҳандаҳои асосӣ таҳия ва тартиб дода мешуданд?

- Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Тибқи қонуни нав ин кор ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст, яъне таҳия ва тартиби лоиҳаи дурнамо ба зиммаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор аст.

РАИС: — Сухан ба вакил Саид­ҷаъфар Усмонзода дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Ба ҳайати шахсии Шӯрои методӣ ки дохил мешавад?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Шӯрои методӣ иқдоми нав буда, ба лоиҳаи қонун ворид карда шудааст. Таҷрибаи омӯхташуда собит менамояд, ки Шӯрои методӣ бояд ҳатман вуҷуд дошта бошад.

Шӯрои методӣ таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо фаъолият мекунад. Ба он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ дохил мешаванд.

РАИС: - Сухан ба вакил муҳтарам Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

Мирзоанвар АХМЕДОВ: — Ба моделҳои таҳияи лоиҳаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бо дарназардошти авзои берунӣ ва дохилӣ тағйирот ворид мегардад ё не?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Ин яке аз масъалаҳои муҳим буда, аз ҷумла пеш гирифтани усули нави таҳияи лоиҳаи барномаҳо ва дурнамоҳо ба ин мақсад равона мешавад. Дар ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ вобаста ба хусусиятҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон усулҳои махсус пешниҳод карда шудаанд ва аз ин моделҳо истифода мебарем.

РАИС: — Сухан ба вакил Хайрулло Сӯфиев дода мешавад.

Хайрулло СӮФИЕВ: — Барномаи мақсадноки давлатӣ ва барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳам чӣ фарқ доранд?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Фарқияти асосии ин ду мафҳум, пеш аз ҳама, дар сарчашмаи маблағгузории онҳост. Агар барномаҳои мақсадноки давлатӣ аз Буҷети давлатӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ манша гирад, барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ҳам аз маблағҳои Буҷети давлатӣ ва ҳам аз шарикони рушд, бахши хусусӣ, ҳатто шаҳрвандони алоҳида иборат мебошанд.

РАИС: — Сухан ба вакил ҳаёт Одинаев дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Дар сархати охирини моддаи 1 калимаи «мақомоти» истифода шудааст. Он то кадом андоза дуруст мебошад?

Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Ҳангоми истифодаи мақоми бахши давлатии иқтисодиёт дар стратегияҳо, барномаҳо ва дурнамоҳо дар аксар маврид маҷмӯи сохторҳои институтсионалии гуногуне, ки тибқи қонунгузорӣ ба давлат тааллуқ доранд, ин мафҳумро бояд фарогир бошанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқис­тон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Саидзода Маҳмадсаид Борон дода мешавад.

САИДЗОДА Маҳмадсаид Борон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 марти соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расида, аз муқаддима ва 9 модда иборат мебошад. Он барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати ба низом даровардани тартиби будубош ва бақайдгирии шаҳрвандони Тарафҳо дар ҳудуди якдигар равона шудааст.

Дар муқаддима асосҳо барои баста шудани созишнома ифода ёфта, дар моддаи 1 тартиб ва муҳлати будубош, инчунин, бақайд­гирии шаҳрвандони Тарафҳо муқаррар гардидааст. Дар моддаи 2 тартиби риоя намудани қонунгузории давлати будубош аз тарафи шаҳрвандон зикр шудааст.

Дар моддаҳои 3 — 4 тартиб ва муҳлати мубодила намудани ҳуҷҷатҳои намунавӣ ва маълумот аз ҷониби Тарафҳо дарҷ гардида, дар моддаи 5 мақомоти салоҳиятдор вобаста ба татбиқи муқаррароти созишномаи мазкур, дар моддаҳои 6-7 меъёр оид ба дахлнопазирии ҳуқуқу уҳдадориҳои Тарафҳо, ки иштирокчии дигар шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд ва ворид намудани тағйиру иловаҳо, ба расмият даровардани он бо протоколи алоҳида пешбинӣ шудааст.

Дар моддаҳои 8-9 тартиб ва роҳҳои ҳалли баҳсҳои бамиёномада, ҳангоми тафсир ва истифодаи муқаррароти созишномаи мазкур, инчунин тартиби эътибори қонунӣ пайдо намудани созишнома, муҳлати амал ва қатъ гардидани он ба танзим дароварда шудааст.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва таклифу пешниҳодоти воридгашта аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ пурра ба инобат гирифта шудаанд.

Инчунин, лоиҳаи мазкур тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15-уми Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, № 355 тасдиқ шудааст, мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар лоиҳаи мазкур омилҳои бавуҷудовардаи коррупсия ошкор карда нашуд. Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 14-уми марти соли 2018 дар рафти сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон ба имзо расонида шуда, барои тасдиқ ба Маҷлиси намоядагон пешниҳод гардидааст.

Мувофиқи он, шаҳрвандони давлати як Тараф, ки муваққатан дар ҳудуди Тарафи дигар қарор доранд, аз уҳдадориҳои бақайдгирӣ (бақайдгузорӣ дар маҳалли будубош) дар мақомоти салоҳиятдори Тарафи будубош дар давоми 30 шабонарӯз аз санаи вуруд озод карда мешаванд.

Дар ҳолати будубоши шаҳрванди давлати яке аз Тарафҳо дар ҳудуди Тарафи дигар зиёда аз 30 шабонарӯз шаҳрванди зикршуда уҳдадор аст, ки дар мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи будубош (дар маҳалли будубош) ба ҳисоб гирифта шавад, тибқи қонунгузории он худро ба қайд гузорад.

Бақайдгирии шаҳрванди давлати яке аз Тарафҳо дар муҳлати на зиёда аз 90 шабонарӯз аз лаҳзаи воридшавӣ ба сарҳади давлати Тарафи будубош ба қайд гирифта мешавад.

Шаҳрвандони давлати як Тараф ба ҳудуди давлати Тарафи дигар тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои байналмилалӣ бо ҳуҷҷатҳои аслии зерин вуруд (хурӯҷ) мегарданд:

барои Ҷумҳурии Тоҷикистон:

1) Шиносномаи хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) Шиносномаи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) Шиносномаи хизматии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

4) Шиносномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (танҳо барои баргаштан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли равон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон онро ҷонибдорӣ намуданд. Панҷуми июни соли 2018 дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагон бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ, намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, мувофиқи мақсад шуморида шуд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад ва ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон созгор аст.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи мазкур овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Қазоқистон ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Маҳмадсаид Борон дода мешавад.

САИДЗОДА Маҳмадсаид Борон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он» аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мақсад аз он гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани созишномаи зикргардида мебошад.

Созишномаи мазкур 14 марти соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расида, аз муқаддима, 15 модда, протоколи иҷроия ва замима иборат мебошад. Он барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон бо хоҳиши мустаҳкам намудани муносибатҳо бо роҳи ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ равона шудааст.

Дар муқаддима асосҳо барои баста шудани созишнома ифода ёфта, дар моддаи 1 мафҳумҳое, ки дар созишномаи мазкур истифода мегарданд, ҷой дода шудааст. Дар моддаҳои 2 — 3 реадмиссияи шаҳрвандони Тарафҳо ва шаҳрвандони давлати сеюм, инчунин шахсони бешаҳрвандӣ, дарҷ гардидааст.

Дар моддаи 4 масъалаи реадмиссияи иштибоҳӣ ва ҳал намудани масъалаҳои ба он вобаста ҷойгир шудааст. Дар моддаҳои 5 — 6 муҳлати ирсоли дархост ва муҳлати реадмиссия, дар моддаи 7 масъалаҳо вобаста ба транзити шахси реадмиссияшаванда пешбинӣ шудааст.

Моддаҳои 8 — 9 ҳимояи маълу­моти шахсӣ ва хароҷотро фаро гирифтаанд. Моддаи 10 фарогири протоколи иҷроия мебошад. Дар моддаҳои 11 — 12 қатъ ва аз нав мавриди амал қарор додани созишномаи мазкур, инчунин ҳалли баҳсҳо ҳангоми тафсири муқаррароти созишномаи мазкур пешбинӣ шудааст. Моддаҳои 13 — 14 уҳдадориҳои байналмилалии тарафайн ва ба расмият даровардани тағйиру иловаҳо дар созишномаи зикргардидаро дар бар мегиранд.

Моддаи 15 тартиби эътибори қонунӣ пайдо намудани созишнома, муҳлати амал ва қатъ гардидани созишномаи мазкурро ба танзим медарорад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он» бо вазоратҳои адлия, молия, корҳои хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа ва таклифу пешниҳодҳои воридгашта аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ пурра ба инобат гирифта шуд.

Лоиҳаи мазкур, инчунин тибқи талаботи бандҳои 13, 14 ва 15-уми тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатми­доштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаи онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014, №355 тасдиқ шудааст, мавриди арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар лоиҳаи мазкур омилҳои бавуҷудовардаи коррупсия ошкор нашуд. Бинобар ин, аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон Зайнӣ дода мешавад.

 МИРЗОЗОДА Мавлудахон Зайнӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он, ки 14 марти соли 2018 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 июни соли ҷорӣ барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Зери мафҳуми «реадмиссия» дар созишномаи мазкур ин аз рӯи тартиб, шартҳо ва мақсадҳои пешбининамудаи созишнома аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи дархосткунанда таҳвил ва аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлати Тарафи дархостшаванда бо вайрон кардани қонунгузории ин давлат оид ба ­масъалаҳои вуруд, хориҷ ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ворид шудаанд ё қарор доранд, фаҳмида мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон созишномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилале, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳишмандам барои тасдиқи он овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи реадмиссияи шахсон ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии он» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълу­моти шахсӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯйи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» бо тартиби ҳуқуқи истифода аз ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода, Муҳаб­батшо Рӯзадор, Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода ва Ҷамшед Саидов пешниҳод шудааст.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки моддаи 23 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрамияти мукотиба, суҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахсро ҳифз намуда, дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумотро манъ менамояд. Мазмуну муҳтавои лоиҳаи қонуни зикршуда ба ҳамин моддаи Конститутсия асоснок гардида, аз 6 боб ва 27 модда иборат мебошад. Лоиҳа бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳо вобаста ба ҳифзи маълумоти шахсӣ, шартҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, дастрасӣ ва махфияти он, тартиби додани розигии субъект ба ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, маълумоти шахсии биометрӣ, ҳуқуқи дастрасии маълумоти шахсӣ ба субъект, ҳуқуқу уҳдадориҳои дорандаи маълумот, оператор ва шахси сеюмро ифода намуда, модда ба модда ба танзим дароварда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳоро вобаста ба кафолати давлатии ҳифзи маълумоти шахсӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ ва ҷавобгариро барои вайрон намудани қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.

Лоиҳа шаш моҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он 126 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 72 таклиф пурра ва 32 таклиф қисман қабул гардид.

Инчунин, таклифу пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи Шӯро иброз дошта буданд, якҷо бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, намояндаи бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини якуми сардори Саридораи сирри давлатӣ мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифт. Бо дарназардошти ин таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шуд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯйи ин ­масъала ба сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳимов Хайриддин Саидович дода мешавад.

 АБДУРАҲИМОВ Хайриддин Саидович:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи муқаррароти моддаҳои 23 ва 25 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандонро кафолат медиҳад, таҳия шудааст.

Қабули лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки асосҳои қонунии таъмини ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандоне, ки маълумоти шахсиро дар фаъолият истифода мебаранд, инчунин муносибатҳо дар соҳаи мазкур ба танзим дароварда шаванд.

Бояд зикр кард, ки мутобиқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», «Иттилоот оид ба шахсият ба гурӯҳи иттилооти пинҳонӣ (конфиденсиалӣ) мансуб буда, тибқи қонун ҳифз карда мешавад. Бинобар ин, таъми­ни амнияти маълумоти шахсӣ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи қонуни мазкур мебошад. Бо ин мақсад дар бобҳои 2, 3 ва 4 лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида тартиби ҷамъоварӣ ва коркарди маълумоти шахсӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъект, доранда, оператор ва шахси сеюм ба низоми ягона дароварда шудаанд, ки онҳо дар маҷмӯъ қисмҳои таркибии таъмини ҳифзи маълумоти шахсӣ мебошанд.

Ба ғайр аз ин, дар боби 5 моддаҳои алоҳида оид ба кафолат ва танзими давлатӣ дар соҳаи маълумоти шахсӣ ва ҳифзи онҳо муқаррар шудаанд, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои давлат ва мақомоти ваколатдори давлатиро дар соҳаи мазкур муайян менамоянд.

Зарурияти қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар он аст, ки дар замони муосири пешрафтаи технологияҳои коммуникатсионӣ ва мубодилаи электронии иттилоот фаъолияти соҳаро ба низом дароварда, рушди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа ва давлатро таъмин менамояд.

Истифодаи маълумоти шахсӣ, таъмини ҳаққонияти он ва ё амалҳои ҷинояткорона нисбат ба он ва ё бо истифода аз он ҷанбаҳои гуногун доранд ва дар қатори натиҷаҳои мусбат метавонанд ба шаҳрвандон ва давлат зарари моливу маънавӣ расонанд. Мисолҳо оид ба оқибатҳои манфии истифодаи маълумоти шахсӣ дар натиҷаи таъмин накардани ҳифзи он дар шабакаи байналмилалии интернет ва воситаҳои ахбори омма ба шумо маълуманд ва ёдрас намудани онҳо зарурат надорад.

Бинобар ин, Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таҷрибаи бадастомада дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ, ҳифзи иттилоот ва дар муқоиса бо таҷрибаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумоти шахсӣ»- ро аз нигоҳи таъмини амнияти иттилоотӣ баррасӣ карда, таклифу пешниҳодоти худро иловатан ба баррасии ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур намуд. Кумитаи мазкур пешниҳодҳои Саридораро асоснок ҳисобида, онҳоро дастгирӣ ва ба лоиҳаи қонун ворид намуд. Дар ҳолати ворид нагардидани пешниҳодҳо ба лоиҳаи қонуни мазкур барои ихроҷшавӣ, дуздӣ, гум кардан, тағйирдиҳӣ ва сохтакорӣ дар ҳама махзани маълумоти шахсӣ, ки дар ҳаёти ҷомеа ва давлат истифода мешаванд, шароити мусоид муҳайё мегардид.

Бинобар ин, вакилони муҳтарам, хуб мебуд ҳангоми таҳияи лои­ҳаи қонунҳои соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот ба гурӯҳҳои корӣ мутахассисони Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегардиданд, зеро таклифу пешниҳоди мутахассисон, ки дорои дониш ва таҷрибаи соҳаи мазкуранд, барои ба инобат гирифтани нозукиҳои қонунгузории соҳа ниҳоят муҳим мебошанд.

Бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва такмили лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маълумоти шахсӣ», хоҳиш менамоям, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва ба овоз монда шуда, пас аз он яклухт қабул карда шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ