Шиносоии як гурӯҳ хонандагони пойтахт аз Маҷлиси намояндагон

№68 - 69 (4018 - 4019) 15.06.2019

DSC_001213 июни соли равон як гурӯҳ мактаббачагони муассисаи таълимии хусусии ба номи Абдураҳмони Ҷомии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки бо баҳои хубу аъло мехонанд, меҳмони вакилону кормандони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд.

Онҳо дар оғоз аз макони баргузории ҷаласаҳо, маҷлисгоҳи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи парлумони касбии мамлакат дидан намуданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода, вакили Маҷлиси намояндагон Бахтовар Сафарзода, мудири шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашр Камол Абдураҳимов ва мудири шуъбаи умумии дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Ҷалол Камолов роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбӣ, тартиби таҳия ва қабули қонунҳо, кор дар кумитаҳо ба онҳо маълумоти муфассал доданд.

Ҷамшеди Сабоҳиддин«Садои мардум»