Ширкати Рустами Эмомалӣ ва Маҳмадтоир Зокирзода дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

№127 (4233) 13.10.2020

11 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба участкаи интихоботии №15, ҳавзаи интихоботии №2-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ташриф оварда, дар ҳузури мушоҳидони сершумори байналмилалӣ, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ ба хотири ояндаи дурахшони мамлакат, саодати мардум, рушди босубот ва пешрафту шукуфоии боз ҳам афзуни Тоҷикистони соҳибистиқлол овоз дод.

Дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони маҳаллаи ба номи Маҳмадулло Холови ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки участкаи мазкур дар он ҷойгир аст, чун дигар шаҳрвандони мамлакат бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз давлату давлатдорӣ иштирок намуданд.

Дар ин участкаи интихоботӣ аз 1490 нафар интихобкунанда 17 нафарашон бори аввал овоз доданд.

АМИТ «Ховар»

 11 октябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба участкаи интихоботии № 5-и ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ, 2 ташриф овард.

Иштирок ва овоздиҳии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҳузури шумораи зиёди нозирон аз созмонҳои гуногуни байналмилалӣ ҷараён гирифт.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон