Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро ба ҳузур пазируфт

№148 (3449) 05.11.2015

DSC_0415Панҷуми ноябри соли 2015 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро таҳти роҳбарии Ивета Григуле ва ҳамроҳони ӯ, ки барои иштирок  дар ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкории парлумонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ташрифи ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупоро ба мамлакати мо заминаи бисёр мусоид барои рушди муносиботи гуногунсоҳаи Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки  муносиботи Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар сатҳи дуҷониба Созишнома оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ, ки дар соли 2004 ба имзо расида буд, танзим менамояд.

- Мо талошҳои содиқона ва самимонаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро ҷиҳати мусоидат дар самти Стратегияи нави ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ эҳсос менамоем. Аз кумакҳое, ки Иттиҳоди Аврупо ба кишвари мо дар доираи лоиҳаҳои бешумори ба рушди демократия, волоияти қонун, идоракунии марз, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, рушди соҳаи нақлиёт ва энергетика, ҳифзи муҳити зист, поксозии майдонҳои минагузоришудаи марзи Тоҷикистон – Ӯзбекистон ва дигар самтҳо равонашуда мерасонад, миннатдор ҳастем, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров.

- Боиси хушҳолист, ки акнун ҳамкориҳои мо ба сатҳи болотар баромада, хусусияти ҳамешагиро касб кардааст. Бидуни шак, ин қадами муҳим ва дурусти парлумонҳои мо дар тақвияти муносиботи дуҷониба ба шумор меравад, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Пеш аз ин дувумин (моҳи майи соли 2012, шаҳри Душанбе) ва сеюмин (моҳи июли соли 2013, шаҳри Брюссел) ҷаласаи Кумита оид ба ҳамкориҳои парлумонӣ баргузор гардида буданд, ки дар ҷараёни ин нишастҳо муҳимтарин масъалаҳо, аз қабили алоқаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳифзи муҳити атроф ва тандурустӣ, демократикунонӣ ва рушди конститутсионӣ, плюрализми сиёсӣ ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин иброз намуд, ки вакилони алоҳидаи Парлумони Иттиҳоди Аврупо то ин замон борҳо ба ҳайси ширкаткунандагони конфронс ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, гуфтугӯҳои сиёсӣ оид ба масъалаи ҳуқуқи инсон ва нозирони интихобот ба кишвари мо ташриф овардаанд, ҳамзамон вакилони мо низ аз ҳар ду маҷлис аз Парлумони Аврупо дидан кардаанд.

Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки ҳамаи ин мулоқоту вохӯриҳо натиҷаҳои мушаххас дода, ба нафъи халқу миллатҳои мо равона шудаанд. Барои мисол, пешниҳод дар мавриди қонунгузории ҷиноятӣ дар масъалаи шиканҷа ва ҷавобгарӣ барои туҳмат қобили қабул дониста шуд. Моддаҳое, ки дар онҳо туҳмат ва таҳқир ҷавобгарии ҷиноӣ ҳисобида мешуданд, аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд. Ҳифзи шаъну шараф ва ҷуброни зарари маънавӣ ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд. Вобаста ба шиканҷа бошад, баръакс, дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро сахттар карда, ба он моддаи алоҳида дар бораи масъулияти кормандон ва шахсони мансабдори мақомоти тафтишотӣ барои қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ва равонӣ бо мақсади ба даст овардани маълумот ё эътирофи иҷборӣ, тарсонидан ё истифодаи фаъолиятҳои дигар ворид карда шуд.

Ё мисоли дигар, дар шаҳри Душанбе чанд рӯз пеш Ҳафтаи Аврупо бо номи «Ҳамроҳ ба хотири оянда» гузаронида шуд. Гуфтан мумкин аст, ки баргузории ин чорабинӣ аллакай ба ҳукми анъана даромадааст. Ташкилкунандагони чорабинии мазкур Маркази фарҳангии «Бохтар» ва шарикони аврупоӣ мебошанд. Барномаи Ҳафтаи Аврупо фарогири фестивали филмҳои аврупоӣ, консертҳо, баргузории мубоҳисоти байни ҷавонон буд.

Раиси парламенти касбии мамлакат афзуд, ки Тоҷикистон ба тақвияти ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус дорад.

Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ дар заминаи дастгирӣ аз эътилофи неруҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва кумакҳои инфрасохторӣ барои неруҳои интизомии Тоҷикистон мавҷуд аст, ки ин аз мавқеи муштарак доштани мо дар заминаи мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳодат медиҳад.

Сипас, Шукурҷон Зуҳуров дар бораи фаъолияти кумита ва комиссияҳои Маҷлиси намояндагон, ҳизбҳои сиёсӣ дар парламент ва муносибатҳои байнипарлумонӣ маълумот дод.  Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон 40 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумонҳои дигар кишварҳо, аз ҷумла бо парлумонҳои ҷумҳуриҳои аврупоӣ — Белгия, Германия, Латвия, Литва, Франсия, Эстония, Австрия, Финляндия, Полша ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо таъсис дода шудааст.

Роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ивета Григуле низ иброз дошт, ки боздиди чунин ҳайати бонуфузи Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон бори аввал нест  ва мо боварӣ дорем, ки масъалаҳои дар ҷараёни ин боздид баррасишаванда ҳалли мусбӣ ва ниҳоии худро хоҳанд ёфт.

- Парлумони Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар минтақа шарики боэътимоди худ медонад ва дар заминаи масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ аз мавқеи ин кишвар пуштибонӣ хоҳад кард, — гуфт роҳбари ҳайати Парлумони Иттиҳоди Аврупо.

Дар мулоқот раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот — Олим Салимзода,  оид ба иқтисод ва молия — Шариф Раҳимзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев, Бибидавлат Авзалшоева, Ҷаббор Ахмедов, Ҳокимҷон Холиқов иштирок доштанд.

 Хадамоти матбуотии  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Суратгир А. ИСОЕВ