Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Шукурҷон Зуҳуров: «Эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ба анҷоми корҳои нек ҳидоят мекунад»

№118 (4068) 03.10.2019

DSC_5652Якуми октябри соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 61 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров:

- Вакилони муҳтарам, ҳамкорони иззатманд!

Имрӯз марҳилаи ҷамъбастии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум оғоз меёбад. Ин навбат, чун давраҳои сипаришуда, бо масъулиятҳои баланди хизматӣ, нақшаву барномаҳо ва ҳадафҳои мушаххас шурӯъ мешавад. Ҳамчунин, ин марҳила барои Маҷлиси намояндагон ва ҳар як вакили мардумӣ давраи ҳалшаванда буда, нақшаву барномаҳои даъвати панҷум ҷамъбаст мегарданд. Мо дар ин давра ба нақшаи панҷсолаи худ хотима мебахшем. Бурдубохти намояндагии мо, хизмати шоиста ё нуқсҳои фаъолияти мо аз ҷониби интихобкунандагон мулоҳиза мегардад ва баҳогузорӣ мешавад. Хушбахт он аст, ки дар ин фурсат тавониста бошад, кори некеро ба нафъи миллату давлати худ анҷом бидиҳад.

Тавре ба ҳама маълум аст, вакилони Маҷлиси намояндагон дар мавсими таътили худ ба шаҳру вилоят, ноҳияву ҷамоат ва деҳаҳои мамлакат сафар намуда, бо сокинони кишвар, аз ҷумла бо интихобкунандагони худ, аз наздик суҳбату мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни мулоқотҳо сокинони кишвар муаммову мушкилоти рӯзгори худро ба вакилон расонида, мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодияшонро таҳлилу баррасӣ намуданд. Бовар дорам, ки ҳар яки шумо дар доираи салоҳият ва имконияти худ барои рафъи мушкилоти аҳолии кишвар талош меварзед.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки ин марҳила барои мо — вакилон лаҳзаҳои башумор аст, зеро дар баробари нақшаҳои қаблан тарҳрезишуда, барномаву лоиҳаҳои зиёде ба баррасии мо пешниҳод мешавад. Вакилони мардумиро лозим аст, ки ин даврро ғанимат дониста, барои иҷрои барномаву нақшаҳои намояндагии худ талош варзанд.

Вакилони гиромӣ!

Бояд таъкид намоям, ки Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маром, вазифа ва ҳадафҳои бузурги стратегӣ дар пеш дорад, ки иҷрои ҳар яки он ба фаъолияти босифати Маҷлиси намояндагон пайванд мебошад. Ин раванд аз мо, вакилон, тақозо менамояд, ки дар маҷрои созандагиҳои кишварамон мавқеи худро равшан намоем ва фурсатро ба нафъи давлату миллати хеш истифода барем.

Ҳамчунин, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаҳое, ки доир ба беҳтар намудани раванди фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар гузориши ҷамъбастӣ ироа шуда буд, равона созам. Дар гузориш ба чор масъалаи асосӣ: сифати кодексу қонунҳо, суфташавии асноди қабулшаванда, муосирияти қонуну санадҳои қабулшаванда ва ташхису таҳлили масъалаҳои мубрами ҷомеа махсус таъкид шуда буд. Зеро таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар шароити имрӯз ҷомеа ба қонунҳое ниёз дорад, ки хусусияти ҳамагонӣ дошта бошанд.

Гузашта аз ин, вакилони Маҷлиси намояндагон бояд ҳар як масъаларо дар шакли мушаххас таҳлилу баррасӣ намуда, натиҷаи онҳоро манзури мақомоти салоҳиятдори давлатӣ гардонанд. Зеро, ба шинохти мо, низоми бонкӣ, мушкилоти обу замин, раванди татбиқи шартномаву созишномаҳои қарзию грантӣ, назорати иҷрои уҳдадориҳои ширкатҳоеро, ки аз имтиёзҳо бархӯрдор шудаанд, аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки омӯзиш ва баррасиро тақозо менамоянд.

Бовар дорам, ки мо метавонем дар якҷоягӣ ва ҳамбастагии комил уҳдадориҳои худро, ки дар назди миллату давлат дорем, бо сарбаландӣ анҷом диҳем. Дар ин ҷодаи пурифтихор ба ҳар яки шумо барори кор ва саодатмандии рӯзгорро таманно дорам.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 — уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо ҳайати вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

Раиси Котибот:

Маҷидзода Ҷурахон Зоир — вакил аз ҳавзаи интихоботии Муъминобод, №38.

Аъзои Котибот:

Абдуназар Хисрав — вакил аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, №21;

Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич — вакил аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ, №40.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати котиботи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки мутобиқи банди 134 — уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум интихоб намоем.

Ба баррасии шумо ҳайати вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

Раиси комиссия:

Раҳмонзода Абдуғаффор — вакил аз ҳавзаи интихоботии Кӯлоб, №37.

Аъзои комиссия:

Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович — вакил аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа, №26;

Содиқова Насиба Нуруллоевна — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Мутобиқи бандҳои 246 ва 247 — уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба мо лозим аст, ки барои назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро интихоб намоем.

Ба баррасии шумо ҳайати вакилони зерин пешниҳод карда мешавад:

Роҳбари гурӯҳ:

Сафарзода Бахтовар Амиралӣ — вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, №32.

Аъзои гурӯҳ:

Раҷабзода Равшан Муҳитдин — вакил аз ҳавзаи интихоботии Конибодом, №19;

Мансурӣ Дилрабо Сайдулло — вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ дар ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Аз вакилоне, ки ба ҳайати котибот, комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш мекунам ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Ба мо лозим аст, ки дар асоси банди 137- уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби инъикоси рафти кори ҷаласаҳои Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро дар воситаҳои ахбори омма муайян намоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Салимзода Олим дода мешавад.

 Олим САЛИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Ба таваҷҷуҳи шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба тариқи зайл пешниҳод мегардад.

Мутобиқи банди 137 — уми Дас­тури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Рафти кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум дар ҳаҷми пурра дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Садои мардум» чоп карда шавад.

3. Маводи кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба воситаи Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявии «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

 РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум» пешниҳод мегардад.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ озод намудани Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон»

3. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон»

4. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон»

5. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидзода Ҷамшед Ҳамро»

6. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Саидзода Ҷамшед Ҳамро»

7. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшедзода Ҷамшед Назар»

8. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта

9. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

11. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикис­тон II-Хоруғ, ВМКБ».

12. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ»

13. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ»

14. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ»

15. Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Чуноне ба шумо маълум аст, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи басо масъул иҷрокунандаи вазифа раиси шаҳри Норак таъин шуданд. Бинобар ин, ба мо лозим аст, ки ваколати вакилии Қурбонзода Ҳилолби Ҷумъахонро пеш аз муҳлат қатъ намоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Инчунин, баъди баррасӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ озод намудани Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон», лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баровардани Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ баровардани Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон» дар алоҳидагӣ ба овоз монда шуда, қарорҳо қабул гардиданд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидзода Ҷамшед Ҳамро» шурӯъ менамоем. Чуноне маълум аст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ёвон таъин шуданд. Бинобар ин, зарур аст ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Саидзода Ҷамшед Ҳамроро пеш аз муҳлат қатъ намоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Ҷамшед Ҳамро» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Инчунин, баъди баррасӣ лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Саидзода Ҷамшед Ҳамро» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшедзода Ҷамшед Назар» шурӯъ менамоем.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозхонд намудани узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҷамшедзода Ҷамшед Назар» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Сипас, бо қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ва Саидзода Ҷамшед Ҳамро барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ, хидмати арзишманд дар фаъолияти қонунгузорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон, ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта» бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 31 майи соли 2019 маъқул дониста, аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ 10 июни соли ҷорӣ ба имзо расонида шудааст. Тибқи он, ҷамъият бо ҷалби 1 млрд. сомонӣ сармояи ватанӣ корхонаҳоро бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бо иқтидори истеҳсоли 1 миллиону 200 ҳазор тонна семент ва истеҳсоли 80 млн. дона халта дар як сол бунёд менамояд.

Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур, сармоягузор уҳдадор мегардад, ки ҷиҳати сохтмони объекти лоиҳавӣ ва таъмини фаъолияти корхона 80 фоиз мутахассисони маҳаллиро ҷалб намуда, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси онҳо бо роҳи даъвати мутахассисони хориҷӣ пайваста чораҷӯӣ намояд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки пас аз пурра ба истифода додани корхона 600 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шаванд.

Мутобиқи созишнома, ба сармоягузор, тибқи тартиби муқарраргардида, озодкунӣ аз пардохти андоз аз фоида ва андози иҷтимоии шаҳрвандони хориҷӣ — ғайрирезидент ба муҳлати 5 сол пешбинӣ карда, номгӯйи молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд. Муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он панҷ солро дар бар мегирад.

Татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, саноатикунонии кишвар, равона карда шуда, ба истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

НИДОЗОДА Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта» 10 июни соли 2019 ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Татбиқшавии лоиҳаи он бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таъсиси ҷойҳои корӣ ва расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар, роҳандозӣ карда шуда, ба рушди истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда мусоидат менамояд.

Ҳадаф аз таъсис ва бунёд намудани корхонаҳои зикршуда афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли семент дар кишвар, зиёд кардани иқтидори содиротии мамлакат ва ташкили ҷойҳои нави корӣ маҳсуб меёбад.

Ба ин раванд беш аз 100 миллион доллари ИМА ҷалб карда шуда, пас аз пурра ба истифода додани корхона ва ба фаъолият шурӯъ намудани он рушди содиротии кишвар таҳким ёфта, устувории иқтидори самти истеҳсолӣ таъмин карда мешавад.

Корхона бо истифода аз технологияҳои пешқадам ва риояи талаботи экологӣ бунёд гардида, фаъолияти он дар доираи меъёрҳои камтаъсиррасон ба муҳити зист роҳандозӣ карда мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Бинобар ин, аз шумо вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба ҷаласа директори ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» Бахтиёр Маҷидов даъват шудаанд ва дар толор ҳузур доранд.

Муҳтарам Маҷидов, хоҳишмандам вазъи сохтмонро дар иншоот шарҳ диҳед.

Бахтиёр МАҶИДОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» бо мақсади гузош­тани саҳми арзанда дар саноатикунонии кишвар тасмим гирифтааст, ки ба сохтмони корхонаи истеҳсоли семент дар шаҳри Душанбе дар майдони 33 гектар шурӯъ намояд. Хатти истеҳсолии корхона аз 10 сехи асосӣ ва ду сехи иловагии ёрирасон иборат буда, дар масоҳати 15 гектар васлу насб мегардад. Дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи нақлиётӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.

Корхона пурра аз ҳисоби сармояи ватанӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Яъне, муассисон ва директори ҷамъият шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Корҳои лоиҳакашӣ, таъмин, насб, ба истифода додан ва истеҳсоли таҷҳизот барои корхона тибқи созишнома бо ҷалби пудратчии асосӣ-Ширкати «Ҷиангсу пенгфей групп Ко., ЛТД» (Jiangsu Pengfei Group Co., LTD)-и Ҷумҳурии Халқии Хитой амалӣ хоҳанд гашт.

Тибқи нақша, корҳои сохтмонӣ, васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар иншоот як солу шаш моҳ идома меёбад. Дар ҷараёни сохтмон 1500 нафар, аз ҷумла 1350 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд. Пас аз пурра ба фаъолият шурӯъ намудани корхона бошад, 600 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.

Корхона мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф бе зарар дар канори шаҳр бунёд мегардад. Чангу ғубор дар сехҳои корхона дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор дода мешавад, ки дар натиҷа 99,3 фоизи қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолоти бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як шабонарӯз 3300 тонна ва дар як сол 1,2 миллион тонна сементи навъи Greenfield-ро ташкил дода, ҷараёни истеҳсолот аз майдакунӣ то бандубасти натиҷаи ниҳоии истеҳсоли маҳсулот иборат хоҳад буд. Дар корхона сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол карда мешавад. Бо дарназар­дошти технологияи муосири истеҳсолӣ ва ашёи хоми истифодашаванда, сементи истеҳсолнамудаи корхона пурра ба талаботи меъёру стандартҳои аврупоиву ҷаҳонӣ мутобиқат мекунад.

Технологияи истеҳсолии корхонаи ҶСП «Тоҷиксемент» бо иҷозатномаи яке аз бонуфузтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой истеҳсол карда шудааст.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Тоҷиксемент» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаҳои истеҳсоли семент, масолеҳи сохтмонию бетонӣ ва халта» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дода мешавад.

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста, 14 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расонида шудааст.

Сармоягузории лоиҳа аз ҷониби ширкати мазкур амалӣ гардида, татбиқи он тавассути филиали Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «С. А. Минералз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Мутобиқи созишнома сармоягузор уҳдадор мешавад, ки давра ба давра барои татбиқи пурраи лоиҳа ба маблағи 385 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои коркарди кон, мукаммалгардонии технология ва таҷҳизоти фабрикаи бойгардонӣ ва партовгоҳ, кашидани хати интиқоли барқ то қитъаи лоиҳа ва дигар корҳои вобаста сармоягузорӣ намояд.

Инчунин, уҳдадор гардидааст, ки ҷиҳати сохтмони объекти лоиҳавӣ ва таъмини фаъолияти корхона дар се соли аввали татбиқи лоиҳа 60 фоиз ва дар солҳои минбаъд 80 фоизи кормандонро аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ ҷалб намуда, ҳар сол барои баланд бардоштани малакаи касбии мутахассисони маҳаллӣ дар ҳаҷми 500 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо намояд. Иқдоми мазкур имконият медиҳад, ки 200 нафар мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шаванд.

Мутобиқи созишнома ба сармоягузор, тибқи тартиби муқарраргардида, озодкунӣ аз пардохти андоз аз фоида ба муҳлати ҳафт сол пешбинӣ карда, молҳои барои татбиқи лоиҳа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Муҳлати амали созишнома аз рӯзи тасдиқ гардидани он ҳафт солро дар бар мегирад. Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби сармоягузор дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи коркарди маъдан бо ҷалби технологияҳои муосир дар баландии зиёда аз 4500 метр аз сатҳи баҳр сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Татбиқи лоиҳа бо мақсади амалигардонии ҳадафҳои рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла саноатикунонии кишвар, равона шудааст. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Муҳтарам Ҳамрализода, корхонаро кӣ бунёд мекунад?

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Корхона аз тарафи ширкати хитойӣ бунёд мегардад. Муҳлати амали созишнома ҳафт солро дар бар мегирад.

РАИС: — Аз бунёди корхона чӣ нафъе ба ҷумҳурӣ мерасад?

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Ин ягона корхонаи саноатии дар даврони истиқлолият бунёдшуда дар ноҳияи Мурғоб буда, ба таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат менамояд. Аз фаъолияти корхона андозҳо ба буҷет ворид мешаванд, маҳсулоти он ба фурӯш бароварда мешавад.

РАИС: — Яъне, корхона пурра хитойӣ буда, то замони ба охир расидани захираи нуқра дар он минтақа фаъолият хоҳад кард?

ҲАМРАЛИЗОДА Фаррух Маҳмуд: — Бале, чунин хоҳад буд. Танҳо ҳаминро мехоҳам зикр кунам, ки дар шароити ноҳияи Мурғоб дар як сол се-чор моҳ имкони фаъолият кардан ҳасту бас.

РАИС: — Ҳоло дар толор директори филиали Шарикии дорои масъулияташ маҳдуди «С. А. Минералз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Юан Энхуи ҳузур дорад, гуфтание доранд?

Юан ЭНХУИ: — Муҳтарам Раис! Мо ба кор шурӯъ намудем. Ҳоло асосан корҳои ҷустуҷӯию иктишофӣ ҷараён дошта, бомуваффақият пеш меравад.

Алҳол 106 нафар мутахассиси маҳаллӣ ва 70 нафар мутахассисони хитойӣ ба кор ҷалб шудаанд.

РАИС: — Ман бо маълумотнома шинос шудам ва он ҷо омадааст, ки баъди ба фаъолият пардохтани корхона 80 фоизи коргарону мутахассисони онро сокинони маҳаллӣ ташкил хоҳанд дод. Ҳамин тавр?

Юан Энхуи: — Бале, дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 80 фоизи коргарону мутахассисони он аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ хоҳанд буд.

РАИС: — Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан барои савол додан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Корхона дар баландии 4500 метр бунёд мешавад. Ба коркунону мутахассисон чӣ қадар коэффисиент пардохта мешавад? Шароити зиндагӣ чӣ гуна фароҳам оварда мешавад?

Юан ЭНХУИ: — Маоши моҳона 2600 сомониро ташкил менамояд. Шароити зисти хуб фароҳам хоҳад буд.

РАИС: — Дар чунин шароити баландкӯҳ меҳнат кардан вазнин аст ва ман фикр мекунам, ки муқаррар кардани 2500-2600 сомонӣ маош кам аст ва дар ин хусус андеша кардани роҳбарияти корхона зарур мебошад.

Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Мансурӣ Дилрабо дода мешавад.

Дилрабо Мансурӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

«Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки 14 июни соли 2019 ба имзо расидааст, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси муқаррароти банди 1 қарори №65-ф аз 29 сентябри соли 2017 ба филиали Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «С. А. Минералз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳуқуқи истихроҷи маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муҳлати 20 сол иҷозатномаи силсилаи ВСТН №0000044 дода шуда, тибқи қарордоди №0000460 аз 9 апрели соли 2018 байни Саридораи геология ва ширкат қарордоди истифодабарии қаъри замин ба имзо расидааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин аввалин корхонаи коркарди маъдан дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки бо ҷалби технологияи муосир дар баландии зиёда аз 4500 метр аз сатҳи баҳр сохта шудааст. Ба кор андохтани корхонаи ғанигардонии маъдан дар ноҳияи Мурғоб, дар баробари таъсиси ҷойҳои кори нав, ба раванди саноатикунонии минтақа ва афзун гардидани ҳаҷми содирот мусоидат менамояд.

Айни замон, ширкат барои корҳои геологӣ ва сохтмони фабрикаи ғанигардории маъдан беш аз 13 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардааст.

Бояд қайд кард, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ФШДММ «C. A. Minerals» иҷозатномаи силсилаи А №135 аз 15 сентябри соли 2006 барои гузаронидани омӯзиши геологӣ дар зуҳуроти нуқраи «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муҳлати даҳ сол пешниҳод шуда буд. Зуҳуроти нуқраи «Якҷилва» дар баландии беш аз 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, бинобар омилҳои вобаста ба вазъи ҷуғрофӣ ва мавсимии минтақа, дар як сол панҷ моҳ имконияти фаъолият намудан мавҷуд аст.

Мутобиқи созишнома, сармоягузор уҳдадор мешавад, ки давра ба давра барои татбиқи пурраи лоиҳа ба маблағи умумии 39,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла барои коркарди пурраи кон 22 млн. доллар, васеъ гардонидан ва мукаммалгардонии технология ва таҷҳизоти фабрикаи бойгардонӣ ва партовгоҳ 4,4 млн. доллар, кашидани хати интиқоли барқ то қитъаи лоиҳа 11,7 млн. доллар ва корҳои дигари вобаста ба татбиқи лоиҳа 1,5 млн. доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намояд.

Тибқи созишнома, сармоягузор (Ширкати татбиқкунандаи лоиҳаи сармоягузорӣ) ҳуқуқ дорад, ки содироти маҳсулоти истеҳсолкардаашро мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2016, №215 «Дар хусуси Қоидаҳои хариду фурӯш, содирот ва воридоти металлҳои қиматбаҳо ва ранга» амалӣ намояд.

Мавриди зикр аст, ки бинобар сабаби набудани инфрасохтори зарурӣ, инфрасохтори барои татбиқи созишнома зарурӣ, аз қабили хатти интиқоли барқ, роҳ ва ғайра аз ҷониби сармоягузор муҳайё карда мешавад.

Ҳамчунин, ширкат мақсад дорад, ки дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ноҳияи Мурғоб бо бунёди иншооти иҷтимоӣ (мактаб, боғчаи бачагона, марказҳои саломатӣ ва бозомӯзии мутахассиони соҳаи маъдан) саҳмгузор бошад.

Муҳлати амали созишнома аз санаи эътибор пайдо кардан ҳафт солро ташкил медиҳад. Созишнома тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тафсир ва танзим карда мешавад

Ширкат мақсад дорад, ки барои татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фабрикаи маъдантозакуниро бунёд намояд. Зимни сохт­мони корхона талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишвар аз тарафи сармоягузор пурра риоя мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон тасдиқ намудани «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди «Каши Синюй Дади Майнинг Инвестмент Лимитед»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба коркарди маҷмӯии захираҳои маъдани нуқраи кони «Якҷилва»-и ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» бо мақсади боз ҳам рушд бахшидани яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзии ҷумҳурӣ, аз ҷумла, соҳаи чорводории мамлакат тавассути пешниҳоди имтиёзҳои иловагии андозию гумрукӣ барои зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, дастрасии бештари аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштии серғизо, ки дар маҷмӯъ, татбиқи он барои таъмини амнияти озуқавории кишвар созгор мебошад, таҳия шудааст.

Тибқи он, аз 1 августи соли 2019 аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, пешбинӣ шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар баробари ҳадафҳои дар боло зикршуда қабули санади мазкур барои таъмини раванди бозтавлидии чорвои хушзот, такмили сифатҳои ирсию маҳсулнокии он, таъсиси фонди чорвои хушзот ва ҳифзи он, ҳамчунин нигаҳдории чорвои хушзоти маҳаллии дар ҷумҳурӣ парваришшаванда ва марҳила ба марҳила коҳиш додани вобастагии бозори истеъмолии кишвар аз маҳсулоти гӯштии воридотӣ, мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он бо мақсади рушди соҳаи чорводорӣ бо роҳи зиёд намудани саршумори чорвои хушзот, дастрасии аҳолӣ ба маҳсулоти гӯштии серғизо ва бо ин васила таъмин намудани амнияти озуқавории кишвар мебошад. Дар ин замина, имтиёзҳои пешбинишуда барои рушди соҳаи чорводорӣ дар назар дошта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод шудааст, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2019» илова ворид гардад. Аз ҷумла, қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

14. Аз 1 августи соли 2019 воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво, аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд.

Қабули қонун ба таъмин намудани раванди бозтавлидии (такрористеҳсолкунӣ) чорвои хушзот баҳри такмил додани сифатҳои ирсию маҳсулнокии он ва афзоишдиҳии чорвои сермаҳсул, инчунин ҳифзи фондҳои ирсии зотҳои дар ҷумҳурӣ парваришёбанда, мусоидат менамояд.

Дар хулосаҳои пешниҳодгардидаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ карда шуд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II -Хоруғ, ВМКБ» оғоз менамоем.

Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикис­тон II- Хоруғ, ВМКБ» 24 октябри соли 2014 ба маблағи 2,0 млн. доллари амрикоӣ ба имзо расонида, бо қарорҳои дахлдори (№ 573, № 574, №575) Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 октябри соли 2016 тасдиқ шудааст.

Маблағи қарзӣ ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла 3 соли имтиёзӣ, ҷалб гардида, хизматрасонии он бо меъёри LIBOR +1 фоизи солона муқаррар шудааст. Дар ин радиф, бояд қайд намуд, ки барои таҳияи асосноккунии иқтисодию техникии лоиҳа 1,7 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун кумаки техникӣ ҷудо гардидааст.

То 1 сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшудаи лоиҳа 162 250 доллари амрикоиро дар бар гирифта, барои хариди техника, таҷҳизот ва пешпардохт ҷиҳати азнавбарқароркунии пойгоҳи обкашӣ равона гардидааст.

Созишномаи грантии лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II — Хоруғ, ВМКБ» 12 апрели соли 2019 бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст. Маблағи грантии созишнома 2,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, маблағгузории он аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (СЕКО) анҷом дода мешавад.

Мақсад аз татбиқи лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, беҳгардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар самти обтаъминкунӣ, корезӣ ва обтозакунӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳа анҷоми корҳои зерин дар назар аст:

- барқарорсозии стансияи насосҳои обкашонӣ (1 адад) — 200 ҳазор доллари амрикоӣ;

- корҳои сохтмонӣ вобаста ба кашидани қубурҳои обфишори асосӣ (14,7 км) — 1,2 млн. доллари амрикоӣ;

- сохтмони таҳшингоҳҳо ва чоҳҳо (5 адад) — 730 ҳазор доллари амрикоӣ;

- таҷдиди системаи қубурҳои худобрав (2 км) — 200 ҳазор доллари амрикоӣ;

- нигоҳдории таҷҳизот (2 адад) ва олотҳо (3 адад ) — 185 ҳазор доллари амрикоӣ;

- таҷдид ва таъмири бино (1 адад) — 105 ҳазор доллари амрикоӣ;

- таҳвили таҷҳизот ва лавозимот барои корхона — 90 ҳазор доллари амрикоӣ;

ва дигар пардохтҳо — 20 ҳазор доллари амрикоӣ.

Азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда аз соли 2019 шурӯъ гардида, анҷоми пурраи лоиҳа соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти аҳамияти муҳими иҷтимоӣ доштани лоиҳа, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Авзалшоева Бибидавлат Аскаршоевна дода мешавад.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II — Хоруғ, ВМКБ» 12 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 августи соли 2019, № 2295 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Ҳадафи асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ, беҳгардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ, корезӣ ва обтозакунӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад.

Маблағи умумии лоиҳа 4.0 млн. долл. ИМА-ро ташкил дода, аз он 2.0 млн. долл. ИМА ҳамчун қарз ва 2.0 млн. долл. ИМА ҳамчун грант пешниҳод шудааст.

Инчунин, барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 1,1 млн. долл. ИМА пешниҳод гардидааст.

Қисматҳои асосии лоиҳа таҷдиди ду стансияи насосии обкашонӣ, сохтмони қубурҳои обфишори асосӣ аз маҳаллаи Хлебзавод то маҳаллаи Наводак, сохтмони таҳшингоҳҳо ва ҷоҳҳо, таҷдиди системаи қубурҳои худобрав, васеъкунии шабакаи тақсимоти об, нигаҳдорӣ ва таҷдиду таъмири бинои КВД «Обу корезии шаҳри Хоруғ», хариди таҷҳизоти таъмирӣ, амалиётӣ ва гузаронидани тадқиқоти гидрологӣ мебошад.

Маблағгузории корҳо дар доираи татбиқи лоиҳа ҳам аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва ҳам маблағҳои грантӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, лоиҳа яке аз лоиҳаҳои афзалиятнок ба шумор рафта, ба «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2019», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 феврали соли 2016, № 347 тасдиқ гардидааст, ворид карда шудааст. Он ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» низ ворид карда шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаро пурра дастгирӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 29 августи соли 2019 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон А. Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамояд, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II — Хоруғ, ВМКБ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» оғоз менамоем. Вакилони муҳтарам, ду масъалаи  минбаъдаи рӯзнома низ ба ҳамин созишнома бахшида шудааст. Бинобар ин,  пешниҳод менамоям, ки доир ба ҳар  се масъала як маърӯза карда шавад. Сухан аз рӯи ин масъалаҳо ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд», Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд» оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» ва Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои баррасӣ пешниҳод шуда, ёдрас менамоям, ки созишномаҳои қарзӣ, дастгирӣ ва кафолатии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 31 марти соли 2015 ба имзо расонида шуда, созишномаи қарзии болозикр бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 21 июни соли 2017, №830 тасдиқ шудааст.

Маблағи қарзии лоиҳа, ки 2,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ба муҳлати 15 сол, аз ҷумла 3 соли имтиёзӣ, ҷалб карда, хизматрасонии он бо меъёри LIBOR+1 фоизи солона муқаррар шудааст.

Созишномаи грантии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» 12 апрели соли 2019 бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шудааст. Маблағи грантии созишнома 2,0 млн. доллари  амрикоиро ташкил дода, маблағгузории он аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (СЕКО) анҷом дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, бо қабули санадҳо маблағи умумии лоиҳа 4,0 миллион доллари амрикоӣ, аз ҷумла 2,0 млн. доллар маблағҳои қарзӣ ва 2,0 млн.  доллари амрикоӣ маблағҳои грантиро ташкил медиҳад. Инчунин, бояд қайд кард, ки барои таҳияи  асосноккунии иқтисодӣ ва  техникии лоиҳа зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ (1,05) кумаки техникӣ низ ҷудо  шудааст.

Мақсад аз татбиқи лоиҳа ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Хоруғ мебошад.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» анҷоми корҳои зерин пешбинӣ шудааст:

- сохтмони партовгоҳи сахти маишии шаҳри Хоруғ (1 иншоот) ба маблағи 2,4 млн. доллари амрикоӣ;

- сохтмони бинои нави  маъмурии корхона бо  бошишгоҳи мошинҳо (1 иншоот) ба маблағи 500 ҳазор доллари амрикоӣ;

- харидории техникаи махсус барои кашонидани партовҳои сахти маишӣ (8 адад нақлиёти махсус) ба маблағи 412,9 ҳазор доллари амрикоӣ;

- харидории контейнерҳо барои партовҳои  сахти маишӣ (500 адад контейнер) ба маблағи 140 ҳазор доллари амрикоӣ;

- сохтмон ва таҷдиди нуқтаҳои ҷамъкунии партовҳои сахти маишӣ (105 адад нуқтаҳои ҷамъкунии партовҳои сахти маишӣ) ба маблағи 119,02 ҳазор доллари амрикоӣ;

- харидории техникаи махсус барои партовгоҳ (3 адад нақлиёти махсус) ба маблағи 193,34 ҳазор доллари амрикоӣ;

- харидории барномаи махсуси муҳосибавии компютерӣ (1 адад) ба маблағи 30 ҳазор доллари амрикоӣ.

Татбиқи лоиҳа соли 2019 оғоз гардида, анҷоми он соли 2021 ба нақша гирифта шудааст. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаҳои созишномаҳои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъа­лаҳо ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ», ки 12 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 19 августи соли 2019, №2296 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд. Мақсади асосии лоиҳа ҷорӣ намудани технологияи муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳо, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, беҳтаргардонии вазъи санитарӣ ва экологии шаҳри Хоруғ мебошад.

Арзиши умумии лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» 4,0 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 2 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ва 2,0 млн. доллари амрикоӣ гранти СЕКО мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» — и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» — ро ба шумо пешниҳод менамояд ва эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»- и шаҳри Хоруғ, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хоруғ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам Нуралӣ Риоев, шумо сухан доред?

Нуралӣ РИОЕВ: — Муҳтарам Раис!

Бо истифода аз ҳузури директори генералии КВД «Хоҷагии манзилию  коммуналӣ» мехоҳам як нуктаро баён созам.

Ҳоло  маркази ноҳияи Ванҷ бозсозӣ шуда истодааст. Ба ин мақсад бо дастури  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  маблағу воситаҳои зиёд ҷудо мешаванд.

Ҳоло дар маркази ноҳия беш аз 800 метр қубурҳои оҳании солҳои пешхобонида мавҷуданд, ки дар сурати иваз накардани онҳо баъди чанд сол роҳҳои навшударо кандан лозим меояд. Биноан, хоҳиш менамоям, ки ин масъаларо роҳбарияти  корхона мадди назар гирифта, дар иваз кардани қубурҳои куҳнаю фарсуда иқдом гиранд.

РАИС: - Ба баррасии масъалаи охирин – «Дар бораи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад.

ҚАҲҲОРЗОДА Файзиддин Саттор:

- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ барои маблағгузории иловагии лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаршудаи мониторинги натиҷабахши ин лоиҳа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории кишвар 25 июни соли 2019 ба имзо расонида шудааст.

Ҳаҷми маблағи иловагии ҷалбшаванда 3 млн. доллари амрикоиро ташкил дода, он барои анҷоми корҳои дар қисмати «С»- и лоиҳа пешбинишуда равона мегардад. Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд амалӣ мешавад.

Эҳтиромона ёдрас менамоям, ки лоиҳаи болозикр аз се қисмат иборат буда, қисмати аввали он (А) масъалаҳои минтақавӣ, қисмати дуюм (В) масъалаи соҳавии Ҷумҳурии Қирғизистон ва қисмати сеюми он (С) тадбирҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомёбандаро дар бар мегирад.

Ҳадафи маҷмӯи татбиқи лоиҳа такмили раванди пешниҳоди маълумот ва саҳеҳияти он, инчунин хизматрасонии саривақтии обуҳавошиносӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Барои амалӣ намудани қисмати «С» лоиҳаи «Навсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ 13 млн. доллари  амрикоӣ гранти Бонки умумиҷаҳонӣ ҷалб ва аз худ карда шудааст.

Мутобиқи маълумоти коршиносони соҳа, маблағҳои иловагӣ барои анҷом додани чорабиниҳое, ки татбиқи онҳо бинобар нарасидани воситаҳои пулӣ маҳдуд гардида буданд, равона гардида, асосан барои хариди таҷҳизоти обуҳавосанҷӣ ва амалӣ намудани чорабиниҳои иловагӣ ҷиҳати татбиқи пурраи Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» масраф мегардад.

Муҳимтарин самтҳои истифодаи маблағҳои ҷалбшуда аз тадбирҳои зерин, аз ҷумла:

- таҳияи тартиби стандарти корӣ барои омодасозӣ ва дастрас намудани хизматрасониҳои обуҳавошиносӣ ба истифодабарандагони калидӣ;

- такмили заминаҳои ҳуқуқӣ ва меъёрии фаъолияти соҳаи обуҳавошиносӣ;

- беҳбуд бахшидани раванди пешниҳоди маълумот ва ё пешгӯиҳо дар ҳавзаи дарёҳои асосӣ барои идоракунии сарватҳои обӣ ва қабули қарорҳои дахлдор дар бахши гидроэнергетика;

- такмили пешгӯиҳои агрометеорологӣ барои соҳаи кишоварзӣ;

- такмили пешгӯиҳо оид ба тармафароӣ ва омадани сел ва бо ин васила коҳиш додани оқибатҳои офатҳои табиӣ;

- корбарии доимӣ барои устуворгардонии шабакаҳои мушоҳидавӣ ва тадбирҳои дигари соҳавӣ иборат мебошад.

Анҷоми корҳои иловагии зикршуда ба саҳеҳ гардидани пешгӯиҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ таъсири мусбат дошта, омодагии кишвари моро ба рӯйдоду зуҳуроти байнимарзии минтақавию ҷаҳонӣ дар самти ҳавошиносӣ ва обшиносӣ беҳтар мегардонад.

Азхудкунии маблағҳои ҷалбшуда аз соли 2019 оғоз гардида, муҳлати  ниҳоии амали лоиҳаи болозикр соли 2021 ба нақша гирифта шудааст.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад.

 Мирзоанвар Ахмедов:

- Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба (Маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ), ки 25 июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардидааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 19 сентябри соли 2019, №2326 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуд.

Ҳадафи асосии созишнома ин беҳтар намудани дақиқияти маълумот ва хизматрасонии саривақтии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳи хоса ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар доираи он маҷмӯи чорабиниҳо дар стансияҳои обуҳавосанҷӣ, дидбонгоҳҳои обченкунӣ ва стансияҳои барфу тармасанҷии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амалӣ қарда хоҳад шуд. Маблағи умумӣ 3 млн. доллари амрикоӣ (2,2 млн. ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ) буда, он ҳамчун грант аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ барои татбиқи ҷузъи «С» — и Лоиҳа («Мукаммалсозии хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ») пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд кард, ки лоиҳа  аз се қисмати асосӣ иборат буда, қисмати сеюми он пурра баҳри таҳкими хизматрасонии обуҳавошиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти D3620-TJ) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд вобаста ба маблағгузории иловагӣ барои Лоиҳаи «Мукаммалсозии хизмат­расонии обуҳавошиносӣ дар Осиёи Марказӣ» ва ворид намудани тағйирот ба Созишномаи ибтидоӣ оид ба маблағгузорӣ ва нишондиҳандаҳои таҷдидиназаргаштаи мониторинги натиҷабахшӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ