Шукурҷон Зуҳуров: «Хитой бузургтарин сармоягузор ва шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон аст»

№64 (3858) 24.05.2018

DSC_356023 майи соли 2018 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумии Ҷумҳурии Халқии Хитой Алекен Еминбахе ва ҳайати ҳамроҳонаш, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Дар он вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Хитой мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Шукурҷон Зуҳуров меҳмононро хайра мақдам гуфта, аз ҷумла иброз намуд: «Сафари шумо ба Тоҷикистон дар муносиботи байнипарлумонии Тоҷикистону Хитой саҳифаи нав боз мекунад ва барои тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои байнипарлумонӣ нақши муҳим мебозад».

Имрӯз ҳамкориҳои байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой рӯ ба рушд аст ва боварӣ дорем, ки дар ояндаи наздик он ба марҳилаи сифатан нав ворид мешавад.

Бо дарназардошти он ки Хитой барои Тоҷикистон шарики стратегӣ мебошад, зарур ва ногузир аст, то робитаҳои байнипарлумонӣ тақвият ёбанд.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар идомаи суҳбат афзуд, ки аз замони барқарории муносибатҳои дипломатӣ ҳамкориҳои дӯстона ва равобити мутақобила байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой густариш ёфта, хусусияти шарикии стратегиро касб кард. Тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар, бешубҳа, самараи сиё­сати оқилонаи сарони кишварҳо — ­Эмомалӣ Раҳмон ва Си Тсзин Пин мебошад.

Дар густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодии кишварҳо метавон гуфт, ки агар соли 1992 ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ 2,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, ҳоло 300 маротиба афзоиш ёфтааст. Ғайр аз ин, Тоҷикистон ва Хитой дар доираи СММ, СҲШ ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилаливу минтақавӣ ҳамкории муштарак дошта, мавқеи худро дар ҳалли мушкилоти минтақавию байналмилалӣ ҳамоҳанг мекунанд.

Муҳимтар аз ҳама, Хитой бузургтарин сармоягузор ва шарики асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Он дар лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон, аз ҷумла сохтмони роҳҳои автомобилгарди Душанбе — Чанок, Душанбе — Данғара, хатти баландшиддати неруи барқи «Шимол-Ҷануб», хатти 220-киловолтаи барқи «Лолазор-Хатлон», хатти 220 — киловолтаи барқи «Хуҷанд-Айнӣ», Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2», нақби «Хатлон» дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Кулма — Қароқурум, нақби роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа беш аз як миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Инчунин, ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, оянда соҳаҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиат­оварро фаро хоҳанд гирифт.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи

матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон