Шукурҷон Зуҳуров намояндагони парлумони Аврупоро ба ҳузур пазируфт

№132 - 133 (4082 - 4083) 02.11.2019

DSC_9295Якуми ноябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати парлумони Аврупо таҳти роҳбарии Фулвио Мартушиелло, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.

Зимни суҳбат таъкид гардид, ки Иттиҳоди Аврупо шарики муҳими байналмилалӣ барои Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва ҳамкориҳо бо шарикони аврупоӣ, хусусан, дар соҳаҳои иқтисод, амният, маориф ва фарҳанг хуб ба роҳ монда шудааст.

- Ҷаласаҳои Кумитаи байнипарлумонӣ, ки ҳар сол гузаронда мешаванд, гувоҳи густариши минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маҳсуб меёбанд. Аз ҷониби дигар, ин як навъ барномаест, ки дар он масъалаҳои мубрами дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ баррасӣ мегарданд. Хурсандибахш аст, ки ин мулоқот дар замоне сурат мегирад, ки Иттиҳоди Аврупо стратегияи нави муносибат бо кишварҳои Осиёи Марказиро тасдиқ кардааст, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

DSC_9281Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, иброз дошт, ки рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо бо сохторҳои байналмилалӣ аз ҷониби мо ҳамчун яке аз омилҳои муҳим барои татбиқи чор ҳадафи стратегии Тоҷикистон — истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии кишвар ба шумор меравад. Аммо, бидуни вазъияти муътадил дар минтақа, ин ҳадафҳоро амалӣ кардан имконнопазир аст.

- Имрӯз мо терроризми байналмилалиро дар заминаи воқеияти ҷаҳонии сиёсӣ баррасӣ мекунем. Ба ақидаи мо, вакилони парлумони Аврупо дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб бояд нақши муассир дошта бошанд. Шумо барои ташкили ҳамкорӣ бо шабакаҳои бузурги иҷтимоӣ дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва шовинизм имконияти хуб доред.

- Мо аз вазъи номусоид дар Афғонистони ҳамсоя хеле нигаронем, чунки рӯз то рӯз задухӯрдҳои низомӣ дар минтақаҳои шимолии ҳаммарз бо Тоҷикистон тақвият меёбанд. Мо итминон дорем, ки Иттиҳоди Аврупо, шумо — аъзои парлумон тавассути мусоидат ба сулҳ дар Афғонистон суботи кишварҳои Осиёи Марказиро дастгирӣ карда метавонед, — афзуд Шукурҷон Зуҳуров.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро миёни парлумонҳо мавриди гуфтугӯ қарор доданд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон