Шукурҷон ЗУҲУРОВ: «Намояндаи халқ будан ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст»

№113 (3907) 18.09.2018

DSC_2646Аз 10 сентябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони ­Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати шарҳу эзоҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва дигар ­масъалаҳои муб­рами рӯз бо интихобкунандагони навоҳии минтақаи Рашт ва ноҳияи Сангвор вохӯрӣ баргузор намуд.

Аз ҷумла, вохӯриҳо дар ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод, Лахш ва Нуробод дар сатҳи баланд ва самимӣ баргузор гардиданд.

Интихобкунандагон ҳангоми ибрози андеша аз ҷонибдории сиёсати Сарвари давлат ҳарф зада, хоинону душманони миллатро маҳкум карда, мегуфтанд, ки бо кирдорҳои ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ онҳо наметавонанд миллати ваҳдатофари тоҷикро бадном кунанд.

Дар оғози ҳар суҳбат Шукурҷон ­Зуҳуров паёми самимӣ ва беҳтарин таманниёти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмонро ба мардум мерасонд. Аз ободкорӣ дар навоҳии минтақа бо хушҳолӣ ҳарф мезад. Аз ҷумла, зикр кард, ки аз вохӯрии қаблиаш бо интихобкунандагон на он қадар вақти зиёд — қариб як сол сипарӣ шудааст, аммо тайи ин муддат дар минтақаи Рашт дигаргунии зиёд ба чашм мерасад. Ин гувоҳи он аст, ки сокинон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷонибдорӣ намуда, барои рушди диёр ва ободии он заҳмат мекашанд.

Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, зимни мулоқот бо интихобкунандагон оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нуҳ моҳи сипаригардида гузориш дод.

- Охирҳои моҳи июн, баъди нуҳ моҳи заҳмати аҳлона, фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ҷамъбаст гардид. Дар ин марҳила дар самтҳои асосии фаъолият корҳои муҳим ба нафъи миллату давлат ба анҷом расид, — гуфт ӯ ва идома бахшид.

- Бори дигар амиқ дарк намудем, ки намояндаи халқ будан ҳам ифтихор ва ҳам масъулияти бузург аст ва тақозо менамояд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон, мардуми одӣ ва ҳалли мушкилоту муаммои рӯзгори онҳо бояд аз тамоми воситаҳои мавҷуда истифода барем.

Маҷлиси намояндагон дар нуҳ моҳи фаъолият 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи Маҷлиси намояндагонро баргузор намуд, ки дар онҳо, ба истисно аз ­масъалаҳои дорои хусусияти ташкилӣ, 162 санади меъёрии ҳуқуқӣ ва теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалӣ баррасӣ ва қабул шуданд. Аз ҷумла, 6 қонуни конститутсионӣ, 9 қонуни мукаммал, 50 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 53 созишнома, 1 конвенсия, 3 шартнома, 5 протокол, 2 ёддошт, 2 барномаи давлатӣ, як стратегияи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва нуҳ қарори Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои гуногун қабул гардид. Ҳамчунин, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши равобити хориҷӣ ва ҳамкориҳои иқтисодии кишвар даҳҳо шартномаи байналмилалӣ ҷонибдорӣ шуд.

Дар давоми 26 соли соҳибистиқлолӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ӯзбекис­тон робитаҳои дӯстӣ канда шуда буданд. Омадурафт душвор буд. Хушбахтона, бо интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ба сифати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муносибати ду кишвари ҳамсоя ва ду миллате, ки садсолаҳо ба якдигар дӯст буданд, тағйир ёфт. Дар рӯзҳое, ки Президенти Ӯзбекис­тон бо сафари давлатӣ дар Тоҷикистон қарор дош­танд, 27 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Хулоса, як мушкили бузург роҳи ҳал ёфт, нофаҳмиҳо аз байн рафтанд. Дар чанд моҳ бо шарофати санадҳои баимзорасида як миллион нафар аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон омадурафт карданд.

Баъди сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон корҳо боз ҳам хубтар ба роҳ монда шуданд. Дар Ӯзбекистон Пешвои миллатро дар он сатҳе қабул намуданд, ки ҳеҷ давру замон президентеро қабул накарда буданд. Дар ин сафар 26 санади дигар ба имзо расид. Аз ҳама муҳим, имзо гардидани санади шарикии стратегӣ буд. Дар нишасти матбуотӣ Президенти Ӯзбекистон гуфт, ки бо Тоҷикистон ягон масъалаи ҳалношуда надорем. Ба замми ин, шартнома бастанд, ки дар дарёи Зарафшони вилояти Суғд ду НБО месозанд. Имсол барои сохтмони НБО «Роғун» 5 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст ва бовар дорем, ки моҳи ноябри соли равон агрегати якуми он ба кор медарояд. Он рӯз дур нест, ки орзуи чандинсолаи мардуми Тоҷикистон ҷомаи амал мепӯшад.

Масъалаи дигаре, ки зимни вохӯрӣ бо интихобкунандагон радду бадал гардид, терроризму экстремизми динӣ буд. Дар ин робита Шукурҷон Зуҳуров аз ҳодисаи нангине, ки 29 июли соли равон дар деҳаи Сафобахши ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содир шуд, ёдовар гардида, гуфт, ки дар натиҷаи он чор тан сайёҳи хориҷӣ ваҳшиёна қатл гардид. Душманони миллат мехостанд бо ин роҳ фазои ороми Тоҷикистони азизро дар пеши назари ҷаҳониён ноором ҷилва диҳанд, вале ба мақсад нарасиданд. Ташкилкунандаи ин амали манфур Ҳусейн Абдусамадов, иҷрокунандагон Асомуддин Маҷидов ва Зафар Сафаров (ҳар се аз ноҳияи Панҷ) Аслиддин Юсупов ва Ҷаъфар Юсупов (сокинони шаҳри Норак) буданд. Роҳбарашон Носирхӯҷа Убайдов зодаи ноҳияи Фархор аст, ки дар Эрон зиндагӣ мекунад. Вақте ки Пешвои миллат соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, вориди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар зиёд шуд. Агар соли гузашта ба Тоҷикистон дусад ҳазор сайёҳ омада бошад, имсол шумораашон ба 420 ҳазор нафар расид. Албатта, ин гуна муваффақиятҳо ба чашми душманон чун хор мехалад. Онҳо баръакси инро мехостанд. Аз ин ҷост, ки амали террористиро анҷом доданд. Ташкилкунандаи он Ҳусейн Абдусамадов чанд забон медонад, дар Мозандарони Эрон таълим гирифта, ба Сурия рафта будааст. Ду маротиба барои даст задан ба ҷиноят ҳабс шудааст. Узви Ҳизби наҳзати ислом. Аз соли 1992 дар Душанбе зиндагӣ мекард. Ҳамсояи Носирхуҷа Убайдов будааст ва таълими ибтидоиро аз ҳамин шахс гирифтааст. Вай пайрави мазҳаби салафия аст. Ҳусейн Абдусамадов бо баҳонаи нигоҳубини бобои бемораш ба ноҳияи Панҷ меравад ва дар давоми якуним моҳи истиқомат дар он ҷо ду ҷавони 19 — соларо, ки писарони амакаш буданд, бо таълимоти ифротгароёна ба пайроҳаи гумроҳӣ мекашад. Он ду ҷавон, ки баъдтар ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рафта будаанд, бо даъвати Ҳусейн ба Душанбе меоянд. Ҳатто ба дидорбинии падару модар ба ноҳияи Панҷ намераванд. Ҳусейн Абдусамадов аз хоҷагони худ дастур гирифта буд, ки барои бадном кардани миллат ва давлати Тоҷикистон сайёҳонро ба қатл расонанд. Онҳо бовар доштанд, ки ин кор мардуми дунёро ба хашм меорад. Тоҷикистонро дар ҳолати ногувор мемононад. Онҳо сайёҳонро аз ноҳияи Восеъ дунболагирӣ кардаанд.

Ҳодисаи нангин содир шуд. Бовар дорем, ки ҷинояткорон барои гуноҳи содирнамуда ҷавоб медиҳанд. Вале гап дар ҷойи дигар аст. Оё бо ҳамин масъала ҳалли худро меёбад? Оё душманони миллат моро ором мегузоранд? Кӣ кафолат медиҳад, ки душманон ҷинояти навбатиро тарҳрезӣ намекунанд? Агар бетарафӣ кунем, аз ин фоҷиа сабақ нагирем, душманон метавонанд ҳар лаҳза чунин кирдори ваҳшиёнаро дар дигар гӯшаҳои кишвар амалӣ намоянд.

- Дар робита ба ин қазия саволи зиёде ба миён меоянд, ки ба падару модарон, омӯзгорон, бародарону хоҳарон, дӯстону ҳамнишинон, эмомхатибон ва ҳар яки мо тааллуқ доранд. Зеро, бадбахтие, ки ба сари кишвар омад, дар ҷойи холӣ пайдо нашудааст. Ин раванди дурударози эътирозгарӣ, худнамоӣ, тарғибот ва омодагиҳо ҳаст, ки дар ҷараёни он бисёриҳо шояд имкони рӯ ба рӯ шудан, бархӯрданҳо ва пешгириро доштанд. Вале бетарафӣ, фориғболӣ карданд.

Чӣ бояд кард? Тавре Пешвои муҳтарами миллат Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак, аз хулқу атвори фарзандонамон огоҳ бошем. Шукргузорӣ ва накукирдориро дар ниҳоди онҳо тарбия кунем, то онҳо дар рӯҳияи қадршиносӣ ба Ватан, ваҳдат ва худшиносӣ ба воя расанд.

Дар самти тарбияи ҷавонон домуллоҳои муҳтарам, хатибони масҷидҳо метавонанд бо ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамроҳи кормандони соҳаи дин ва дигар шахсони масъул ҳиссаи сазовор гузоранд. Онҳое, ки худро қурбони фитнаи мағзшӯён мекунанд, аз табиати ислом бехабаранд. Онҳо дар рӯи як шохаи шикаста ва сунъии ислом қарор доранд. Баъзан онҳоро аз ислом берун мегӯем, вале онҳо чунин намешуморанд, зеро исломро ҳамон тавр қабул доранд.

Чаро дар вақташ эмоми мазҳаби ҳанафия Нӯъмон ибни Собит, фарзандони бузурги миллат — Абӯалӣ ибни Сино, Муҳаммад -ал -Бухорӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯнасри Форобӣ, Носири Хисрави Қубодиёнӣ, Саъдии Шерозӣ, Баҳоваддини Нақшбанд, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон тавонистанд, ки бо тоату ибодати солеҳ ва таълимоти волои ахлоқиву эътиқодӣ садди роҳи моҷароҳои динӣ гашта, забони ноби тоҷикиро ҳифз карда, то ба сатҳи тоату ибодат баланд бардоранд? Онҳо дини исломро чун дини инсонгаро ва таҳаммулпазир муаррифӣ карда, дар рушди илму ирфон ва дониши фалсафии инсон ҳисса гузоштанд. Вале, имрӯз, ки дар шароити давлати озоди демократӣ, зиндагӣ мекунем, чаро бо 4000 масҷиду муассисаи динӣ исломро дуруст муаррифӣ карда наметавонем? Чаро дар даврони шӯравӣ бо 7 — 10 масҷиду 5-6 муллои расмӣ Тоҷикистон тавонист мазҳаби ҳанафиро ҳимоя кунад, эътиқоди мардумро дар роҳи Худошиносӣ, бо вуҷуди расмияти атеизм, бо усули таҳаммулгароӣ дуруст роҳандозӣ намуда, ба ҷавонон ахлоқи ҳамида ва рафторҳои шоиста омӯзонад?

Дар охири ҳар вохӯрӣ Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид кард, ки ҳодисаҳои нанговари бавуқӯъ­омада, бо вуҷуди вазниниву сангинӣ, рӯҳи мардуми бофарҳангу қавиирода ва меҳнатдӯсти Тоҷикистонро ҳаргиз шикаста наметавонад. Аз ҳар як амали зишт ҳар як шаҳрванди кишвар бояд сабақи дуруст бардорад.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ