Шукурҷон Зуҳуров: «Таъсиргузортар аз мактаби модар ба фарзанд чизе нест»

№27 (3977) 11.03.2019

DSC_7656Ҳафтуми марти соли ҷорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҷамъомад баргузор гардид. Дар он Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро табрик намуда, аз ҷумла, изҳор дошт, ки Рӯзи Модар яке аз ҷашнҳои фараҳу шодмонӣ, шоистагию қадршиносӣ ва саршор аз садоқати волои инсонӣ аст, ки ҳар сол мардум, хоса ҷавонмардон онро интизор мешаванд ва истиқболи шоиста мебинанд. Зеро он ҷашнест, ки бо исми бузурги модар пайванд мебошад.

- Далели бебаҳс аст, ки Модар идомабахши зиндагӣ, такягоҳу роҳнамо, бахшандаву раҳкушост. Дар ҳама ҳолат бо қалби саршор аз муҳаббат ҳамаро ба некӣ мепазирад, мешунавад, асрорамонро ҳифз мекунад, рӯҳамонро сафо мебахшад ва муҳимтар аз ҳама, эътимод менамояд.

Ҳар як фарзанди хирадманду солеҳ дар зиндагӣ як боргоҳи ибрат дорад, ки он мактаби зиндагии модар мебошад.

Ҳеҷ боғчаву мактаб, донишкадаву донишгоҳ ва ҳеҷ академия мисли мактаби модар барои фарзанд таъсиргузор нест. Аз аллаи ширини модар забони миллӣ, аз панди накуи ӯ асолату ғурури миллӣ, шарафу ҳувияти миллӣ ва инсони комил буданро меомӯзем. Модарон фарзандро рӯи домони намозии худ гирифта, бо шири пок бузург ва пок зистанро талқин мекунанд, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба Зан — Модар таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, давлати миллиро дар асоси ормонҳои модарон, ки ҷавҳари онро сулҳу салоҳ, ҳамдилию ҳамгироӣ ва худогоҳию башардӯстӣ ташкил медиҳад, бунёд гузош­таанд. Пас, занонро беш аз пеш зарур аст, ки бо ­масъулияти баланд дар ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳмгузор бошанд. Махсусан, дар шароите ки таблиғи фарҳангҳои бегона тавсеа ёфта истодааст.

Зинати хонадон, осоиши рӯҳу ҷон, танзими кори ҳар як мард аз заҳмати зан вобаста аст. Ба ҳар самте назар намоем, нақши занонро эҳсос мекунем. Барои мисол, агар ба таҷрибаи кори Маҷлиси намояндагон назар намоем, ягон қарору қонун ё санаде нест, ки саҳми бонувон дар он набошад, — афзуд ­Шукурҷон Зуҳуров.

Дар охир бонувон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»