Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Шукурҷон Зуҳуров: «Ваколати хушбахтӣ ва осудагии ҳар хонадони кишварро бар зимма дорем»

№80 - 81 (3874 - 3875) 30.06.2018

DSC_828929 июни соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, хоҳишмандам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавӣ бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич

2. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум.

DSC_8247РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич» шурӯъ мекунем.

Мутобиқи моддаҳои 12, 54 ва 56 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар асоси Протоколи Комиссияи ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Ванҷ № 40» дар бораи натиҷаи интихоботе, ки 17 июни соли 2018 гузаронида шуд, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Ванҷ № 40», ки 17 июни соли 2018 сурат гирифт, баргузоршуда ҳисобида шавад.

2. Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич бо гирифтани 98,7 фоиз овозҳои интихобкунандагон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии «Ванҷ № 40» вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида, ба қайд гирифта, ваколати вакилии ӯ тасдиқ карда шавад.

3. Ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич шаҳодатнома супорида шавад.

Дар зери қарори зикршуда имзои раиси Комиссияи Марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва котиби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд мебошад.

Вакилони муҳтарам, шумо Нуралӣ Риоевро хуб мешиносед. Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич дар вазифаҳои гуногуни ҳизбӣ ва давлатӣ пурсамар кор кардааст. Ӯ аз соли 1996 то соли 2005 раиси ноҳияи Дарвози ВМКБ, солҳои 2005-2010 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, якчанд сол дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сеюним соли охир муовини якуми раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон буданд.

Ба Риоев Нуралӣ савол доред? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот интихоб намудани Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» вакили интихобшуда аз ҳавзаи интихоботии Ванҷ № 40 Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич ба халқи Тоҷикистон савганд ёд кард.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор – муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Вакилони муҳтарам!  Кори ҷаласаро идома медиҳем. Масъалаи навбатӣ «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» мебошад.

Бо камоли эҳтиром суханро ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров медиҳам. Марҳамат.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон ЗУҲУРОВ:Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз — баъди нуҳ моҳи заҳмати аҳлона фаъолияти Иҷлосияи чоруми Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум ҷамъбаст мегардад. Натиҷаҳои аз кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаҳои Дастгоҳ пешниҳодгашта гувоҳи онанд,  ки  мо тавонистем дар самтҳои асосии фаъолиятамон: қонунгузорӣ, намояндагӣ  ва  робитаҳои байнипарламентӣ  корҳои муҳимеро ба нафъи давлату миллат ба анҷом расонем. Мо бори дигар амиқ дарк намудем, ки намояндаи халқ будан ифтихору масъулияти бузург аст ва он аз виҷдони мо тақозо менамояд, ки барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои интихобкунандагон ва ҳалли мушкилоту муаммоҳои рӯзгори онҳо бояд аз тамоми васоиту имконияти мавҷуда истифода барем.

Мусалламан, дар марҳилаи сипаришудаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  ки  22 декабри соли 2017 пешниҳод гардид, рӯйдоди муҳими таърихӣ буд.

Паёми Президент дар вазъияте пешниҳод карда шуд, ки ҷаҳони муосир гирифтори равандҳои ҳассосу ташвишовар буда, аз як сӯ шиддатёбии терроризми байналмилалӣ ва аз сӯи дигар  бархӯрди манфиатҳои иқтисодӣ, ҷуғрофӣ ва ҳарбии кишварҳои ҷаҳон  дунёро ба носуботӣ кашиданд.

Ҷанбаҳои мусбат ва манфии ҷаҳонишавӣ бо тарзи ба худ хос ба фазои ҳуқуқии кишварҳо таъсир мерасонанд. Дар ҷаҳони озод ва фазои демократии кишварҳои рӯ ба рушд субъектҳои манфиатдори байналмилалӣ ва кишварҳои бузурги олам бо ҳар роҳу восита аз ин фазои мусоиди ҳуқуқӣ кӯшиши истифода бурдан менамоянд. Аз ин рӯ, мо — корпуси  қонунгузории кишвар бояд хуб дарк намоем, ки дар замони муосир ҳуқуқ дар баробари сифати низомӣ ва арзиши танзимӣ доштанаш воситаи муассири тарзҳои амалӣ сохтани нақшаю чорабиниҳои мухталиф гаштааст. Маҳз тавассути ҳуқуқ сиёсат ва нақшаҳои мураккаби ҳамкории байнидавлатӣ, созишнома дар бораи ба самти муайян равон намудани иқтисодиёт, қабул намудани қоидаю стандартҳои ба манфиати кишварҳои бузург ва ё рӯ ба рушд мусоидаткунанда ва амсоли инҳо низ амалӣ мегарданд. Замони бо роҳи зӯрӣ ба сӯи худ кашидан ё бо танку  тӯп тобеъ намудани халқу миллатҳо гузаштааст. Акнун замони тарғиб, ташвиқ ва таҳмили арзишҳо ва стандартҳо оғоз  гардидааст, ки он аз фазои ҳуқуқӣ васеъ истифода менамояд. Ин омил дар баробари ҷанбаҳои мусбати умумибашариаш таҳдидҳои муайянро ба истиқлолияти фазои ҳуқуқии кишварҳо доро аст, ки онро мо дар коркарди ҳар меъёри ҳуқуқӣ ва имзои ҳар шартномаи байналмилалӣ бояд дар назар дошта бошем.

Дар чунин шароити буҳронӣ Паёми Пешвои муаззами миллатамон барои сокинони кишвар ва мо – вакилони  парламенти касбӣ чун пайки таскинбахш ва раҳнамунсоз  садо дод. Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, пайомадҳои буҳрони иқтисодию сиёсӣ, роҳҳои мушаххаси рушди устувори ҷомеаи кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, фарогирии наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия, бунёду азнавсозии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  масъалаҳои дигари муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо андешаҳои илман асоснок ва таҳлилҳои амиқ  равшан намуданд.

Роҳбари давлат ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, такмили тавлиди маҳсулоти ниёзи мардум ва истифодаи самараноки сарватҳои миллию табиӣ, аз ҷумла рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро, ки аз соҳаҳои хеле муҳими иқтисодиёти муосир маҳсуб мешаванд, махсус зикр намуданд. Дар ин замина  Пешвои миллат соли   2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд, ки худ як тадбири саривақтӣ дар роҳи рушди устувори иқтисоди кишвар мебошад.

Таҳлил ва дурнамои «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кишвар аз се ҷиҳат барои миллат ва давлати Тоҷикистон муфид  мебошад:

Аввал — аз лиҳози иқтисодӣ. Муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таблиғи густурдаи минтақаҳои нотакрори кишвар ва рӯнамоии маконҳои таърихӣ шароитро барои ворид шудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар фароҳам намуда, заминаҳои ворид гаштани сармоягузории мустақимро ба вуҷуд меорад. Ин раванд бунёди инфрасохтори туризм, эҳёи ҷойҳои нави кор, рушди сектори хусусӣ ва савдои хурду миёнаро тақвият мебахшад, ки ин ҳама ба зиёд шудани маблағҳои андози давлатӣ ва ғанитар гардидани буҷети давлатӣ мусоидат мекунанд.

Дуюм — аз лиҳози амнияти фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ. Раванди бошиддати ҷаҳонишавӣ нишон медиҳад, ки танҳо таъриху фарҳанг, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ ва дар умум волотарин арзишҳои миллӣ метавонанд як кишварро аз фишорҳои фарҳангӣ ва таблиғоти бегона ҳифз намоянд. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» василае барои эҳё, рушд ва иқтидори миллӣ пайдо намудани ҳунарҳои мардумиамон мебошад, ки солиёни зиёд ба гӯшаи фаромӯшӣ рафта буданд ва қисме аз онҳо аз истифодаи умум комилан хориҷ шуда, моли таърих ҳисоб мешуданд. Бо эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ин ҷавҳари беназир ва иқтидори зеҳнии миллат дубора эҳё гардида, чун мерос аз насл ба насл гузашта, арзиши ҷовидонӣ касб мекунад.

Ва ниҳоят — аз лиҳози тарғиботӣ муаррифии дурусти давлати мо. Маҳз ба он хотир муаррифӣ ё худ таблиғотро як бахши муҳими «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» унвон намудам, ки баъд аз бесуботиҳои тӯлонӣ ва дасисаву дурӯғбофиҳои иддае аз хоинони миллату давлат то ҳол қисме аз сокинони сайёра Тоҷикистонро як давлати гирифтори ҷанги бародаркуш ва орӣ аз унсурҳои демократӣ тасаввур мекунад. Ин ҳолат борҳо рух додааст, ки дар сафарҳо хориҷиён дар мавриди кишвари мо оид ба вазъи фарогирии духтарону бонувон ба таълим, ба корҳои давлатию ҷамъиятӣ ҷалб шудани занону бонувон, интихоботи озоди парламентию президентӣ, фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, расонаҳои хабарӣ ва монанди инҳо пурсон мешаванд. Дар сатҳи зарурӣ амалӣ гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» Тоҷикистонро таври бояду шояд ва ҳамчун давлати демократию ҳуқуқбунёд, сулҳпарвару осоишта ва мардуми онро дорои фарҳанги баланди инсондӯстию меҳмоннавозӣ муаррифӣ менамояд.

Ҳамзамон Пешвои миллат мушкилоти нигаронкунандаи баъзе бонкҳо, назорати ҷиддии воридоти маҳсулоти ниёзи мардум, сифати хизматрасонии нақлиёти ҳавоию заминӣ, истифодаи самараноки замин, таъсис ва роҳандозии корхонаҳои парвариши паранда ва масъалаҳои дигари муҳимро таҳлилу баррасӣ намуданд. Ба хотири рушди устувори истеҳсолоти ватанӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини шароити мусоиди кор дар сектори хусусӣ пешниҳод шуд, ки қисме аз соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ аз андозу пардохтҳои гумрукӣ озод ва ба як қисми онҳо сабукӣ аз андозҳо дода шавад.

Дар ин замина Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳоро оид ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, қабул намуда, дар самтҳои қонунгузорӣ, муҳокимаҳои парламентӣ, соатҳои парламентӣ, хонишҳои вакилӣ ва баргузории конфронсу семинарҳо корҳои назаррас анҷом дод. Инчунин қонунҳое қабул карда шуданд, ки барои татбиқи саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шароити ҳуқуқӣ фароҳам месозанд. Ба ин далелҳо метавон Паёми Пешвои миллатро ҳамчун дастури роҳнамо дар фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати кишвар ва дар маҷмӯъ барои кулли ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ унвон намуд, зеро татбиқи муваффақонаи дастурҳои Президенти мамлакат на танҳо ба буҷаи давлат манфиатовар аст, балки дар фазои истеҳсолию сармоягузории кишвар ба оғози таҳаввулоти ҷиддӣ ва мусбати  иқтисодӣ замина мегузорад.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, тибқи муқаррарот, аввалҳои моҳи октябри соли 2017 оғоз ёфта бошад ҳам, дар моҳи август мо бо даъвати Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду ҷаласаи ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон баргузор намудем. Дар ҷаласаҳои ғайринавбатӣ 10 масъалаи муҳимтарин, ки аксар аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод шуда буданд, мавриди таҳлилу  баррасӣ қарор гирифтанд. Масъалаҳо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, тасдиқ намудани созишномаву шартномаҳои байнидавлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирифтанд, ки ҳам барои рушди бонизоми кишвар ва ҳам барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ муҳим  ва саривақтӣ маҳсуб мешуданд.

Ин ҷо мехоҳам аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ёдовар шавам. Қонуни мазкур, воқеан ҳам, ҷиҳати дастрасӣ ба зиндагии шоиста хизмат намуда, заминаҳои ҳуқуқии решакан кардани афкору анъанаҳои хурофотиро фароҳам овард.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро яке аз дастовардҳои бузурги қонунгузории кишвар на танҳо дар марҳилаи сипаришуда, балки умуман дар замони фаъолияти Парламенти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурдан мумкин аст. Он қонуни сирф миллӣ буда, аз дили мардум, аз рӯзгори мардум, аз мушкилоту муаммоҳои ҳамешагии сокинони кишвар сарчашма гирифтааст. Ин қонун амалан мардуми кишварро аз харҷҳои миёншикан ва исрофкориҳои беҳуда  озод намуд. То қабули он маъракаҳои хурсандию маросимҳои азодорӣ барои қисме аз аҳли ҷомеа ба мусобиқаи бемаънии дастархондорию меҳмондаъваткунӣ мубаддал шуда, қарзҳои гарон бори дӯши оилаҳо гашта буд. Ҳатто кор ба ҷое расида буд, ки харҷу ташвиши  маъракаҳои азодорӣ барои мардуми мо дар қиёс ба ғаму мусибати наздиконашон гаронтар меафтоданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар даҳ соли амали қонуни мазкур  шаҳрвандони кишвар зиёда аз 20 миллиард сомонӣ аз буҷети оилавии худ сарфа карда, хешро аз  бисёр анъанаҳои хурофотию қарзҳои иҷборӣ озод намуданд. Бо вуҷуди ин ҳама, фикр мекунам, қабули қонуни мазкур барои мардуми мо танҳо ҷанбаи иқтисодӣ надорад, балки дорои хусусиятҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ низ мебошад, зеро фарҳангу тамаддуни ҳазорсолаҳои мо ҳамеша ҷонибдори сарфакорӣ ва фурӯтанӣ дар зиндагӣ будааст.

Дӯстони азиз!

Дар марҳилаи сипаришуда 42 ҷаласаи Шӯро ва 26 ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар онҳо, ба истиснои масъалаҳои дорои хусусияти ташкилӣ, 162  санади меъёрии ҳуқуқӣ ва теъдоди зиёди шартномаҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҳамчунин, ду ҷаласаи муштараки Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  гардид, ки дар яке Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми солонаи хешро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод намуданд. Дар ҷаласаи дувум бошад, як силсила фармонҳои Президенти мамлакат тасдиқ карда шуданд.

Бояд зикр намоям, ки дар байни 162 санади дар Маҷлиси намояндагон қабулшуда шаш қонуни конститутсионӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ,  нуҳ қонуни мукаммал, 50 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 32 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо  ба кодексҳо, 53  созишнома, як конвенсия, се шартнома, панҷ протокол ва ёддошт, ду барномаи давлатӣ, як стратегия  ва нуҳ қарори Маҷлиси намояндагон доир ба масъалаҳои гуногун мебошанд.

Вакилони муҳтарами Маҷлиси намояндагон якҷоя бо намояндагони вазорату идораҳои дахлдор ва шуъбаҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон масъалаҳоро ҳамаҷиҳата омӯхта, асоснокии ҳуқуқӣ, нозукиҳои забонӣ, мантиқӣ ва молиявии онҳоро таҳлил намуда, ҳар кадоми онҳоро бо қонуну конвенсияҳои байналмилалӣ ва санадҳои дигари дорои хусусияти миллӣ муқоиса карда, хулосаҳои дахлдори худро пешниҳод карданд. Дар умум, санадҳое, ки дар ин давра аз ҷониби вакилон ба тасвиб расонида шуд, аз лиҳози сифат низ ҷавобгӯ ба талабот буда, аз тамоми паҳлуҳо таҳлилу ташхис шудаанд.

Дар ин давра мо 16 лоиҳаи қонунро ба иллати дар онҳо ҷой доштани норасоиву нуқсҳои гуногун бо қарорҳои  Шӯрои Маҷлиси намояндагон барои такмил бозпас гардондем.

Мусалламан, ҳадафи аслии қабули ҳар як қонун ва созишномаву протоколе, ки аз ҷониби вакилони мардумӣ дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор мегиранд, бояд ҳифзи манфиатҳои миллату давлати Тоҷикистон, пойдории сулҳу суботи кишвар ва шинохти ҳаққу ҳуқуқи шарикон ва кишварҳои ҳамҷавор бошад. Зеро шаҳрвандони кишвар бо раъй додан ба ҷонибдории мо ваколати саодат ва оромию осудагии хонадони худро ба мову шумо ба амонат мегузоранд. Пас вазифаи аслии мо  аст, ки ҳангоми қабули қонуну қарорҳо ва тасдиқи шартномаву қарордодҳо ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишварро дар мадди аввал гузорем.

Вакилони муҳтарам!

Фаъолияти муштараки ниҳодҳои масъули молиявӣ бо мақомоти қонунгузор, заҳмату талоши ҳамешагии Ҳукумати мамлакат дар роҳи рушди иқтисодиёти кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати беҳтар гардонидани вазъи соҳибкории хурду миёна, афзоиши савдои дохилию хориҷӣ, беҳтар гардонидани вазъи корхонаҳои саноатӣ, таҳкими хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сарчашмаҳои дигари даромад, ки ба ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ мусоидат мекунанд, боис гардид, ки мо дар шароити буҳрони молиявии ҷаҳонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»-ро   бо ҳифзи рушди иқтисодии кишвар ва нигоҳдошти он ҳамчун буҷети дорои хусусияти иҷтимоӣ ба тасвиб расонем.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» бо ҳаҷми умумии бисту як миллиарду се миллиону ҳаштоду ҳафт ҳазор сомонӣ қабул карда шуд, ки ин рақам дар қиёс ба буҷети соли 2017 як миллиарду чорсаду сиву чор миллиону чорсаду ҳафтоду се ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Як ҷиҳати дигари фарқкунандаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» ин аст, ки дар қонуни мазкур вобастагӣ аз андозҳо коҳиш дода, зиёдшавии музди меҳнат, нафақа ва идрорпулии донишҷӯёну пажӯҳишгарони соҳаи илмҳои гуногун низ ба инобат гирифта шудааст.

Агар ба рақамҳо назар афканем, маълум мешавад, ки соли 2018, дар қиёс ба солҳои қаблӣ, маблағгузорӣ дар тамоми самтҳо, аз ҷумла дар соҳаҳои идоракунии давлатӣ, маориф, фарҳанг, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, низоми судӣ, тандурустӣ, варзиш, хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ҳифзи муҳити зист, саноат, сохтмон, нақлиёт, коммуникатсия, афзоиш ёфтааст.

Дар марҳилаи сипаришуда дар баробари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018»,  инчунин якчанд қонуни мукаммали дигар, ба монанди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»,  «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои  фаъолияти  субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» қабул шуданд,  ки ҳам аз лиҳози техникаи қонунгузорӣ ва ҳам аз лиҳози сифат ва муҳтаво ҷавобгӯи талаби замон  буда, ҳамчунин ифодагари рушди бомароми парламенти касбӣ дар мамлакат мебошанд.

Ҳамчунин, ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»,  «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»,  «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқ» ва  боз даҳҳо қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ба беҳтар гардонидани имкониятҳои ҳуқуқии шаҳрвандон барои таълим,  табобат, омӯзиш, варзиш ва  таҳқиқотҳои илмию техникӣ ва имкониятҳои дигари маишӣ  равона гардидаанд. Илова бар ин, дар ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагон теъдоди зиёди созишномаву шартнома, ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати кишварҳои дигар, созмонҳои молиявию бонкҳои сармоягузорӣ ба имзо расидаанд, тасдиқ карда шуданд. Созишномаҳои мазкур маблағгузории соҳаҳои гидроэнергетика, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, коммуникатсия, бунёди инфрасохтори маишӣ, коркарди маъданҳои зеризаминӣ ва ғайраро дар бар мегиранд.

Дар маҷмӯъ, фазои мусоиди кор, сулҳу суботи пойдор ва тантанаи ормонҳои миллӣ дар сарзамини азизамон имконият фароҳам сохтанд, ки Маҷлиси намояндагон низ фаъолияти худро сари вақту  пурсамар анҷом диҳад ва қонунҳои барои ҷомеаи кишвар муҳиму зарурро қабул намояд.

Ҳамкасбони гиромӣ!

Як бахши муҳими кори мо — вакилон фаъолияти намояндагӣ маҳсуб мешавад. Ин масъулияти бузург моро водор мекунад, ки  бо мардум робитаи зич дошта бошем, ҳар як арзу пешниҳоди шаҳрвандонро бишунавем, барои рафъи мушкилоти сокинони кишвар тамоми кӯшишу таҷрибаи хешро ба харҷ диҳем ва дар ғаму шодии интихобкунандагон шарик бошем. Дар давраи ҳисоботӣ дар ин самти фаъолият низ мо тавонистем  як силсила корҳои муҳим анҷом диҳем, ки мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон, қабули арзу шикоятҳои шаҳрвандон, баррасии дархосту пешниҳоди мардум, таҳлилу ташхиси аризаву шикоятҳои онҳо ва расидагӣ ба мушкилоти сокинони мамлакат аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳамаи ҳавзаҳои интихоботии кишвар сафар намуда, зимни дидору гуфтугӯҳо дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, мактабҳо ва маконҳои дигари ҷамъиятӣ ба мардум зарурату аҳамияти  қабулу тасдиқи қонуну созишномаҳои нав, раванди татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ, вазъу дурнамои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи интихобкунандагонро мавриди шарҳу тавзеҳ қарор доданд.

Дар мулоқотҳои вакилон  бо интихобкунандагон, ки моҳи сентябри соли 2017 ва моҳи январи соли равон сурат гирифтанд, мавзӯъҳои марказӣ тағйиру иловаҳои навтарин  ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва нуктаҳои муҳимтарини Паёми навбатии солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буданд.

Тағйиру иловаҳои нав ба ин ду қонуни миллӣ дар ҷомеаи кишвар бозтоби густурдае ёфтанд, зеро онҳо дар танзими ҷашну маъракаҳо ва таълиму тарбияи фарзандон, воқеан ҳам, таҳаввулоти куллӣ ба вуҷуд оварданд. Дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бошанд, ки зимни пешниҳоди Паёми навбатиашон садо доданд, чун ҳамеша ба сифати барномаи мушаххаси кору зиндагии мардум қабул шуда, мардум низ бо камоли майл онҳоро пазируфтанд.

Суҳбати сокинони кишвар бо вакилон асосан мушкилоти маорифу тандурустӣ, роҳу пулҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кор, таъминоти иҷтимоӣ ва ҳаҷми нафақа, таъмиру насби насосҳои обкашӣ, таъмин намудани  рустоҳои навбунёд бо обу барқ ва монанди инҳоро дар бар мегирифтанд. Дархостҳои интихобкунандагон бо пешниҳоди вакилон дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳлилу баррасӣ гардида, муҳимтарини онҳо барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати кишвар ирсол шуданд.

Ҳамчунин, дар ин давра аз ҷониби сокинони кишвар ба Маҷлиси намояндагон қариб  900  муроҷиат ва арзу шикоят ҷиҳати ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ворид гардидааст, ки аз он  395  муроҷиат ба таври хаттӣ ва беш аз 500 муроҷиат ба таври шифоҳӣ пешниҳод шудааст.

Дар баробари ин, ба Маҷлиси намояндагон 49 муроҷиати дастҷамъонаи шаҳрвандон расидааст, ки аксари онҳо аз  ҷониби собиқадорони ҷангу меҳнат, маъюбон, нафақагирон, табақаҳои дигари  ниёзманд ирсол шудааст. Ин аризаҳо асосан ба масъалаҳои нокифоя будани ҳаҷми нафақа, пешниҳоди имтиёз дар истифодаи истироҳатгоҳҳо, гирифтани манзили зист, мушкилоти пас гирифтани амонатҳо аз бонкҳо ва амсоли инҳо бахшида шудаанд. Ҳамчунин якчанд муроҷиати такрории шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст, ки аз қарори судҳо изҳори норизоятӣ намудаанд.

Бешубҳа, муроҷиату дархост ва арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон  шаҳодати онанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои вакилони интихобкардааш додрасу дастгири худро мебинад. Пас мо низ, дар навбати худ,  вазифадорем, ки дар дилу дар фикри шаҳрвандонамон боварӣ ба адолати иҷтимоӣ ва эътимод ба дастгирии давлатро ҳифз намоем.

Ҳозирини арҷманд!

Сифати фаъолияти ҳар як ниҳод дар шароити муосир  ба равобити мустаҳкаму самимонаи он бо ҷомеа вобастагии зиёд дорад. Дар давраи ҳисоботӣ Маҷлиси намояндагон дар ин самт низ корҳои назаррас анҷом дод.

Маҷлиси намояндагон барои равобити судманд бо мардуми кишвар, таъмини шаҳрвандон ба иттилои дақиқ, пешниҳоди шарҳу тавзеҳи қонуну қарор ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ҳамкориро бо расонаҳои хабарии дохиливу хориҷӣ мутобиқ ба талаби замон  роҳандозӣ кард.

Дар ин давра  164  барнома дар шабакаҳои телевизионии дохилӣ бо иштирок ва суханронии вакилони Маҷлиси намояндагон пешкаши шаҳрвандон карда шуд, ки дар онҳо фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ, ҷамъиятию сиёсӣ,  нуктаҳои муҳимтарини Паёми солонаи Пешвои миллат, «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва мавзӯъҳои дигари муҳим таҳлилу баррасӣ ва шарҳу тавзеҳ гардиданд.

Аз ҷумла, дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон 37  барномаи «Соати парламентӣ» ва дар Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» 39 барномаи «Соати парламентӣ» таҳия ва пахш гардид, ки ба шарҳу тафсири қонунҳо, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, аҳамияти  ба тасвиб расонидани созишномаҳои байниҳукуматӣ бахшида шуданд.

Дар рӯзномаҳо ва агентиҳои иттилоотии дохилию хориҷӣ, ба мисли «Ховар», «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Минбари халқ», «Тоҷикистон», «Азия-плюс», «Авеста», «Имрӯз нюз»,  «Озодӣ», «Би-Би-Си», «Фараж», «Миллат» ва расонаҳои дигари иттилоотӣ оид ба фаъолияти Маҷлиси намояндагон мақолаву гузоришҳои зиёд ба нашр расиданд. Фикр мекунам, чунин ҳамкориҳо дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ ногузир ва як сифати парламенти касбии муосир аст. Мо агар дар фазои  иттилоотии кишвар фаъол набошем, кору ташаббусҳои худро ба мардуми хеш нарасонем, арзу шикоят ва мушкилоти интихобкунандагони худро нашунавем, дигарон ин фазои мусоидро ба манфиатҳои гурӯҳию муғризонаи худ истифода менамоянд.

Барои пешгирӣ аз паҳншавии иттилооти бардурӯғ ва беҳтар намудани робита бо ҷомеа, роҳандозии иртиботи мустақим бо интихобкунандагон ва ба ин васила огоҳ шудан аз мушкилоти рӯзмарраи аҳолӣ мо дастур додем, ки дар рӯзномаи «Садои мардум» як суроғаи мушаххасу ҳамешагие  созмон дода шавад, ки сокинони кишвар дар ҳама ҳолат ва аз тамоми гӯшаву канори мамлакат тавонанд бо вакилони худ робита кунанд, пурсишу дархости хешро пешниҳод намоянд. Вобаста ба ин моҳи феврали соли 2018 лоиҳаи «Равзанаи Парламент» дар фазои иттилоотии кишвар роҳандозӣ шуд ва дар як муддати хеле кӯтоҳ аз гӯшаву канори мамлакат теъдоди зиёди саволу дархости сокинон тавассути телефонҳои боварӣ ва почтаи электронӣ ба Маҷлиси намояндагон ворид гардид. Баъд аз мутолиаву таҳлили мактубу муроҷиатҳо бори дигар мутмаин гаштем, ки интихобкунандагони  мо мушкилот ва суханҳои гуфтании зиёде доранд. То имрӯз аз тариқи «Равзанаи Парламент» зиёда аз 100 занги телефонӣ ва 40 муроҷиату дархости шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагон ворид шудааст, ки аксари онҳо ба кумитаву комиссияҳо ва шуъбаҳои дахлдор ирсол гардида, ба сокинони кишвар ҷавобҳои муътамаду мушаххас расонида шуданд.

Инчунин,  саволу ҷавобҳои муҳиме, ки хусусияти маърифатӣ ва маълумотдиҳӣ доранд, дар рӯзномаи «Садои мардум» ба табъ расонда шуданд, то дар баробари муроҷиаткунанда  дигарон низ барои худ маълумоти дақиқ бигиранд.

Ҳадафи аслии мо аз таъсиси «Равзанаи Парламент», қабл аз ҳама, посухи дақиқ ва муътамад  гуфтан ба саволу дархост ва пурсишу талаби интихобкунандагон мебошад, зеро рушди ҷомеа ва талаботи демократия тақозо мекунад, ки мо дар ҳама гуна шароит ба мардуми хеш наздик бошем. Вале ҳанӯз  ҳам зарфияту имкониятҳои техникаву технологияи иттилоотии муосир дар ин самт самаранок истифода бурда намешаванд. Мо дар ин самт корро бояд тақвият бахшем.

Ҳамкасбони муҳтарам!

Дар давраи ҳисоботӣ дар Маҷлиси намояндагон ҷиҳати таҳлили масъалаҳои муҳим, шарҳу тавзеҳи раванди иҷрои қонуну қарорҳо, баррасии иҷрои шартномаҳои байнидавлатӣ, иҷрои созишномаҳои грантию байнидавлатӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ 11 муҳокимаи парламентӣ, 14 «мизи гирд», ҳашт соати парламентӣ ва чор хониши вакилӣ баргузор шуд. Ин муҳокимаву соатҳои парламентӣ ва «мизҳои гирд» дар ҳамдастӣ бо шуъбаҳои масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда, дар онҳо мавзӯъҳое баррасӣ ва пайгирӣ гардиданд, ки мавриди таваҷҷуҳи вакилон ва интихобкунандагон қарор доштанд. Бояд таъкид намоям, ки гузаронидани соатҳои парламентӣ дар таҷрибаи кории мо бори аввал буд ва натиҷаҳои баргузории он собит намуд, ки барои маълумотнокии вакилон вобаста ба соҳаҳои муҳим ва масъалаҳои мубрам иқдоми хубу созанда аст. Аз ҷумла гузаронидани соатҳои парламентӣ оид ба эълон намудани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ дар шаклгирии миллати муосир ва Ваҳдати миллӣ», «Вазъи соҳаи фарматсевтӣ дар ҷумҳурӣ», инчунин соати парламентӣ бо иштироки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи сиёсати давлатии хориҷӣ дар робита ба авзои ҷаҳон, минтақа ва ҷумҳурӣ баргузор гардид. Яъне, ҳар нақшаву чорабиние, ки дар Маҷлиси намояндагон амалӣ мешавад, дар онҳо, қабл аз ҳама, манфиатҳои ҷомеа, давлат ва миллат мавқеи меҳварӣ касб мекунанд.

Вакилони арҷманд!

Мехоҳам якчанд ҷумла аз фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҳам  иброз намоям. Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар ҷараёни Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум дар бахшҳои ташкили кор, назорат, ташхиси ҳуқуқӣ, таъминоти ҳуҷҷатӣ, иттилоотӣ, молиявӣ, моддиву техникӣ ва бахшҳои дигари омодасозии шароити кор барои вакилони Маҷлиси намояндагон тадбирҳоро дар сатҳи  зарурӣ  анҷом дод.

Таҳияи маводи Шӯро ва ҷаласаҳо, тартиб додани протоколҳо, стенограммаҳо, назорати ҷараёни муросилот ва муроҷиатҳо, лоиҳаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, таҳияи маводи хидматӣ, хизматрасонии техникӣ ва масъалаҳои дигар, ки ҳама ба фаъолияти муназзами парламенти касбӣ равона шудаанд, ба таври қаноатбахш роҳандозӣ шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳафт шумораи нашрияи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба нашр расид. Имсол низ нашрияи «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати табодули ахбори парламентӣ ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Арманистон, Молдова, Беларус, Украина, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва китобхонаи Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ фиристода мешавад. Вале  адади нашри маҷалла имрӯз ҳамагӣ 360 нусха аст, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад ва барои  ислоҳи вазъи баамаломада андешидани тадбирҳои муассир  шарт  ва  зарур аст.

Дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  бо иштироки роҳбарияти Дастгоҳ ва вакилон ҳар моҳ ду дафъа оид ба вижагиҳои таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, раванди татбиқи қонунҳо, фаъолияти намояндагӣ дар парламенти Тоҷикистон, вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистону ҷаҳон, масъулияти бузурги хизматчии давлатӣ ва монанди инҳо семинарҳои омӯзишӣ барпо мешуд, ки, бешубҳа, ба болотар рафтани сатҳи дониш, таҳкими бештари одоби хизматчии давлатӣ  ва васеътар гаштани ҷаҳонбинии кормандон мусоидат намуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ қариб сад нафар корманди Дастгоҳ мутобиқи талаботи низомномаи хизматчии давлатӣ аз аттестатсия гузаштанд. Хушбахтона, аксари кулли хизматчиёни давлатии мо собит сохтанд, ки ба мансабҳои ишғолкардаи хеш сазоворанд.

Ҳамчунин иқдомҳое, ки тавассути заҳмати аҳлонаи ҳамаи кормандони Дастгоҳ ҷиҳати ободониву хуррамгардонии гирду атроф ва ҳавлии  бинои Маҷлиси намояндагон амалӣ карда шуданд, шоистаи зикр ва таҳсин мебошанд. Вале ба роҳбарияти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон зарур аст, ки барои фароҳам сохтани шароити боз ҳам беҳтари кор,  дастгирии моддӣ ва маънавии кормандони Дастгоҳ низ тадбирҳои зарурӣ андешад.

Дӯстони азиз!

Дар ҷараёни Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо тавонистем, ки ҷиҳати густаришу тақвияти фаъолияти байнипарламентии Маҷлиси намояндагон, ки як бахши аъзами кори моро ташкил медиҳад, қадамҳои ҷиддӣ бардорем. Зеро муборизаҳои шадиди геополитикӣ, вазъи пуртазоди ҷаҳонӣ, вусъати гурӯҳҳои ифротгаро ва дигар муаммову мушкилоти байналмилалӣ моро водор месозанд, ки ҳамкорӣ бо кишварҳои ҷаҳон, созмонҳои байналмилалӣ, парламентҳои хориҷӣ ва институтҳои молиявии байналмилалиро пурсамар ва фарохтар ба роҳ монем.

Дар ин давра Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусейн ва Раиси иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда буданд, мулоқотҳои судманд анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқотҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байнипарламентӣ мавриди баррасии тарафҳо қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар мулоқот бо Президенти Ӯзбекистон зикр гардид, ки оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ҳалли масъалаҳои баҳсӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву иқтисодӣ, роҳандозии иртиботи ҳавоию заминӣ, мубодилаи молу маҳсулот, ки ҳамагӣ дар як муддати кӯтоҳ амалӣ шуданд, бори дигар собит мекунанд, ки роҳи беҳтарини бартарафсозии муаммову мушкилот роҳандозии муколамаҳо ва шинохту эътирофи  ҳаққу ҳуқуқи якдигар мебошад.

Маҷлиси намояндагон то имрӯз 11 созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расиданд,  тасдиқ намуд.

Дар ин давра дидору гуфтугӯҳои Раиси Маҷлиси намояндагон бо муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумихитойии вакилони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Алекен Еминбахе, Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян,  раиси Анҷумани парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд Кейзо Такеми,  ҳамоҳангсози Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Пратибха Мехта,  ҳайати Парламенти Аврупо таҳти роҳбарии Ивета Григули, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян-Петер Олтерс ва дигар ашхоси баландпоя сурат гирифтанд, ки дар онҳо масъалаҳои рушди муносибатҳо, табодули таҷрибаи тарафҳо, истифодаи бештари имкониятҳои ҳамкорӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳайати парламентии Тоҷикистон барои иштирок дар чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Санкт-Петербург сафари корӣ анҷом дод. Раиси Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи пленарии Ассамблеяи байнипарламентӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин, барои иштирок дар ҷаласаву конфронсҳо ва мустаҳкам намудани равобити байнипарламентӣ муовинони Раиси  Маҷлиси намояндагон, раисони кумитаву комисияҳо ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Олмон, Австрия, Латвия, Литва, Руминия, Шветсия, Словакия, Ҳиндустон, Туркия, Кореяи ҷанубӣ, Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, ҷумҳуриҳои Арманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Белорусия ва ғайра сафарҳо намуданд.  Фиристодаҳои мо  дар ҷаласаву симпозиум ва конфронсҳои минтақавию байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида,  аз минбарҳои баланд манфиатҳои миллату давлатамонро ҳимоя ва афкору андешаи хешро ҷиҳати ҳалли дурусти   масъалаҳои баррасишаванда иброз намуданд.

Натиҷаи талошу фаъолияти дурбинонаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки дар марҳилаи сипаришуда муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси намояндагон густариш ёфтанд. Маҷлиси намояндагон дар давраи ҳисоботӣ  бо 11 парламенти кишварҳои дигари дуру наздик гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис дод.

Вазифаи муқаддаси мо – намояндагони халқ аст, ки дар рушди муносибатҳои байнидавлатӣ саҳми шоиста гузорем ва онҳоро ба сатҳу сифати баландтару беҳтар бирасонем.

Ҳамкорони гиромӣ!

Имрӯз боз як давраи кории мову шумо ба анҷом мерасад, вале моро зарур аст, ки дар марҳилаҳои дигари фаъолиятамон   барои рушди кори Маҷлиси намояндагон ва таҳкими таҷрибаҳои Парламенти касбии Тоҷикистон ба якчанд масъалаи муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.

Аз ҷумла дар самти қонунгузорӣ:

Рушди бонизом ва муваффақи раванди  қонун­гузорӣ аз масъалаҳои асосие мебошад, ки вазъи имрӯз ва ояндаи мардуми Тоҷикистон ба он вобастагии зич доранд. Тавре ишора шуд, қонунгузории кишварҳои олам дар шароити муосир ҳамчун озмоишгоҳи омодасозии фазои ҳуқуқии ҷамъияти оянда таҳти таъсири омилҳои мухталифи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии аз фаввораи  ҷаҳонишавӣ ва вазъи ноороми ҷаҳон сарзананда қарор доранд. Зуҳуроти  манфури экстремизм ва терроризм тавассути дастгирии иддае аз кишварҳо ба  воситаи ҳифзи манфиатҳо табдил ёфта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар  арзишҳои башарӣ бо мақсад ва ҳадафҳои муайян суиистифода мешаванд. Дар чунин шароити номуназзами байналмилалӣ танҳо миллат ва давлатҳое метавонанд худро аз ин хатарҳо ҳифз намоянд, ки дар баробари дастовардҳои дигар корпуси қонунгузории донишманд, фаъол ва касбӣ дошта, зимни коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба афзалиятҳои миллӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Афзалиятҳои миллии мо дар раванди қонунгузорӣ ин сулҳу субот ва оромии кишвар, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти миллӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, рушди устувори иқтисоди миллӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқии ташаккули инсони солеҳ ва шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандони кишвар аст. Мо — вакилонро зарур аст, ки  дар шароити тағйирёбандаи олам ҳуқуқи миллиро мутобиқ ба таҳдидҳои хориҷӣ  дар доираи манфиатҳои халқи Тоҷикистон дуруст таҳия намоем. Дар ин самт ба якчанд мушкилии мавҷуда таваҷҷуҳи шуморо ҷалб мекунам:

1. Ҳанӯз ҳам дар фаъолияти мо муносибати нобаробар бо омилҳои маънавӣ ва сарчашмавии рушди низоми қонунгузорӣ эҳсос мешавад. Аз чор манбаи маънавӣ ва сарчашмавии рушди раванди қонунгузорӣ такя ба таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ ва таъсири созмонҳои грантӣ ва тарғибгарони созмонҳои байналмилалӣ бештар буда, арзишҳо ва дастовардҳои таърихӣ-ҳуқуқии ниёгон ва нақши мафкураи эҷодкунандаи субъектони ташаббускор дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ба тарзи назаррас эҳсос намешавад.

2.  Омехта намудани падидаҳои ҳуқуқии оилаҳои ҳуқуқӣ дар коркард ва пешниҳоди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ. Мусаллам аст, ки фазои ҳуқуқии кишвари мо таърихан ва мутобиқ ба муқаррароти «Стратегияи миллии  рушд то соли 2030» рӯ ба кишварҳои минтақаи Иттиҳоди АвруОсиё  дошта, ҳамчун ҷузъи таркибии оилаи ҳуқуқии романию олмонӣ баромад менамояд. Вале дар ин фазои ҳуқуқӣ пайванд намудани соҳаҳо ва падидаҳои ҳуқуқии оилаҳои ҳуқуқии англисию амрикоӣ, исломӣ, ҳиндӣ ва ғайра  нозукиҳои худро дорад. Мутаассифона, мо дар ин самт мушкилиҳои назаррас дорем. Вакилони ҳуқуқшиноси моро зарур аст, ки сари ин масъалаҳо  ҷиддан андеша намоянд.

3. Афзалияти шаклгароӣ нисбат ба  мазмунгароӣ дар раванди қонунгузории мо ба мушкилии навбатии раванди қонунгузорӣ табдил ёфтааст. Дар ташаккули низоми ҳуқуқӣ таҷрибаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шакл ва қолаби санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ афзалият касб кардааст. Тағйиру иловаҳои аз ҳад зиёд ба устувории талаботи қонун рахна ворид менамоянд. Чунончӣ, Кодекси ҷиноятӣ аз соли 1998 — 59 маротиба; Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз соли 2008 — 46 маротиба;  Кодекси мурофиаи ҷиноятӣ аз соли 2009 -  22 маротиба; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хизмати давлатӣ» аз соли 2007 — 15 маротиба ба тағйиру иловаҳо дучор шудааст.

Ҷиҳати рафъи мушкилиҳои мавҷуда иҷрои амалҳои зеринро зарур мешуморем:

1. Аз таҷрибаи аз ҳад зиёд машғул шудан ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санади меъёрии ҳуқуқӣ бояд худдорӣ кард, зеро тағйироти аз ҳад зиёд ба санади меъёрии ҳуқуқӣ матни онро мушкилфаҳм,  қувваи ҳуқуқии онро заиф ва ниҳоят устувории танзими муносибатҳои ҷамъиятиро номуназзам менамояд. Албатта, қонун догма нест, он  бояд вобаста ба дигаргуниҳои ҷомеа такмил ёбад, вале на он тавр, ки дар давоми ҳар ду — се моҳ як маротиба ба ҳамон як қонун тағйиру иловаҳо ворид шаванд. Кӯшиш кардан лозим, ки ҳар қонун бо дарназардошти такмили ҷомеа ва рушди ҳаёти маънавӣ ақаллан барои даҳсолаҳо қабул гардад, зеро сифати қонун танҳо ба тағйирпазирии он не, балки ба устувории  он низ вобастагии ниҳоят зиёд дорад.

2. Вазифаи марказӣ ва аслии мо — вакилон, албатта,  фаъолияти қонунгузорист, вале арзиши  кори мо на ба миқдори лоиҳаҳои пешниҳодшаванда, балки ба сифат ва саҳми қонунҳои қабулшаванда дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишвар вобаста аст. Аз ин рӯ, муҳтарам вакилон, таваҷҷуҳи бештарро на ба шакл, миқдор ва таҳрири имлоии қонунҳо — ҳарчанд инҳо ҳам заруранд, балки ба мазмун ва муҳтавои қонунҳо равона созем. Ва ҳангоми баррасии ибтидоӣ ва интиҳоии лоиҳа дар кумитаҳо ҳар як меъёри онро аз бунгоҳи гумрукии манфиатҳои миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон гузаронида, сипас хулоса диҳем.

3. Эҳсос мешавад, ки вакилон дар коркарди лоиҳаҳои нав ва истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ фаъол шудаанд, вале ҳодисаҳои бозпас гардонидани лоиҳаҳо аз ҷониби субъектони дахлдор ва Ҳукумат низ афзоиш ёфтааст, ки ин нишонаи дар сатҳи зарурӣ мавҷуд набудани ҳамкории субъектон бо мақомоти дахлдор ва Ҳукумати Тоҷикистон аст. Мо дар ин самт ҳамаи имкониятҳоро дорем ва Раёсати Маҷлиси намояндагон ҳамкории кумитаҳои Маҷлиси намояндагонро бо вазорату идораҳои Ҳукумат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур мешуморад. Танҳо бо усули ҳамкорӣ  лоиҳаи қонунҳо комил гашта, ихтилофоти ҳуқуқӣ ва соҳавӣ аз байн мераванд.

4. Дар коркарди лоиҳаи қонунҳо, ки аз ҷониби вакилон пешниҳод мегарданд, ба инобат гирифтани сарчашмаҳои маънавӣ ва амалии ташаббус, агар мо хостори мутобиқ ба таҷрибаи пешрафтаи қонунгузории соҳавии  кишварҳои дигар такмил додани қонун бошем, ҳатмӣ мебошад. Бояд таваҷҷуҳ кард, ки ҳамон қонуни тақлидшаванда дар фазои кадом оилаи ҳуқуқӣ ташаккул ёфтааст ва овардани меъёрҳо ва падидаҳои ҳуқуқии он то кадом андоза  ба фазои ҳуқуқии кишвари мо созгор мебошад.

5. Ва ниҳоят, вакилони муҳтарам, мо дар раванди фаъолияти қонунэҷодкунӣ дар баробари дигар сарчашмаҳои маънавӣ ва мабдавӣ бояд ба ташаббуси шахсӣ ва ақли эҷодкор, ки вазъи имрӯз ва фардои кишварро таҳлил карда, ҷиҳати рафъи мушкилиҳо ва масъалаҳои пайдошуда меъёр эҷод мекунад, диққат диҳем. Зеро мо меъёр ва қоидаи рафторро дар шакли қонун барои беҳбудии зиндагии худ, саодати фарзандон ва миллати хеш қабул мекунем. Агар ин меъёр аз ҳаёти воқеӣ сарчашма нагирад, ҷиҳати ҳалли мушкилиҳои мавҷуда равона нагардад ва ба ҳаёти воқеӣ мазмунан пайванд нашавад, иҷро ва татбиқи он, инчунин пайванди  он ба тафаккури ҷомеа ғайриимкон хоҳад шуд.

Дар самти фаъолияти намояндагии Маҷлиси намояндагон:

1. Ҳар як вакили Маҷлиси намояндагонро зарур аст, ки ҷиҳати наздик будан бо интихобкунандагон аз имкониятҳои технологияи муосир истифода бурда, бо интихобкунандагони худ робитаи мустақим дошта бошад, то мардум фикру андешаи худро вобаста ба ин ё он соҳа ба вакили худ бевосита расонида тавонад.

2. Муносибат ба баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ низ бояд таҷдиди назар шавад. Аз ҷумла дар мавриди риояи муҳлати посух гуфтан ба муроҷиати шаҳрвандон, қабули шаҳрвандон, ирсоли муроҷиати сокинон ба мақомоти дахлдор ва пайгирӣ намудани арзу шикояти онҳо тарзе кор кунем, ки эътимоду эҳтироми шаҳрвандони кишвар ба Маҷлиси намояндагон  торафт бештар гардад.

Дар самти муносибатҳои байнипарламентӣ:

1. Дар ин самт моро лозим аст, ки фаъолияти гурӯҳҳои дӯстиро ҷоннок намоем. Фаъолияти ин гурӯҳҳо бояд дар рушди муносибатҳо заминаҳои боз ҳам мусоид  фароҳам созад.

2. Лозим аст, ки ба фаъолияти байнипарламентии мо дар солҳои минбаъда  вусъати бештар дода шавад. Ҳамзамон, мувофиқи мақсад аст, ки мушовирони кумитаву комиссияҳо ва кормандони шуъбаҳои Дастгоҳ барои таҳкими таҷрибаи кории худ ба конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ сафарбар карда шаванд. Яъне, кӯшиш кардан лозим аст, ки сифатнокии кори Маҷлиси намояндагон марҳила ба марҳила вусъат пайдо намояд.

Вакилони арҷманд!

Имрӯз равандҳои пуртазоди ҷаҳони муосир, рақобатҳои силоҳсозиву мусаллаҳшавӣ, баҳсҳои тунди кишварҳои муқтадир боис гардидааст, ки фаъолиятҳои зиддибашарии гурӯҳҳои ифротию террористӣ дар минтақа вусъат пайдо намоянд. Ин раванд табиист, ки ба кишвари мо низ бетаъсир буда наметавонад. Зеро мо бо давлати Афғонистон, дар баробари умумияти диниву забониву фарҳангӣ,  зиёда аз 1400  километр марзи муштарак дорем.

Гузашта аз ин, вазъияти кишварҳои Ховари Наздик нишон медиҳад, ки имрӯз тақдири миллатҳо ва давлатҳо ба дасти бегонагон афтида, неруҳои даҳшатафкану созмондодашуда барои амалӣ гардонидани манфиатҳои геополитикии ин ё он кишвар сарнавишти миллатҳоро бо хоку хун мекашанд, давлатҳои ободро ба харобазор мубаддал месозанд. Мутаассифона, дар гузаштаи наздик мо низ чунин рӯзгори талх ба сар доштем. Бар асари  бесуботию ҷангҳои таҳмилии чандинсола давлатдории мо  дар вартаи нобудӣ қарор гирифта буд.  Ин ҷо лозим меояд, ки як бори дигар аз талошҳои ватандӯстона ва хастагинопазири Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шавем, ки барои расидан ба сулҳу субот ва тантанаи Ваҳдати миллӣ дар кишвар, воқеан ҳам, хидматҳои фидокорона карданду карда истодаанд.

Мо имрӯз Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ҷамъбаст менамоем. Бовар дорем, санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар ин давра қабул шуданд, пурра ба таҳкими истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони он равона шудаанд. Мо бояд ин нуктаро ҳамеша дар назар дошта бошем: парламент корхонаи азими роҳсозии миллат ва давлат аст. Ин роҳро мо то кадом дараҷа суфта, сифатнок, ба сӯи ормонҳо ва хостаҳои халқ ва ба манфиати имрӯзу фардои давлат ва соҳибихтиёрии миллат месозем, ба ҳамон андоза ба рушди давлат, ваҳдати миллат ва саодати ҳар хонадони кишварамон хизмат  менамоем. Дар ин роҳ мо таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз кори зиёди назаррас анҷом додем, вале дар пеш моро вазифаҳои бузургтар ва масъулияти боз ҳам бештар интизоранд.

Ҷиҳати амалӣ шудани ин вазифаҳо ва баланд шудани масъулияти касбӣ дар фаъолияти оянда ба ҳамаи шумо, ҳамкасбони гиромӣ, саломативу сарбаландӣ ва хонаи ободу зиндагии осуда таманно дорам.

Азизӣ Абдуҷаббор  Абдуқаҳҳор: — Ташаккури зиёд Раиси муҳтарам! Барои суханронии пурмуҳтавою дар дараҷаи баланди касбию ҳуқуқӣ омодагардида, таҳлили амиқи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Маҷлиси намояндагон, кумитаву комиссияҳо, барои баҳои воқеӣ ба фаъолияти ҳар яке аз мо – вакилон, интизоми иҷроияи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, муайян кардани захираҳои ҳанӯз пурра истифоданашудаи корӣ изҳори миннатдории ҳамкорон – иштирокчиёни ҷаласаро иброз менамоям ва ба шумо дар фаъолияти минбаъдаи роҳбарӣ ба Парламенти касбии мамлакат муваффақиятҳо орзумандам.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти  Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи  чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро ҷамъбаст намуда, Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро  пӯшида эълон намуд.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод).

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев