Шукурҷон Зуҳуров Вячеслав Володинро ба ҳузур пазируфт

№126 (4076) 22.10.2019

DSC_722619 октябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ба ­масъалаи рушди ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Шукурҷон Зуҳуров зикр намуд, ки аз сатҳи баланди ҳамкориҳои мутақобила ва шарикии стратегии Тоҷикистону Россия заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ ва доираи васеи масъалаҳое, ки дар назди парлумонҳои ду ҷониб қарор доранд, дарак медиҳанд.

- Дар давоми 27 соли барқарор гардидани муносибатҳои дипломатӣ давлатҳои мо тавонистанд, ки низоми қавӣ ва ҳамаҷонибаи шарикии стратегии тарафайнро дар асоси шаффофият, эътимод ва баробарӣ бунёд кунанд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон.

Зикр гардид, ки аз ҷумла, миёни ҳар ду давлат дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва ҳарбӣ — техникӣ ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд. Ин ҳамкориҳо асосан аз принсипҳо, уҳдадориҳои Шартномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ сарчашма мегиранд.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тавсеа бахшидани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, афзудани муколамаи сиёсӣ ва густариши  ҳамгироӣ дар масъалаҳои муҳимтарини рӯзномаи байналмилалӣ баён доштанд.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, ки мо  ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла тавассути ташкили муассисаҳои томактабии таълимӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо забони русӣ ҳастем.

Тарафҳо, ҳамчунин, оид ба андешидани тадбирҳо ҷиҳати такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла, фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави ҳамдигар, табодули афкор намуданд.

Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин таъкид дошт, ки мо ҳамеша хостори муносиботи неку равобити тарафайн бо шарики стратегии кишвари худ дар минтақаи Осиёи Миёна – Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем ва талош меварзем, ки ин равобит ҳар чӣ бештар тақвият ёбанд.

 ***

Ёдовар мешавем, ки Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин дар доираи ин сафар ба Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ташриф оварда, бо устодону донишҷӯёни он мулоқот анҷом дод.

Ҳамчунин, ҳайати Думаи давлатии Федератсияи Россия  аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва «Кохи Наврӯз» дидан намуданд.

Худи ҳамон рӯз сафари расмии Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

 Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон