Сиккаи тиллоии Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

DSC_7623Маънои аслии мафҳуми истиқлолият ҳамчун истилоҳ рафтори озодона, мустақилона ва бомантиқ доштан дар ватани обод мебошад. Аз мавқеи муқаррароти ҳуқуқи байналмилалӣ, истиқлолияти давлат санади эътироф намудани он аз ҷониби кишварҳои дигар ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳонист. Аз нуқтаи назари сиёсӣ, истиқлолият амалкарди фаъоли принсипҳои гуногун, идоракунии муназзами уфуқию амудии воҳидҳои маъмурӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии байналмилалӣ ва конститутсиониро ифода менамояд.

Ҷанбаи муҳими соҳибихтиёрӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол дар масъалаи муносибатҳои хориҷӣ субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ будан ва дар пешбурди умури дохилӣ ноил шудан ба тақсимоти муваффақонаи ваколатҳои ҳокимияти давлатиро ифода менамояд. Мушарраф шудан ба ин рӯйдоди хотирмон ва тулӯи офтоби гарму форами Истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик 9 сентябри соли 1991 мувофиқ омад. Ва ҳар сол ин рӯзи фараҳбахшро мардуми шарифи ҷумҳурӣ бо ҳазорон орзуву ҳавас, меҳру муҳаббат, қаноатмандию болидарӯҳӣ ва ифтихор аз ватану миллат ва давлату давлатдорӣ бо дастовардҳои бештар аз пештар таҷлил менамоянд.

Сазовори гуфтан аст, ки тибқи дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба муносибати таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли равон ҷабҳаи бузурги созандагӣ дар шаҳру деҳоти мамлакат воқеан раванди бесобиқа ва ифодагари ҳисси баланди миллӣ ва ватандӯстӣ пайдо намуд. Бемуҳобо гуфтан мумкин аст, ки анъанаи ҳасанаи дар арафаи ҷашни арзишманду муқаддаси миллӣ аз ҷониби вазорату кумитаҳо, муассисаву корхонаҳои хусусию давлатӣ, шахсони саховатманду ватандӯст ва ниҳоду сохторҳои гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти дорои таъиноти гуногуни  инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ зиёдтар шуд. Албатта, ин ҳама барои беҳтар гардидани вазъи иҷтимоӣ ва некуаҳволии сокинони мамлакат, бунёди ҷойҳои нави кор ва дар маҷмӯъ, ба ваҷҳи писандида тағйир ёфтани имиҷи байналмилалии кишвар таъсири ниҳоят бузург мерасонд. Ҳоло аз баландии кохи бегазанди ватани озоду обод бо чашми басират мушоҳида кардан мумкин аст, ки баробари сипарӣ шудани ҳар рӯзи башумор то он санаи фархунда чӣ гуна дарахти пурсамари истиқлоли тоҷик мақому манзалат афзун мегардонад. Илова бар ин, қудсияти ҷашн дар шинохти мардум бо гузашти ҳар сол қавитар ва пурҷилотар мегардад.

Ҳар гоҳе ки перомуни рушди мустақилона дар даврони истиқлолият сухан доир мешавад, самтҳои барозанда ва омилҳои меҳварии ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсии ҷумҳурӣ пеши назар ба ҷилва меоянд.

Муҳимтарин омили решадор кардани соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама,  соҳибӣ карда тавонистани Истиқлолияти давлатӣ ва таъмини якпорчагии қаламрави он мебошад. Дар оғози солҳои 90-уми асри гузаш­та чун афтодани пардаи низоми сиёсию идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ наздик шуд, ҷумҳуриҳои он яке паси дигар ба қабули эъломия дар бораи истиқлолияти давлатӣ оғоз карданд. Ин рӯйдоди муҳим барои аксари ҷумҳуриҳо асосан ба нимаи дуюми соли 1991 мувофиқ омад ва барои давлатҳои тоза ба истиқлол расида давраи пурмасъулият – марҳалаи гузариш ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона фаро расид. Вале муддати муайяни таърихӣ ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ дар ин субъектҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии давлате идора карда мешуд, ки аллакай аз саҳнаи сиёсӣ берун омада буд. Ин вазъият то андозае боис ба сар задани нооромӣ ва ҳолатҳои буҳронӣ гардид, зеро қонунҳои куҳна ба талаботи шароити нави сиёсӣ созгор намеафтоданд ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бо мушкили зиёд рӯ ба рӯ шуданд. Ҳамин воқеият ва далелҳои дигар таҳрик ёфтани низоъҳои сиёсӣ ва қудратхоҳиро дар дохили кишварҳои алоҳида ба вуҷуд овард. Бадбахтона, Тоҷикистони офтобрӯя низ зери таъсири омилҳои субъективӣ ва объективӣ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Ва дар муддати беш аз панҷ сол роҳбарияти олии мамлакат тавонист, ки ҳам оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро бо мушкилоти вобаста ба он ҳаллу фасл намояд ва ҳам ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва хоҷагии халқро ба маҷрои созгор ба талаботи нав равона созад. Дуруст муайян кардани стратегия ва дурнамои рушд, бунёди давлати навин, ҳифзи манфиатҳои миллӣ-фарҳангӣ, динӣ-эътиқодӣ ва зина ба зина бартараф кардани монеа ва хатарҳои пешрафти ҷомеа миллатро ба рӯзи ваҳдат ва якдилӣ расонд.

Омили дуюми муҳим дар ин раванд бар он бастагӣ дорад, ки ҷамъбасти фаъолияти сиёсию давлатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расидан ба мусолиҳаи миллӣ истеъдоди баланди роҳбарӣ ва дурандеширо зимни ҳамон муҳити ниҳоят сарбастаи ҷомеаи кишвар ошкор карда тавонист. Ва иродаи ташаккулёфтаи Сарвари тоҷикон имкон фароҳам овард, ки анбӯҳи мушкилоти дар ҷомеа пайдошуда тавассути хислатҳои сабру таҳаммулпазирӣ ва камоли масъулиятшиносӣ роҳи ҳалли сазовор пайдо намоянд.

Аз ин ҷиҳат, 27 июни соли 1997, ба андешаи банда, инчунин тасдиқи дигарбораи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии ҷумҳурӣ ҳам ҳаст. Сулҳи беназири тоҷикон миллатро монанди пӯлод обутоб дода, ба мисли гӯшту нохун муттаҳид кард. Ҷумҳурӣ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ эътироф ва номи тоҷику Тоҷикистон дар харитаи сиёсии ҷаҳон ҷойгузин шуд. Некӯ даромехтани ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва эъмори кохи бегазанди Ваҳдати миллӣ ҳамчун ду тарафи сиккаи тиллоии соҳибихтиёрӣ минбаъд расидан ба дастовардҳои дигарро дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт, энергетика ва логистика, саноат ва озуқаворӣ осон гардонид. Афзун бар ин, ҳамин омили муҳими муттаҳидкунанда чор унсури ҳадафбандии самтҳои стратегии рушди устувори иқтисодиёти ҷумҳуриро моҳирона тарҳрезӣ карда тавонист ва офтоби уфуқҳои тоза ва иқболу шукуфоӣ ба рӯйи давлати тозаистиқлол дурахшон шуд.

Файзулло БАРОТЗОДА,

раиси Комиссия оид ба одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон