Соҳаи нақлиёт чӣ гуна маблағгузорӣ мешавад?

№142 (3779) 30.11.2017

DSC_9471ҷамъомаде, ки 27 ноябри соли равон дар доираи муҳокимаи парламентии Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баргузор гардид, ба «Масъалаҳои буҷетикунонии соҳаи нақлиёт» бахшида шуд.

Роҳбари «Барномаи дастгирии назорати парламентӣ дар идоракунии молияи давлатӣ ва шаффофияти буҷет дар Тоҷикистон» Рафқат Ҳасанов дар бораи аҳамияту самарабахшии назорати парламентӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки ин усул дар давлатҳои пешрафта натиҷаҳои назаррас дорад.

Коршиноси миллӣ оид ба масъалаҳои буҷетикунонӣ Абдураҳмон Наҷмиддинов иброз дошт, ки дар самти идоракунии молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳот татбиқ гашта истодааст, ки дар ин замина механизми таҳияи Буҷети давлатӣ мукаммал мегардад. Аз ҷумла, кўшиши таҳияи буҷет дар асоси гурўҳбандии барномавӣ ба назар мерасад, ки таҷрибаи нав аст.

Дар доираи ин намуди буҷетикунонӣ захираҳо аз рўи барномаҳо гурўҳбандӣ шуда, индикаторҳои молиявӣ ва ғайримолиявӣ, натиҷаҳои кўтоҳмуддат ва дарозмуддат муайян мешаванд.

Абдураҳмон Наҷмиддинов зимни таҳлили сохтори Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 қайд кард, ки 81 дарсади онро даромадҳои андозӣ ва ғайриандозӣ, 17 дарсадро барномаҳои инвеститсияҳои давлатӣ ва 2 дарсадро грантҳо барои дастгирии буҷет ташкил медиҳанд.

Сардори шуъбаи сиёсати буҷет дар соҳаҳои хоҷагию манзилии коммуналӣ, нақлиёт ва коммуникатсияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарина Холиқова иброз дошт, ки ба соҳаи нақлиёт аз Буҷети давлатӣ барои нигоҳдории дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёт, муассисаву ташкилоти зертобеи он, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, субсидия барои шахсони имтиёзнок, сохтмони асосӣ ва барномаи инвеститсияи марказӣ маблағ ҷудо карда мешавад.

- Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон харҷномаҳои ягонаи даромад ва хароҷотро ҷиҳати нигоҳдорию таъмири роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар алоҳидагӣ барои муассисаҳои нигоҳдории шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамояд, — гуфт Зарина Холиқова. — Маблағгузории хароҷот барои нигоҳдорию таъмири роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум тавассути Сарраёсати хазинадории маркази Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи (ҷадвали басти вазифаҳо, ҳисоби таъмиру нигоҳдории роҳҳо, ҳисоби хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи муассиса ва ғайра) пешниҳодгардида амалӣ мешавад.

Дар хотима раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садриддин Шарифов, вакилон Баҳром ­Абдуалимов, Хайрулло Асозода, Дилрабо Мансурӣ ва дигарон ба маърўзачиён савол дода, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Н. Алиев