Соҳибистиқлолӣ. Марҳилае, ки дастовардҳояш Тоҷикистонро машҳури ҷаҳон кард

№116-117 (3596-3597) 09.09.2016

DSC_1074Иншои ин матлаб дар бораи Истиқлолияти давлатии кишвар саҳли мумтанеъ аст. Зеро рӯи саҳифа овардани муҳимияти ин санаи сарнавиштсоз, ки ба маънои том ормони абадии ҳар як миллати худшиносу худогоҳ маҳсуб мешавад, кори саҳл набуда, дар баробари вежагиҳо доштан, мебояд аз чанд зовия онро бозгӯйӣ намуд. Аввалан бояд гӯям, ки бо ибрози чанд ҷумлаи орӣ аз далелу арқоми асоснок наметавон дар ин ҷода комёб шуд, зеро даврони соҳибистиқлолӣ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои арзанда ва қобили мулоҳиза ноил гардидем, ки ноил гардидан ба қисмати аъзамашон дар замони собиқ шӯравӣ афсонае беш набуданд. Биноан, дар самти дарёфти далелу рақамҳои асосноки ба дастоварду пешравиҳо рабтдошта мо ба ҳеҷ ваҷҳ ба танқисӣ мувоҷеҳ нахоҳем шуд.

Чун сухан дар бораи дастоварду пешравиҳо рафт, қарзи виҷдон ва рисолати инсонии хеш медонам, ки аз суханони Роҳбари мамлакат иқтибос орам, ки гуфта буд: «Даҳсолаи аввали давлатдории миллии мо асосан ба ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, аз ҷумла ба эътидол овардани вазъияти кишвар, баргардонидани гурезаҳо, бо хонаву ҷой таъмин кардани онҳо, бесилоҳ гардонидани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ҳалли масъалаҳои дар Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ муайяншуда сарф гардида, танҳо пас аз соли 2000-ум ба давлату Ҳукумат муяссар гардид, ки ба таври ҷиддӣ ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоиро роҳандозӣ намояд». Ҳақ ба ҷониби Сардори давлат аст, воқеан ҳам аз соли 2000-ум дар мамлакат марҳалаи рушду тараққиёт шурӯъ гашта, то кунун бемайлон идома дорад. Ҳамрадиф бо ин, бояд иброз дошт, ки оғози давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давраи мураккабу душвори гузариши кишвар аз як сохт ба сохти дигар рост омад. Яъне, дар ин айёми басо ҳассос ва тақдирсоз Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд марҳилаи ташаккули давлатдории нав, шароити сангини ҷанги шаҳрвандӣ, харобиҳои баъд аз ҷанг ва душвориҳои дигарро паси сар мекард. Ҳамзамон, дар ин давра таҳкурсии гузариш аз як низоми сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба низоми дигар фароҳам омад ва бо вуҷуди ҳама мушкилӣ давлати соҳибистиқлоламон ба таври муназ­зам рушд намуд. Пайванди ҷомеа бо ҷаҳони муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил медиҳад, ба вуҷуд омад.

Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон имрӯз яке аз падидаҳои эътирофшуда ва пазируфта буда, ҷаҳониён онро ҳамчун таҷрибаи нодир эъти­роф кардаанд, ки дар тарҳрезӣ ва ташаккулу татбиқи ин таҷриба нақши Пешвои миллат бениҳоят калон аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат тавонист қадами аввалинро дар роҳи сулҳу созиш гузорад, тавассути муҳаббату садоқат ба сарзамину миллат ҳисси кинаву адоват ва нафрату бадбиниро дар ҷомеа решакан намояд, ҳастии худ­ро ба ин миллат бахшида, миллату давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад. Бо ҷуръати хоса, ки назираш то кунун вуҷуд надорад, ба кишварҳои бегона, ки касе кафолати амнияташро дода наметавонист, барои гуфтушунид ва даъват ба сулҳу салоҳ сафар намояд. Муҳимтар аз ҳама, собит намояд, ки хунро бо хун не, бо бахшиш шуста, бо қалбҳои пок аз ҳама гуна хусумату бадбинӣ баҳри ободии ин сарзамини аҷдодӣ сарҷамъона талош намудан мумкин аст.

Мавриди омӯзиш қарор додани нишондиҳандаҳо то соли 2000-ум собит намуд, ки то давраи мавриди назар низ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ибтикороти зиёд амалӣ гардиданд ва маҳз онҳо устувории рукнҳои давлатдориро таъмин намуданд. Далел меорам: соли 1996, замоне ки ҳанӯз низоъҳои дохилӣ идома доштанд, бори аввал Барномаи якуми ислоҳоти иқтисодӣ дар кишвар қабул шуд ва раванди амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати гузариши иқтисодиёти мамлакат ба муносибатҳои бозорӣ оғоз гардид. Ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва суръат гирифтани ислоҳоти иқтисодӣ дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ имконият дод, ки коҳишёбии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ боздошта шавад ва соли 1997 аввалин маротиба дар замони соҳибистиқлолӣ болоравии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1996 ба андозаи 1,7 фоиз мушоҳида гардид.

Зиёд менависанд ва мегӯянд, ки дастоварди асосии истиқлолият ин баъд аз ҳазор сол соҳибдавлат шудан маҳсуб мешавад. Дуруст аст, вале моҳияти дастовардҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва ғайра, ки баъд аз соҳибис­тиқлол гардидани кишвар рӯи кор омаданд, низ дар ҳамин сатҳ қарор доранд. Ин андеша асоси воқеӣ дорад. Мисол меорам: дар олам зиёданд кишварҳое, ки соҳибистиқлоланд, вале дар фаъолияти Ҳукумат ва сохторҳои марбутаи он давлатҳо дастоварду пешравиҳо хеле кам ба назар мерасанд ва сатҳи зиндагии мардум низ паст аст. Дар мамлакати мо ба шарофати амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва афзалиятҳои миллӣ, густариши ислоҳоти иқтисодӣ, андешидани тадбирҳо оид ба таъмини суботи иқтисодӣ рушди иқтисодиёт таъмин ва паст шудани сатҳи камбизоатӣ имконпазир аст. Аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти охирин сатҳи камбизоатӣ солҳои охир аз 81 фоиз ба 38,3 фоиз коҳиш ёфтааст. Эътироф бояд намоем, ки дар ин давра Ҳукумати кишвар тавонист, ки муҳимтарин заминаҳои рушди устувори иқтисодиётро гузошта, ба хотири таҳкими давлатдории миллӣ дурнамо ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангиро таҳияву амалӣ созад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Эмомалӣ ­Раҳмон ҳангоми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани нақби «Шаҳристон» зикр намуда буд, ки «Тоҷикистон ба ҳадафи стратегии раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ноил гардид ва ба як кишвари воҳид табдил ёфт». Бун­ёду азнавсозии шоҳроҳҳои бузурги байналмилалии мошингарди Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ — Мурғоб — Қулма — сарҳади Чин, Душанбе — Турсунзода — сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе — Нуробод — Лахш — сарҳади Қирғизистон, Душанбе — Хуҷанд — Чанак — сарҳади Ӯзбекистон, Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён — сарҳади Афғонистон, Айнӣ — Панҷакент — сарҳади — Ӯзбекистон, роҳи оҳани Кӯлоб — Қӯрғонтеппа, нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ», «Хатлон», пулҳои байналмилалӣ дар мавзеъҳои Тем, Рузвай, Ишкошим, Ванҷ, Шамсиддини Шоҳин, Панҷи Поён ва даҳҳо иншооти муҳими дигар дар саҳифаҳои таърихи миллат дарҷ хоҳанд шуд. Роҳи оҳани Кӯлоб — Қӯрғонтеппа нахустин иншооти бузургест, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҳисоби маблағҳои худӣ бунёд ёфт. Аз далелҳои мавҷуда бармеояд, ки тайи ин солҳо танҳо дар соҳаи нақлиёт ба маблағи умумии беш аз 12 миллиард сомонӣ барномаҳои давлатӣ татбиқ гардиданд, роҳҳои мошингарду оҳан бунёд ва навсозӣ шуданд. Боиси ифтихори аст, ки дар арафаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Агар пешравиҳои ҳар соҳа аз ҷониби мутахассиси он бозгӯйӣ шавад, нишонрас ва саҳмаш дар ташаккули афкори ҷомеа назаррас хоҳад буд. Аз ин нуктаи назар, ҳамчун мутахассиси бахши иқтисоду молия дар остонаи ҷашни фархундаи 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мехоҳам андешаҳоямро рӯи саҳифа орам. Дар навбати аввал, бояд зикр кард, ки дар давраи мавриди назар низоми боэътимоди молияи давлатӣ, ки пояи асосии фаъолияти иқтисоди бозорӣ ва заминаи зарурӣ барои эътидолу болоравии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёт мебошад, фароҳам оварда шуд. Ба он назарам, ки рӯйдоди хеле муҳим, ки дар даврони Истиқлолият ба вуқӯъ пайваст, ба муомилот баровардани яке аз нишонаҳои давлати соҳибистиқлол — пули миллӣ буд, зеро иқдоми мазкур ба болоравии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин беҳдошти ҳолати молиявӣ, ғанӣ гардидани Буҷети давлатӣ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуд. Ин аст, ки солҳои охир суръати афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 6-7 фоизро ташкил медиҳад, ки дар маҷмӯъ нисбат ба соли 2000-ум 20 баробар зиёд мебошад.

Баробари рушди иқтисодиёт ва афзоиши имкониятҳои Буҷети давлатӣ зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамчун самти афзалиятнок  рушди бемайлон дорад. Ҳамрадиф бо ин, маблағгузории соҳаҳои асосии иҷтимоӣ — маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақа солҳои охир аз 35 то 55 баробар зиёд шуд. Ҳукумати мамлакат охири соли 2012 Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистонро қабул намуд, ки ҳадафи асосии он дар баробари паст кардани сатҳи камбизоатӣ, дастгирӣ намудан ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ташаккули табақаи миёнаи аҳолӣ ва дар ин асос таъмин намудани рушди устувори иқтисодиёти кишвар мебошад. Доир ба муҳтаво ва аҳдофи ин ҳуҷҷати муҳим бояд зикр кард, ки дар стратегияи мазкур нигоҳ доштани тамоюлҳои мавҷудаи мусбат дар рушди иқтисодиёт, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар, таъмини устувории қурби пули миллӣ, муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва зиёдшавии даромадҳои воқеии пулии аҳолӣ пешбинӣ гардидааст.

Мо ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии кишварамонро дар шароити идома доштани равандҳои пурталотуми ҷаҳонишавӣ ва ҷаҳони пур аз тазод таҷлил менамоем. Барои эмин мондан аз таъсири омилҳои манфии раванди фарогири ҷаҳонишавӣ аҳли ҷомеаи кишвар бояд тафаккури солими миллиро дар зеҳни ҷавонон инкишоф диҳанд, арзишҳои миллиро аз таҳдидҳои хатарбори асри навин ҳифз намоянд ва ваҳдати миллиро таҳким бахшанд.

Зарур аст, ки шаҳрвандон ба рамзҳои давлат — Парчами миллӣ, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ чун ба муқаддасоти миллати озоду соҳибистиқлол пайваста арҷ гузоранд ва онҳоро гиромӣ доранд. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки миллати тоҷик таърихан ва табиатан сулҳдӯст, фарҳангпарвар, офарандаи ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, созандаву бунёдкор мебошад ва ин сифатҳои олиро насл ба насл инкишоф дода, дар таърихи навини халқ саҳифаҳои заррину дурахшонро сабт мекунад. Гузашти 25 сол собит намуд, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти роҳбарии Президенти мамлакат бо ақлу заковат ва неруи хирад мушкилиҳоро паси сар кардааст ва минбаъд низ чунин хоҳад монд.

Дар яке аз суханрониҳои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр карда буд, ки «Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон, бо ҳиммати баланду эҳсоси гарми ватанпарастиаш ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии ҳамин мардуми шарифу сарбаланд дар солҳои наздиктарин ҳама гуна душвориҳои рӯзгорамонро бартараф мекунем, нақшаҳои бузург ва ниятҳои тақдирсози оғозкардаамонро амалӣ мегардонем ва барои ҳар сокини мамлакат зиндагии аз имрӯза беҳтару сазоворро фароҳам меорем».

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистон низ, аз Сарвари давлати худ ифтихор ва ба ояндаи неки кишвар бовар дорем. Итминони комил дорам, ки хонандагони закӣ комилан бо мо ҳамфикранд.

Ҷобирзода Тоҳир Гул,вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон