Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Созишномаи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба тасвиб расид

№36 - 37 (3880-3881) 20.03.2018

DSC_795819 марти соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии ­Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон давъати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред. Ҳоло дар толор 53 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии ­мас­ъа­­лаҳо шурӯъ менамоем. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон» сухан ба муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳидӣ Низомиддин Шамсиддинзода дода мешавад.

ЗОҲИДӢ Низомиддин Шамсиддинзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Чунонки огоҳед, 9 марти соли ҷорӣ дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ба имзо расид. Тибқи моддаи 17-ум он аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи охирини хаттӣ роҷеъ ба анҷом додани расмиёти дохилидавлатии ҳар ду ҷониб мавриди амал қарор мегирад.

Бояд қайд намуд, ки то ҳол тартиби будубош ва мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Тарафҳоро дар ҳудуди якдигар Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 16 майи соли 2000 ба танзим дароварда, рафтуомадро дар асоси раводид муқаррар намуда буд. Тибқи созишномаи барои тасдиқ пешниҳодшуда, шаҳрвандони ҳар ду ҷониб аз талаботи раводиди вуруд, хурӯҷ ва транзит ба муҳлати то 30 рӯз озод мебошанд. Яъне, шаҳрвандони Тарафҳо метавонанд ба муҳлати то 30 рӯз бо шиносномаҳои хориҷӣ ба қаламрави якдигар сафар намоянд.

Мутобиқи талаботи созишномаи мазкур, шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо, ки нияти ворид шудан ва зиёда аз 30 рӯз дар ҳудуди давлатҳои Тарафҳо иқомат кардан доранд, раводидро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории давлатҳои Тарафҳо ба расмият медароранд.

Ҳамчунин, бақайдгирӣ тибқи қонунгузории миллии Тарафҳо барои шаҳрвандони якдигар дар муҳлати 3 рӯз амалӣ карда мешавад.

Қайди муваққатӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони яке аз Тарафҳо, ки бо корҳои хизматӣ дар ҳудуди давлати Тарафи дигар қарор доранд, аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори давлатҳои Тарафҳо бе ситонидани боҷу хироҷ дар асоси ҳуҷҷатҳои дар замимаҳои 1 ва 2 созишномаи мазкур зикргардида, инчунин, шаҳодатномаҳои сафари хизматӣ, амалӣ карда мешавад.

Муқаррароти созишномаи мазкур робитаҳои ду кишвари дӯстро ба сатҳи сифатан нав мебарорад. Баъд аз эътибори ҳуқуқӣ пайдо кардани созишномаи баррасишаванда, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 16 майи соли 2000 амали худро қатъ менамояд.

Ҷониби Ӯзбекистон расмиёти дохилидавлатиро ҷиҳати эътибор пайдо кардани созишнома ба анҷом расонида, дар ин хусус бо роҳҳои дипломатӣ ёддошт ирсол намуд. Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон, ки 9 марти соли 2018 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.Он аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади густариши минбаъдаи муносибатҳои миёни ду давлати бародар ва инкишофи тамосҳо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин баҳри танзими ҳуқуқии тартиби мусофирати мутақобилаи бе раводиди шаҳрвандони ҳар ду давлат, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо поён ёфт. Кӣ доир ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ахмедов Ҷаббор дода мешавад.

Ҷаббор АХМЕДОВ: - Муҳтарам Раис, ман ба муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ савол дорам. Ба номгӯйи ҳуҷҷатҳое, ки барои рафтуомад пешниҳод карда мешаванд, Шаҳодатнома барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил мебошад. Он чӣ гуна ҳуҷҷат буда, аз куҷо гирифтан мумкин аст?

Низомиддин ЗОҲИДӢ: — Агар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон будан шиносномаашро гум кунад, дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон барояш ин ҳуҷҷат дода мешавад, ки бо пешниҳоди он ӯ метавонад ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардад.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Мутобиқи моддаи 9, шахсони аз 16 то 60 – сола боҷ месупоранд. Ин боҷ дар куҷо пардохт карда мешавад?

Низомиддин ЗОҲИДӢ: — Ин ҷо сухан дар бораи мусофирате меравад, ки давомнокии он зиёда аз 30 рӯз мебошад. Яъне, дар бораи гирифтани раводид (виза),  ки дар муассисаҳои консулгарии ҳар ду тараф пардохта мешавад, на дар сарҳад ё ҷои дигар. Тибқи муқаррарот шахсони то 16-сола ва аз 60-сола боло барои гирифтани раводид (виза) маблағ намесупоранд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Созишномае, ки ба тасвиб расонида шуд, аз дигар созишномаҳо ба куллӣ фарқ мекунад. Он ормонҳо ва фироқу ноумедии мардуми ҳар ду кишварро, ки хешу пайвандони худро солиёни зиёд наметавонистанд бубинанд, бо некӣ ба анҷом расонид. Ҳар кадоми шумо шоҳид будед, ки сокинони ҳар ду кишвар ин таҳаввулотро бо хушнудӣ ва ашки шодӣ истиқбол намуданд.

Азму ирода ва талошҳои бевоситаи Пешвои миллати тоҷик ва Президенти кишвари Ӯзбекистон бори дигар аз фалсафаи инсонсозию ҷаҳондории Наврӯзи хуҷаста дарак медиҳад. Ин ду шахсияти таърихӣ тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳ фироқу ноумедии ду миллатро барҳам зананд ва бузургтарин созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд. Махсусан дар самтҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию иҷтимоӣ, мубодилаи молу коло, харидуфурӯши барқу газ, истифодаи самараноки манбаҳои обӣ, баҳсҳои марзӣ, рафтуомади сокинон ба қаламрави кишварҳои якдигар ва дигар масъалаҳои муҳим ҳалли худро пайдо намуданд.

Дар муддати кӯтоҳ ҳаллу фасл шудани ҳама масъалае, ки як соли қабл проблема ҳисобида мешуд, нишондиҳандаи иродаи комили ҳамкории судманди ҷонибҳо буд. Ва бори дигар собит намуд, ки танҳо шинохти ҳаққу ҳуқуқҳои якдигар ва эътирофи манфиатҳои тарафайн метавонад ихтилофотро аз байн бибарад, давлатҳоямонро тараққӣ диҳад ва мардумро аз мушкилот озод намояд.

Ман бо камоли хушнудӣ ва самимият ҳамаи шумо ва мардуми шарифи тоҷику ӯзбекро ба ин санаи таърихӣ муборак мегӯям. Бигузор дар хонадони ҳар кадоми мову шумо ва дар кишварҳои дӯсту бародари Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамеша тантанаи сулҳу сафо бошад.

Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати . Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 марти соли 2018 №1614 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулоса ирсол гардид. Он бо мақсади таъмини низоми имтиёз ва адолати иҷтимоӣ барои шахсоне, ки дар қисми 5 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», аз ҷумла ятимон, бепарасторон, кӯдакони маъюб, маъюбон, онҳое, ки хизматро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ адо намудаанд, дар сурати бомуваффақият супоридани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ба даст овардани холҳои гузариш аз фанҳои таълимии дахлдор) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф имтиёз доранд, омода гардидааст ва хориҷ намудани қисми 6 моддаи 10 ин қонунро дар назар дорад.

Қисми 6 моддаи 10 қонуни мазкур муқаррар намудани ҳиссаҷудокуниро (квота) барои шахсони ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ имтиёздошта дар назар дорад. Мутаассифона, ин ҳиссаҷудокунӣ (квота) шумораи ками имтиёздорандагон, аз қабили ятимон, бепарасторон, кӯдакони маъюб, маъюбон, шахсони дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизматкардаро фаро мегирад. Ҳол он ки ин ҳиссаҷудокунӣ ҳангоми қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нисбати ин табақа муқаррар нагаштааст ва аз ин имтиёз шахсони барояшон имтиёз муайянгардида бе маҳдудият истифода менамоянд. Ҳолати баррасишаванда зарурати тафриқагузориро байни ин ашхос ба миён меорад. Пешниҳод мегардад, ки ин меъёр аз қонуни амалкунанда, ки ба он соли 2017 ворид гардида буд ва татбиқи худро бинобар омилҳои болозикр наёфт, хориҷ карда шавад.

Ҳамчунин қайд намудан бамаврид аст, ки масъалаи таъмини имтиёзҳои ин ашхос зимни дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳам тариқи қонунгузорӣ ва ҳам дар санадҳои зерқонунӣ ҳалли худро пурра ёфтааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки  миллии Тоҷикистон Икромӣ Сироҷиддин Салом дода мешавад.

ИКРОМӢ Сироҷиддин Салом:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 марти соли 2017 №851 ба Бонки миллии Тоҷикистон ваколати назорати суғуртавӣ вогузор шуд. Инчунин, бо Фармони дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2017 №966, Бонки миллии Тоҷикистон мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом муайян карда шудааст. Бо дарназадошти ин, Бонки миллии Тоҷикистон ваколатдор гардидааст, ки тағйиру иловаҳои дахлдорро вобаста ба назорати  суғуртавӣ ба якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», ворид намояд. Аз ин рӯ, тағйиру иловаҳои дахлдор ба моддаи 8 қонуни мазкур ворид карда шуда, мақоми танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои ташкилоти суғуртавӣ Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда шудааст. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ:   - Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ гардонидани матни он ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва ба ин васила аз байн бурдани мухолифати қонунгузорӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду таклиф пешниҳод гардида, он ба инобат гирифта шуд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ шуд.

РАИС: -  Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми  вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

Холиқзода  Абдуманон Ғафор:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», ки бо истифода аз  ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тағйиру иловаҳое, ки тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ворид гардидаанд, равона карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли 2017 дар мулоқот ба муносибати 10 — солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки  талаботи қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат манзур намоянд. Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои  зикргардида, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои  дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, он 22 июли соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида аз 5 қисм иборат буда, дар қисмҳои 1, 2, 4 ва 5 — уми он тағйиру иловаҳо бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои он ба тағйиру иловаҳои  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида пешниҳод шудааст. Аз ҷумла, аз матни моддаи 7 ва сархати ёздаҳуми моддаи 9 калимаи «(Сарқонуни) хориҷ карда, дар моддаҳои 10, 14 ва 39 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» ва дар моддаҳои 22, 24, 32 ва 36 калимаи «ҳақ» ба калимаи «ҳуқуқ» иваз карда шудаанд. Ҳамчунин, дар матни моддаи 34 калимаҳои «ҳимояи судӣ» ва «ҳақ» мувофиқан ба калимаҳои «ҳимояи судии» ва «ҳуқуқ» иваз шудаанд.

Қисми 3 лоиҳа ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳои зикргардида таҳия гардида, тибқи он ба моддаи 15, ки масъулияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилиро муайян менамояд, қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шуд:

«Хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилӣ барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.».

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо  ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам  Раҳматович дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ:  - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда бо мақсади мутобиқ гардонидани матни он ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва муайян намудани масъулияти хизматчиёни ҳарбии қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намоян­дагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як таклиф пешниҳод гардид, ки он ба инобат гирифта шуд. Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли 2017 дар мулоқот ба муносибати 10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат манзур намоянд.

Дар робита ба иҷрои дастуру супоришҳои зикргардида, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва 22 июли соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳои дар боло зикргардида таҳия гардида, аз як қисм иборат мебошад. Тибқи он, ба қисми якуми моддаи 31, ки  масъулияти кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд,  ҷумлаи дуюм бо мазмуни зайл илова карда шуд:

«Кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим аз мансаб озод карда мешаванд.».

Аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ  намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи  ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сӯфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.

Хайрулло СӮФИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ гардонидани матни он ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва муайян намудани масъулият дар мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чор таклиф пешниҳод гардида, ҳамаи онҳо ба инобат гирифта шуданд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда  шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала  «Дар бораи  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои  сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Абдуманон Ғафор дода мешавад.

ХОЛИҚЗОДА Абдуманон Ғафор: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси  қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 11 июли соли 2017 дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати адлия, Маркази миллии қонунгузорӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро вазифадор намуданд, ки дар муддати ду моҳ хулосаҳои худро дар масъалаи аз вазифаҳои  ишғолкардаашон озод кардани хизматчиёни давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, инчунин, бамаротиб зиёд  намудани маблағи ҷарима барои соҳибкорону сарватмандон, ходимони дин ва дигар шахсоне, ки талаботи қонунро риоя намекунанд, ба Ҳукумат манзур намоянд.

Дар робита ба иҷрои дастуру  супоришҳои зикргардида, Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия гардида, он 22 июли соли 2017 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни  пешниҳодгардида бо мақсади иҷрои банди 9 нақшаи дар боло зикргардида таҳия шуда, аз 3 қисм иборат мебошад. Дар қисмҳои 1 ва 2 он тағйиру иловаҳо бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои он ба тағйиру иловаҳои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  воридгардида, аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда  шуда, дар қисми дуюми моддаи 9, сархати дуюми қисми якум ва сархати нуҳуми қисми дуюми моддаи 13 ва қисмҳои якум, чорум ва ҳафтуми моддаи 16 калимаи «қаламрави»  ба калимаи  «ҳудуди» иваз карда шудаанд.

Қисми 3-юми лоиҳа ҷиҳати иҷрои банди 9 нақшаи чорабиниҳои дар боло зикргардида таҳия гардида, тибқи он ба моддаи 18, ки масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадиро муайян менамояд, дар қисми якум ҷумлаи  сеюм  бо мазмуни зайл  илова карда шуд:

«Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ барои вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим  аз мансаб озод карда мешаванд.».

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, аз шумо – вакилони гиромӣ  хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо  ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қобилов Аҳматҷон дода мешавад.

Аҳматҷон Қобилов:  -  Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷум­ҳу­­рии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни зикршуда бо мақсади мутобиқ гардонидани матни он ба қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва муайян намудани масъулияти хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намоян­дагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта шуданд. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ