Созишномаи сулҳ – сарчашмаи таъсисёбии парламенти касбии Тоҷикистон

№88 (3389) 27.06.2015

<Роҳбарияти сиёсии Тоҷикистон бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввал ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани муқаррароти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро андешид.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 сентябри соли 1999 раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид, ки он ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуд ва бори нахуст Парламенти касбӣ иборат аз ду маҷлис: Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис дод.

27 феврали соли 2000 дар 41 ҳавзаи якмандатӣ ва як ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он даҳ нафар аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон, даҳ нафар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, 35 нафар аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва 17 нафар ғайриҳизбиён, ҳамагӣ 63 нафар вакили Парламенти касбӣ интихоб шуданд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати кӯтоҳ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта», «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Дар бораи мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи боздоштани ҷазои қатл» ва даҳҳо дигар санадҳои қонунгузориро қабул намуд, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ, ба рушди арзишҳои демократӣ дар ҷомеа нигаронида шудаанд.

Қонунҳои қабулнамудаи Парламенти касбӣ «Дар бораи гурезаҳо», «Дар бораи муҳоҷират», «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва монанди онҳо раванди баргаштани ҳамватанони иҷбориро ба маҳалли сукунаташон таъмин намуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон», «Дар бораи фаъолияти оперативӣ — ҷустуҷӯӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва монанди онҳо дар барқарор намудани оромии сиёсӣ дар кишвар саҳми босазо гузоштанд.

Созишномаҳои байналмилалӣ ва байнидавлатии Тоҷикистон, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расонид, бунёди иншооти ҳаётан муҳими мамлакат — неругоҳҳои барқи обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», хатти барқи баландшиддати «Ҷануб — Шимол», роҳҳои автомобилгарди «Душанбе — Хуҷанд — Чанак» ва «Душанбе — Ҷиргатол — Саритош», нақбҳои «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва монанди онҳоро таъмин намуда, тамоми минтақаҳои кишварро ба ҳам пайвастанд ва Тоҷикистони азизро аз бунбасти коммуникатсонӣ раҳоӣ бахшиданд.

Дар фаъолияти зиёда аз понздаҳсолаи хеш Парламенти касбӣ зиёда аз 1000 санади қонунгузориро қабул ва беш аз 300 созишномаву қарордодҳои байнидавлативу байналмилалиро ба тасвиб расонид, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлат ва ҷомеа, пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёт ва сулҳу суботро дар мамлакат таъмин менамоянд. Ҳамин тариқ, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурустии сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро собит сохта, сулҳу ваҳдатро дар замини аҷдодӣ мустаҳам гардонид.

Ба ҳайати нави Парламенти касбӣ намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимону сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносону иқтисоддонҳо, омӯзгорону табибон, муҳандисону меъморон ва намояндагони дигар соҳаҳо, 12 нафар занону бонувон ва гурӯҳи калони ҷавонон бо неруи тоза ва азму иродаи қавӣ интихоб гардиданд.

Ду нафар академик, ҳашт нафар доктори илм ва 17 нафар номзади илм ба мандати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум соҳиб шуданд, ки ин шаҳодати болоравии нуфузи Парламенти касбӣ дар ҷомеа мебошад.

Имрӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони Ҳизби аграрии Тоҷикистон (панҷ нафар), Ҳизби демократии Тоҷикистон (як нафар), Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон (се нафар), Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ду нафар), Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (як нафар) ва Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (43 нафар), инчунин ғайриҳизбиён (ҳашт нафар) фаъолият мекунанд.

Ташаккул ва рушди мунтазами парламентаризми миллӣ собит менамояд, ки Парламенти касбии мамлакат ҳамчун шохаи мустақили ҳокимият дар таҳия ва қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи ҷомеаи навин, таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар, таъмини вазъи ороми сиёсӣ ва пешрафти кишвар нақши махсус дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 марти соли 2015 зимни суханронии худ дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо боварӣ ба Парламенти касбии мамлакат зикр намуданд, ки вакилони навинтихобшуда дар роҳи эҷоди қонунҳо ва қабули онҳо, тасвиби санадҳои ҳуқуқии байналмилалии барои кишварамон зарурӣ саъю кӯшиши бештар намуда, дар таҳкими пояҳои ҳуқуқии ҳаёти давлату ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд, бо дарназардошти вазъи соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қонунҳои ба меъёрҳои ҷаҳони мутамаддин ҷавобгӯро таҳия ва қабул менамоянд.

Боиси ифтихор аст, ки кишварҳои дунё Тоҷикистони соҳибистиқлолро баробари дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангӣ, инчунин бо Парламенти касбӣ ва қонунҳои ба талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ҷавобгӯи он мешиносанд ва эътироф мекунанд.

А. ХОЛМУҲАММАДЗОДА, раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор