Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Созишномаи таъсиси Институти ҳамкории минтақавии иқтисодӣ ба тасвиб расид

№24 - 26 (3818 - 20) 24.02.2018

DSC_565221 феврали соли 2018 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон»

2. Дар бораи Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ

3. Дар бораи Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)

4. Дар бораи Созишномаи грантӣ № С35552/1990/10273 барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

РАИС: — Ба баррасии ­масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон».

Вакилони муҳтарам! Чиллазода Қарахон дар толор ҳузур дорад. Номбурда соли 1961 таваллуд шудаанд. Маълумоташ олӣ, ихтисосаш муҳосиб-иқтисодчӣ мебошад. Фаъо­лияти кориаш аз рӯи ихтисос ҷараён гирифтааст.

Аз ҷумла, дар вазифаҳои сардори Раёсати молияи шаҳри Сарбанд, сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон, раиси шаҳри Сарбанд ифои вазифа карда, аз соли 2016 сардори Раёсати молияи вилояти Хатлон буд.

Марҳамат, ба муҳтарам Чиллазода Қарахон савол доред? Нест?

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Чиллазода Қарахон» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Чиллазода Қарахон савганд ёд кард.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Дар бораи Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.

 Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Созишномаи ташкили Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (ҲИМОМ) санаде мебошад, ки бо мақсади тақвияти ҳамкории ҷумҳурӣ дар доираи давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, баланд бардоштани неруи зеҳнии кормандони вазорату идораҳо ва дарёфти роҳҳои ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёт хизмат мекунад.

Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ 6 ноябри соли 2014 дар Конфронси 13-уми вазирони давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон таъсис шудааст. Дар барномаи мазкур 11 давлати аъзо ва 6 созмони байналмилалӣ фаъолият мебаранд.

Ҷумҳуриҳои Афғонистон, Гурҷис­тон, Қазоқистон, Қирғизис­тон, Муғулистон, Хитой, Озарбойҷон, Покис­тон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва аз созмонҳо — Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Хазинаи байналмилалии асъор ва Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ба он шомил мебошанд.

Лоиҳаҳои сармоягузорие, ки дар доираи барнома амалӣ шуда истодаанд, аз тарафи созмонҳои байналмилалии номбаршуда ва давлатҳои аъзо маблағгузорӣ мешаванд. Сармоягузориҳо дар ­доираи барнома асосан ба самтҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, сиёсати савдо ва мусоидат ба савдо равона шудааст. Дар доираи барнома дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон то имрӯз 10 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ шуда, 11 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор дорад.

Вазифаҳои асосии Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ аз баланд бардош­тани савияи касбии мутахассисони давлатҳои аъзо дар раванди татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахшҳои номбаршуда, дастрасӣ ба донишҳои замонавии инноватсионӣ, анҷом додани тадқиқоти муосир дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, тақвияти иқтидори ҳамкориҳои минтақавӣ ва дастрасӣ ба истифодаи таҷрибаи пешқадам дар доираи Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ иборат мебошад.

Идоракунии институт аз тарафи «Шӯрои идоракунӣ», ки аз ҳисоби намояндагии давлатҳои аъзо дар асоси принсипи баробарӣ таъсис шудааст, амалӣ карда мешавад. Ба вазифаи раиси «Шӯрои идоракунӣ» ҳар сол, тибқи навбат, намояндаи кишварҳои аъзо аз рӯи тартиби алифбо таъин карда мешавад. Шӯрои идоракунӣ на кам аз як маротиба дар як сол ҷаласа баргузор менамояд. Инчунин, Шӯрои машваратӣ дар ҳайати на кам аз се нафар аз ҳисоби олимону коршиносон ва ходимони барҷастаи давлатӣ таъсис дода мешавад.

Шӯрои идоракунӣ ба ҳайси роҳбарият директор ва ду муовини ӯро таъин мекунад. Мутобиқи оинномаи барнома, ба вазифаи директор намояндаи давлатҳои аъзо бо навбат аз рӯи тартиби алифбо ба муҳлати ду сол таъин карда мешавад, ки дар назди Шӯрои идоракунӣ ҳисоботдиҳанда мебошад. Ҳамчунин, ҷиҳати корҳои анҷомдода ва барномаи ояндаи фаъолият ҳар сол дар Конференсияи вазирони давлатҳои аъзои Барномаи ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ ҳисобот медиҳад.

Захираҳои молиявии институт аз ҳисоби аъзоҳаққии ихтиёрии давлатҳои аъзо таъмин карда мешавад. Айни замон маблағгузории институтро Ҷумҳурии Халқии Хитой ба уҳда дорад. Макони ҷойгиршавии муассиса шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошад.

Кормандоне, ки барои пешбурди фаъолияти институт ҷалб мешаванд, тибқи талаботи созишномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи давлатҳои аъзо, аз имтиёз бархӯрдор мебошанд. Қобили тазаккур аст, ки татбиқи созишномаи мазкур аз Буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

 Сафаралӣ РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, ки 26 октябри соли 2016 дар шаҳри Исломобод ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз таъсис додани ­Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ аз баланд бардоштани иқтидори ҳамкорӣ ва рушди босуръати иқтисодии минтақавӣ бо ҷалби олимону мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ барои гузаронидани таҳқиқоти стратегӣ иборат мебошад. Ҳамчунин, институт тавассути амалӣ намудани лоиҳаҳои муштарак, маълумот ва натиҷаҳои таҳқиқоти самараноки илмиро ба кишварҳои ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ таъмин менамояд.

Созишнома аз муқаддима, чор боб ва 27 модда иборат мебошад. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбуи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон онро ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй мебошад. Аз шумо – вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома оид ба таъсис додани Институти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатӣ – «Дар бораи Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ)» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умаров Мансурҷон Ғаффорович дода мешавад.

 Мансурҷон УМАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экст­ремизм (ифротгароӣ) бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз тарафи мутахассисони мақомоти ваколатдори давлатҳо дар доираи Сохтори минтақавии зиддитеррористии созмон таҳия гардида, бо қарори Шӯрои он аз 20 марти соли 2017 таҳти № 451 маъқул дониста шудааст.

Конвенсияи мазкур ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти миллӣ, ошкорсозӣ, огоҳонӣ ва пешгирӣ намудани экстремизм, бартараф кардани таъсири он, инчунин ошкорсозӣ ва рафъи сабаб ва шароите, ки барои амалисозии он мусоидат кардаанд, равона шудааст.

Он барои давлатҳои аъзо мафҳумҳои ягонаи «экстремизм», «амали экстремистӣ», «маблағгузории экстремизм», «маводи экстремистӣ» ва «муқовимат бо экстремизм»-ро пешбинӣ намуда, онҳоро барои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар сатҳи миллӣ уҳдадор месозад.

Дар ин замина, муқаррароти конвенсия тартиби ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзоро вобаста ба ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ ба танзим дароварда, истифодаи ҳудуди як давлатро барои амалӣ намудани фаъолияти экстремистӣ ба муқобили дигар давлати аъзо манъ мекунад. Ҳамчунин, дар ҳолати миёни давлатҳои аъзо мавҷуд набудани созишномаи махсус, он ҳамчун асоси ҳуқуқӣ барои истирдоди афроди ҷиноятпеша ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ дар иртибот ба ҷиноятҳои фарогири конвенсия маҳсуб меёбад (моддаи 11).

Санади мазкур, инчунин шароит фароҳам меорад, ки мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзо амалиёти муштарак гузаронида, кормандонро ба ҳудуди давлатҳои якдигар ҷиҳати иштирок дар амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ва ҳаракатҳои тафтишотӣ сафарбар намоянд.

Зимни сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон (9 июни соли 2017) ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, Конвенсия оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) ба имзо расид. Тибқи моддаи 29-уми Конвенсия он бояд аз ҷониби давлатҳои аъзо мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор гирад.

Дар робита бо супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин бобат аз 20 июни соли 2017 № 113032 (29-10) лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи (ратификатсияи) Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳия гардидааст. Санади зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат накарда, қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки бо мақсади ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои СҲШ лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

 Анвар Тағоймуродов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ), ки 9 июни соли 2017 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Он тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 12 феврали соли 2018 № 1568 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Конвенсия аз дебоча ва 35 модда иборат буда, бо мақсади зарурати ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай вобаста ба ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти экстремистӣ, инчунин манъ намудани истифодаи ҳудуди як давлати аъзо барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ ба муқобили дигар давлати аъзои ҳамин Созмон, бо дарназардошти принсипҳои умумиэътирофшуда ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конвенсияи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 15 феврали соли 2018 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод, ки он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардид.

Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экстремизм (ифротгароӣ) ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба муқовимат ба экст­ремизм (ифротгароӣ)» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Дар бораи Созишномаи грантӣ № С35552/1990/10273 барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим дода мешавад.

 Исмоилзода Мирзо Иброҳим:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Мақсади асосии Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» аз кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ, тавассути қисман таҷдид кардани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ ва насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ иборат мебошад.

Татбиқи Лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи аврупоӣ солҳои 2011-2012 пешниҳод гардидаанд, ба роҳ монда шудааст. Қобили зикр аст, ки қаблан дар асоси талаботи созишномаҳои баимзорасида дар доираи лоиҳаи мазкур иҷрои 2 қарордод (Лот) ба нақша гирифта шуда буд:

Лоти 1. «Таҳвил ва насби ҳисобкунакҳо, таҷҳизоти системаи гирифтани нишондодҳои ҳисобкунакҳо, системаи биллинг барои шаҳри Хуҷанд ва атрофи он».

Ҷиҳати иҷрои лоти мазкур 19 феврали соли 2014 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Консорсиуми «ЗТИ корпорейшн ва хексинг» қарордод ба маблағи 22818979 доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Консорсиуми «ЗТИ корпорейшн ва хексинг» корҳои насбу васли таҷҳизотро 30 ноябри соли 2017 пурра ба анҷом расонид. То санаи мазкур зиёда аз 80 000 адад ҳисобкунаки электронии интеллектуалӣ, зиёда аз 2 100 маҷмӯъ трансформатори ҷараён, 187 адад трансформатори шиддат ва ҷараёни якҷоякардашуда, сис­темаи автоматии идора ва ҳисоби қувваи барқ, системаи биллинг, 6 862 адад сутуни оҳану бетонӣ, 2 844 километр кабелу ноқилҳои бурриши гуногун, 545 адад қуттии воридотии шиддати 0,4 кВ ва дигар лавозимоти ба онҳо алоқаманд дар шаҳри Хуҷанд ва қисмати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров насбу васл карда шуд. Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур барои идораи Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд ва идораи Шабакаҳои барқии Суғд ҷиҳати дар оянда хизматрасонӣ намудан ба муштариён, барои фонди гардиш ҳисобкунакҳои барқии электронӣ, таҷҳизоти алоқа, қуттиҳои ҳисобӣ, кабелу ноқилҳо ва дигар таҷҳизоту лавозимоти барқии ба онҳо алоқаманд супорида шуданд.

Лоти 2. «Таҷдиди Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд»

Дар доираи лоти мазкур 19 марти соли 2014 байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва ширкати ватании ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» (Тоҷикистон) қарордод ба маблағи 4 417 010,43 доллари ИМА ба имзо расонида шуд.

Қарордоди мазкур аз ду қисм иборат буд.

Қисми аввал:

- сохтмони ЗИ «Ваҳдат» (Нагорная)-110/10 кВ.

Хатти барқии 110 кВ ва ЗИ «Ваҳдат» (Нагорная) 110/10 кВ аз ҷониби комиссияи корӣ қабул гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 октябри соли 2015 ба истифода дода шуд.

Қисмати дуюм:

- таҷдиди шабакаи барқии шиддати миёна дар соҳили чапи шаҳри Хуҷанд.

Кор дар қисмати мазкур пурра ба анҷом расида, аз ҷониби комиссияи корӣ қабул гардидааст. Дар ин қисмат, қисман таҷдид намудани шабакаи барқии шиддати миёна дар соҳили чап дар шаҳри Хуҷанд бо хобонидани зиёда аз 14 000 метр кабели шиддати 6-10 кВ ва насбу васли 14 адад трансформатори қуввагии 6-10/0,4 кВ ба анҷом расонида шудааст.

Мониторинги натиҷаҳои фосилавӣ нишон дод, ки лоиҳа ба ҳадафҳои асосӣ расида, талафоти неру коҳиш ёфта, сатҳи барқтаъминкунии аҳолӣ беҳтар гардидааст. Баробари ин дастовардҳо, то ҳол дар баъзе қисматҳои шаҳри Хуҷанд, хусусан дар фасли зимистон, бо сабаби сербории зеристгоҳҳои мавҷудаи соҳили чапи шаҳр, шиддати қувваи барқ паст мебошад. Ҷиҳати ҳалли ­масъала дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул гардид, ки дар соҳили чапи шаҳри Хуҷанд зеристгоҳи нави «Темурмалик» 110/10 кВ бунёд карда шавад. Барои сохтмони зерист­гоҳ 3 августи соли 2016 аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 4 миллион доллари ИМА ҳамчун қарз пешниҳод гардид.

Инчунин, ҷиҳати дастгирии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар иҷрои корҳо, аз ҷониби бонки мазкур 299 000 евро ҳамчун грант пешниҳод карда шуд. Созишномаи грантӣ № С 35552/1990/10273 барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба Гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд» 10 апрели соли 2017 ба имзо расонида шуд. Бо сабаби он ки созишномаи имзогардида як қатор масъалаҳо, ба монанди озодкунӣ аз масъулият, андозбандӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд, тасдиқи он аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лозим аст.

Дар баробари ин, тибқи банди 15 «Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», лоиҳаи қарори мазкур мавриди арзёбии дохилиидоравӣ қарор гирифт ва дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нагардид.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

 Нидозода Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ № С35552/1990/10273 барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикис­тон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 10 апрели соли 2017 ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Тазаккур бояд дод, ки татбиқи лоиҳаи ёдрасшуда солҳои 2011-2012 аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ ва грантӣ, ки аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи аврупоӣ пешниҳод шудааст, оғоз гардида буд.

Мониторинги натиҷаҳои фосилавӣ нишон дод, ки лоиҳаи мазкур ба ҳадафҳои асосӣ расида, талафоти неру коҳиш ёфта, сатҳи барқтаъминкунии аҳолӣ беҳтар гардидааст.

Ҳамчунин, созишномаи имзогардида масъалаи аз андозбандӣ озод намуданро низ пешбинӣ менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо тасдиқ намудани созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Доир ба масъалаи мазкур кӣ савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ҳангоми мулоқот бо интихобкунандагон дар вилояти Суғд як гурӯҳ аз шаҳри Хуҷанд дар хусуси пардохт намудани маблағи зиёд барои истифодаи неруи барқ дар моҳҳои ноябр ва декабр шикоят карданд. Сабаби ин дар чист?

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим: — Дар ҳақиқат, бо ин мазмун аз ҷониби сокинони шаҳри Хуҷанд ба ШСХК «Барқи Тоҷик» шикоят ворид шуд.

Таҳлил ва санҷиш нишон дод, ки воқеан ҳам, моҳҳои ноябр ва декабр, бинобар набудани сарчашмаи дигари гармкунии биною манзилҳо, истифодабарии неруи барқ афзоиш ёфтааст.

Муроҷиати мазкур якҷо бо идораи Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода, сабаби воқеии зиёд истифода гардидани неруи барқ ба онҳо фаҳмонида шуд.

РАИС: — Ҳоло нархи барқ барои аҳолӣ чӣ қадар аст?

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим: — Як киловатт неруи барқ ба аҳолӣ бо нархи 16,85 дирам фурӯхта мешавад. Яъне, нархи як киловатт неруи барқ барои аҳолӣ 15 фоиз зиёд гардид ва як сабаби шикояти сокинони шаҳри Хуҷанд низ ба баландшавии тарифи неруи барқ вобастагӣ дорад. Барои корхонаҳои саноатӣ ва ғайрисаноатӣ бошад, 40 дирам муқаррар шудааст.

РАИС: — Нархи неруи барқ дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим: — Нархи неруи барқ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон назар ба ҷумҳурии мо хеле баланд аст. Нархи неруи барқ танҳо дар Ҷумҳурии Қирғизистон, дар муқоиса бо кишвари мо, арзонтар мебошад.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Сабаби баланд бардоштани нархи неруи барқ дар чист?

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим: — Сабаби асосӣ баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани иншооти соҳа ба шумор меравад. Ҳамчунин, солҳои охир барои таъмири иншооти гидроэнергетикӣ аз созмонҳои байналмилалии молиявӣ маблағи зиёди қарзӣ ҷалб гардид, ки баргардонидани онҳо низ маблағи бисёр талаб менамояд. Бинобар ин, нархи неруи барқ зиёд карда шуд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Рӯзадор Муҳаббатшо дода мешавад.

МУҲАББАТШО Рӯзадор: — Сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз баланд будани нархи неруи барқ дар ташвишанд, зеро дар ВМКБ нархи як киловатт неруи барқ 24 дирам аст. Оё ШСХК «Барқи Тоҷик» ба ширкати «Помир энержи» дар масъалаи танзими нархи неруи барқ таъсир расонида метавонад?

ИСМОИЛЗОДА Мирзо Иброҳим: — Ширкати «Помир энер­жи» мустақилона фаъолият мекунад. Яъне, ширкати мазкур зерсохтори «Барқи Тоҷик» нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи грантӣ № С35552/1990/10273 барои лоиҳаи «Кам намудани талафоти неру дар вилояти Суғд» — расонидани кумак ба гурӯҳи татбиқи лоиҳа дар Тоҷикистон байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

САИД Нуриддин Саид:

- ­Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро бо чанд мақсад пешниҳод намуд. Аввалан, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба тағйиру иловаҳое мебошад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид шудаанд. Ин амал дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 № 85 (21) ва мактуби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016 № 4-4-1705 ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, сурат гирифт.

Мақсади дигар иборат аз он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар бо низоми анъанавӣ (мутахассис — номзади илм — доктори илм) бояд дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ ва таъсиси постдокторантура (бакалавр — магистр — доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат), ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат доранд, роҳандозӣ карда шавад. Тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пешниҳод гардидаанд, норасоиҳои мавҷударо аз байн бурда, низоми тайёркунии кадрҳои илмӣ ва педагогиро тибқи низоми анъанавӣ ва низоми нави бисёрзинагӣ ба танзим медароранд. Аз ҷумла:

- низоми анъанавии дараҷаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ (мутахассис — номзади илм — доктори илм), ­шаклҳои таҳсил дар он (аспирантура — докторантура) ва унвонҳои илмӣ (дотсент — профессор) пурра танзим мегардад;

- низоми нави бисёрзинагии дараҷаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ (бакалавр — магистр-доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос-доктор хабилитат), шаклҳои таҳсил дар он (бакалавриат-магистратура — докторантура аз рӯи ахтисос — постдокторантура) ва додани унвонҳои илмӣ ба соҳибони ин дараҷаҳои илмӣ (дотсент- профессор) пурра ба танзим меояд.

Бояд таъкид намуд, ки бакалавриат ва магистратура дар ҷумҳурӣ пурра роҳандозӣ шуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 қабул ба дараҷаи «мутахассис» қатъ ёфтааст. Ҳамчунин, ба докторантура аз рӯи ихтисос аз сентябри соли 2015 қабул ба роҳ монда шудааст, ки хатми нахустини он дар моҳи августи соли 2018 сурат мегирад. Аз ин рӯ, то ин давра бояд шакли таҳсили минбаъдаи онҳо дақиқ карда шавад. Бо ин мақсад тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷумҳурӣ пешниҳод гардида, таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт омӯхта шудааст.

Дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрико, инчунин собиқаи андӯхтаи Россия, Қазоқистон ва Молдавия бояд таъкид намуд, ки постдокторантура дар кишварҳои ҷаҳон ба таври гуногун сурат мегирад, вале ду шакли асосии он бештар маъмул аст:

Якум, постдокторантура ба таври гузаштан аз такмили ихтисоси илмӣ ва педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ ё илмии пешбар дар давоми се сол сурат гирифта, ба шахсоне, ки унвони доктор аз рӯи ихтисос доранд (PhD), дар асоси таҷрибаи гирифта, бе таълиф ва дифои рисолаи докторӣ дар асоси муҳимтарин матолиби чопшудаи онҳо (монография, мақолаҳо, китобҳои дарсӣ, ихтироот ва ғайра), унвони доктори пурра ё профессори пурра (full professor) дода мешавад. Дар баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Америка ва Австралия ҳамин шакли постдокторантура қабул шудааст.

Дуюм, постдокторантура дар шакли фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ ё илмии пешбар ба муҳлати на кам аз се сол ва дар ин давра таълиф намудани рисолаи алоҳидаи докторӣ, ки аз ҷиҳати ҳаҷм ва мундариҷаю аҳамияти илмӣ аз рисолаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) хеле бузургтару болотар аст, бе роҳбар ё мушовири илмӣ навишта мешавад. Ин навъи постдокторантура, ки «ҳабилитатсия» ё «габилитатсия» (habilitation, аз калимаи лотинии habilis — болаёқат, салоҳиятдор) номида мешавад, дар Швейтсария, Олмон, Австрия, Дания, Булғория, Полша, Португалия, Шветсия, Финландия, Чехия, Венгрия, Словакия, Словения, Латвия ва қисман дар Эстония ва Молдавия қабул шудааст. Ин шакли постдокторантураро дар Россия низ эътироф намудаанд. Аз ҷумла, дар Россия дипломи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) баробар бо дипломи номзади анъанавии илм ва дипломи постдокторантура дар шакли хабилитатсия баробар бо дипломи доктори анъанавии илм эътироф карда мешавад. Ин шакли ҳабилитатсия ба низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шабоҳати зиёд дорад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли дуюми постдокторантураро пешниҳод намудааст.

Ҳамин тариқ, дар тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда мафҳумҳо ба тариқи зерин дақиқ карда шудаанд:

- докторант аз рӯи ихтисос — мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии магистр мебошад, ки бо мақсади таҳияи рисола ва омодагӣ барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура аз рӯи ихтисос таҳсил мекунад;

- доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос — дараҷаи олии академие аст, ки ба шахсони барномаи касбии докторантураро аз рӯи ихтисоси муайян аз бар намуда, баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад;

- постдокторант — шахсест, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос буда, барои дарёфти дараҷаи доктор ҳабилитат ба постдокторантура қабул шудааст;

- доктор ҳабилитат — дараҷаи олии академие мебошад, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян гузашта, баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ва «Дар бораи маориф» ворид шудаанд, ба такмили низоми миллии тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мусоидат мекунанд.

РАИС: — Масъала хеле муҳим буда, давраи гузаришро дар бар мегирад. Муҳтарам вазир, оё мо барои анҷоми корҳо омодаем? Шароит дар донишгоҳу муассисаҳо, Академияи илмҳо ва ғайра, фароҳам аст?

Саид Нуриддин Саид: — Мо ба низоми нави таълим пурра гузаштем. Даҳҳову садҳо низомномаи нав таълиф шудаву дастрас гардидааст, нақшаҳои таълимию стандартҳои давлатӣ қабулу таҳия шудаанд. Низомномаҳои бакалавр, мутахассис, магистр бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат тасдиқ шудаанд. Барои таҳсил дар зинаи магистратура Федератсияи Россия ва дигар давлатҳо садҳо квота ҷудо карда истодаанд ва аз ҷумҳурӣ ба он ҷойҳо фиристода мешаванд.

Дигар ин ки аз соли 2015 барномаҳои таълимӣ, стандартҳои давлатӣ, нақшаҳои таълимии доктор PhD-ро омода кардем. Аввалин хатми доктор PhD-ҳо моҳи августи соли 2018 шурӯъ мешавад. Ба ҳамин ният шӯроҳои миллӣ низ ташкил карда шуд. Ҳоло се сол аст, ки Комиссияи олии аттестатсионӣ амал мекунад. Мунтазири аввалин дифоъҳои доктор PhD ва доктор аз рӯи ихтисосем. Аллакай якчанд рисолае, ки дар хориҷи кишвар таҳия шудааст, омодаи дифоъ мебошанд.

РАИС: - Вазъ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ чӣ гуна аст?

САИД Нуриддин Саид: — Ҳоло аз рӯи се зина таълим ҷорӣ шудааст. Зинаи аввал — ибтидоӣ, зинаи дуюм — таҳсилоти умумии асосӣ ва зинаи сеюм таҳсилоти миёнаи умумӣ аст. Аз соли 2020 бояд гузариш ба низоми таълими 12-сола шурӯъ шавад.

РАИС: - Шумо, ҳамчун роҳбари соҳа, хуб медонед, ки сифати таълим дар шаҳру деҳот як хел нест. Имконият дар шаҳрҳо хуб аст, вале дар деҳот чунин шароит вуҷуд надорад. Ҳатто дар баъзе минтақаҳо муаллимон намерасанд, баъзе фанҳо нахонда мемонанд. Дар натиҷа, онҳое, ки аз маҳалҳо меоянд, ба имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ ба таври бояду шояд омода намегарданд. Чӣ бояд кард?

САИД Нуриддин Саид: — Дар ҷаласаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки чанде пеш доир гардид, Раиси Ҳизби халқии демок­ратии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон аз хусуси ин масъала сухан ронданд. Дар ҳақиқат, ҳоло барои хонандагони шаҳру деҳот шароити якхелаи таҳсил муҳайё накардаем. Аз 3871 мактабе, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуд дорад, дар 26 соли истиқлолият тахминан беш аз ду ҳазори онҳо навсозӣ шудааст. Мактабҳои боқӣ дар шароити басо ногуворанд. Сухан дар бораи он мактабҳое меравад, ки аз солҳои 50-70 -уми асри гузашта мерос мондаанд. Бештари онҳо таъмири асосӣ надида, ҳатто як қисмашон садамавианд. Он вақт, фарқи байни хонандагон барҳам мехӯрад, ки агар ин мактабҳо навсозӣ шуда, бо синфхонаҳои муҷаҳҳази компютерӣ, фаннӣ, озмоишӣ муҷаҳҳаз гарданд.

Вазорати маориф ва илм дар ин хусус барнома мураттаб намудааст ва тибқи он амал мекунад.

РАИС: — Сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Фелалиев Акрамшо дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Оё ­дипломҳои муассисаҳои олии кишвар дар Лондон, Вашингтон ё Сидней эътироф мешаванд?

- Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 бо Иттиҳоди Аврупо созишнома ба имзо расид ва тибқи он дип­ломҳои муассисаҳои олии мамлакат дар ҳама ҷо эътироф карда мешаванд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Назирӣ Гулбаҳор дода мешавад.

Гулбаҳор Назирӣ: — Муҳтарам вазир, дар лоиҳаи қонун омадааст, ки таҳсил дар докторантура танҳо рӯзона хоҳад буд. Оё онҳое, ки бинобар беморӣ имкони рӯзона таҳсил кардан надоранд, аз ин ҳуқуқ маҳрум мешаванд?

САИД Нуриддин Саид: — Шакли таҳсили ғоибона низоме буд, ки баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ зуҳур кард. Он вақт ҳатто шакли таҳсили шанбеву якшанбе ва шабона низ мавҷуд буд. Он замон рушди босуботи давлат шурӯъ гардид ва ҷойи кор намерасид. Дар ягон гӯшаи дигари дунё шакли таҳсилоти ғоибона вуҷуд надошт. Мо низ шакли таҳсилоти ғоибонаро бастем ва шакли таҳсилоти фосилавиро шурӯъ кардем.

Низоми таҳсили докторантура шакли ғоибона надорад, фосилавӣ низ. Ин низоми фаъоли таҳсил аст.

РАИС: — Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим Ғаффоров: - Дар Консепсияи миллии таҳсилот мафҳуми «ҳамгирон» ҷой дорад. Оё дар ҷумҳурӣ мафҳуми «Ҳамгирони магистрӣ» вуҷуд дорад ва он метавонад ихтисоси иқтисодиро ба ихтисоси ҳуқуқӣ табдил диҳад?

САИД Нуриддин Саид: — Дар системаи магистратура ҳамгирон вуҷуд надорад. Масалан, шахсе, ки соҳаи тибро хатм кардааст, ба магистратура барои ба ихтисоси ҳуқуқшиносӣ соҳиб шудан бояд ҳуҷҷат насупорад. Вай аз рӯи самт, аз рӯи тахассусаш ба магистратура дохил мешавад.

РАИС: — Масъалаҳои соҳаи маориф ниҳоят зиёданд. Бояд бо муҳтарам вазири маориф ва илм як вохӯрии алоҳида созмон дода, аз паҳлуҳои гуногуни рушди соҳа хабардор шавем.

Сухан аз рӯи масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Маориф муҳимтарин воситаи рушди ҷомеаи инсонӣ буда, бобати баланд бардоштани дараҷаи маъри­фатнокии ҷомеа ва рушди инсон нақши бузург мебозад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар мулоқот бо аҳли зиё чунин баён намуданд: «Низоми маориф яке аз муҳимтарин низомҳои замони мост. То даме ки дар сохтори таҳсилот тағйироти куллӣ ба амал наояд, мо дар рушди фарҳанг ва маориф ба дараҷаи дилхоҳ расида наметавонем».

Дар рушди кунунии ҷомеа боз­созии низоми илм ва таҳсилот аҳамияти бузург дорад. Вобаста ба танзими муносибатҳо дар соҳаи илму маориф оид ба роҳандозӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ (бакалавр — магистр — доктори фалсафа PhD — доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат) зарурат пеш омад, ки заминаи меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шавад. Бо ин мақсад аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пешниҳод гардид, ки он аз 2 модда ва 13 қисм иборат мебошад.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2017 №1401 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Аз ҷониби субъектони дахлдор лоиҳаи қонун ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 45 таклифу пешниҳод манзур шуд. Пас аз таҳлилу баррасӣ, 36 таклиф пурра ва як таклиф қисман қабул гардид.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон 1 декабри соли 2017 барои тафсири зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур дар мавзӯи «Роҳандозӣ намудани низоми бисёрзинагии тайёр кардани кадрҳои илмӣ (доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат) омодагиҳо, замина ва натиҷаи гузариш ба низоми мазкур» бо иштироки олимони соҳаҳои гуногун суҳбати гирди миз баргузор намуд.

6 феврали соли 2018 дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти эродҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардид, такмил дода шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

САИД Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»-ро бо мақсади зерин пешниҳод намудааст:

Аввалан, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 22 майи моли 2016 аз аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд. Инчунин, танзим намудани зинаҳои таҳсилоти баъди­дипломии «докторантура аз рӯи ихтисос» ва «постдокторантура» ҷиҳати воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ, аз ҷумла, ба раванди Болония тибқи талаботи Конвенсияи Лиссабон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст.

Тағйиру иловаҳое, ки ба қонуни мазкур ворид карда шудаанд, дар баробари низоми анъанавӣ (таҳсилоти олии касбӣ — аспирантура -докторантура) ҷорӣ ва роҳандозӣ кардани дараҷаҳои низоми бисёрзинагии таҳсилот, аз ҷумла, «докторантура аз рӯи ихтисос»-ро бо додани дараҷаи «доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос» ва постдокторантураро бо додани дараҷаи илмии «доктори ҳабилитат» пешбинӣ менамоянд.

Бо ин мақсад ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» мафҳумҳои нави «докторан­тура аз рӯи ихтисос» ва «постдокторантура» ворид карда шуда, дар матни қонуни мазкур пас аз калимаи «аспирантура» калимаҳои «докторантура аз рӯи ихтисос», баъд аз калимаи «докторантура» калимаҳои «постдокторантура» илова карда шудааст.

Дар баробари ин, дар лоиҳа барои докторантҳо аз рӯи ихтисос ва постдокторантҳо, ки мақоми баробар бо аспирантҳо ва докторантҳо доранд, стипендия пешбинӣ шудааст, ки дар қонуни амалкунанда пешбинӣ нагардида буд. Аз ин рӯ, стипендия дар лоиҳа чун маблағе шарҳ ёфтааст, ки барои хонандагон, донишҷӯён, интернҳо, ординаторҳо, аспирантон, докторантҳо аз рӯи ихтисоси гурӯҳҳои таҳсили рӯзона, докторантон ва постдокторантҳо пардохт карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти эроду пешниҳод ва иловаҳои вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрир ва тибқи муқаррарот бо мақомоти дахлдор мувофиқа шудааст.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Муртазоқулов Ҷамшед Саидалиевич дода мешавад.

 Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ва бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 11 декабри соли 2017 №1490 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиё­сати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои хулоса ирсол гардида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи маориф, такмили қонунгузории соҳа ва дар баробари низоми анъанавии тайёр кардани кадрҳои илмӣ роҳандозӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ (бакалавр — магистр -доктори фалсафа-доктор аз рӯи ихтисос -доктори ҳабилитат) таҳия гардидааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои такмили он 55 таклиф пешниҳод намуданд, ки 30 -тои он пурра ва 19-тои дигар қисман қабул шуд.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид дода мешавад.

 САИД Нуриддин Саид:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро бо якчанд мақсад пешниҳод намудааст. Аввалан, мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016, тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд. Ин амал дар асоси дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 январи соли 2017 № 85 (21) ва мактуби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2016 № 4-4-1705 ҷиҳати мутобиқ намудани санадҳои қонунгузорӣ ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, сурат гирифтааст.

Мақсади дигари тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ворид карда шудааст, иборат аз он аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар бо низоми анъанавӣ (мутахассис-номзади илм-доктори илм) дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ ва таъсиси постдокторантура (бакалавр -магистр-доктори фалсафа PhD, доктор аз рӯи ихтисос -доктор хабилитат), ки ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқат доранд, пурра роҳандозӣ карда шавад.

Чунонки маълум аст, тибқи банди 14 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» (22 апрели соли 2009 қабул шудааст) пешбинӣ гардидааст, ки «дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи алтернативии докторантура аз рӯи ихтисоси муайян бо додани дараҷаи олии академӣ- доктори PhD, доктор аз рӯи ихтисос баъди хатми барномаи таълимии касбии магистратура амалӣ мегардад, ки муҳлати таҳсил дар он на камтар аз се сол мебошад». Аммо, мутаассифона, доктор аз рӯи ихтисос ва шакли таҳсили он — докторантура аз рӯи ихтисос дар қонунгузории амалкунанда пурра тафсир наёфта, таҳсили минбаъдаи соҳибони дараҷаи олии академӣ -доктори PhD, доктор аз рӯи ихтисос дар постдокторантура ва гирифтани дараҷаи болотари академӣ умуман пешбинӣ нагардидааст.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, тағйиру иловаҳое, ки ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» пешниҳод гардидаанд, норасоиҳои мавҷударо аз байн бурда, низоми тайёркунии кадрҳои илмӣ ва педагогиро ҳам тибқи низоми анъанавӣ ва ҳам низоми нави бисёрзинагӣ ба танзим медароранд. Аз ҷумла:

- низоми анъанавии дараҷаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ (мутахассис — номзади илм — доктори илм), шаклҳои таҳсил дар он (аспирантура — докторантура) ва унвонҳои илмӣ (дотсент -профессор) танзим мегардад;

- низоми нави бисёрзинагии дараҷаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ (бакалавр — магистр — доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат), шакл­ҳои таҳсил дар он (бакалавриат — магистратура — докторантура аз рӯи ихтисос — постдокторантура) ва додани унвонҳои илмӣ ба соҳибони ин дараҷаҳои илмӣ (дотсент — профессор) пурра ба танзим меояд.

Бояд таъкид намуд, ки бакалавриат ва магистратура дар ҷумҳурӣ пурра роҳандозӣ шуда, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2015 қабул ва дараҷаи «мутахассис» қатъ ёфтааст. Ҳамчунин, ба докторантура аз рӯи ихтисос аз сентябри соли 2015 қабул ба роҳ монда шуд, ки хатми нахустини он августи соли 2018 сурат мегирад. Аз ин рӯ, то ин давра бояд шакли таҳсили минбаъдаи онҳо дақиқ карда шавад.

Бо ин мақсад тағйиру иловаҳо ба қонунгузории ҷумҳурӣ пешниҳод ва таҷрибаи ҷаҳонӣ дар ин самт омӯхта шудааст. Дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи Аврупо ва Амрико, инчунин собиқаи дар Федератсияи Россия, Қазоқис­тон ва Молдавия ҷорибуда бояд таъкид намуд, ки постдокторантура дар кишварҳои ҷаҳон ба таври гуногун сурат мегирад, вале ду шакли асосии он бештар маъмул аст:

Якум, постдокторантура ба таври гузаштан аз такмили ихтисоси илмӣ ва педагогӣ дар муассисаҳои таълимӣ ё илмии пешбар дар давоми ду-се сол сурат гирифта, ба шахсоне, ки унвони доктор аз рӯи ихтисос доранд (PhD), дар асоси таҷрибаи гирифта, бе таълиф ва дифои рисолаи докторӣ дар асоси муҳимтарин матолиби чопшудаи онҳо (монография, мақолаҳо, китобҳои дарсӣ, ихтироот ва ғайра) унвони доктори пурра ё профессори пурра (full professor) дода мешавад. Дар баъзе кишварҳои Аврупои Ғарбӣ, Америка ва Австралия ҳамин шакли постдокторантура қабул шудааст.

Дуюм, постдокторантура дар шакли фаъолият дар муассисаҳои таълимӣ ё илмии пешбар ба муҳлати на камтар аз се сол ва дар ин давра таълиф намудани рисолаи алоҳидаи докторӣ, ки аз ҷиҳати ҳаҷм ва мундариҷаю аҳамияти илмӣ аз рисолаи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) хеле бузургтару болотар аст, бе роҳбар ё мушовири илмӣ навишта мешавад. Ин навъи постдокторантура, ки «ҳабилитатсия» ё «габилитатсия» (habilitation, аз калимаи лотинии habilis — болаёқат, салоҳиятдор) номида мешавад, дар Швейтсария, Олмон, Австрия, Дания, Булғория, Полша, Португалия, Шветсия, Финландия, Чехия, Венгрия, Словакия, Словения, Латвия ва қисман дар Эстония ва Молдавия қабул шудааст. Ин шакли постдокторантура дар Федератсияи Россия низ эътироф гардидааст. Аз ҷумла, дар Федератсияи Россия дипломи доктор аз рӯи ихтисос (PhD) баробар бо дипломи номзади анъанавии илм ва дипломи постдокторантура дар шакли ҳабилитатсия баробар бо дипломи доктори анъанавии илм эътироф мешавад. Ин шакли ҳабилитатсия ба низоми тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шабоҳати зиёд дорад. Аз ин рӯ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамин шакли дуюми постдокторантураро пешниҳод намудааст.

Ба ҳамин тариқ, дар иловаю тағйироти пешниҳодшуда мафҳумҳо ба тариқи зерин дақиқ карда шудаанд:

- докторант аз рӯи ихтисос — мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбии магистр мебошад, ки бо мақсади таҳияи рисола ва омодагӣ барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос дар докторантура аз рӯи ихтисос таҳсил мекунад;

- доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос — дараҷаи олии академӣ буда, ба шахсони барномаи касбии докторантураро аз рӯи ихтисоси муайян азбарнамуда, баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор, дода мешавад;

- постдокторант — шахсе, ки соҳиби дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос буда, барои дарёфти дараҷаи доктор ҳабилитат ба постдокторантура қабул шудааст.

- доктор хабилитат — дараҷаи олии академие мебошад, ки ба шахсони барномаи постдокторантураро аз рӯи ихтисоси муайян гузашта, баъд аз ҳимояи рисолаи илмии дахлдор, дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳое, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ворид карда шудаанд, ба такмили низоми миллии тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ мусоидат мекунанд.

Хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Раҷабова Лутфия Нусратовна дода мешавад.

Лутфия РАҶАБОВА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» бо мақсади мутобиқ гардонидани қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин танзими муносибатҳои соҳаи илм вобаста ба роҳандозӣ намудани дараҷаҳои низоми бисёрзинагӣ (бакалавр — магистр — доктори фалсафа PhD — доктор аз рӯи ихтисос — доктор ҳабилитат) таҳия гардида, бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 2017 №1402 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он 18 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 14 -тои он қабул гардид.

Шашуми феврали соли 2018 дар ҷаласаи васеи кумита лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид. Лоиҳаи қонун бо дарназардошти эродҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров баён гардид, такмил дода шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» оғоз менамоем.     Сухан аз рӯи ин масъала ба директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмудинов Сафаралӣ Маҳсудинович дода мешавад.

Сафаралӣ Наҷмудинов:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар сиёсати иҷтимоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини саривақтии нафақаву кумакпулиҳои иҷтимоӣ ва дастгирии иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мавқеи махсус дошта, пайваста дар ин самт дар доираи стратегия ва барномаҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Вобаста аз вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, аз 1 сентябри соли ҷорӣ зиёд намудани андозаи нафақаи шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст, ки ин ҳам идомаи ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии нафақагирон мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» низ дар доираи идомаи ислоҳоти соҳа ва бо мақсади мутобиқ намудани шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба принсипҳои суғуртавӣ таҳия гардидааст.

Мутобиқи моддаҳои 1 ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» кумакпулӣ барои бекорӣ ҳамчун як намуди кумакпулии иҷтимоие, ки аз низоми суғуртаи давлатии иҷтимоӣ бармеояд, бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» таъин ва пардохт карда мешавад.

Мувофиқи қонуни мазкур, барои гирифтани кумакпулӣ барои бекорӣ шаҳрвандони бекоре ҳуқуқ доранд, ки дар давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат на камтар аз 18 моҳ собиқаи корӣ дошта бошанд ва ҳатман аз музди меҳнати ин давраи фаъолияти онҳо суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт шуда бошад. Яъне, қонуни зикршуда вобаста аз принсипҳои суғуртавӣ меъёри камтарини собиқаи кориро барои кумакпулӣ барои бекорӣ муайян намудааст.

Ба шахсоне, ки давоми 3 соли охири пеш аз муроҷиат аз 18 моҳ камтар собиқаи корӣ доранд ё умуман собиқаи корӣ надоранд, яъне, шахсоне, ки суғурта нашудаанд, бояд кумакпулӣ барои бекорӣ на аз ҳисоби маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, балки ҳамчун имтиёз ё дастгирии молиявии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда шавад. Бинобар ин, дар лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда, пешбинӣ гардидааст, ки барои таъмини чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ аз соли 2020 аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ низ маблағ ҷудо карда мешавад ва пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба шахсони дар боло зикршуда, шаҳрвандоне, ки аз хизмати ҳарбӣ тибқи даъват рухсат шудаанд ва шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ ё аз муассисаҳои табобати маҷбурӣ озод шудаанд, аз ҳисоби ин маб­лағҳо таъмин карда мешаванд.

Барои тақвияти назорати истифодаи мақсаднок ва суроғавии маб­лағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки барои ҳифзи ­иҷтимоии шаҳрвандони муваққатан бекор равона мешаванд ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар истифодаи ин маблағҳо ба моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» қисми нав ворид карда шуд, ки чунин механизми мукаммали ҳисоботдиҳӣ ва назорати доимии маблағҳои зикршуда дар муқаррароти қонуни амалкунанда пешбинӣ нашудааст.

Ҳамчунин, муқаррароти қисми сеюми моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба талаботи қисми дуюми моддаи 24 қонуни мазкур ва қисми 1 моддаи 169 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд, ки он пардохти суроғавии кумакпулӣ барои бекориро таъмин менамояд.

Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба мукаммалсозии низоми идоракунии молиявии маблағҳои Буҷети давлатӣ ва самаранокии иҷрои чорабиниҳои Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ равона гардидааст. Аз ин рӯ, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон дода мешавад.

ҚУРБОНЗОДА Ҳилолбӣ Ҷумъахон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсад аз пешниҳоди тағйиру иловаҳо мутобиқ намудани шартҳои пардохти кумакпулӣ барои бекорӣ ба принсипҳои суғуртавӣ мебошад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» пешбинӣ менамояд. Инчунин, тақвият додани низоми назорати истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳадафҳои ин тағйиру иловаҳо мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2018 №1563 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он нуҳ пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо се таклиф пурра ва як  таклиф қисман қабул шуд.

Кумитаи масъул 14 феврали соли 2018 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд.

Инчунин, қайд кардан зарур аст, ки 19 феврал дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров доир ба такмили моддаи 2- юми лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод манзур гардид, ки он ба инобат гирифта, тибқи он, моддаи 2-юми лоиҳа таҳрир ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Дар баррасии масъала муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сангинзода Эмин Нуъмон иштирок доранд. Муҳтарам Сангинзода, соли гузашта ба чанд нафар бекор кумакпулӣ дода шуд?

САНГИНЗОДА Эмин Нуъмон:

- Соли 2017 ба 11255 нафар кумакпулӣ дода шудааст. Онҳо дар мақомоти марбута ба қайд гирифта шудаанд.

РАИС: — Тағйиру иловаҳое, ки ба қонун ворид карда мешаванд, ба ин масъала то кадом андоза таъсири мусбат мерасонанд?

Сафаралӣ НАҶМУДИНОВ:

- Таъсири мусбат хоҳад расонид, зеро аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сарчашмаи иловагии дастгирии ин гурӯҳи аҳолӣ ба вуҷуд меояд, яъне, онҳо маблағҳои иҷтимоие мебошанд, ки пардохташон аз ҷониби давлат кафолат дода шудааст.

РАИС: - Кӯшиш кардан лозим аст, ки ҷавонони бекор худро ба қайд гиранд. Дар ин ҳолат онҳо ақаллан ба касбомӯзӣ фаро гирифта мешаванд. Корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт вусъат бахшидан лозим аст.

Ҷиҳати дигари масъала дар он аст, ки қонун «пир» шудааст, зеро аз қабули он қариб 30 сол мегузарад ва дар ин давра дар ҷомеа тағйироти зиёд ба амал омад. Хуб мешуд, қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод ва қабул карда шавад.

Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Марҳамат, сухан ба Ғаффоров Абдуҳалим.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Ман ду савол дорам: 1. Чаро нафақаҳо сол то сол кам мешаванд?

2. Чаро огоҳии мардум аз хусуси пардохти кумакпулӣ ба бекорон паст аст?

Сафаралӣ НАҶМУДИНОВ:

- Масъала басо муҳим аст. Нафақа сол аз сол зиёд шуда истодааст ва тибқи дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 сентябри соли ҷорӣ нафақапулиҳо боз 15 фоиз зиёд мешаванд. Мисоли дигар мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» мебошад, ки тибқи он маҳдудиятҳо барҳам дода, меъёри ниҳоӣ аз байн бардошта шуд. Онҳое, ки аз 1 январи соли 2017 ба нафақа баромаданд, инро эҳсос карданд. Инчунин, барои хизматчиёни давлатӣ, агар онҳо беш аз 15 сол собиқа дошта бошанд, иловапулӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар иртибот ба саволи дуюм метавон гуфт, ки ин кори ҳаррӯзаи мост ва онро воқеан ҳам бояд таҳким бахшид. Ин корро ҳам аз тариқи радио ва телевизион ва ҳам нашрияҳо ҷоннок кардан лозим аст. Мо омодаем дар вохӯриҳои минбаъдаи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон ҳамроҳ шуда, ба саволҳои аҳли ҷомеа посух гӯем.

Дар баррасии масъала инчунин Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қуд­ратов фикру мулоҳизаҳои судманд иброз доштанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дода мешавад.

УМАРЗОДА Саида Ғайрат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» 6 августи соли 2001 таҳти №39 қабул ва бо дарназардошти пешрафти соҳа ва зарурати истеҳсолӣ ба он якчанд маротиба тағйиру иловаҳо ворид гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дар матни қонун калимаҳои «Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазорати тандурустӣ» ба калимаҳои «Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ» иваз карда, аз матни моддаи 2 калимаи «Сарқонун» хориҷ карда шудааст.

Мувофиқи мафҳумҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, маводи дорувории асосӣ доруҳое мебошанд, ки талаботи аксарияти аҳолиро дар соҳаи тандурустӣ қонеъ мегардонанд. Доруҳои мазкур дар асоси исботи бехатарӣ, судмандӣ, сифатнокӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ дастрас будан ва бо таҳлили муқоисавии «сарфа — судмандӣ» интихоб мешаванд.

Мутобиқи консепсияи маводи дорувории асосӣ, чунин доруҳо бояд ба миқдори зарурӣ, дар вояҳои муқарраршуда ва шакли доругӣ пешниҳод шуда, дорои мавҷудияти кафолати сифат, маълумоти муфассал  оид ба он ва нархи ­дастрас барои шахсони алоҳида ва аҳолӣ бошанд.

Инчунин, лоиҳаи қонун бо сабаби ба салоҳияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ илова гардидани баъзе салоҳиятҳои дигар, аз ҷумла, муайян намудани Тартиби бақайдгирии нархи фурӯши ниҳоии маводи дорувории истеҳсолкунандагони ватанӣ ва хориҷӣ, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосӣ дохиланд, дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ, муайян намудани Тартиби пешбурди феҳристи давлатии нархи фурӯши ниҳоии ин мавод таҳия гардидааст. Ҳангоми бақайдгирии маводи доруворӣ ҳар як истеҳсолкунандаи ватанӣ ва хориҷӣ нархи фурӯши ниҳоии маводи дорувориро, ки ба Рӯйхати маводи дорувории асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, пешниҳод менамояд ва он ба қайд гирифта мешавад. Дар таҷрибаи аксарияти кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Беларус, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва ғайра амали мазкур ҷой дорад.

Аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

 Ашурзода Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ бо истифода аз тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2018 №1562 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ»-ро ҷонибдорӣ намуданд ва ҷиҳати такмили он ҳашт пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо шаш таклиф пурра ва як таклиф қисман қабул гардид.

Аз тарафи кумитаи масъул қисмҳои дуюм, сеюм ва панҷуми ­лоиҳа таҳрир ва ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида, ба лоиҳа як қисми алоҳида (қисми 7) илова карда шуд.

Кумитаи масъул 14 феврали соли 2018 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд ва пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкурро ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул шуморид. Аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

 САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои талаботи тавсияҳои 3, 5, 7 ва 21 Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) ва қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид №1718, 1737, 1747, 1803, 1874, 2161, 2170, 2178 ва 2253 таҳия ва пешниҳод шудааст. Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, ба моддаи 57 Кодекс, ки ҷазои мусодираи молу мулкро барои содир намудани як қатор ҷиноят пешбинӣ менамояд, 7 модда илова мегардад. Яъне, минбаъд ҷазои мазкур метавонад нисбат ба шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 1302 (Истифодаи меҳнати ғуломона), 1941 (Истифодабарии ғайриқонунии мавод, воситаи радиоактивӣ ё объекти ядроӣ), 1942 (Ҳаракатҳои қасдона ба муқобили бехатарии дастгоҳи ядроӣ), 1943 (Ғайриқонунӣ тайёр кардани воситаи таркандаи ядроӣ ё воситаи афканандаи радиатсия), 1944 (Ҳамлу нақли ғайриқонунии моддаҳои тарканда, маводи радиоактивӣ, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ дар ҳавопаймо, киштӣ ё нақлиёти хушкигард), 1945 (Ғайриқонунӣ истифода бурдан ва ё партофтани моддаҳои тарканда, силоҳи биологӣ, химиявӣ ё ядроӣ, моддаҳои хатарнок ва зараррасон аз киштӣ ё платформаи статсионарии воқеи шелфи континенталӣ) ва 4011 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо)-ро содир намудаанд, таъин карда шавад. Бояд таъкид намуд, ки ин талабот аз тавсияҳо ва қатъномаҳои дар боло номбурда бармеоянд.

Иловае, ки ба моддаи 1792 пешниҳод шудааст, таркиби кирдори пешбининамударо оид ба ҷинояти маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта пурра менамояд.

Дар лоиҳа илова намудани моддаи нав ба Кодекси ҷиноятӣ — моддаи 2781, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои фош намудани иттилоот дар бораи чорабиниҳои аз ҷониби мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гузаронидашаванда муқаррар менамояд, пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи лоиҳа, моддаи 397 дар таҳрири нав бо номи «Муомилоти ғайриқонунӣ ва маблағгузории паҳн намудани силоҳи қатли ом» ифода мегардад, ки таркиби кирдори пешбининамударо пурра мегардонад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1564 аз 5 феврали соли 2018 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуд.

Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷонибдорӣ гардида, ҷиҳати такмили он 22 таклифу пешниҳод манзур шуд, ки 16 — тои он қабул гардид.

Кумитаи масъул 14 феврали соли 2018 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Азизӣ Абдуҷаббор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ пешниҳодҳои ироа­гардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти онҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.

Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ