Суҳбати Абдуҷаббор Азизӣ бо Лян Хун Сян

№150 (3944) 18.12.2018

DSC_251813 декабри соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо роҳбари ҳайати намояндагони музофоти Шэнсии Ҷумҳурии Халқии Хитой, муовини раиси Маҷлиси халқии намояндагони музофоти Шэнси Лян Хун Сян мулоқот намуд.

Абдуҷаббор Азизӣ иброз дошт, ки парлумони Тоҷикистон бо бештари парламентҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон, аз ҷумла Маҷлиси умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамкории гус­турда дорад. Ҳамкориҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ тавассути гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламентҳо беш аз пеш тақвият меёбанд.

Абдуҷаббор Азизӣ афзуд, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мавқеи арзишмандро ишғол менамояд. Мулоқотҳои расмӣ ва дӯс­тонаи сарони Тоҷикистону Хитой, имзои асноди гуногуни ҳамкорӣ, ки барои мардуми кишварҳо тақдирсоз мебошанд ва дар асоси риояи меъёрҳои инсондӯстона, баробарҳуқуқӣ, ҳамсоягӣ, эҳтироми байниҳамдигарӣ, бо дарназардошти манфиатҳои муштарак таҳия гардидаанд, исботи ин гуфтаҳост.

Лян Хун Сян низ аз сатҳи ҳамкориҳои кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, махсусан дар заминаи иқтисодиву фарҳангӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Халқии Хитой хоҳишманди ҳар чӣ бештари тақвиятбахшии равобит бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон