Суҳбати Абдуҷаббор Азизӣ бо Виктор Заварзин

№142 (3936) 24.11.2018

DSC_002322 ноябри соли 2018 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ бо вакили Думаи давлатии Федератсияи Россия Виктор Заварзин ва аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Геннадий Орденов мулоқот намуд, ки зимни он доир ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, бахусус, робитаҳои парлумонӣ, муносиботи дуҷониба дар чорчӯби созмонҳои мухталифи байналмилалӣ, ибрози назар карда шуд.  

Абдуҷаббор Азизӣ аз таҷрибаи Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия дар самти қонунгузорӣ, мавҷудияти имкониятҳои зиёди истифоданашуда ҷиҳати густариши ҳамкориҳо сухан ронда, иброз дошт, ки баҳри боз ҳам тақвият бахшидани муносибатҳо миёни ду кишвар саъю талоши бештар лозим аст.

DSC_0030Ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дахл намуда, Абдуҷаббор Азизӣ зикр кард, ки имрӯз ҷилавгирӣ аз ин зуҳуроти номатлуб муттаҳидӣ ва ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва қишрҳои гуногуни ҷомеаро тақозо дорад.

- Бо ин мақсад, бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо ва дигар шарикони рушд 3-4 майи соли ҷорӣ дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзӯи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгаройии хушунатомез» гузаронида шуд, ки дар он намояндагони зиёда аз 40 давлати дунё иштирок намуданд ва он баҳои баланди байналмилалиро сазовор гардид, — гуфт ӯ.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар оянда мазмуну мундариҷаи нав касб менамояд.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон