Суҳбати Маҳмадтоир Зокирзода бо Улуғбек Иноятов

№116 (4222) 22.09.2020

DSC_872821 сентябри соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода бо муовини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи дӯстии парламенти Ӯзбекистон бо Маҷлиси намояндагон Улуғбек Иноятов мулоқот намуд.

Дар он ҳамкории байнипарлумонии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷонибдории ташаббусҳо дар арсаи байналмилалӣ ва татбиқи созишномаҳои қаблан баимзорасида изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

- Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва баррасии масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ба вуҷуд омад. Сафари шумо ба Тоҷикистон таҷассумгари равобити барқароршуда аст ва онро нишонаи равшани шарикии стратегии ҳар ду кишвар медонем, — иброз дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Зикр шуд, ки вохӯриҳои роҳбарони ҳар ду кишвар дар Душанбе ва Тошканд, ки дар доираи онҳо беш аз 50 санад ба имзо расид, барои ба сатҳи сифатан нав баромадани муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон низ мусоидат намуда, ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ имкон фароҳам овард.

Инчунин, таъкид гардид, ки муносибатҳои байнипарлумонӣ барои рушди ҳамкорӣ дар ҳама соҳа, аз ҷумла барои таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва шарикии стратегӣ аҳамияти бузург дошта, Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро ба ҳам наздиктар мекунанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон