Суҳбати Маҳмадтоир Зокирзода бо Вираҷ Синх

№99 (4205) 15.08.2020

AAA_744014 августи соли 2020 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Вираҷ Синх мулоқот намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши муносибатҳо бо Ҷумҳурии Ҳиндустон, аз ҷумла, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

Барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи дӯстии байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Лок Сабҳаи Ҷумҳурии Ҳиндус­тон, ҳамчунин, иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар тасдиқу татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ҳиндустон имзошуда муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки пояи қарордодӣ – ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро зиёда аз 70 созишномаю ёддошти тафоҳуми байниҳукуматӣ ва соҳавӣ ташкил медиҳад ва миёни ҳар ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ фаъолият дорад, ки яке аз механизмҳои асосии рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба ҳисоб меравад.

Айни ҳол, дар Тоҷикистон беш аз 80 ширкати ҳиндустонӣ фаъолият доранд ва дар реестри давлатӣ зиёда аз 1083 номгӯи маҳсулоти доруворӣ ва молҳои тиббӣ сабт шудааст.

Зикр гардид, ки яке аз ҳадафҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Ҳиндустон мебошад. Аз ин рӯ, ҷонибҳо бояд дар доираи имкониятҳои мавҷуда, дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан, омӯзиши барномаҳои муосири компютерӣ ва тарбияи кадрҳои тахассусӣ, ҳамкориро ҷоннок намоянд.

Дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагон Вираҷ Синхро ба муносибати Рӯзи миллии Ҳиндустон табрик намуд, ки ҳар сол 15 август ҷашн гирифта мешавад.

Вираҷ Синх Маҳмадтоир Зокирзодаро ба муносибати Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардиданаш табрику муборакбод намуда, ба вакилони парлумони касбии мамлакат комёбиҳо орзу намуд.

Дар мулоқот, ҳамчунин, ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, нақлиёт, комплекси агросаноатӣ,  маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ пешниҳодҳои судманд иброз гардиданд.

Муҳаммадато Султонов,мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон