Суҳбати Рустами Эмомалӣ бо Мир Раҳмон Раҳмонӣ

№85-86 (4347-4348) 30.06.2021

DSC_427930 июни соли 2021 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Вулуси ҷирга (Маҷлиси намояндагон)-и Шӯрои миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо ҳайати парламентӣ ҷиҳати ширкат дар ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба ҳайси мушоҳид ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимнан қайд гардид, ки пайванди бародарии мардуми Тоҷикистон ва Афғонистон аз қаъри таърих маншаъ гирифта, зербинои мустаҳками равобити муосири ҳар ду кишвар мебошад ва густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаю бисёрҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон муқаррар гардида, дар ин раванд парламентҳо ба сифати ниҳоди калидии давлат дар густариши ҳамкории байни кишварҳо нақши муҳим доранд.

Мардуми Тоҷикистону Афғонистон хуб дарк менамоянд, ки маҳз тавассути талошу пайгириҳои муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти олии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон равобит ва ҳамкорӣ миёни ҳар ду кишвар дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври бесобиқа рушд ёфтанд.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон ҳамеша пуштибону ҷонибдори кӯшишу талош­ҳои Ҳукумати Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон бобати ба роҳ мондани раванди музокироти сулҳ, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвари дӯсту ҳамсоя мебошад.

Таъмини суботу оромии Афғонистон барои Тоҷикистон хеле муҳим буда, дар баробари таъмини амнияти минтақавӣ, аҳамияти бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ низ дорад.

Мавқеъгирии ҷуғрофӣ имконияти зиёди муштаракро барои тавсеа ва гус­тариши ҳамкориҳои иқтисодӣ фароҳам меорад.

Бо қаноатмандӣ қайд гардид, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати босамари хориҷии Ҳукумати мамлакат ва бо мақсади таҳкими робитаҳои гуногунҷанба дар болои дарёи Панҷ байни Тоҷикистону Афғонистон пулҳои дӯстӣ бунёд карда шуданд. Тавассути онҳо рафтуомади шаҳрвандони ҳар ду кишвар ба роҳ монда шуда, ташкили бозорҳои наздисарҳадӣ ва мубодилаву содироти молу маҳсулоти ниёзи мардум вусъат гирифт. Инчунин, бо супориши Сарвари давлат парвозҳо ба хатсайри Душанбе — Кобул — Душанбе оғоз шуданд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, зарурати дар ояндаи наздик муайян кардани роҳу василаи муассири тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаю робитаҳои бисёрҷонибаро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ки Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз ҷумлаи онҳост, таъкид намуданд.

Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

«Садои мардум»