Суҳбати Шукурҷон Зуҳуров бо Ара Баблоян

№128 (3765) 31.10.2017

DSC_691730 октябри соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Ара Баблоян ва ҳамроҳони ӯ, ки ба кишвари мо ташриф овардаанд, мулоқот намуд.

- Басо рамзист, ки сафари Шумо дар соли таҷлили 25 — солагии барқарории равобити дипломатӣ миёни кишварҳоямон ҷараён мегирад, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

Зикр гардид, ки шарикии байни Тоҷикис­тону Арманис­тон ба сатҳу сифат ва рушду инкишофи нав ворид шудааст. Муҳимтарин омил таъмиқи эътимоду боварии дуҷониба, тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи амният дар доираи СААД, тавсеаи муносиботи тиҷоратӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодӣ, гус­тариши равобит дар заминаҳои фарҳанг ва маориф, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкории мустақим байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, татбиқи лоиҳаҳои соҳаи маориф, бахусус табодули донишҷӯён, омода кардани мутахассисон ҳам дар доираи равобити дуҷониба ва ҳам дар доираи донишгоҳҳои шабакавии ИДМ маҳсуб меёбад. Бо вуҷуди ин, муносиботи тиҷоративу иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Арманистон ҳанӯз дар сатҳе ба роҳ монда нашудаанд, ки ба талабот ҷавобгӯ бошанд.

Дар ин робита Раиси Маҷлиси намояндагон имконияти ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо Арманистон шарҳ дода, аз сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Арманис­тон, ки моҳи июни соли ҷорӣ сурат гирифт ва мулоқоташон бо Президенти Ҷумҳурии Арманистон Серж Саргсян ёдовар шуд.

Қайд гардид, ки дар он сафар Изҳороти муштараки ду кишвар қабул гардида, 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар маҷмӯъ, асоси ҳамкориҳои қарордодиву ҳуқуқии ду кишварро беш аз 30 санад, ки фарогири масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, хоҷагии халқ, тандурус­тӣ, фарҳанг ва илму маориф мебошад, ташкил медиҳанд.

- Ин дидору гуфтугӯҳо, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров, — аз ҷумла мулоқоти байнипарлумонӣ, баҳри идомаи равобити дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, фарҳангу гуманитарӣ ва дигар бахшҳо такони тоза мебахшанд.

Бовар дорам, ки ҳамкориҳои байнипарлумонӣ дар доираи кумитаҳо, шуъбаҳо, гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ҳамчунин дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ба тақвияти дӯстии мардум ва густариши ҳамаҷонибаи кишварҳо мусоидат мекунанд.

Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманис­тон Ара ­Баблоян аз сатҳи муносибату ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, афзуд, ки хоҳони ҳар чӣ бештар тақвият бахшидани муносибатҳо мебошад ва ба ояндаи неки робитаҳо, татбиқи амалии санадҳои қаблан баимзорасида итминон дорад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Суратгир Неъматулло АЛИЕВ