Суботи сиёсӣ ва Ваҳдати миллӣ асоси сиёсати давлат аст

№126 (3427) 21.09.2015

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Қӯрғонтеппа №26 Анвар Тағоймуродов дар шаҳри Сарбанд, маркази маъмурии вилояти Хатлон, аз ҷумла дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа мулоқот орост.

Мавсуф дар ин вохӯриҳо интихобкунандагонро бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум шинос намуда, зикр кард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона устуворона қадам ниҳода истодааст. Ҷавҳари асосии сиёсати давлат дар шароити имрӯза суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардум ва шуҳрату нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Бо ин мақсад барномаҳои хоси стратегӣ қабул шудаанд ва мавриди амал қарор гирифтаанд. Ҳадафҳои бунёдкоронаи Сарвари давлат дар Паёми охиринашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид гардидаанд, ки имрӯз самараи нек дода истодаанд.

Вакили Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар бораи ғамхории Сарвари давлат оид ба рушди илму маориф, масъалаҳои вобаста ба ҷавонон, варзиш сухан ронда, аз ҷавонон хоҳиш намуд, ки фирефтаи ҳар гуна ташвиқу тарғиби бардурӯғи эмиссарҳои хориҷӣ нашаванд.

Дар вохӯрӣ зикр гардид, ки имрӯз 12 нафар донишҷӯёни беҳтарини Донишгоҳи давлати шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав гирандаи стипендияи президентӣ мебошанд.

Анвар Тағоймуродов ҳамчунин дар «Кохи Ватан» бо доираи васеи интихобкунандагон вохӯрӣ ва мубодилаи афкор намуд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»