Мақоми Маҷлиси миллӣ ва рисолати ҳар як узви он бояд ҳамқадами замон ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеа бошад

№78 - 79 (4184 - 4185) 30.06.2020

Суханронии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

26 июни соли 2020

DSC_4500Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Имрӯз мо дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳоро ҷонибдорӣ карда, дигар масъалаҳои рӯзномаро баррасӣ намудем.

Маҷлиси миллӣ, ҳамчун палатаи болоии мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор, иродаи олии мардуми шарифи Тоҷикистонро таҷассум менамояд.

Дар марҳалаи нави ҷаҳонишавӣ ва мушкилоти вобаста ба он, инчунин, дар шароити буҳрони шадиди иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ нақшу мақоми Маҷлиси миллӣ ва рисолати ҳар як узви он бояд ҳамқадами замон ва ҷавобгӯи талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ бошад.

Дар робита бо ин, бояд гуфт, ки хатари пандемияи коронавирус ва таҳдиди он ба саломатии аҳли башар то ҳанӯз пурра аз миён нарафтааст. Таъсир ва оқибатҳои иҷтимоии он ба иқтисодиёти аксари давлатҳои ҷаҳон ва дар ин радиф дар Тоҷикистони мо низ, баръало мушоҳида мегардад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали пайдоиши нишонаҳои ин беморӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои зарурӣ ва саривақтиро роҳандозӣ намуд. Вазъи эпидемиологӣ ва табобати беморон тадриҷан рӯ ба беҳбудӣ овардааст ва шумораи сироятёфтагон рӯз ба рӯз коҳиш ёфта, шифо ёфтани беморон зиёд шуда истодааст.

Дар кишвар шумораи беморон 5 ҳазору 691 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 4 ҳазору 269 нафар шифо ёфта, ҳамчун фарди солим ба оилаҳои худ баргаштаанд. Ин нишондиҳанда беш аз 70 фоизи шумораи беморонро ташкил медиҳад.

Ҳоло ба мушоҳида мерасад, ки дар баъзе кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мавҷи дуюми ин беморӣ хурӯҷ карда, ҳукуматдорони ин давлатҳоро водор сохтааст, ки чораҳои зиддиэпидемикиро пурзӯр намоянд.

Аз ин рӯ, такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ ва тақвият бахшидан ба асосҳои илмии соҳаи беҳдоштӣ, сироятшиносию вирусологӣ, ҳамчун самти муҳими ҳифзи саломатии аҳли ҷомеа, бояд дар фаъолияти мақомоти қонунгузор афзалият дошта бошад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тадбирҳои андешидаи Пешвои миллат барои дастгирии соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, соҳибкорон, табақаҳои осебпазир ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ниҳоят бамаврид ва саривақтӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, онҳо аз ҷониби кулли қишрҳои ҷомеаи кишварамон хуш пазируфта шуданд.

Қобили зикр аст, ки дар чунин давраи мушкил дар аксарияти соҳаҳои иқтисоди миллӣ тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуда, устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар, дар маҷмӯъ, таъмин гардид.

Ҳамин тариқ, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат қариб ба 25 миллиард сомонӣ расида, афзоиши нишондиҳандаи мазкур дар ин давра 4 фоизро ташкил кард.

Рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ ва гардиши савдои хориҷӣ таъмин гардид.

Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 11 миллиард ва кишоварзӣ ба 4,2 миллиард сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11 ва 10 фоиз афзудааст.

Бо вуҷуди ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо ҷиҳати убури марзҳои давлатҳои дуру наздик ва интиқоли молу маҳсулот гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1,8 миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда, рушди он дар ин давра 9 фоизро ташкил кард.

Дар баробари ин, барои амалисозии тадбирҳо ва ҳадафҳои гузоштаи Пешвои миллат ва таъмин намудани рушди устувору бемайлони иқтисодиёти кишвар таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои қонунҳое, ки ба афзоиш ва самаранокии сармоягузорӣ, саноат, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, ҷорӣ кардани технологияи муосир, иқтисодиёти рақамӣ, истифодаи оқилонаи замин ва канданиҳои фоиданок равона шудаанд, бо дарназардошти таҷрибаи қонунгузории давлатҳои мутараққӣ тақозои замона мебошад.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо эътимоди комил изҳор медорам, ки қонунҳои аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдоришуда дар пайравӣ аз сиёсати оқилона ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба такмили боз ҳам бештари низоми ҳуқуқии кишвар мусоидат намуда, ҷиҳати ҳамаҷониба ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ заминаҳои мусоид фароҳам меоранд.

Қонунҳое, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия ва пешниҳод гардида, дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҷонибдорӣ карда мешаванд, бояд ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, арзишҳои истиқлолият, таъмини волоияти қонун дар ҷомеа, рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, беҳбудии иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар равона гарданд.

Роҳбари давлат зимни суханронии худ дар Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таъкид доштанд, ки аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо дигар субъектҳои ҳуқуқэҷодкунанда ва мақомоти татбиқкунандаи ҳуқуқ, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва мутахассисону коршиносон ҳамкории густурда дошта бошанд. Дар асоси ин ҳидояти Пешвои миллат зарур аст, ки иҷрои пурраи вазифаҳо ва имкониятҳои мақоми олии қонунгузор, тақвияти неруи зеҳнӣ ва донишу таҷрибаи аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамчун марҳалаи нав инкишоф дода, самаранокии фаъолияти он дар рушди давлатдорӣ тақвият бахшида шавад.

Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба масъалаи такмил додани фаъолияти қонунгузорӣ ба хотири баланд бардоштани сифати қонунҳо ва ба манфиати халқ хизмат намудани онҳо ҷалб намоям. Дар ин самт мо — аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳамкориро бо институтҳои давлативу ҷамъиятӣ густариш дода, лоиҳаи қонунҳо ва пешниҳодҳои қонунгузории таҳиякардаамонро мавриди муҳокимаи васеъ қарор диҳем.

Дар заминаи такмили қонунгузорӣ ва тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо давлатҳои қабулкунандагони муҳоҷирони меҳнатӣ таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо бояд ба ҳайси яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа шинохта шавад.

Бинобар ин, ба раисони кумитаҳо ва комиссияҳои Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дода мешавад, ки Консепсияи рушди муносибатҳои байнипарламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳар чӣ зудтар таҳия карда, ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллӣ пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, амалияи омӯзиши таҷрибаи қонунгузории давлатҳои пешрафтаро, ки барои Тоҷикистон қобили таваҷҷуҳ мебошанд, ҷиҳати то ҳадди имконпазир ба онҳо наздик намудани қонунгузории миллӣ роҳандозӣ намуда, барои такмил додани санадҳои қонунунгузорӣ мунтазам пешниҳодҳои мушаххас манзур карда шавад. Бо ин мақсад зарур аст, ки бо ҷалби олимону мутахассисони соҳаи ҳуқуқ масъалаи дар назди Маҷлиси миллӣ таъсис додани Шӯрои машваратии коршиносон баррасӣ карда шавад.

Аз ин рӯ, дастур дода мешавад, ки кумитаву комиссияҳо якҷо бо Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ доир ба ин масъала дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин хулосаҳои дахлдор таҳия карда, ба баррасии иҷлосияи навбатӣ пешниҳод намоянд.

Ба ҳамин тартиб, мо бояд марҳала ба марҳала фаъолияти қонунгузориро тақвият бахшида, дар ин раванд на ба шумораи лоиҳаҳои қонунҳо, балки ба мазмун ва сифати онҳо диққати аввалиндараҷа зоҳир намоем.

Ба роҳ мондани кори самарабахши кумитаҳо, комиссияҳо ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ яке аз масъалаҳои ҷиддӣ ба ҳисоб меравад, зеро аз самаранокии кори онҳо сифати таҳия ва қабули қонунҳо вобастагии зиёд дорад. Бо ин мақсад зарур мешуморам, ки барои интихоб ва ба кор қабул намудани мутахассисони ҷавону болаёқат ва донандагони забонҳои хориҷӣ ҳар чӣ зудтар озмуни интихоби кадрҳоро эълон карда, қабул ва ҷобаҷогузории онҳо тибқи тартиби муқарраргардида роҳандозӣ карда шавад.

Ҳамчунин, ба Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ супориш дода мешавад, ки бо мақсади муайян намудан ва баланд бардоштани сатҳи дониши касбии кормандони Дастгоҳ аттестатсияи навбатӣ гузаронида, ҷиҳати аз нав ҷо ба ҷо кардани кадрҳо дар муддати як моҳ пешниҳодҳои асоснок манзур намояд.

Омӯзиши вазъи таъмини хизматрасонии ҳуқуқӣ, коргузорӣ, ташкилӣ, таҳлилӣ, иттилоотӣ ва молиявию техникии Маҷлиси миллӣ собит менамояд, ки барои мукаммал гардонидани низом ва фаъолияти сохторҳо зарурати дар шакли нав таҳия ва қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пеш омадааст.

Бинобар ин, супориш медиҳам, ки дар муддати ду моҳ санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар таҳрири нав таҳия ва барои қабул пешниҳод карда шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати кишвар барои дар сатҳи баланди ташкиливу сиёсӣ ва ба таври арзанда пешвоз гирифтани ҷашни муқаддасу бузурги 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Ҳадафи асосии Пешвои миллат бо ҳамин роҳ боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, вусъат додани корҳои ободиву созандагӣ, такон бахшидан ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва дар ин замина муҳайё намудани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Дар асоси нақшаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дар саросари кишварамон бунёду азнавсозии беш аз 24 ҳазор иншооту биноҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Дар сурати ба истифода додани онҳо сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба мардум, таъмини насли наврас бо муассисаҳои замонавии таълимӣ, дастрасии аҳолӣ ба ташхису табобат бамаротиб беҳтар гардида, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

То имрӯз зиёда аз 50 фоизи иншооти мазкур бо сифати баланд бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди баҳрабардории сокинони кишвар қарор гирифтаанд.

Дар ин раванд, моро зарур аст, ки бо мақомоти давлатӣ, мардуми ватандӯсту ободгар, бахусус, соҳибкорону тоҷирони саховатманду созанда барои дар муҳлатҳои пешбинишуда ва бо сифати баланд бунёд намудани иншооту биноҳо кумаку мусоидат намоем.

Вобаста ба ин, хотирнишон менамоям, ки мову шумо роҳбарии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаву корхонаҳоро ба зимма дорем ва вазифадор ҳастем, ки дар ҳамаи самтҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа, аз иҷрои сифатноки буҷет сар карда, то амалӣ намудани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ва барномаҳои қабулшудаи давлатӣ ташаббускору намуна бошем.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Боиси фараҳмандист, ки мардуми ватандӯсту сулҳпарвари кишварамон дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик ба ҳисоб меравад, қарор доранд.

Бо истифода аз фурсат, кулли сокинони кишвар, инчунин, ҳамватанони бурунмарзиамонро бо ин санаи таърихӣ самимона табрик мегӯям.

Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки бо ибтикори Пешвои миллат ба имзо расид, дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат заминаи нави рушдро муҳайё намуд.

Бо шукргузорӣ аз неъмати бузурги Истиқлолият орзу мекунем, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо сулҳу ваҳдат, суботу оромӣ, файзу баракат ва хушбахтиву осудаҳолӣ то абад пояндаю ҳукмфармо бошад.

Бовар дорам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла аъзои Маҷлиси миллӣ, ба хотири вусъати боз ҳам бештари раванди созандагиву ободонии Ватан, таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва пешрафту тараққиёти устувори кишвари азизамон аз худ намунаи баланди ватандӯстиву бунёдкорӣ нишон медиҳанд.

Дар иҷрои вазифаҳои дарпешистода ва амалигардонии нақшаҳои нек ба ҳар яки шумо комёбиҳо орзу менамоям!

Ҳамеша тансиҳату сарбаланд бошед!