Таҳлили қонунгузории мамлакат дар робита ба гузариш ба пахши рақамӣ

№128 (3922) 23.10.2018

DSC_6774Бо ибтикори Кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 18 октябри соли равон дар меҳмонхонаи «Хаятт Реҷенсӣ»-и шаҳри Душанбе доир ба муаррифӣ ва баррасии «Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузариш ба пахши рақамӣ» суҳбати гирди миз баргузор гардид. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.

«Таҳлили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба гузариш ба пахши рақамӣ» аз ҷониби номзади илми ҳуқуқ, дотсенти кафедраи медиология ва веб-журналистикаи Донишгоҳи давлатии Беларус Наталя Донвар ва ҳуқуқшиноси Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома» Ранжет Ятимов омода шудааст. Онҳо вобаста ба стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи гузариш ба пахши рақамӣ ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар контексти гузариш ба пахши рақамӣ ва доир ба таҷрибаи қонунгузории гузариш ба пахши рақамӣ дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна суханронӣ намуда, хулоса ва тавсия пешниҳод карданд.

Аз ҷумла, зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Миёна гузариш ба пахши рақамӣ ба ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ алоқамандӣ дорад.

Дар доираи маърӯзаҳо ва масъалаҳои вобаста ба мавзӯъ пурсишу посух сурат гирифт.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода мулоҳиза баён дошта, зикр кард, ки вақти он расидааст, то пешниҳод ва хулосаҳо омӯхта, дар чорчӯбаи қонун ҷой дода шаванд, зеро Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ҳар чӣ зудтар ба пахши рақамӣ гузарад.

Рӯзибойи УМАР, «Садои мардум»