Таҷлили Рӯзи Президент дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон

№139 (4089) 19.11.2019

DSC_9745Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 ноябри соли равон дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбати гирди миз дар мавзӯи «Садоқат ба Президент-садоқат ба миллат» баргузор гардид.

DSC_9721Вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Мирализода доир ба моҳияти Рӯзи Президент суханронӣ намуда, зикр кард, ки 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ниҳоят ҳассосу мушкил доир гардид, ки дар он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон — Роҳбари давлат ва соли 1994 дар асоси интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. 15 апрели соли 2016 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид намуд, ки тибқи он 16 ноябр дар мамлакат Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад.

- Тағйирот ба қонун бо дарназар­дошти саҳми арзандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст, — изҳор дошт ӯ.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлатро аз вартаи нобудӣ наҷот дода, мардумро муттаҳид, дар қалбашон шуълаи умедро бедор ва ба ҷодаи рушд ҳидоят намуданд, — гуфт Қиёмиддин Мирализода ва афзуд: — Хурсандиовар аст, ки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, ташаб­бускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ эътироф гардидаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев