Таҷлили Рӯзи Президент дар Маҷлиси миллӣ

№141 (4247) 19.11.2020

DSC_188416 ноябри соли равон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи он чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода вобаста ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, онҳоро барои халқи тоҷик санаи муқаддас арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки аз 16 ноябри соли 1994, ки аввалин бор муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кардаанд, тибқи Конститутсия, давлати соҳиб­ихтиёри мо ба шакли идоракунии президентӣ гузашт. Ба ин хотир, ҳар сол дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад, ки асосҳои худро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ёфтааст.

Инчунин, зикр шуд, ки дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷастае вомехӯранд, ки дар марҳалаи мураккабу ҳассос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаро муайян намудаанд. Дар Тоҷикистони соҳиб­истиқлол маҳз Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амалҳои неку хирадмандонаашон мардуми парешонро дар атрофи худ муттаҳид намуда, бо қадамҳои устувор ба рушду суботи минбаъда ҳидоят карданд.

Ҳамчунин, дар чорабинӣ кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Нарзулло Маҳмудов, Нурулло Қурбонализода ва Парвиз Шамолов вобаста ба моҳияти таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Наврӯз ҚУРБОНЗОДА,

ёвари Раиси Маҷлиси миллӣ оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ