Таҷриба ва сабақи андӯхтаамонро баҳри ноил шудан ба ҳадафҳоямон равона хоҳем сохт

№80 (41860 02.07.2020

Суханронии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

30 июни соли 2020

DSC_5058Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Се рӯз қабл мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукргузорӣ аз истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон таҷлил намуданд. Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шумо-ҳозирини гиромиро ба муносибати ин ҷашн самимона табрик мегӯям.

Дар таърихномаи ҳар миллат саҳифаҳои сабақомӯз ва пурарзише ҳастанд, ки аз иқдоми нек ва хирадмандона ба нафъи халқу Ватан башорат медиҳанд ва барои наслҳои минбаъда ҳамчун чароғи ҳидоят хизмат мекунанд. Чунин саҳифаи заррин барои миллати тоҷик 27 июни соли 1997, яъне, рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, мебошад, ки ҳар сол дар кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Бояд иброз намуд, ки сулҳу субот ва ризояти миллӣ ба халқи тоҷик осон муяссар нашудааст. Ҳарчанд душманони миллат оташи ҷангро дар кишвари мо барангехтанд, халқи баору номус, ватандӯст ва сулҳпарвари тоҷик тавонист таҳти сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ забонаи ин оташи хонумонсӯзро хомӯш кунад, Ватанро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшад, гурезаҳои сарсонро баргардонад ва ба ободонии мамлакат камар бандад.

Натиҷаи чунин талошҳои Роҳбари давлат буд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро якдилона истиқбол намуданд.

Воқеан ҳам, Тоҷикистони маҳбуби мо таҳти сарварӣ ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зарфи беш аз ду даҳсолаи гузаш­та ба як силсила дастовардҳои бунёдӣ ноил гардид, ки сарнавишти минбаъдаи давлати соҳиб­истиқлоламон ба онҳо вобастагии мустақим дорад.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Моҳи марти соли равон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар фазои орому осуда баргузор гардид, ки дар он мардуми шарифи Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, барои ояндаи неку дурахшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон раъй доданд ва роҳи минбаъдаи худро барои панҷ соли оянда муайян намуданд.

Воқеан, интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда, фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад. Иштироки фаъоли халқ дар интихоботи парламентӣ бори дигар собит сохт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон тарафдори роҳи муайянкардаи Конститутсия — бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ буда, сиёсати хирадмандонаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд.

Ҳайати вакилони интихобшудаи Маҷлиси намояндагонро мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла олимон, ҳуқуқшиносону иқтисодчиён, муҳандисону меъморон, табибон ва омӯзгорону намояндагони дигар соҳаҳо ташкил медиҳанд, ки албатта, донишу малака ва маҳорати касбиашон барои баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ мусоидат менамояд.

Аз ҳайати вакилони интихобшуда 15 нафарашон бонувони донишманду фаъоли ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон мебошанд.

Вакилони арҷманд!

Боварии интихобкунандагон моро водор мекунад, ки бо дарки масъулияти баланд таҷриба ва сабақҳои омӯхтаамонро ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои барномавии худ барои панҷ соли оянда равона созем.

Бояд таъкид намоям, ки аз баргузории ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 17 марти соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, се моҳ сипарӣ гардид. Дар ин давра ба хотири самарабахш оғоз ва роҳандозӣ намудани фаъолияти Маҷлиси намояндагон як қатор корҳои ташкилию ҳуқуқӣ ба сомон расонда шуд. Аз ҷумла Раис, муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон интихоб гардида, нуҳ кумита ва се комиссияи доимоамалкунанда ташкил карда шуданд.

Ҳамчунин, вакилони тозаинтихоб аз рӯи ихтисос ва таҷрибаи кориашон ба кумитаву комиссияҳои Маҷлиси намояндагон ҷо ба ҷо карда, масъалаи таъмини шароити иҷтимоии вакилон бо дарназардошти имкониятҳои мавҷуда ҳал карда шуд ва минбаъд низ мавриди назар қарор хоҳад ёфт.

Фраксияҳои ҳизбӣ ва ҳамчунин, гурӯҳи вакилони ғайриҳизбӣ таъсис ёфтанд, ки бешак, ба шаффофияти кори парламент мусоидат менамояд.

Айни ҳол эҳсос мешавад, ки фраксияҳои ҳизбӣ ва намояндагони ҳизбҳои ба парламент роҳёфта дастҷамъона дар баррасии лоиҳаи қонунҳо фаъолона ширкат варзида, ҷиҳати мутобиқ ба манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ омода гардидани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ саъю кӯшиш доранд.

Инчунин, бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши вакилон курсҳои бозомӯзии санадҳои танзимкунандаи фаъолияти вакилӣ ва забономӯзӣ ташкил карда шуда, дар оянда низ ин кор идома хоҳад ёфт.

Дар ин давра, бо вуҷуди таҳдид ва сирояти бемории коронавируси нави COVID-19, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро босамар идома дода, як қатор корҳоро ба сомон расониданд. Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагон беш аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 5 қонуни мукаммал, 27 тағйиру илова ба қонуну кодексҳо ва 19 созишнома ворид гардида, мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. То имрӯз ба хотири баррасии лоиҳаи қонуну кодексҳо, созишномаву протоколҳо 11 ҷаласаи Шӯро ва 9 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон дар сатҳи зарурӣ гузаронда шуд.

Дар давоми иҷлосияи якум баъд аз омӯзиш ва баррасии масъалаҳо 197 қарори Шӯро ва 130 қарори Маҷлиси намояндагон қабул карда шуд.

Бояд иброз намуд, ки аз теъдоди умумии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 лоиҳа ва аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон панҷ лоиҳа манзур гардид.

Боварии комил дорам, ки дар оянда ташаббуси қонунгузории вакилони муҳтарами мо тавассути омӯзиши қонунгузории давлатҳои пешрафта ва истифодаи таҷрибаи андӯхта дар фаъолияти қонунгузорӣ ба маротиб густариш меёбад.

Соли равон Маҷлиси намояндагонро дар самти фаъолияти қонунгузорӣ вазифаҳои пурмасъул, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ироа гардид, интизоранд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: «Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад».Ҳоло дар ин замина ҷиҳати таҳияи Кодекси нави андоз кор идома дошта, то охири соли равон он бояд пешниҳод карда шавад.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти вакилон баррасии муроҷиати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Дар давраи ҳисоботӣ ба Маҷлиси намояндагон 66 муроҷиати хаттии шаҳрвандон ворид гардидааст. Дар ин самт ҳолатҳои такроран воридшавии муроҷиатҳо ба назар мерасад, ки боиси нигаронӣ мебошад. Сабаби асосии такроран воридшавии муроҷиатҳо қаноатманд нашудани онҳо аз дархос­ти худ мебошад.

Дар робита ба ин, мо — вакилонро зарур аст, ки ҷабҳаҳои муроҷиатҳоро пурра омӯхта, ҷиҳати қаноатманд гардонидани муроҷиаткунандагон дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» чораҳои бетаъхир андешем.

Ҳозирини гиромӣ!

Сироятёбии бемории коронавируси нави COVID-19 дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон, бахусус давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ба густариши робитаҳои байнипарламентӣ низ таъсири манфӣ расонид, зеро дар ин давра чорабиниҳои нақшавии Иттиҳоди  байнипарламетии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва баргузории ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавқуф гузошта шуданд.

Сарфи назар аз мушкили бамиёномада, мо тавонистем ҳамкориҳои байнипарламентиро тавассути муросилот ва реҷаи фосилавӣ роҳандозӣ намоем. Яке аз чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд, ки дар кори он Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо реҷаи фосилавӣ (видеоконференсия) иштирок ва суханронӣ намуд.

Бояд иброз намоям, ки ҳоло дар Маҷлиси намояндагон барои ташкил ва иштирок намудан дар ҷаласаҳои сатҳи байналмилалӣ, ки бо реҷаи фосилавӣ баргузор мегарданд, шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдиди сирояти коронавируси намуди нави COVID-19 ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ пешгӯинашаванда гардида, тамоми мардуми оламро ноорому осебпазир ва мушкилиҳои зиёд пеш овардааст.

Мувофиқи таҳлилу пешгӯии мутахассисону коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, дар натиҷаи паҳншавии пандемияи коронавирус, бо сабаби шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ, баланд гардидани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо  вазъият дар ҷаҳон боз ҳам мушкил мегардад. Бемории коронавирус ба ҳама кишварҳои ҷаҳон, бахусус Россия ва Чин, ки шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд, таъсири манфӣ расонида, дар мавриди сустшавии иқтисодиёти онҳо, эҳтимоли таъсири он ба иқтисодиёти мамлакати  мо низ дар назар аст.

Бахусус коҳишёбии ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ва воридоти сармояи мустақим, инчунин сари вақт татбиқ нагардидани лоиҳаҳои сармоягузорӣ, метавонад ба суст шудани суръати рушди соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла савдои дохилию хориҷӣ, бахши хизматрасонӣ ва сайёҳӣ бештар таъсири манфӣ расонад.

Таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус ва муолиҷаи беморон тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ фаъолияти шабонарӯзӣ дорад.

Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини устувории макроиқтисодӣ, беҳтаргардонии вазъи низоми бонкӣ, истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва зиёд намудани истеҳсолу захираи маҳсулоти ниёзи аввал тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, доир ба таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои иқтисодиёт, махсусан, саноату кишоварзӣ ва дар маҷмӯъ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, тамоми имкониятҳо дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардидааст.

Аз шароити бамиёномада Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бетараф набуда, дар ин робита ба Кодекси ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бобати пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоидаҳои зиддиэпидемиявӣ тағйироту иловаҳо ворид намуд.

Инчунин, вобаста ба имтиёзҳое, ки дар шароити пандемия дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳибкорон дода шуд, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» тағйироти зарурӣ ворид карда шуд.

Бо қаноатмандӣ изҳор менамоям, ки дар давраи авҷ гирифтани коронавируси намуди нави COVID-19 дар миқёси ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагон бо тамоми ҳастӣ дар паҳлуи мардуми Тоҷикистон буданд ва талош варзиданд, ки  дар ҳама шароит барои рафъи мушкилоти пешомада ба интихобкунандагони худ кумак расонанд.

Ҳамчунин, ҳамаи захираву имкониятҳоро вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус самаранок истифода намуда, маблағи муайянро барои дастгирии кормандони соҳаи тиб ва пешгирӣ аз коронавирус ба суратҳисоби «Фонди хайрия» гузарониданд. Илова бар ин, дар байни аҳолӣ оид ба тоза нигоҳ доштани муҳити зист ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва гигиенаи шахсӣ корҳои фаҳмондадиҳиро таври зарурӣ роҳандозӣ намуданд.

Барои корҳои хайру савобе, ки бо пайгирӣ аз иқдоми Пешвои миллат дар давраи пандемия аз ҷониби вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон амалӣ гардид, миннатдории самимии хешро баён менамоям.

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоме мебошад, ки таъмини фаъолияти пурмаҳсули Маҷлиси намояндагон ба кори босифати кормандони он вобастагии калон дорад. Дар баробари кори пурмаҳсул ва пешравиҳои Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон камбудиҳо низ ба назар мерасанд. Дар давоми фаъолияти кории начандон зиёд баъзе камбудиву норасоӣ, бахусус дар самти ташкиливу ҳуқуқӣ ва коргузориву протоколӣ, дар дастгоҳ ва воҳидҳои сохтории он мушоҳида гардид. Дар робита ба ин, зарурат ба миён меояд, ки ба хотири баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корбарӣ аттестатсияи хизматчиёни давлатӣ, тибқи тартиби муқарраргардида, ташкил ва гузаронида шуда, ба масъалаи ҷобаҷогузории кадрҳо диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Инчунин, дастурамали мансабии хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон таҳия ва бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шавад, то ки ҳар як корманд талаботи тахассусӣ, уҳдадорӣ ва ҳуқуқҳои худро дарк кунад ва бо дарназардошти он корбарӣ намояд.

Вакилони муҳтарам!

Масъалаи баланд бардоштани сифати қонунгузорӣ, ҳадафрас ва самарабахш гардонидани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти мо — вакилон ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки бо ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ, омӯзиши таҷрибаи давлатҳои пешқадам бо мақсади такмили қонунгузорӣ, мустаҳкам кардани алоқаҳои судманди илм ва амалияи ҳуқуқ ҳамеша кӯшиш намоем ва дар такмили қонунгузории миллӣ бо дарназардошти манфиатҳои ҳар як шаҳрванд, ҷомеа ва давлат, таҳкими рукнҳои асосии давлатдории миллӣ, тақвияти мубориза бо таҳдиду зуҳуроти барои ҷомеаи мо хатарнок, аз қабили терроризм, экстремизм, коррупсия, инчунин, пешгирии ҷиноятҳои фаромиллӣ ва боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ пайваста саъю талош варзем.

Бояд иброз намоям, ки Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вакилони Маҷлиси Олӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мардуми шарифи Тоҷикистон дастурамал ва роҳнамо буда, татбиқи самтҳои муайяннамудаи онҳо ба рушди босуръати иқтисоди миллӣ такони амиқ мебахшад.

Мо — вакилон бояд дар фаъолияти қонунгузории худ ва таҳкими фазои ҳуқуқии кишвар афзалиятҳои Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми барномаву стратегияҳои қабулгардидаро самти муҳимтарини фаъолият қарор дода, барои дар амал татбиқ намудани онҳо тамоми неру ва малакаи худро равона созем.

Дар фарҷом бори дигар ҳамаи шумо – вакилон ва ҳозирини арҷмандро ба ифтихори 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушбахтиву некрӯзӣ, ободиву осоиш ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!