Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Таҳсилот ва шуғл аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати давлат аст

№134 (3614) 29.10.2016

DSC_0682Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин»

2. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия баровардани Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи байторӣ»

10. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Масъалаи аввал — Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ гардидани ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин» мебошад.

Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дошт. Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст. Дар иҷрои ин вазифаи хеле пурмасъул ба ӯ комёбиҳо хоҳонем.

Аз рӯи ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Масъалаи дигари рӯзнома – Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, ­сохтмон ва коммуникатсия баровардани Муҳиддиниён Пӯлод Муҳиддин» низ баррасӣ шуда, ҷиҳати тасдиқи он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд.

Сипас, Муҳиддиниён Пулод Муҳиддин барои фаъолияти пурмаҳсул дар мақоми қонунгузорӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

РАИС: — Вакилони гиромӣ!

Лоиҳаҳои ду қонуни нави конститутсионӣ — «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ва «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мо ҳоло мавриди баррасӣ ва қабул қарор медиҳем, тақозои тағйиру иловаҳои навтарин ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 22-юми майи соли равон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ пазируфта шудаанд.

Бояд гуфт, ки Маҷлиси намояндагон соли 2015 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро қабул карда буд, ки дар он зарурат ва шароити иҷтимоии қабули қонуни мазкур дарҷ ёфтаанд. Ин қонун дар ҷомеаи кишвар дастгирӣ пайдо кард, мафҳуми «Пешвои миллат» дар забони халқ нишаст.

Вале тибқи моддаи 65- уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ҳуқуқӣ ва ваколатҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад, ҳамчунин мутобиқи моддаи 71-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қонуни конститутсионӣ ба танзим медарорад.

Яъне, ҳадаф аз таҳия ва қабули лоиҳаҳои ин ду қонуни конститутсионӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунгузории кишвар мебошад. Лоиҳаҳои ду қонуни конститутсионии мазкур ба таъмини амнияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии ҷумҳурӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ ва рушди кишвар мусоидати бевосита менамоянд.

Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насриддинзода ­Эмомалӣ Сайфиддин дода мешавад.

Насриддинзода  Эмомалӣ Сайфиддин: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Насриддинзода, А. Холиқзода, Б. Сафарзода, Т. Бухориев, Б. Садриддинов, Р. Раҷабов таҳия ва пешниҳод шудааст.

Муҷиби асосии таҳия ва пешниҳод гардидани он марбут ба тағйиру иловаҳо ба моддаи 65 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, дар замина ва бунёди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таҳия гардидааст.

Муаллифон бо дарназардошти густаришу такмил ва пурра намудани ниҳодҳои ҳуқуқии лоиҳаи қонуни конститутсионии номбурда як зумра муқарраротро дар моддаҳои он ворид намуданд.

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» аз сарсухан ва 19 модда иборат аст.

Дар сарсухан вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, ҳамчун бунёд­гузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ омадааст.

1. Дар моддаҳои 1 ва 2 (ҷойивазкунии моддаҳо);

2. Дар моддаи 2 (қисми 4);

3. Дар моддаи 3 (қисми 3);

4. Дар моддаи 4 (қисмҳои 3 ва 4 дар таҳрири нав);

5. Моддаи 5 (дар таҳрири нав);

6. Дар моддаи 6 (қисмҳои 4, 5, 6, 7);

7. Дар моддаи 8 (қисми 1);

8. Дар моддаи 9 (ҷойивазкунии калимаҳо);

9. Моддаи 11 (моддаи нав буда, аз 2 қисм иборат аст);

10. Моддаи 12 (моддаи нав буда, аз 2 қисм иборат аст);

11. Дар моддаи 13 (қисми 4);

12. Моддаи 18 (моддаи нав).

Афзалиятҳои ҳуқуқии лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» мушаххас аз инҳо иборат аст:

1. Табдил шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба қонуни конститутсионӣ.

2. Пешбинӣ гардидани баъзе имтиёзҳо ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат.

3. Барои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат дар толори ҷаласаҳои мақомоти дар қонуни конститутсионӣ пешбинишуда ҷойи махсуси ифтихорӣ ҷудо карда шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда мешавад (моддаи 3, қисми 3).

4. Ташкил ва ба роҳ мондани фонди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат бо мақсади амалӣ намудани иқдомҳои созандаи ӯ ( моддаи 12 аз 3 қисм).

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» метавонад дар ташаккули тарбияи ҳуқуқии ҷомеа ва боло бурдани руҳияи патриотизм, садоқат ба Ватан саҳми нодиру беназир гузорад.

Ҳамин тариқ, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, баҳри такмили он, дар маҷмӯъ 15 таклифу пешниҳод манзур гардид.

Кумитаи масъул 19 октябри соли равон дар ҳузури муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷаласаи васеъ гузаронида, таклифҳои пешниҳодгардидаро мавриди баррасӣ қарор дод, ки аз 15 таклиф 9-то пурра қабул гардида, 6-то пазироӣ нашуд.

Ҳамчунин, барои такмил додани лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» таклифу пешниҳодҳои судманди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ворид карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар заминаи принсипҳои зерини ҳуқуқэҷодкунӣ таҳия шудааст:

1) Волоияти Конститутсия;

2) Қонуният;

3) Моҳияти демократии ҳуқуқэҷодкунӣ;

4) Касбият;

5) Ба инобат гирифтани афкори ҷамъиятӣ;

6) Ҳимояи манфиатҳои миллӣ;

7) Истифодаи таҷрибаи ҳуқуқӣ;

8) Таъминоти адолати иҷтимоӣ.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намуда, овоз диҳед.

РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат тақозои замон буда, қабули он барои ҷомеаи имрӯзи кишвар аҳамияти бағоят муҳим дорад. Дар оғози ҳазорсолаи сеюм, ки давлатҳои абарқудрат ҷаҳонро аз нав тақсим карданианд ва хусусан вазъи кишвари ҷангзадаи ҳамсояи мо – Афғонистон, ки рӯз то рӯз пуршиддат мегардад, моро ба қабули ин қонуни конститутсионӣ, ки мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмонро дар дохил ва хориҷи кишвар боз ҳам боло мебардорад, таҳрик ­мебахшад.

Имрӯз эътибор ва нуфузи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳияти фаромиллӣ ва аҳамияти минтақавию байналмилалӣ пайдо кардааст, ки барои мардуми шарафманди кишвари мо басо ифтихормандона мебошад.

Вақте ки таърихи рушду такомул ва пешравиҳои кишварҳои ҷаҳонро пеши назар меорем ва ба мизони ақлу хирад андоза мекунем, дармеёбем, ки ин кишварҳо маҳз бо сарварии роҳбари оқилу доно ва дурбину хайрхоҳ ба ин пояи тараққӣ расидаанд. Баръакс, он кишварҳое, ки нисбати сарвари мамлакаташон беэътиноӣ кардаанд, ба мушкилиҳои сангин рӯ ба рӯ шуданд.

Ҳар давру замон, вобаста ба шароити таърихӣ, фарзандони фарзонаи худро ба арсаи таърих меорад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо тақозои замони тозаистиқлолӣ ба Раҳбарии мамлакати ҷавони тоҷикон пазируфта шуд, миссияи таърихии хешро сарбаландона ба ҷо меорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» овоз диҳед.

Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Таърихи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ шаҳодат аз он медиҳад, ки Президенти кишвар дар як давраи кӯтоҳ бо ғояҳои созандаю бунёдкорона, талошҳои пайваста ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷумҳурӣ дастгирию пуштибонии мардуми кишварро соҳиб гардидааст.

Маҳз бо талошҳои пайвастаи ин фарзанди фарзонаи миллат аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан ҳалли масъалаҳои маҳсулоти ғизоӣ, молия, артиш, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, марзбонон, мактабҳо, шифохонаҳо ва даҳҳо мушкили дигаре, ки барои зиндагии орому осудаи мардум монеа эҷод мекарданд, зина ба зина ҳалли худ­ро ёфтанд. Танҳо як рақам, яъне аз 83 фоизи соли 1999 то ба 32 фоиз коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатӣ далели қадамҳои устувор дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат мебошад ва маҳз бо ташаббусҳои созандаи ин марди хирад мо ба зинаи кишварҳои рушдёбанда дохил шудем.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ ва меъмори давлатдории навини тоҷикон менигаранд.

Фикр мекунам, ки ҷонибдорӣ аз лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҷонибдорӣ аз ояндаи устувори давлатдории миллӣ, аз истиқлолияти сиёсӣ, суботу амнияти ҷомеа ва ҷонибдорӣ аз ваҳдату сарҷамъии миллат мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони мардумӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Рӯзадор Муҳаббатшо: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бузургтарин дастоварди ҳар як халқу миллат ин ба арсаи сиёсат ва давлатдории онҳо зуҳур намудани фарзандони барҷастае, ки бо заҳмату ҷоннисориҳои беназири таърихӣ давлатро бунёд ва фарҳанги давлатдориро дар чорчӯбаи мантиқи ҳаёт ҷой дода, зиндагии шоиста ва орому осудаи мардумро таъмин менамоянд, мебошад.

Бо амри тақдир дар таърихи навини кишвари мо Роҳбаре дар саргаҳи давлатдории тоҷикон мақом касб намуданд, ки ӯро мардуми Ватани мо ҳамчун шахсияти ҷасуру нотакрори таърихӣ ва сиёсатмадори барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф кардаанд.

Маҳз бо саъю талошҳои ин абармарди майдони сиёсат дар кишвари мо волотарин арзишҳои давлатдорӣ: ташаккул ва таҳкими ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ, такя ба анъанаҳои давлатдории аҷдодӣ, таъсиси институтҳои муосири идоракунии сиёсӣ, ҳамаҷониба ҳифз намудани манфиатҳои миллӣ ва нақши давлати миллӣ дар замони муосир рӯи кор омаданд ва Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибис­тиқлол ҷойгоҳи шоистаи худро дар арсаи байналмилалӣ пайдо намуд. Мусаллам аст, ки имрӯз кишварҳоро бо иқтидори иқтисодӣ, неруи бузурги интеллектуалӣ ва иқдому ташаб­бусҳои созанда баҳо медиҳанд. Тоҷикистон низ бо неруи пурқудрати сиёсӣ ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳалли масоили мубрами кишвар, минтақа ва ҷаҳон иштироки хеле фаъол дошта, садои он аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи ҷаҳон шунида мешавад.

Бузургтарин хизмати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони муосир ин тавсеаи сиёсати мутавозину сулҳхоҳона ва санҷидаву фарогир дар шароити сиёсати шадиди ҷаҳонишавӣ, таъмини фазои сулҳу оромӣ ва манфиатҳои миллии давлатдорӣ дар кишвар ба қалам дода мешавад.

Мардуми сарбаланду заҳматқарини кишвар бо эҳсоси баланди давлатдорӣ фаъолияти пурсамари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо самимияти хоса арҷгузорӣ менамоянд.

Бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллат ва давлат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат»-ро декабри соли гузашта якдилона қабул намуд. Бо тақозои ҳаёт зарурати мантиқие ба миён омад, ки дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардад.

Ин иқдоми ояндасоз аз ҷониби мардуми кишвар дастгирӣ ёфт ва тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи мамлакат ворид гардиданд. Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» иқдоми саривақтӣ ва хеле муҳими сиёсию қонунгузорӣ донис­та мешавад.

Бо ин мақсад аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

Ҷаббор АХМЕДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Вобаста ба лоиҳаи баррасишаванда гуфтанӣ ҳастам, ки он мантиқан давоми расмиётест, ки Маҷлиси намояндагон 22 июни соли ҷорӣ пас аз як моҳи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ шурӯъ кард, яъне мутобиқ гардонидани қонунҳо ба Конститутсияи мамлакат пас аз ворид кардани тағйиру иловаҳо ба он мебошад.

Ҳанӯз дар рафти муҳокимаи қонуни мазкур декабри соли 2015 аксарияти вакилон таъкид кардаанд, ки ташаббуси намояндагони халқ дар мақоми олии қонунгузории мамлакат ин ифодаи иродаи на танҳо шахсии онҳо, балки нигоҳ, дид ва иродаи мардуми кишвар мебошад. Аз 4 миллион нафари дар раъйпурсӣ иштироккарда беш аз 3 миллиону 800 ҳазор, яъне 94,5 фоиз бо раъйи худ ин таклифи моро дастгирӣ намуданд. Муҳимии ин маъракаи сиёсӣ боз дар он аст, ки халқи тоҷик маротибаи дигар иқдоми минбаъдаи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуданд. Дар вазъияти муташанниҷи ҷаҳони имрӯза тасдиқи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлат омили муҳим барои пешрафти ояндаи Ватан, тинҷиву осоиштагӣ дар диёрамон ба ҳисоб меравад. Мақсади қонунҳои имрӯз баррасишаванда маҳз аз ҳамин иборат мебошанд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ба овоз монда, қабул гардид. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Сафарзода, Г. Назирӣ, Ш. Сироҷов, И. Абдуллозода ва М. Сабурзода пешниҳод гардидааст.

Он бо мақсади мувофиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тағйиру иловаҳое, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 22 майи соли 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ ворид шуданд, пешниҳод шудааст.

Мувофиқи тағйироти воридгардида, ба моддаи 71 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионии мазкур танзим менамояд. Бинобар ин, лоиҳаи мазкур дар шакли қонуни конститутсионӣ пешниҳод шудааст. Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминот, адои хизмат ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» соли 1995 қабул гардида буд ва дар лоиҳаи пешниҳодгардида муқаррароти он ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқ гардонида шуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур аз муқаддима ва 14 модда иборат буда, дар он қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба таъминоти фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №796 аз 26 сентябри соли 2016 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати такмил ёфтани он 50 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 22 — тои он қисман ва пурра қабул шуданд ва 28 -тояш қабул нагардид.

Кумитаи масъул 19 октябри соли 2016 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои воридгардидаро муҳокима намуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур бо розигии субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳое, ки аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ироа гардидаанд, ворид карда шуданд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намуда, овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Марҳамат.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Имрӯз ифтихори мардуми Тоҷикистон аз он боло мегирад, ки дар ҳамоишҳои сатҳи байналмилалӣ сарони давлатҳои ҷаҳон, олимон ва коршиносон Президенти кишвари моро дар суханронию баромадҳои гуногуни худ ҳамчун Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик эътироф кардаанд.

Ин аз шуҳрати ҷаҳонӣ ва обрӯю эътибори баланди Президенти мамлакат, ҳамчунин, аз таҷрибаи эътирофшуда ва намунаи ибрат донисташудаи тоҷикон дар ҳалли масъалаҳои мубрами на танҳо сатҳи миллӣ, балки минтақа ва ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад.

Роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки он устуворона рушд дорад, воқеан далели хизматҳои барҷастаи фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад.

Бо камоли ифтихор метавон гуфт, ки Тоҷикистон дар роҳи тат­биқи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сол то сол ба сӯи ояндаи дурахшони худ қадамҳои устувор мегузорад.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо мақсади арзёбии хизматҳои беназири Президенти кишвар дар назди миллат ва давлати Тоҷикистон таҳия гардидааст. Дар он заминаи ҳуқуқии амалӣ намудани ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ҳаматарафа инъикос гардидааст.

Мо бо ифтихор имрӯз бояд хизматҳои беназири Президенти кишварро қадр намоем. Қонуни конститутсионии мазкур саҳми босазо ва нақши бузурги таърихии Президенти мамлакатро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ, таҳкими давлату давлатдории тоҷикон пурра муайян менамояд ва ба танзим медарорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» яке аз талаботи имрӯзаи рукнҳои давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ мебошад.

Қонуни мазкур соли 1995 қабул шуда буд, вале имрӯз мавқеи сиёсию иқтисодии Тоҷикистон ­тағйир ёфт ва ҷойгоҳи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ хеле боло рафтааст. Барои он ки неру, андеша ва фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешрафти давлат равона карда шавад, бояд дар асоси қонун имконият ва шароити иҷтимоию иқтисодии хубтару беҳтар фароҳам оварда шавад, то ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ бошад. Президент симои давлатдории миллии мо дониста мешавад.

Бо ибрози ин андеша чунин пешниҳод менамоям, ки ба тарафдории қабули қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

Мирзодавлат САБУРЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таърихи давлатдории тоҷикон санади нодир аст.

Вакилони мардумӣ нағз медонанд, ки миллат ва давлати мо роҳи басе душвор ва печидаеро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар садри ин талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои номвари он, абармарди таърих Эмомалӣ Раҳмон меистод. Шахсе, ки номаи сарнавишти миллат, санади бахту саодати миллӣ ва шиносномаи таърихии тоҷиконро аз оташи таърих берун кашида, ба дасти миллат супорид. Шахсе, ки бо ҷонбозиҳои худ халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ, соҳиби аркони давлатдорӣ ва соҳиби давлати соҳибистиқлол намуд.

Қадрдонӣ аз Пешвои миллат ин қадрдонӣ аз миллат аст. Ҳар як миллат ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки решаҳои аслии хешро омӯзад, воқеияти таърихашро донад, ба хизматҳои фарзандони фарзонаи миллати худ арҷгузорӣ намояд ва дар бунёди ҷомеаи мутамаддин аз таҷрибаи гузашта истифода барад.

Бинобар ин, қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ба овоз монда, қабул гардид. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Дар марҳилаи рушди босубот ва таҳаввулоти иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ниёз ба таҳсилоти калонсолон афзуда, нисбат ба он талаботи нав пеш гузошта мешавад, ки ташаккули он бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ, танзим намудани муносибатҳо, фаъолият, принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳа ва омилҳои дигарро тақозо дорад. Ин муҳимиятро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён намудаанд: «Дар самти касбомӯзӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари шаҳрвандон ба омӯзиши касбу ҳунар муассисаҳо ва марказҳои омӯзиши калонсолон нақши арзанда мебозанд, зеро низоми зикршуда яке аз роҳҳои аз камбизоатӣ берун шудани аҳолӣ мебошад.».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити пешрафти ҷомеа дар таҷрибаи қонунгузорӣ, махсусан соҳаҳои маориф ва шуғл, тағйироти ҷиддӣ ҷараён доранд. Танҳо дар панҷсолаи охир 17 санади қонунгузории танзимкунандаи соҳаҳои мазкур, аз қабили қонунҳо дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ, таҳсилоти иловагӣ ва миёнаи касбӣ, маориф, тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шарикии давлат ва бахши хусусӣ қабул гардиданд. Ин омил бозгӯи он аст, ки таҳсилот ва шуғл ба сифати соҳаҳои муҳими афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян ва қабул гардидаанд.

Таҳсилоти калонсолон барои Тоҷикистон таҷрибаи нав буда, шакл­гирӣ ва ибтидои роҳандозии онро коршиносони миллӣ ба солҳои 2006 – 2008, ба давраи вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани муҳтарам ­Шукурҷон Зуҳуров, рабт медиҳанд.

Дар муддати баъдӣ ин таҳсилот дар Тоҷикистон пеш рафта, рушд намуд. Имрӯз он дастовардҳои хоси худро дорост. Ташкили Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон», филиалу намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» вобаста ба сохтор ва фаъолияти ин муассисаҳо заминаҳои ин пешрафтанд. Фаъолияти Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон соли 2008 ба таври расмӣ шурӯъ гардида, алҳол дар наздик аз 100 намояндагиву филиалҳои он калонсолон ба таълим фаро гирифта мешаванд. Ҳар сол дар муассисаву марказҳои таълимии калонсолон дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор нафар самту равияҳои асосии касбҳоро меомӯзанд. Соли 2014 ин нишондод ба 72000, соли 2015 ба 100000 нафар баробар буд.

Дар муқоиса бо ин раванд низоми таҳсилоти ибтидоии касбӣ соле то 10000 нафар ва таҳсилоти миёнаи касбӣ то 12000 нафар соҳибкасбро тайёр менамоянд, ки фаъолияти онҳо бо қонунҳои алоҳидаи соҳавӣ танзим мегарданд. Бо қабули қонуни мукаммал оид ба таҳсилоти калонсолон самаранокии фаъолият дар соҳа хеле боло рафта, дастрасии васеи он ба аҳолӣ таъмин хоҳад гашт.

Хусусияти муҳими соҳа аз он иборат аст, ки аҳолии кишвар ҳар сол ду фоиз инкишоф ёфта, 180 ҳазор ҷойи нишастро дар соҳаи маориф ва ҳамин миқдор ҷойи нави кориро тақозо менамояд.

Махсусияти дигари соҳа муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки барояшон шароити васеи омӯзиши касбӣ ташкил ва ҷараёни эътирофи салоҳияти малакаву маҳорати берун аз таҳсилоти расмӣ бадаст­овардаашон таъмин мегардад.

Вобаста ба ин, лоиҳа барои пешрафти соҳаи таҳсилоти калонсолон, ташкили сохтор ва низоми ягонаи он, аз ҷумла амалӣ намудани ҷараёни эътироф, расмикунонии малакаҳое, ки калонсолон дар натиҷаи омӯзиши ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомӯзӣ ба даст меоранд, заминаи ҳуқуқиро пешниҳод менамояд. Таҷрибаи байналмилалӣ ва Аврупо оид ба валидатсия, яъне эътироф ва расмикунонии малакаҳои касбии дар натиҷаи таҳсилоти ғайрирасмӣ, ғайриасосӣ ва худомӯзӣ бадастомада хеле васеъ буда, таърихи бештар дорад.

Ин таҷриба хеле муҳим буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷузъиёти он танҳо дар фаъолияти Маркази таълимии калонсолон истифода мегардад. Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 4 марти соли 2015, №31-ҲК тасдиқ шудааст, дар моддаи 11-ум – шаҳодатномакунонии тахассусӣ барои эътирофи расмии малакаҳои дар таълими ғайрирасмӣ бадастомадаро яке аз самтҳои фаъолияти марказ ва филиалу намояндагиҳои он муқаррар намудааст. Шахсони берун аз муассисаҳои таълимӣ, ғайрианъанавӣ ва берун аз нақшаву барномаҳои тақвимиву таълимӣ соҳиби малакаҳои касбигардида имкон доранд онро расмӣ кунонанд. Мутаассифона, ин расмиёте, ки алҳол сурат мегирад, бинобар заминаи қонунгузорӣ надоштан, эътирофи ҳуқуқӣ надорад.

Таҷрибаи байналмилалӣ ин равандро дар заминаи пойдори ҳуқуқӣ босамар ва густурда истифода мебарад, ки муаллифон имкон доштанд ин таҷриба ва умуман, дар маҷмӯъ таҷрибаи пешбурди таҳсилоти калонсолонро дар Олмон ва ҷумҳуриҳои Беларус, Гурҷистон, Ӯзбекистону Қирғизистон аз наздик омӯзанд.

Чун аз таҷрибаи байналмилалӣ ёдовар шудем, бамаврид мешуморам, қайд намоям, ки таҳсилоти калонсолон дар Беларус чун таҳсилоти иловагии калонсолон, дар Ӯзбекистон бошад, чун таҳсилоти касбӣ ва баъзе равандҳои он чун таҳсилоти миёнаи умумӣ пазируфта шудаанд.

Низоми таҳсилоти калонсолони Олмон пешрафтатарин дар олам ба ҳисоб рафта, он дар давраи баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рушд намудааст. Аз ҷониби муассисаҳои ин таҳсилот ба мардум, алалхусус калонсолон, имкони зиёди гирифтани таҳсилоти иловагӣ, ғайрирасмӣ аз барномаҳои касбинтихобкунӣ то барномаҳои гуногуни забономӯзӣ, фароғатӣ, фарҳангӣ пешкаш карда мешаванд. Муҳоҷирону гурезаҳои иҷборӣ ройгон ба таълим фаро гирифта мешаванд, аммо таълими шаҳрвандони худӣ музднок сурат мегирад. Ин муассисаҳо тӯли фаъолияташон, ки ибтидоаш ба охири асри XIX рабт мегирад, ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҷомеа дар Олмон табдил ёфтаанд ва бесабаб онҳоро «Донишгоҳи халқӣ» ном намебаранд.

Ҳамчунин, дар ин радиф ба таъсиси шаклҳои алтернативии муассисаҳои таҳсилоти калонсолон лоиҳаи қонун асос мегузорад, то онҳо фаъолият баранд ва рақобатпазириро дар соҳа ба миён оранд.

Таҳсилоти калонсолон дар қонун­гузории кишвар аз рӯи мазмун ва мундариҷа ба таҳсилоти иловагӣ ва аз рӯи сохтори ташкилӣ ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ рабт мегирад, ки ташаккулёбии онро чун соҳаи мустақил, новобаста аз он ки барои татбиқи ин ҳадаф заминаҳо мавҷуданд, мушкил мегардонад. Зарур аст, то таҳсилоти калонсолон чун соҳаи ягона муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии он муқаррар гарданд.

Барои таҳкими заминаҳои ҳуқуқии таҳсилоти калонсолон баъзе чораҳо андешида шудаанд, ки мутаассифона, пешрафти бомаром ва судманди онро таъмин карда наметавонанд. Бо дарназардош­ти ин, барои муҳокима ва баррасӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро пешниҳод менамоем.

Бо қабули қонуни мазкур мо «таҳсилоти ғайрирасмӣ» ва «таҳсилоти ғайриасосӣ»-ро эътироф хоҳем намуд, ки дар шароити воқеӣ хеле саривақтист. Мутаассифона, ин мафҳумҳо дар тасаввури баъзе «таҳсилоти ғайриқонунӣ» боқӣ мондаанд, ҳол он ки бо ин равандҳо ҳазорҳо нафар соҳибкасбу соҳибмалака мегарданд. Вақте ки як ҳунарманд, як устои номдор дар доираи таҳсилоти ғайрирасмӣ даҳҳо шогирд ва коромӯзро меомӯзонад ва соҳиби маҳорату малакаҳои касбӣ мегардонад, ин амал боиси дастгирӣ ва шоистаи эътироф аст, на баръакс.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ­Тоҷикистон аз 25 январи соли 2016, №512 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ ва барои такмили он 361 таклиф пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 132-то қабул, 39-то қисман қабул гардида, 190-то қабул нашуд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи қонуни мазкурро 7 сентябри соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуд ва тағйиру иловаҳои воридгардида ба лоиҳаи қонун аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа дастгирӣ ёфт.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, қабули он маблағи иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Татбиқи лоиҳаи қонуни мазкур баҳри ислоҳоти куллӣ ва рушди соҳа, баланд бардоштани масъулияти субъектони таҳсилоти калонсолон равона гардидааст, аз дастгирии шумо вобаста аст.

Эҳтиромона хоҳишмандем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул Саид дода мешавад.

ТАҒОЙЗОДА Сумангул Саид: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» барои ташкили раванди таълим, такмили ихтисос ва бозомӯзии калонсолон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Бояд қайд намоем, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дошта, мувофиқи маълумоти оморӣ 8 млн. 697,3 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 5 млн. 250,2 ҳазор нафар захираи меҳнатӣ буда, аз он 2 млн. 461,4 ҳазор нафар дар иқтисодиёт фаъол мебошанд.

Муқаррароти лоиҳаи қонуни баррасишаванда барои ба касбомӯзӣ ҷалб гардидани шаҳрвандони кишвар дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мусоидат намуда, ба соҳибҳунар, соҳибкасб шудан ва ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй гардидани касби шаҳрвандони калонсол мутобиқат мекунад.

Ҳамчунин, қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои ба шуғли расмӣ ворид гардидани шаҳрвандони калонсоли ҷумҳурӣ, ки дар бозори меҳнат бинобар надоштани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи касбу малака дар шуғли ба қайд гирифтанашуда шомиланд, барои гузаштани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ, сертификаткунонии касбу малака асоси ҳуқуқӣ гузошта, барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо равона мегардад. Дар ин замина, барои ташаккули системаи таҳсилоти калонсолон дар сатҳу зинаҳои гуногун, чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, роҳандозӣ карда мешавад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»-ро дастгирӣ менамояд.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» баҳри тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолияти таҳсилоти калонсолон нигаронида шуда, бо мақсади мустаҳкам намудани иқтидори самти таҳсилоти калонсолони мамлакат таҳия гардидааст.

Дар ҳақиқат, лоиҳаи қонуни мазкур, ки бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва гурӯҳи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст, лоиқи дастгирист.

Таҳсилоти калонсолон бо мақсади мусоидат ба инкишофи шахсият, такмили муттасили салоҳияти касбӣ, таҳкими неруи эҷодӣ ва қонеъгардонии талаботи калонсолон ба дониш, малака ва маҳорат, мутобиқшавӣ ба вазъи имрӯза, меҳнати касбӣ, инкишофи маънавӣ ва такомули шахсӣ ташкил карда мешавад.

Такяи асосӣ дар лоиҳаи қонуни мазкур бештар ба рушди захираҳои инсонӣ, ҷорӣ намудани усулҳои таълим, низом ва идоракунии таҳсилоти калонсолон, ташкили раванди таълим, таъминоти илмию методӣ ва кадрӣ, инчунин фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии таҳсилоти калонсолон нигаронида шуда, бояд бо назардошти имкониятҳои мавҷудбуда дар шароити иқтисодиёти бозорӣ амалӣ гардад.

Яке аз самтҳои асосии лоиҳаи қонун, ки дар низоми таҳсилоти калонсолон ҷорӣ намудани усулҳои замонавӣ ҷиҳати таҳияи стандартҳои касбӣ ва дар асоси онҳо таҳия намудани барномаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад, вазорату идораҳо ва муассисаҳои таълимии марбутаро зарур аст барои ташкилу таҳкими амалҳои зарурӣ омода бошанд.

Вакилони арҷманд, бо мақсади таъмини иҷрои ҳадафҳои зикргардида боварӣ дорам, қонуни мазкурро ҷонибдорӣ ва барои қабули он якдилона овоз медиҳед.

Насиба СОДИҚОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Вобаста ба шарту шароити замона барномаҳои нави таълимие мавҷуданд, ки барои амалишавии нақшаҳои давлатӣ равона шудаанд. Бо тақозои замон ва вобаста ба талабот дар ҷумҳурӣ теъдоди муассисаву марказҳои таълимии калонсолон афзуда истодааст, ки барои пешрафти иҷтимоию иқтисодии кишвар аҳамияти калон дорад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» барои муқаррар намудани заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии соҳаи ягонаи муайян гардидани таҳсилоти калонсолон мусоидат менамояд. Инчунин, меъёрҳои дар лоиҳаи мазкур дарҷшуда ба бисёр масъалаҳое, ки интихобкунандагон дар вохӯриҳо бо вакилон иброз медоштанд, аз ҷумла баланд бардоштани масъулияти субъектони таҳсилоти калонсолон, тайёр намудани мутахассисон ва омӯзгорон дар соҳаи таҳсилоти калонсолон, классификатори касбҳо, барномаҳои таълимӣ ва ғайра ҷавобгӯй мебошанд. Умуман, лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба таҳсил фаро гирифтани калонсолонро ба танзим медарорад, ки нафақат барои васеъ шудани бозори дохилии меҳнат, балки ба муҳоҷирони меҳнатӣ шароит барои омӯзиши касбӣ муҳайё месозад ва салоҳияти малакаву маҳорати берун аз таҳсилоти расмӣ бадастовардаашонро тасдиқ менамояд. Лоиҳаи қонуни мазкур амалишавии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ба танзим медарорад ва барои ташкили ниҳоди муттасили маориф ва такомули касбии шахс мусоидат хоҳад кард.

Вакилони гиромӣ, дастгирии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» саривақтӣ буда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Муҳтарам вакилон! Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» масъалаи хеле муҳим – ба касбомӯзӣ фаро гирифтани калонсолонро дар бар мегирад.

Таҳсилоти калонсолон ва дар бозори меҳнат мавқеъ пайдо кардани ин гуна ашхос аз ҷумлаи масъалаҳои ҷиддии иқтисодиёти аксар мамлакатҳо ба шумор меравад.

Барои қиёс даврони шӯравиро мисол меорем. Ҷавонон баъди хатми мактаби миёна ба донишгоҳу донишкадаҳо мерафтанд. Агар дохил намешуданд, дар омӯзишгоҳҳои касбҳои техникӣ касб меомӯхтанд. Қисми дигар ҳангоми хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ касб ҳам ёд мегирифтанд. Ба ибораи дигар, он солҳо имконияти азхудкунии касбу ҳунар хеле зиёд буд.

Имрӯз масъалаи таъмин кардани аҳолии қобили меҳнат, хусусан онҳое, ки барои фаъолияти меҳнатӣ ба хориҷи кишвар мераванд, хеле муҳим мебошад. Қариб 70 фоизи онҳое, ки солҳои охир ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, малака надоранд. Албатта, вақте ки шахс бидуни доштани кадом касб ба иҷрои ин ё он кор ҷалб мешавад, ба худатон маълум аст, ки бо ӯ муносибат чӣ гуна мешаваду барояш чӣ миқдор маош пардохт мекунанд.

Мардуми Тоҷикистон шоҳиданд, ки ҳангоми сафар ва мулоқот бо мардум муҳтарам Президенти ҷумҳурӣ ба мардум, хоса ба ҷавонон хитоб мекунанд, ки касбу ҳунар омӯзанд. Борҳо таъкид низ карданд, ки агар касбу ҳунар дошта бошед, хор намешавед.

Мақсади асосӣ аз он иборат аст, ки ҳеҷ як ҷавон аз мадди назар дур намонад, бо касбу коре фаро гирифта шавад.

Мактабҳои таҳсилоти калонсолон, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд, шароиташон созгори талаби рӯз нест, зеро агар аз як тараф имкониятҳо маҳдуд бошанд, аз ҷониби дигар таҷҳизоту воситаҳое муҳайё кардан зарур аст ҷавонон ва онҳое, ки соҳиби касби замонавӣ шудан мехоҳанд, бевосита дастгоҳу таҷҳизоти навтаринро омӯхта ва идора карда тавонанд. Агар ин ҳама шароитро муҳайё карда натавонем, маҳсулоти истеҳсолкарда рақобатпазир нахоҳад буд. Дар натиҷа, иқтисодиёт пеш намеравад.

Дар Федератсияи Россия баъди солҳои 2000-ум ба эҳёи омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ рӯй оварданд, зеро ба мушкилоти сахти нарасидани кадрҳои коргарӣ мувоҷеҳ шуданд. Моро низ ба ин масъала хеле ҷиддӣ машғул шуданамон лозим аст. Ҳоло дар як сол дар Тоҷикистон 4000 нафар касб меомӯзанд. Агар онро ба эътибор гирем, ки талабот ба касбҳои коргарӣ ҳам дар дохил ва ҳам хориҷи кишвар хеле зиёд аст, ин шумораро ба маротибҳо бояд афзун намуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қабул шуд. Вобаста ба қабули он Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

НУРМАҲМАДЗОДА Ҷамшед: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди низоми пардохтӣ, ба танзим даровардани хизматрасониҳои пардохтӣ ва иҷрои «Стратегияи рушди низоми пардохти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015- 2025» таҳия шудааст.

Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки дар баробари рушди бозорҳои молиявӣ, аз қабили афзоиши амалиёт дар бозори асъор ва коғазҳои қиматнок, зиёдшавии ҳаҷми пардохтҳо, аҳамияти низоми пардохт ва назорати хавфҳои бо онҳо алоқаманд низ рӯз аз рӯз бештар мегардад.

Шароити имрӯзаи пайдоиш ва татбиқи технологияҳои нави иттилоотию коммуникатсионӣ дар бозори хизматрасониҳои пардохтӣ зарурати таҷдиди назар кардани тартиби танзими низоми пардохтиро дар кишвар ба миён овардааст. Дар ин замина, қабул шудани қонун самаранокии гардиши маблағҳо ва ҳиссаи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдиро дар ҳаҷми умумии муомилоти пулӣ зиёдтар хоҳад кард, ки ин барои татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва асъорӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшаванда дар навбати аввал мутобиқ намудани заминаи меъёрии ҳуқуқиро ба таҷрибаи муосири байналмилалӣ ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои пардохтӣ таъмин гардонида, ҷиҳати пурзӯр намудани назорат, шаффофият амалиётҳо, беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ, афзоиши воридшавии андоз, вусъат бахшидан ба рушди фаъолияти низоми пардохтӣ, ба танзим даровардани фаъолияти ширкатҳо ва соҳибкорони инфиродӣ, ки қабули маблағҳоро барои хизматрасониҳо тавассути терминалҳои худкори худхизматрасон анҷом медиҳанд, такони ҷиддӣ хоҳад дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда аз 7 боб ва 35 модда иборат буда, дар он тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ ва истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ, масъалаҳои марбут ба маблағҳои электронӣ ва хусусиятҳои интиқоли онҳо муқаррар шудааст. Лоиҳаи қонун талаботро ба фаъолияти субъектҳои низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда, ҳамзамон иҷозатномадиҳиро барои фаъолияти операторҳои низоми пардохтӣ пешбинӣ менамояд. Инчунин, талабот барои ташкил ва фаъолияти низоми пардохтӣ ва масъалаҳои назорати низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаи пурзӯр намудани назорат ва таъмини шаффофият дар раванди ҷамъоварии пардохтҳо бо истифодаи терминалҳои худкори худхизматрасон лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Он дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифта, қисми зиёди таклифҳои аз ҷониби вакилон пешниҳодшуда ба инобат гирифта шуда, дар асоси онҳо лоиҳа такмил ёфт.

Бинобар ин, эҳтиромона аз шумо хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

РАҲИМЗОДА Шариф: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2016 №761 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Низоми пардохтии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии инфрасохтори молиявӣ мебошад, ки фаъолияти устувору мунтазами низоми молиявии кишвар, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетиро бо роҳи сари вақту бехатар гузаронидани падохтҳо таъмин карда, ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмили он 68 таклифу эрод пешниҳод карданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 28 сентябри соли 2016 лоиҳаи қонуни зикргардида бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар натиҷа, аз 68 таклифу эроди воридшуда 40 — тоаш қабул ва 5 — тоаш қисман қабул шуда, 23 — тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Дар маҷмӯъ, ба баъзе моддаҳои лоиҳаи қонуни мазкур тағйиру иловаҳо ворид карда, матни он дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд. Инчунин, хатоиҳои имлоиву техникӣ ислоҳ шуданд.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур аз 10 октябри соли 2016 №878 барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия пас гардонида шуд.

Лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаи масъул, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мудири котиботи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такроран мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров чанд таклифу эрод ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардид, ки онҳо низ қабул карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯза ба охир расид. Кӣ савол дорад? Марҳамат. Сухан ба вакил Сӯфиев Хайрулло Сабзаалиевич дода мешавад.

Хайрулло СӮФИЕВ: - Муҳтарам Ҷамшед Нурмаҳмадзода, таъсири ин қонун ба низомҳои пардохтӣ чӣ гуна хоҳад буд?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: - Аввалан таъсири ин қонун ба низомҳои пардохтӣ дар он аст, ки шаффофияти фаъолияти низомҳои пардохтие, дар ҳисоббаробаркуниҳо ё дигар амалиётҳои бонкӣ иштирок мекунанд, таъмин карда мешавад. Ҳоло бо чунин низоми пардохтӣ ва қарздиҳӣ се ташкилоти қарзӣ фаъолият мекунанд ва 1388 терминал, ки ба онҳо марбут аст. Бонки Эсхата, Бонки молиявии хурд ва Ташкилоти амонатии қарзии хурди Арванд аз ҳамин ҷумлаанд. Беш аз 3900 терминал, ки бо иштироки соҳибкорон ва ширкатҳо фаъолият мекард ва шаффофияти онҳо таъмин набуда, пинҳонкунии андозҳо дар онҳо ҷой дошт, баста шуданд. Оид ба ин масъала дар ҷаласаи ҷамъбастии соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эродҳои ҷиддӣ гирифта шуд.

Бинобар ин, барои хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтиро ба танзим даровардан мо тағйироту иловаҳои лозимаро ба қонуни амалкунанда ворид намудем, ки тибқи он аз ҷониби Бонки миллӣ ҳамчун мақоми ваколатдор назорати қатъӣ бурда мешавад.

Масъалаи дигар ин ки шаҳрвандони бурунмарзӣ, ки дар хориҷа кор карда, ба ҷумҳурӣ маблағ ирсол мекунанд, ягон хел кафолати қонунӣ надоштанд. Минбаъд, баъди мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, низомҳои пардохтие, ки дар ҷумҳурӣ (панҷ низоми пардохтӣ мавҷуд аст) фаъоланд, ҳатмӣ аз Бонки миллӣ иҷозатнома мегиранд.

(Давом дорад)

Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ