«Таъсиси Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Венгрия ба манфиати кор аст»

№77 (3714) 30.06.2017

кабул28 июни соли 2017 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо вазири робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва корҳои хориҷии Венгрия Петер Сийярто ва ҳамроҳони ӯ мулоқот намуд.

Зимни суҳбат ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои байнидавлатӣ ҳавасмандӣ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки ҳамгироии байнидавлатӣ миёни Тоҷикистону Венгрия дар соҳаҳои гуногун бемайлон густариш ёфта, сатҳу сифати нав касб карда истодаанд.

Ҷонибҳо ҷиҳати рушди равобити иқтисодию тиҷоратӣ ва дарёфти роҳу усулҳои нави беҳтарсозии нишондиҳандаҳои гардиши савдои байнидавлатӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

Шукурҷон Зуҳуров аз сафари Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Венгрия ёдовар шуда, онро омили муҳими тавсеаи ҳамшарикии ҳар ду кишвар номид.

Раиси Маҷлиси намояндагон бо ёдоварӣ аз мавқеи хосаи Венгрия дар Аврупои Шарқӣ ва таърихи робитаҳои қаблии ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки мо ҳамеша Венгрияро дар робитаҳои байналмилалии худ ҳамчун шарики боэътимод медонем ва баҳри таҳкими пояҳои ҳамкории мутақобилан судманд бо он ҳамеша саъю талош хоҳем кард.

Шукурҷон Зуҳуров таъсис додани гурӯҳҳои  дӯстӣ миёни парлумонҳои Тоҷикистону Венгрияро мувофиқи мақсад донист.

- Гурӯҳҳои дӯстӣ омили асосӣ ва муҳим барои густариши равобити дуҷонибаи байнипарлумонӣ хоҳанд буд, — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон