Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тақвияти воситаҳои ҳуқуқӣ алайҳи хатари терроризм ва ифротгаройӣ

№132 (3612) 22.10.2016

DSC_007019 октябри соли 2016 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ»

6. Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ

7. Дар бораи Созишномаи қарзӣ (LN0002 - TJK) оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ

8. Дар бораи Созишномаи қарзӣ бо тағйиру иловаҳо (тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзӣ аз 27 июли соли 2012) (42232) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон

9. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода

10. Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ»

11. Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ»

12. Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ».

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳотам Назрулло дода мешавад.

НАЗАРЗОДА Ҳотам Назрулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 2015 аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Мақсади лоиҳа иборат аз пурзӯр намудани мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, қатъӣ намудани ҷавобгарӣ барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ, амнияти давлат, хиёнат ба давлат, ҳамчунин, рушди соҳибкорӣ, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва ғанигардонии Буҷети давлатӣ мебошад.

Лоиҳа бо дарназардошти манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва татбиқи принсипи адолати судӣ ворид намудани иловаро ба моддаи 15 Кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ намуда, муқаррар менамояд, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои ҷалб ва иштироки ғайриқонунӣ дар воҳидҳои мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар дигар давлатҳо мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла моддаи 4011 Кодекси ҷиноятӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 179, 1793 ва 3071 кирдорҳои ҷиноятии мазкур, ҳолатҳои вазнинкунандаи содиршавӣ ва ҷавобгарӣ барои онҳоро мушаххас гардонида, роҳҳои пешгирӣ ва коҳиш додани ҷинояткорӣ дар самти мазкур, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятиро барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, шахсоне, ки ба терроризм ва ифротгаройӣ мусоидат мекунанд, муайян менамояд. Бо мақсади мушаххас намудани дараҷаи ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремис­тидошта, барои содир намудани онҳо бо мақсади суст намудани фаъолияти муътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, аз ҳиссиёти кинаю адовати динию мазҳабӣ, аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ ва шахсони мансабдор бо истифода аз мақоми хизматӣ, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет ва монанди онҳо ҷазоҳои нисбатан вазнинтарро пешбинӣ менамоянд.

Ҳамчунин, мафҳумҳои «сафедкунии оммавии терроризм» ва «сафедкунии оммавии экстремизм», яъне бо роҳи тарғибу ташвиқи оммавӣ дар бораи эътироф намудани дурустии ғоя ва таҷрибаи терроризм ва экстремизм, таклифи тақлид ва дастгирии онҳо, дар моддаҳои 1793 ва 3071 бори аввал ҳамчун таркибҳои алоҳидаи ҷиноятӣ муайян гардида, онҳо бо эзоҳҳои дахлдор мушаххас ва оммафаҳм гардонида мешаванд.

Бо мақсади таъмини адолати судӣ барои ин намуд ҷиноятҳо, содир кардани ҷиноятҳои «Хиёнат ба давлат» ва «Бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимият» такроран, аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг ва дар ҳолати ретсидив ҳолатҳои вазнинкунандаи содиркунии ҷиноят муқаррар карда мешаванд.

Бо мақсади таъмини рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва ғанигардонии Буҷети давлатӣ аз қисми 6) моддаи 49 Кодекси ҷиноятӣ ҷиноятҳои дар моддаҳои 291, 292 ва 293 Кодекси мазкур пешбинигардида хориҷ карда, имконият дода мешавад нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои зикргардида пешбинишударо (моддаи 291. саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, моддаи 292. саркашӣ аз супоридани андозҳо ва (ё) пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ) ва моддаи 293. саркашии шахси воқеӣ аз пардохти андозҳо ва (ё) пардохтҳо) содир кардаанд, ҷазоҳои қонунгузории ҷиноятӣ пешбининамуда дар асосҳои умумӣ таъин карда шаванд.

Тағйирот ба қисми 2) моддаи 72, яъне аз он хориҷ карда шудани калимаҳои «дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,» имконият медиҳад шахсоне, ки категорияҳои дигари ҷиноятро содир намудаанд, агар махсус дар моддаи дахлдори қисми махсуси кодекси мазкур пешбинӣ гардида бошад, новобаста аз мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинигардида, яъне новобаста аз баъд аз содир намудани ҷиноят ихтиёрӣ омадан, ба гуноҳи худ иқрор шудан ё ба ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат намудан ё зарари расонидаашро талофӣ намудан ё ин ки ба тариқи дигар зиёни расонидаашонро рафъ кардан, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шаванд.

Лоиҳаи қонун ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар мухолифат надошта, татбиқи он аз Буҷети  давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: - Сухан аз рӯи масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад: — Муҳтарам Раис, Раёсат, ҳамкасбон ва ҳозирини гиромиқадр!

Дар охири асри ХХ равандҳои дигаргуниҳои куллии олам дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ боиси ҷаҳонишавии ифротгароӣ ва терроризм, муҳоҷирати оммавии аҳолии кишварҳои зиёд, муташанниҷгардии муносибатҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ, байниқавмӣ ва гурӯҳӣ гардида, ба пайдоиши гурӯҳҳои мухолиф, ки мехоҳанд мақсадҳояшонро бо роҳи ғайриқонунӣ ва истифодаи зӯроварӣ амалӣ намоянд, заминаи мувофиқ гузоштанд.

Пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ на танҳо ба парокандагии давлати абарқудрат, балки ба вайронгардии низоми мукаммали бехатарӣ дар кишварҳои соҳибистиқлолу мустақил, ки дар заминаи аз байн рафтани он пайдо гардиданд, овард.Тоҷикистони мустақил низ аз ин раванди сиёсии таърихӣ берун намонд.

Хушбахтона, бо кӯшишҳои ҷонфидоёна ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳ дар мамлакат сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор ва дар самти бартараф намудани заминаҳои бевоситаи содиршавии амалҳои террористӣ ва ифротгароёна чораҳои мушаххас андешида шуда, Тоҷикистон узви фаъоли санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки терроризм ва ифротгароиро маҳкум мекунанд, гардид.

Ҳамчунин, дар оғози ҳазорсолаи нав абарқудратҳо минтақаҳои калони олам ва давлатҳои зиёдро ба маркази терроризми байналмилалӣ табдил доданд, ки дар онҳо гурӯҳҳои муташаккили террористӣ ва ифротгаро озодона амал намуда, шумораи зиёди одамонро аз давлатҳои дигар ҷалб менамоянд.

Имрӯзҳо дар давлатҳои ҳамсояи Афғонистон, Ироқ, Сурия ва дигарҳо ташкилотҳои террористӣ ва ифротгарои диниву моҷароҷӯи фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшудаи «Давлати исломӣ», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Толибон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Салафия», «Ал-Қоида», «Асбат-ал-Асар», «Ал-Ҷиҳод» ва ғайра озодона фаъолият менамоянд. Ташвишовар он аст, ки ба ин ташкилотҳои ҷиноятӣ баъзе аз ҳамдиёрони роҳгумзадаи мо низ шомиланд ва ба бехатарии ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таҳдиди бевосита менамоянд.

Бинобар ин, зарур аст, ки Тоҷикистон дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгаройӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар як саф бошад ва воситаҳои ҳуқуқиро ҷиҳати пешгирӣ ва решакан кардани ин зуҳуроти номатлуб дурбинона ва бомақсад андешад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон 31 августи соли 2016 №840 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.

Мақсади бевоситаи лоиҳаи қонун иборат аз мутобиқ намудани қонунгузории ҷиноятии мамлакат ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва ифротгароидошта, пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, шахсоне, ки ба терроризм ва ифротгаройӣ мусоидат мекунанд, мебошад. Инчунин, лоиҳа ба рушди соҳибкорӣ дар мамлакат, афзун намудани ҳавасмандии андозсупорандагон ва ғанигардонии Буҷети давлатӣ нигаронида шудааст.

Аз ҷумла, иловаи қисми 4) моддаи 15-и кодекс, ки амали қонуни ҷиноятиро нисбати шахсони берун аз Тоҷикистон ҷиноят содир намудаанд, мукаммал мегардонад. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимо истиқоматкунанда барои ҷинояти содиркардаашон дар давлати хориҷӣ дар ҳолате низ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд, ки мутобиқи моддаҳои мушаххаси кодекси мазкур ҷавобгарии ҷиноятӣ маҳз барои дар давлати хориҷӣ содир намудани ҷиноят пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, дар мавриди мазкур ҳолатҳое, ки дар қисми 1) ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, яъне давлати дар ҳудуди он ҳаракат содир шудааст ва ин кирдорро ҷиноят эътироф мекунад ё эътироф намекунад, ҳалкунанда намебошад.

Тағйироту иловаҳо ба моддаҳои 305 ва 306 ҷавобгарии ҷиноятиро барои кирдорҳои мазкур пурзӯр намуда, дар радифи дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин такроран, аз ҷониби хизматчии ҳарбӣ, бо истифода аз мақоми хизматӣ, дар вазъияти ҷангӣ ё замони ҷанг, дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир кардани хиёнат ба давлат, бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият ё бо зӯроварӣ нигоҳ доштани ҳокимиятро ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷиноятҳои мазкур муқаррар мекунанд ва ҷазоҳо барои ин ҷиноятҳо пурзӯр гардонда шудааст.

Тағйироту иловаҳо ба моддаҳои 307, 3071 ва 3073 низ меъёрҳои моддаҳои мазкурро мушаххас мегардонад. Мусоидат ба даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз воситаҳои ахбори омма ё шабакаи Интернет, содир кардани даъвати оммавӣ дар ба амал баровардани фаъолияти ифротгароӣ ва ташкили фаъолияти ташкилоти ифротгаро ҳолатҳои вазнинкунанда, такроран, дар ҳолати ретсидивисти хавфнок ва махсусан хавфнок содир кардани кирдорҳои мазкур ҳолатҳои махсусан вазнинкунандаи ҷавобгарии ҷиноятӣ ба ин намуд ҷиноятҳо баҳодиҳӣ карда мешаванд.

Аз қисми 6) моддаи 49 кодекси ҷиноятӣ хориҷ намудани моддаҳои 291, 292 ва 293 кодекси мазкур имконият медиҳад нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои зикргардида пешбинишуда, яъне саркашӣ аз пардохтҳои гумрукӣ, супоридани андоз ва дигар пардохтҳоро содир кардаанд, ҷазоҳои қонунгузории ҷиноятӣ пешбининамуда дар асосҳои умумӣ таъин карда шаванд.

Тағйирот ба моддаҳои 291, 292 ва 293 низ меъёрҳои моддаҳои мазкурро мушаххас гардонида, барои рушди соҳибкорӣ заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мегузоранд, ҳавасмандии андозсупорандагонро зиёд мекунанд ва барои ғанигардонии Буҷети давлатӣ мусоидат мекунанд.

Аз қисми 2 моддаи 72 кодекс хориҷ карда шудани калимаҳои «дар ҳолати мавҷуд будани шартҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинигардида,» имконият медиҳад  шахсоне, ки категорияҳои дигари ҷиноят, яъне ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир намудаанд, новобаста баъд аз содир намудани ҷиноят ихтиёран ба мақоми дахлдор омадан, ба гуноҳи худ иқрор шудан, агар онҳо барои ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат намоянд, зарари расонидаашонро талофӣ ё онро тариқи дигар рафъ намоянд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Лоиҳа ба Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамояд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмили он 22 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки аз онҳо 15 — тоаш қабул ва 7 таклиф қабул нагардид.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: - Доир ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Исмоилзода Зуфар дода мешавад.

Зуфар ИСМОИЛЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ман мехостам оид ба иловаҳои ба моддаҳои 179 ва 307 пешниҳодшуда ибрози ақида намоям. Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо ва берун аз он афроде ҳастанд, ки то ҳол муваффақиятҳои беназири Тоҷикистони азизро дар самти таъмини сулҳу оромӣ ва рушди босуботи соҳаҳои хоҷагии халқ, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои халқи баору номус ба даст омадааст, нодида мегиранд. Бо тақлидкориҳои кӯр-кӯрона зери ниқоби демократия суханрониҳои ғаразнок карда, аз амалу кирдорҳои хусусиятҳои экстремистиву террористидошта пуштибонӣ менамоянд. Бархеи дигар дониставу надониста бо такя ба маводи Интернет ва воситаҳои ахбори оммаи ғайр барои сафедкунии баъзе чунин амалҳо суханронии бемантиқ намуда, ақидаи чанд тани сустиродаву ноустуворро олуда месозанд. Аз ёд наборорем, ки мо менталитет, андешаронии шарқиёнаи худро дорем ва набояд ба давлатҳои ғарб тақлид кунем. Яке аз сабабҳои асосии сар задани воқеаҳои мудҳиши ба сари миллатомада ҳамин суханпардозиҳову андешарониҳои тақлидкоронаи беасос буданд. Имрӯз, ки вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ хеле муташанниҷу сарбаста аст ва муборизаи шадид баҳри аз нав тақсим намудани сайёра байни абарқудратҳо идома дорад, муборизаи иттилоотӣ нақши хосро пайдо кардааст. Дар муборизаи иттилоотӣ сухан силоҳи асосӣ ба ҳисоб меравад ва сухани носанҷидаву ноҷо метавонад боиси ноором сохтани ҷомеа ва сар задани ҳодисаи нохуш гардад.

Бобати ба мардум тезтару хубтар фаҳмонида додани иловаҳои муҳими Кодекси ҷиноятӣ тавассути вохӯриҳо ва воситаҳои ахбори омма корро ҷоннок намудан зарур аст, зеро надонистани қонун шахсро аз ҷавобгарӣ озод наменамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намуда, аз шумо — вакилон низ хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович дода мешавад.

Саймумин ЯТИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ҳодисаҳои танҳо ҳаминсолаи зуҳуроти терроризм дар кишварҳои Шарқи Наздику Миёна, Аврупо, Афғонистон, Туркия оламиёнро ба ташвиши ҷиддӣ овардааст. Амалҳои террористӣ дар маконҳои серодам, зиёдшавии теъдоди истифода аз террористони худкуш, тарз ва воситаҳои навин, ба мақсадҳои бештар талафёбии аҳолии осоишта, ба таҳлука овардани ҷомеа, инчунин бар зидди кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ равона мебошанд.

Чунин воқеият тақозо менамояд, ки мақомоти салоҳиятдори мубориза бар зидди терроризми ҳар як давлат бояд аз вазифа, уҳдадорӣ ва кафолатҳои дақиқи қонунӣ бархӯрдор бошанд.

Кумита субъекти бевоситаи муборизабаранда бар зидди терроризм мебошад. Чунин кафолат, дар баробари муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи силоҳ», барои хизматчиёни ҳарбии он, аз ҷумла воҳиди махсуси зиддитеррористии «Алфа», зимни истифода аз силоҳ, воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ, инчунин техникаи ҳарбӣ, бахусус муҳим аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар таҷрибаи мақомоти махсус ва амниятии дигар давлатҳо, аз ҷумла Федератсияи Россия, чунин қонунгузорӣ қабул гардидааст.

Қонун, ҳамчунин моҳияти пешгирикунанда дошта, салоҳияти пешбининамуда ба сари вақт барҳам додани амалҳои террористӣ ва безарар гардонидани террористон равона мебошад. Дар ҳамин замина барои боэътимод ҳифз намудани ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, инчунин дар доираи кафолатҳои ҳуқуқӣ иҷро гардидани вазифа ва уҳдадориҳои хизматӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло, аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Маҷидзода Ҷурахон Зоир дода мешавад.

МАҶИДЗОДА Ҷурахон Зоир: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2016 таҳти №838 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Он бо мақсади мукаммал гардонидани танзими ҳуқуқии мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин возеҳ ва равшан намудани ҳуқуқи истифодаи қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус, силоҳ ва техникаи ҳарбӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии мақомоти амнияти миллӣ ва ба ин васила таъмини амнияти ҷамъият ва манфиатҳои миллии давлат аз ҳама гуна сӯииқасд ва дахолати ғайриқонунӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 таклиф пешниҳод гардид, ки 26 пешниҳод қабул ва 16 таклиф қисман қабул гардида,  19 пешниҳоди дигар қабул нашуд.

Инчунин, таклифу эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров оид ба услуби баён пешниҳодшуда, қобили қабул шуморида, лоиҳа аз нав таҳия шуд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм дар асоси моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар барои шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати ба қувваи қонунӣ даромадани созишномаи мазкур мебошад.

Баимзорасонии созишномаи мазкур ҳамчун пойгоҳи мустаҳкам барои ҳамкории мутақобила дар соҳаи мубориза дар самти ҷинояткорӣ бо ҷониби Амороти Муттаҳидаи Араб гардида, барои инкишофи алоқаҳои минбаъдаи Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб аз рӯи самтҳои мубориза бо ҷинояткориҳои муташаккил манбаи асосӣ мегардад.

Он аз муқаддима ва 15 модда иборат мебошад. Дар  муқаддима асосҳо барои баста шудани созишнома ифода ёфтааст.

Дар моддаҳои 1-4 дар бораи уҳдадориҳои тарафҳо оид ба риояи қонунгузорӣ ва таносуби онҳо бо дигар шартномаҳои байналмилалӣ, соҳаҳои ҳамкорӣ дар мубодилаи иттилоот дар самти пешгирӣ, ошкоркунӣ ва рафъи ҷинояткорӣ, шаклҳои ҳамкорӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Дар моддаҳои 5-7 тартиби ирсоли дархост ё маълумот байни тарафҳо, тартиби рад кардани дархост ва таъмини иҷрои фаврӣ ва пурраи дархост пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаҳои 8-9 қоидаҳои истифодабарии маълумот ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда, махфияти онҳо ва хароҷоти вобаста ба иҷрои дархости ҳамкорӣ инъикос гардидааст.

Дар моддаҳои 10-15 масъалаҳои вобаста ба забонҳои кории ҳамкориҳо миёни тарафҳо, мақомоти салоҳиятдори ҳамкорӣ, гузаронидани вохӯрӣ ва машваратҳо оид ба амалинамоӣ, тартиби ҳалли баҳсҳо вобаста ба тафсири созишнома, муносибат, бо дигар созишномаҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои эътибори қонунӣ пайдо намудан, тағйирот даровардан ва муҳлати амали созишномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тасдиқи созишномаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мувофиқа гардида, таклифу эродҳои пешниҳодгардида ба инобат гирифта шудаанд.

Хоҳишмандам, барои тасдиқи созишнома овоз диҳед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дода мешавад.

Ҳаёт ОДИНАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм, ки 17 марти соли 2016 дар шаҳри Дубай ба имзо расидааст, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади созишнома аз дастгирии рушди ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб дар самти пешгирии амалҳои ҷиноятӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон иборат мебошад.

Бояд қайд намуд, ки дар созишномаи мазкур 14 намуди (гурӯҳҳои) ҷиноятҳо муайян шуда, зарурати ҳамкории тарафҳо бо мақсади пешгирӣ, ошкоркунӣ ва бартараф намудани онҳо нишон дода шудааст. Бо ин мақсад дар созишнома 16 самти асосии ҳамкории тарафҳо зикр шудаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи мазкурро 28 сентябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ гардида, муайян карда шуд, ки он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вобаста ба ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Равшан Раҷабов дода мешавад.

Равшан РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қайд кардан бамаврид аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии мамлакат вобаста ба рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтанд. Аз ин хотир «Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Тасдиқи созишномаи мазкур барои ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, хусусан барои мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм, заминаҳои мусоид фароҳам меоварад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок» сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) амалӣ карда шудааст.

Дар он илова ба моддаи 8 оид ба талаб намуда гирифтани маълумот аз ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бораи моликбенефитсиарон, инчунин моддаҳои 12 ва 42 оид ба пешниҳоди маълумот дар бораи моликони коғазҳои қиматнок бо дархости мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешбинӣ шудаанд.

Дар ин робита, қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими бозори коғазҳои қиматнок шароити дастрасии маълумот дар бораи молик — бенефитсиарони ҷамъиятҳои саҳомӣ ва соҳибони бастаи калони саҳмияҳои ҷамъиятҳои саҳомии кушодаро фароҳам меоварад.

Ҳамчунин, қабули лоиҳаи қонуни зикршуда ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дастрасии маълумотро оид ба ҳисобҳо, миқдори коғазҳои қиматноки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муҳайё намуда, заминаи мусоидро барои муайянсозии механизми пешниҳоди чунин маълумот фароҳам меорад.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад ва маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб наменамояд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Ҷиҳати иҷрои талаботи тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) муайян намудани молик – бенифитсиароне, ки дар ниҳояти кор шахсони ҳуқуқӣ ё ташкилотҳои ҳуқуқиро назорат мекунанд ва ё аз онҳо фоида мегиранд, муҳим мебошад.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 5 таклиф пешниҳод намуданд, ки онҳо пурра қабул шуданд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала кӣ савол дорад?

Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ: — Ман ба муҳтарам Нуралиев савол дорам. Лутфан бигӯед, маълумоте, ки аз ҷониби мо дар бораи моликони коғазҳои қиматнок ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ талаб мекунанд ва ба онҳо пешниҳод карда мешаванд, мо низ метавонем аз онҳо ҳамин гуна маълумот талаб намоем?

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Шаффофият бояд аз ҳар ду ҷониб таъмин гардад. Мо, албатта, чунин талаботро ба миён гузошта метавонем. Дар сурати пайдо шудани ҳар гуна шубҳа дар бораи резидентҳое, ки дар бозори дохилӣ ва хориҷии коғазҳои қиматноки мо фаъолият мебаранд, чунин талабро ба миён мегузорем ва бо дастрас шудани маълумот дар доираи қонунгузории ҷорӣ чора меандешем.

РАИС: — Дар лоиҳаи қонун, аз ҷумла омадааст: Маълумот дар бораи моликони коғазҳои қиматнок бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешниҳод карда мешавад. Ин даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро кӣ муайян мекунад?

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Мо ба ин салоҳият дорем. Вақте ки мо муайян мекунем, ки ҳаҷми маблағ зиёд аст, сарчашмаи пайдоиши маблағро пурсон мешавем. Онро бояд ба ҳисоб гирифт, ки бонкҳо ҳангоми муайян карда натавонистани сарчашмаи пайдоиши маблағ онро ба мо интиқол намекунанд, зеро пуле, ки ба низоми бонкӣ дохил мешавад, аз чанд марҳила мегузарад. Мо шабакаҳои худро дорем, ки ба воситаи он сарчашмаи маблағҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро муайян менамоем ва дар сурати мавҷуд будани маълумоти шубҳанок мо ба мақомоти дахлдор – амният, прокуратура ё корҳои дохилӣ муроҷиат мекунем.

РАИС: — Муҳтарам Маҳмадалӣ Ватанзода, шумо дар ин маврид чӣ гуфтаниед?

Маҳмадалӣ ВАТАНЗОДА – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Муҳтарам Раис, Ҷамолиддин Нуралиев масъаларо дуруст шарҳ доданд. Мо қонуни алоҳидае дорем дар бораи муқовимат ба қонунигардонии маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда. Дар мавриди масъалаи баррасишаванда мақоми ваколатдор Бонки миллии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мақоми ваколатдор ҳуқуқ дорад аз манбаъҳои иттилоотӣ ё амниятӣ дар хусуси коғазҳои қиматноке, ки ин ё он шахси ҳуқуқӣ ё воқеӣ дорад, маълумот дархост намояд.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» сухан ба муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нуралиев Ҷамолиддин Камолович дода мешавад.

Ҷамолиддин НУРАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ» бо мақсади татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, талаботҳои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ бар зидди пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм (ФАТФ) таҳия гардидааст.

Дар он иловаҳо ба моддаи 3 оид ба мафҳуми «молик- бенефитсиар», моддаи 84 оид ба талаб намудани маълумот аз ҷамъиятҳои саҳомӣ дар бораи моликони бенефитсиар, моддаи 89 оид ба нигоҳ доштани маълумот дар бораи моликони бенефитсиар на кам аз панҷ сол аз санаи барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ, инчунин моддаи 91 дар хусуси пешниҳод намудани маълумот ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки иловаҳои воридшаванда, пеш аз ҳама, барои амалӣ намудани чорабиниҳои пешгирии амалҳои расмикунонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона гардида, ҷиҳати таъмини шаффофият ва танзиму назорати зарурӣ дар низоми молиявии мамлакат мусоидат менамояд.

Ҳангоми қабули лоиҳа мақоми ваколатдори танзими давлатии бозори коғазҳои қиматнок вазифадор мегардад, ки маълумоти заруриро дар бораи мушаххасоти моликон бенефитсиарони ҷамъиятҳои саҳомӣ дастрас намояд ва чунин маълумотҳоро на кам аз панҷ сол, ҳангоми барҳамдиҳии ҷамъияти саҳомӣ нигоҳ дорад.

Илова бар ин, талаботи лоиҳаи қонуни зикршуда ҷамъиятҳои саҳомиро уҳдадор менамояд, ки ҳисоботи дахлдорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешкаш намоянд.

Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро тарафдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Бобоев дода мешавад.

Олимҷон БОБОЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.

Онро кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуда, баҳри такмил 10 таклиф пешниҳод шуд, ки аз онҳо 9-тоаш қабул гардид ва 1-тоаш қабул нашуд.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров якчанд таклифу эрод пешниҳод гардид, ки онҳо низ қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намуда, овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ганҷалзода Шералӣ Раҳмон дода мешавад.

ГАНҶАЛЗОДА Шералӣ Раҳмон: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ 25 апрели соли 2016 ба имзо расид. Онро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҳукумати Япония роҳбари Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо намуданд.

Тибқи созишномаи мазкур, Ҳукумати Япония ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумаки грантӣ ба маблағи 1 992 000 000 (як милларду нуҳсаду наваду ду миллион) йени японӣ баробар ба 18 772 00 (ҳаждаҳ миллиону ҳафтсаду ҳафтоду ду ҳазор) доллари ИМА ҷудо намуд.

Қобили қайд аст, ки созишномаи грантии зикршуда як қатор имтиёзҳоро, аз қабили озод намудан аз пардохти андозҳо ва ғайра, пешбинӣ намудааст.

10 июни соли 2016 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати японии «Катахира энд Инжинирс Интернэшнл» қарордод доир ба хизматрасониҳои машваратӣ дар доираи лоиҳаи мазкур ба имзо расид.

Айни ҳол, дар ҳамкорӣ бо Ширкати японии машваратчӣ таснифоти техникӣ ва ҳуҷҷатҳои озмунӣ мавриди омодакунӣ қарор доранд. Баргузории озмуни интихоби ширкати таҳвилгар дар охири соли 2016 дар шаҳри Токиои Япония пешбинӣ шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди вилояти Суғд ва минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон бо техника ва таҷҳизоти замонавии нигоҳдории роҳҳо ва гузаронидани омӯзиш барои мутахассисони соҳа ҷиҳати истифодабарии техника ва таҷҳизот мебошад.

Он ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016- 2020», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 № 772 тасдиқ гардидааст, ворид шудааст.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Японияро оид ба ҳамкории байналмилалӣ ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Асозода Хайрулло: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Созишномаи грантӣ оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдории роҳ дар вилояти Суғд ва қисмати шарқии вилояти Хатлон байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод шудааст. Лоиҳаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 2016 таҳти №861 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.Созишнома аз 7 модда иборат аст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 6 октябри соли 2016 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  баъди баррасӣ ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад шуморид.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: Доир ба ин масъала кӣ савол дорад ?

Ҷаббор АХМЕДОВ: - Муҳтарам вазир, ҳаждаҳ миллион доллар маблағи хеле калон аст. Бинобар ин, мехоҳам донам, ки рӯйхати аниқи хариди техникаю таҷҳизот омодааст ё не? Бо ин техникаю таҷҳизот то чӣ андоза талаботи зерсохторҳои шумо қонеъ карда мешавад? Онҳо барои дигар сохторҳо низ пешбинӣ шудаанд?

Шералӣ Ганҷалзода: — Созишномае, ки пештар барои ду минтақаи кишвар пешбинӣ шуда буд,  барои вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ харидории 118 адад техникаю механизмҳоро дар бар мегирифт.

Созишномаи мазкур харидории 217 техникаю таҷҳизотро дар бар мегирад, ки назар ба созишномаи аввалӣ қариб 100 адад зиёд мебошад.

Техникаю таҷҳизоти дар созишнома пешбинишуда, аз ҷумла техникаю таҷҳизоти хурд барои таъмири ҷории роҳҳо ва дигар  механизму техникаҳои роҳдориро дар бар гирифта, инчунин харидории як маҷмӯи заводи асфалтбарорӣ,  сангмайдакунӣ, таҷҳизот барои хобонидани асфалт, аз қабили катакҳо, грейдерҳо, ҳатто лаборатория  низ ба инобат гирифта шудааст.

Тибқи созишномаи мазкур давоми ду сол мутахассисони японӣ тарзи истифодаи техникаю таҷҳизоти навтарини соҳаро ба мутахассисони тоҷик меомӯзонанд.

Оид ба қисмати дуюми саволатон. Мутахассисони агентии японӣ ба минтақаҳои зери татбиқи  созишнома қарорёбанда сафар карда, бо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ мулоқоту вохӯриҳо доштанд ва талаботи  онҳо ба инобат гирифта шудааст.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар бораи Созишномаи қарзӣ (LN0002-TJK) оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд  ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт, ки дар сиёсати давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян намудаанд, чораҳои зарурӣ андешида, онҳоро дар амал татбиқ намуда истодааст.

Яке аз соҳаҳои муҳими афзалиятнок рушди соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла таҷдиду сохтмони роҳу нақбҳо ва пулҳо мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ менамояд.

Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як қатор ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расонидааст, ки Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе — сарҳади Ӯзбекистон» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Маблағи умумии лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон» 90,0 миллион доллари амрикоӣ буда, он аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 62,5 миллион доллари амрикоӣ ва аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ ба маблағи 27,5 миллион доллари амрикоӣ  маблағгузорӣ мешавад.

Созишномаи қарзӣ (LN0002-TJK) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин ба имзо расидааст.

Агентии иҷроияи лоиҳаи мазкур Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқкунандаи он Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо мебошад.

Мақсади лоиҳа ин беҳтар намудани ҳолати роҳҳои автомобилгард, хизматрасонии нақлиётӣ ва таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва пиёдагардҳо мебошад.

Дар доираи лоиҳа барқароркунии қитъаи роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе – аз км 0 то км 4,6 бо паҳноии аз 70 то 90 метр, ҳаракати 8-хатаи нақлиёт  ва 4 хатти иловагӣ барои ҳаракати нақлиёти мусофирбар ва азнавсозии чорроҳаҳои назди ҳайкали  Абӯалӣ ибни Сино ва шаҳраки 82 дар сатҳи гуногун пешбинӣ шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли ҷорӣ оғоз ёфта, то охири соли 2020 идома хоҳад ёфт. Шартҳои ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ чунин мебошанд:

- муҳлати қарз — 15 сол (бо дарназардошти давраи имтиёзнокӣ);

- давраи имтиёзнокӣ – 3 сол;

- меъёри фоизи қарз – LIBOR + 0,9 фоиз.

Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қарзӣ (LN0002-TJK) оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2016 № 895 Созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

13 октябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқ овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ бо тағйиру иловаҳо (тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзӣ аз 27 июли соли 2012) (42232) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади  Ӯзбекистон сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова дода мешавад.

Меҳринамо  ҶОНМАМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба муҳокимаи шумо Созишномаи қарзӣ бо тағйиру иловаҳо (тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзӣ аз 27 июли соли 2012) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон» пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки бори аввал 27 июли соли 2012 Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба маблағи 35,0 миллион доллари амрикоӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расонида шуд.

Бинобар сабаби норасоии маблағи 35,0 миллион доллари амрикоӣ  барои таҷдиди пурраи қитъаи роҳ аз ҳайкали Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (км 0,0 то 4,6) 27,5 миллион доллари амрикоии иловагӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҷалб карда шуда, дар маҷмӯъ  ба маблағи 62,5 миллион доллари амрикоӣ Созишномаи қарзӣ бо тағйиру иловаҳо (тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзӣ аз 27 июли соли 2012) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонки мазкур 25 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Пекин ба имзо расонида шудааст. Дар баробари ин, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд кумаки техникӣ (грантӣ) дар ҳаҷми 2,5 миллион евро барои пардохти хизматрасонии машваратии лоиҳаи мазкур пешниҳод намуд.

Лоиҳаи мазкур ба «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020» ворид гардидааст.

Барои тайёр намудани лоиҳаи муфассали иншоот ва назорати корҳои сохтмонӣ 2 июни соли 2014 Созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 1,5 миллион евро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, инчунин қарордод  бо машваратчии ширкати  «SAI»-и Ҳиндустон ба имзо расид.

То имрӯз аз тарафи машваратчӣ якҷоя бо КВД «Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашию кофтуковӣ»-и Вазорати нақлиёт қисмати аввали лоиҳаи муфассали иншоот дар ҳаҷми чорроҳаи шаҳраки 82 (км 1,2-1,9) анҷом дода шуда, аз тарафи Раёсати экспертизаи давлатӣ қобили қабул дониста шуд.

4 августи соли 2015 озмуни интихобии «пеш аз тахассусӣ»-и ширкатҳои паймонкор гузаронида шуда, 18 декабри соли 2015 ҳисоботи арзёбӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тасдиқ гардид.

2 феврали соли ҷорӣ 14 ширкати паймонкор, ки аз расмиёти «пеш аз тахассусӣ» гузаштанд, ба озмуни асосӣ даъват карда шуданд.

18 марти соли ҷорӣ пешниҳодҳои озмунии ҳамагӣ 11 ширкати паймонкор, ки дар озмун иштирок намуданд, кушода шуданд.

Дар натиҷа, Корпоратсияи роҳҳо ва кӯпрукҳо «Синдзян-Бейсин» Хитой) дар мувофиқа бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ғолиби озмун дониста шуд.

Шартҳои ҷалби маблағҳои қарзӣ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд чунин мебошанд:

- муҳлати қарз — 15 сол (бо дарназардошти давраи имтиёзнокӣ);

- давраи имтиёзнокӣ — 3 сол;

- меъёри фоизи қарз LIBOR + 1 фоиз.

Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад.

НАЗИРӢ Гулбаҳор Назир: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи қарзӣ бо тағйиру иловаҳо  (тағйиру иловаҳо ба Созишномаи қарзӣ аз 27  июли соли 2012) (42232) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Лоиҳаи беҳтар намудани роҳи автомобилгарди Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 октябри соли 2016 № 896 созишномаи мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда созишномаи зикргардидаро ҷонибдорӣ намуданд.

13 октябри соли 2016 дар ҷаласаи васеи кумита созишнома бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода сухан ба муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Турсунзода Азим Ҳайдар дода мешавад.

ТУРСУНЗОДА Азим Ҳайдар: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси муқаррароти моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо мақсади иҷрои супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2016 таҳти № 111329 (29-4), лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода»-ро дар иртибот ба талаботи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия намуд.

Мавриди зикр аст, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода аз ҷониби Тоҷикистон – сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби СММ – намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамзамон, муваққатан иҷрокунандаи вазифаи ҳамоҳангсози доимии СММ, 20 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд.

Мақсади асосии баимзорасонии созишномаи мазкур омилҳои зерин мебошанд:

- тибқи қатъномаи 46/182 Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 19 декабри соли 1991 ёрии гуманитарӣ бояд бо розигии кишвари зарардида ва умуман дар асоси дархости кишвари зарардида пешниҳод карда шавад;

- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи тезонидани расонидани кумаки гуманитарии байналмилалӣ ба аҳолии аз офатҳо зарардида, хоҳиши саҳмгузорӣ намудан дорад;

- дар мавриди офатҳо, дар муҳлати кӯтоҳтарин, гузаронидани расмиёти гумрукии молҳои кумаки фавқулода, ки (аз Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот) содирот мешаванд;

- ба сифати эъломияи гумрукӣ қабул намудани эъломияи хаттии аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пуркардашуда;

- истифода набурдани тадбирҳои сиёсати иқтисодӣ ва пардохтҳои гумрукӣ нисбат ба молҳои кумаки фавқулода;

- сода намудани расмиёти воридсозии муваққатӣ бо озод намудани ҳама гуна таҷҳизот, аз пардохтҳои гумрукӣ, нисбати ташкилотҳое, ки дар амалиётҳои Созмони Миллали Муттаҳид оид ба расонидани кумаки фавқулода иштирок менамоянд ва ғайра.

Татбиқи созишномаи номбурда, барои ҳалли масъалаҳои воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода, новобаста аз андоза ва маблағи онҳо, инчунин ҷиҳати тезонидани интиқоли молҳои таъиноти кумаки фавқулода тавассути сарҳади гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат менамояд.

Мутобиқи моддаи 7 созишномаи баимзорасида, он бояд аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) карда шавад ва танҳо  пас аз тасдиқ ва огоҳ намудани СММ  дар бораи иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибор пайдо мекунад.

Қабули лоиҳаи мазкур маблағгузории иловагиро аз Буҷети давлатӣ талаб намекунад. Аз ин рӯ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

Баҳодур Акрамзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Созмони Милали Муттаҳид оид ба андешидани чораҳои зарурӣ ҷиҳати содагардонии расмиёти воридот, содирот ва транзити борҳои кумаки фавқулода 20 апрели соли 2016 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Кумитаҳо ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкарда онро ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишномаи пешниҳодшуда овоз диҳед.

Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II – Хоруғ, ВМКБ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова  дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар кардани таъминоти аҳолии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ чораҳои зарурӣ андешида, дар амал татбиқ менамояд. Дар натиҷа, сол то сол сифати хизматрасонии обтаъминкунию канализатсионӣ, вазъи санитарӣ ва экологии муҳити атроф ва дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои коммуналӣ  беҳтар мегардад.

Дар ин раванд  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бартараф  намудани мушкилоти ҷойдошта ва таъмини пурраи аҳолии кишвар бо оби тозаи нӯшокӣ кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Туфайли сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат ва дастгирии пайваста дар ин самт барнома ва лоиҳаҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд, ки дар маҷмӯъ  ба рушди соҳа ва баланд гардидани сатҳи зиндагонии аҳолӣ мусоидат менамоянд.

Дастовардҳои назарраси марҳилаҳои қаблии лоиҳаи «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳри Хоруғ марҳилаи I» буд, ки маблағгузории марҳилаи дуюм аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт.

24 декабри соли 2014 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд созишномаи кафолатӣ, созишномаи дастгирӣ ва созишномаи қарзӣ ба имзо расонида шуданд.

Маблағи умумии лоиҳа 5,7 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ин 2,0 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, 2,0 миллион доллари амрикоӣ гранти Ҳукумати Конфедеративии Швейтсария (SECO) ва 1,7 миллион доллари амрикоӣ кумаки техникии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад.

Мақсади асосии лоиҳа сохтмон ва барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ баҳри беҳтаргардонии фаъолияти корхона ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии обтаъминкунӣ, канализатсия ва обтозакунӣ дар шаҳри Хоруғ мебошад.

Бо назардошти муҳимияти масъала, аз ҷумла бехатарии саломатии аҳолӣ, ки дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон ва Консепсияи ислоҳоти хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд гардидааст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалби сармоягузориро ба соҳаи мазкур ба мақсад мувофиқ шуморида, тибқи созишномаи мазкур кафолат медиҳад, ки ҳангоми барнагардонидани қарз аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» уҳдадорӣ оид ба сари вақт баргардонидани маблағҳои қарзӣ аз ҳисоби маблағҳои Буҷети давлатӣ таъмин карда мешавад.

Бояд қайд намуд, ки то ба имрӯз аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» уҳдадориҳои қарзӣ  дар доираи лоиҳаҳои қаблӣ сари вақт иҷро шуда истодаанд. Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Бибидавлат Авзалшоева дода мешавад.

Бибидавлат  Авзалшоева: — Муҳтарам   Раис,  Раёсат, вакилони  гиромӣ  ва  ҳозирини  арҷманд!

Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон марҳилаи II-Хоруғ, ВМКБ»  аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри  соли 2016 таҳти № 862 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  супорида шуд.

Ҳадафи он ҷорӣ намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Хоруғ мебошад.

Тибқи лоиҳаи созишнома, кафолатдиҳанда (Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) иҷрои уҳдадориҳоро аз ҷониби қарзгиранда дар доираи созишномаи мазкур кафолат медиҳад. Маблағи қарзии созишнома 2,0 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Қисматҳои асосии лоиҳа ин таҷдиди ду стансияи насосии обкашонӣ, сохтмони қубурҳои обфишори асосӣ аз маҳаллаи «Хлебзавод» то маҳаллаи «Наводак», сохтмони таҳшингоҳҳо ва чоҳҳо, таҷдиди системаи қубурҳои худобрав, васеъкунии сети тақсимоти об, нигаҳдорӣ ва таҷдиду таъмири бинои КВД «Обу корезии шаҳри Хоруғ» мебошад.

Дар доираи лоиҳа, барқарор намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва корезии  шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст.

Муҳлати қарз 15 сол ва давраи имтиёзнокӣ 3 сол муайян шудааст.

Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2016 оғоз ёфта, то соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаҳои пешниҳодкардаи худ ва инчунин  дар ҷаласаи  васеи кумитаи масъул, ки 5 октябри соли 2016 бо иштироки  муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Фелалиев баргузор гардид, созишномаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин созишномаи мазкурро ба баррасии Иҷлосияи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II — Хоруғ, ВМКБ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қайд намудан зарур аст, ки ҷиҳати самаранок истифодабарии маблағҳои ҷалбшуда ва сари вақт татбиқ намудани лоиҳаи  «Таъминоти оби Тоҷикистон II- Хоруғ, ВМКБ» Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии  таҷдид ва рушд ба имзо расонида шудааст.

Баимзорасонии созишномаи мазкур, яке аз талаботи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ҳисоб рафта, тибқи созишномаи мазкур  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ як қатор корҳоро ба уҳда мегирад, аз ҷумла:

- иҷрои саривақтии уҳдадориҳои маблағҳои қарзиро аз ҷониби Корхонаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Хоруғ таъмин менамояд;

- дар доираи татбиқи лоиҳа, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори давлатӣ ҳаҷми тарофаҳоро барои самаранокии истифодаи маблағҳои ҷалбшуда ҷорӣ менамояд;

- маблағгузории пардохтҳоро аз ҷониби ташкилоту  муассисаҳои давлатии шаҳри Хоруғ назорат ва таъмин менамояд.

Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Бибидавлат Авзалшоева дода мешавад.

Бибидавлат Авзалшоева: — Муҳтарам   Раис,  Раёсат, вакилони  гиромӣ  ва  ҳозирини  арҷманд!

Созишномаи дастгирӣ байни шаҳри Хоруғ, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II -Хоруғ, ВМКБ» 24 декабри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри  соли 2016 таҳти №863 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Тибқи созишномаи мазкур,  Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ чорабиниҳое, ки дар созишнома омадааст ва байни тарафҳо мувофиқа шудааст, мегузаронад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаҳои пешниҳодкарда ва инчунин  дар ҷаласаи  васеи кумитаи масъул, ки 5 октябр соли 2016 баргузор гардид, созишномаи мазкурро дастгирӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин созишномаи мазкурро ба баррасии иҷлосия  пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи  тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи «Таъминоти оби Тоҷикистон II – Хоруғ, ВМКБ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова дода мешавад.

Меҳринамо ҶОНМАМАДОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзии лоиҳаи мазкур аз ҷониби Корхонаи таъминоти об ва қубури корезҳои шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 24 октябри соли 2014 дар ҳаҷми 2,0 миллион доллари ИМА ба имзо расонида шудааст.

Қарзи ҷалбшавандаи лоиҳаи мазкур  имтиёзнокии баланд дошта, бо шартҳои зерин пешниҳод гардидааст:

- муҳлати қарз 15 сол;

- давраи имтиёзнокӣ 3 сол;

-фоизи қарз Libor + 1 фоиз.

Барои татбиқи лоиҳа маблағҳои грантӣ низ пешбинӣ гардидаанд, ки дар маҷмӯъ аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд идора карда мешаванд.

Дар доираи маблағи марҳилаи дуюми лоиҳа корҳои зерин дар назар дошта шудааст:

- барқарорсозии истгоҳи насосии канализатсионӣ;

- барқарорсозии шабакаҳои дохилишаҳрии  обтаъминкунӣ;

- барқарорсозии ҳавзҳои обгирии 2000 м3;

- барқарорсозии шабакаҳои обпартоӣ;

- барқарорсозии шабакаҳои обтозакунӣ;

- харидории техникаи махсуси коммуналӣ.

Аз маблағҳои ҷудогардида 65 фоизи он барои системаи партовоб, яъне азнавсозии иншооти партовтозакунӣ, ивази қубурҳои партовоб ва ивази насосҳои канализатсионӣ истифода бурда мешавад, ки баъди ба итмом расонидани он ба ҳолати муҳити зисти атроф таъсири мусбӣ мерасонад.

Насосҳо бо муҳаррикҳои каммасраф таҷҳизонида мешаванд, ки барои кам хароҷот намудани истифодаи барқ мусоидат менамояд.

Муҳлати татбиқи лоиҳаи мазкур, то соли 2018 идома хоҳад ёфт. Дар маҷмӯъ, бо татбиқ гардидани лоиҳаи мазкур баланд бардоштани бехатарӣ ва эътимоднокӣ ҷиҳати таъминоти оби нӯшокӣ ва системаи канализатсия дар шаҳри Хоруғ таъмин карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, вакилони арҷманд, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки созишномаи пешниҳодгардидаро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Бибидавлат  Авзалшоева дода мешавад.

Бибидавлат АВЗАЛШОЕВА: — Муҳтарам   Раис,  Раёсат, вакилони  гиромӣ  ва  ҳозирини  арҷманд!

Созишномаи қарзӣ байни Корхонаи таъминоти об ва канализатсияи шаҳри Хоруғи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷаги манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба лоиҳаи  «Таъминоти оби Тоҷикистон –II Хоруғ, ВМКБ» аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри  соли 2016 таҳти № 864 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Маблағи умумии созишнома 2,0 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Қисматҳои асосии лоиҳа ин таҷдиди ду стансияи насосии обкашонӣ, сохтмони қубурҳои обфишори асосӣ аз маҳаллаи «Хлебзавод» то маҳалаи «Наводак», сохтмони таҳшингоҳҳо ва ҷоҳҳо, таҷдиди системаи қубурҳои худобрав, васеъкунии сети тақсимоти об, нигаҳдорӣ ва таҷдиду таъмири бинои КВД обу корезии шаҳри Хоруғ мебошад.

Дар доираи лоиҳа барқарор намудани хизматрасониҳои обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Хоруғ дар назар дошта шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хулосаҳои пешниҳодкарда ва инчунин  дар ҷаласаи  васеи кумитаи масъул, ки 5 октябри соли 2016 баргузор гардид,  созишномаи мазкурро дастгирӣ намуданд. Он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис-

тон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин созишномаи мазкурро ба баррасии иҷлосияи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Дар бораи тасдиқи созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: — Ҳоло сухан ба муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фелалиев Акрамшо Саидшоевич дода мешавад.

Акрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ!

Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври  шинохтанашаванда симо дигар кардааст.

Имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 90 фоиз бо барқи доимӣ таъмин буда, яке аз  мушкилоти  маркази вилоят — шаҳри Хоруғ таъминот бо оби нӯшокӣ мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат ҳалли худро меёбад. Ман аз номи худ ва аз номи  интихобкунандагон ба Пешвои миллат миннатдории бепоён изҳор медорам. Ин ҷо танҳо аз  мақомоти ваколатдор хоҳиш карданӣ ҳастам, ки ба азхудкунии маблағҳо ва сифати анҷоми кор диққати махсус дода шавад.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Самариддин АСОЕВ, Аъзам МӮСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ