Табрикоти Маҳмадтоир Зокирзода ба муносибати рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳ

№24 (4286) 23.02.2021

IMG_396622 феврали соли 2021 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагонро ба ифтихори бистуҳаштумин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз ҷумла, гуфт:

«Бисту ҳашт сол барои бунёди артиши тавоною озмоишдида муҳлати кӯтоҳ аст, вале давлати мо зери сарварии Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷодаи пуршебу фароз ба дастовардҳои назаррас ноил гашт ва ин, албатта, самараи хизмати софдилонаю содиқонаи фарзандони баору номуси Тоҷикистони азиз аст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар ҷашни 10 — солагии ташкил­ёбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат таъкид намуданд: «Хизмат кардан ба Ватан аслан хизмат кардан ба падару модар ва бародарону хоҳарони машғули меҳнати осоишта аст. Зеро Ватан ва миллат ду рукни муқаддасест, ки бидуни онҳо ҳеҷ фард сари баланду ифтихори инсонӣ дошта наметавонад».

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи Истиқололияти давлатӣ буда, ҳимоятгари воқеии истиқлолият, амнияти кишвар ва сулҳу суботи мамлакат мебошанд. Ҳукумати Тоҷикис­тон барои боз ҳам баланд бардоштани қудрати мудофиавии кишвар ҳама чораи лозимаро меандешад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Артиши миллии кишвар соли 1993 бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити мушкил таъсис ёфта, марҳилаҳои ниҳоят вазнинро тай кард ва ҳоло ба сипари боэътимоди Ватан ва таъминкунандаи амнияти мамлакат мубаддал гаштааст.

Натиҷаи заҳмату хизматҳои ҳомиёни далеру шуҷои Ватан аст, ки мардуми шарифи кишвар санаи таърихии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватани озоду соҳибихтиёрамон таҷлил мекунанд.

Ман изҳори умед менамоям, ки ҳомиёни Ватан бо садоқати бепоён нисбат ба давлату миллат минбаъд низ баҳри таҳкими интизоми ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд гардидани қобилияти ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ва иқтидори мудофиавии кишвар талош хоҳанд кард.

Бо истифода аз фурсат, ба ин муносибат ҳар яки шумо — ҳозирини арҷмандро самимона табрик гуфта, бароятон саломативу хушбахтӣ ва рӯзгори осударо таманно дорам.

Бигзор дар Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ абадиву пойдор бошад».

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон