Тадбирҳои муассир роҳи раҳоӣ аз мушкилот аст

№68 (4174) 09.06.2020

МАхмудовТо ҳол башарият гирифтори мушкили ҷиддию нигаронкунандаи бемории коронавирус аст ва талоши раҳоӣ аз онро дорад.

Мутобиқ ба андешаи мутахассисони соҳаи тандурустӣ,  ангезандаи бемориҳои сироятӣ мавҷудоти зинда, аз ҷумла бактерияҳо, вирусҳо, занбурӯғҳои касалиовар ва паразитҳо мебошанд, ки аз миёни онҳо вирусҳо хатарноктаринанд. Бадани одам ва ҳайвонот дорои макроорганизмҳо мебошанд, ки он ангезандаҳоро микроорганизмҳо меноманд, ки андозаашон бениҳоят хурд: як миллиметр дорои ҳазор микрон ва як микрон дорои ҳазор нанометр аст.

Яке аз сабабҳои сар задани бемориҳои сироятии шадид иқлими тропикӣ ва субтропикист. Дар чунин иқлим парандаҳо, қариб ки дар як ҷо зиндагӣ менамоянд ва дар мавсими сармо ба дигар кишварҳо кӯч намебанданд ва афзоиш меёбанд. Омили дигар хислати мардуми он кишварҳоест, ки ҳар гуна ғизоро истеъмол менамоянд. Омили сеюм зичии аҳолӣ мебошад. Дар паҳншавии шадиди бемориҳои меъдаю рӯда ва дигар маризиҳои сироятӣ зичии аҳолӣ низ вобастагӣ дорад. Ҳар қадаре ки он наздик бошад, ҳамон қадар тамос зиёд ва эҳтимолияти аз нафари бемор ба шахси солим гузаштани беморӣ баланд мегардад.

Алҳол коронавирусро дар зиёда аз 200 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифтаанд.  Он аз шахси сироятёфта ба шахси солим мегузарад. Аз сӯи дигар, вирусҳо ноустуворанд ва аз таъсири нури офтоб зуд нобуд мегарданд. Вирусҳо, бактерияҳо, микроорганизмҳо ҷисмҳои зинда мебошанд, ки ба ғизо ниёз доранд. Манбаи ғизо барои онҳо бадани одам ва ҳайвонот ё ин ки ғизоҳои сунъӣ метавонанд бошанд. Азбаски дар ҳаво ғизо нест, онҳо тез нобуд мешаванд.

Давлату Ҳукумати кишвар барои рафъи беморӣ аз он рӯзҳое, ки дар мамлакат ба қайд гирифта нашуда буд, тадбирҳои муҳиму мақсаднокро роҳандозӣ карда, роҳу равиши пешгирӣ ва мубориза ба муқобили онро мушаххас намуд. Дар ин ҷода тадбирҳои саривақтӣ ва бесобиқа андешида шуданд, ки ҳама аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ баҳогузорӣ гардидаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 апрели соли равон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум таваҷҷуҳи шаҳрвандони мамлакатро ба ин масъала ҷалб намуда, бо қатъият таъкид намуданд, ки: «Бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо мо ба масъалаи ҳифзи саломатии мардуми худ эътибори аввалиндараҷа медиҳем».

Зимнан таъкид бояд намуд, ки масъа­лаи солимии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари мамлакат қарор дорад. Чуноне дар мулоқоти зикршуда таъкид намуданд: «Дар доираи нақшаи корҳои созандагӣ ба ифтихори сисолагии Истиқлолияти давлатӣ тайи солҳои 2018 — 2019 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 253 муассисаи нави тандурустӣ бунёд ва 466 муассиса таъмиру таҷдид гардида, илова бар ин, то ҷашни бузурги миллиамон бунёди боз 163 муассисаи тандурустӣ ва таъмиру азнавсозии 125 муассиса ба анҷом расонида мешавад».

Дар ин раванд ба минтақаҳои мамлакат кумакҳои башардӯстонаи Пешвои миллат иборат аз таҷҳизоти тиббӣ, доруворӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ расонида шуд, ки мардум онро бо хушнудӣ пазируфтанд.

Пешвои миллат аз мардуми шарафманди кишвар дар мулоқот даъват ба амал оварданд, ки: «Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон исбот намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем».

Суханҳои ибратомӯзу инсондӯс­тонаи Пешвои миллатро ба инобат гирифта, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорони ватандӯсти мамлакат ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва дигар шахсони муҳтоҷ дасти ёрӣ дароз намуданд.

Дар пайравӣ ба  сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикитон низ иқдомҳои хайрхоҳона анҷом доданд.

Пӯшида нест, ки дар рӯзҳои аввали ба қайд гирифтани беморӣ мардуми мамлакат ба таҳлука афтоданд, ки дар он нақши сомонаҳои мухолифин, ки ҳар рӯйдодро муғризона баҳогузорӣ менамоянд, хеле калон аст. Ҳаминро ба инобат гирифта, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки: «Мо бояд ба таҳлука наафтем, ба воҳима дода нашавем, баръакс, босабру таҳаммул бошем, фидокорона ва аҳлона кор кунем, заҳмат кашем, киштукори баҳориро сари вақт ва босифат анҷом диҳем, зеро бори дигар таъкид месозам, ки таъминоти ҳар як оила ва сатҳи зиндагиву рӯзгори сокинон бевосита аз заҳмати ҳаррӯзаи худамон вобаста аст».

Яке аз тадбирҳои муҳиму рӯзмарра дар ин самт, ки бо дастуру ҳидояти Пешвои миллат ба миён оварда шуд, таъсис додани Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории коронавируси COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мулоқоти Роҳбари давлат бо кормандони соҳаи тандурустии мамлакат, ки 20 майи соли равон баргузор гардид, роҳу равиши мубориза бо бемориро муайяну мушаххас гардонида, дар тақвияти маърифати саломатии мардум такони ҷиддӣ бахшид. Пешвои миллат низ ҳадафи мулоқотро  баррасии воқеии вазъи ҷорӣ, ки кормандони соҳаи тандурустӣ дар бартарафсозии он нақши асосӣ доранд, инчунин, роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва вазифаҳо барои давраи наздиктарин ва марҳалаҳои минбаъда арзёбӣ намуданд.

Суханронии Пешвои миллат дар мулоқот барои мубориза бо беморӣ такони ҷиддӣ бахшида, аз ҷониби қишрҳои ҷомеа ҳамовозиро ба миён овард.

Табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар беморхонаҳо дар хизмати халқи кишвар қарор дошта, ба муқобили беморӣ шабонарӯзӣ ва фидокорона мубориза бурда, ба хотири наҷоти шаҳрвандони мамлакат донишу малака ва маҳорати касбиро сафарбар намуда истодаанд.

Мутахассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ дар ташвиқи усулҳои пешгирии бемории сироятӣ низ фаъолияти хуб нишон дода, тавассути воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро муассир роҳандозӣ намуда,  варақаҳои тавсиявӣ чоп карда, миёни аҳолӣ паҳн намуданд. Ин амалҳо боис гардид, ки шаҳрвандони кишвар аз оқибатҳои даҳшатбори беморӣ сари вақт огоҳӣ пайдо намоянд ва дар андешаи  саломатии худ ва наздикон бошанд.

Зуҳури бемории COVID — 19 водор ба он менамояд, ки дар партави ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат, истеҳсоли таҷҳизоти аввалияи тиббӣ, маҳлулҳои безараргардонӣ ва доруворие, ки аз гиёҳҳои шифобахши кишвар омода мешаванд, ба роҳ монда шавад. Зеро дар шароити кунунӣ ба онҳо дар кишвар  ниёзи бештар пайдо гардидааст. Барои ҳар чӣ бештар мусоидат намудан ба иқдомҳои хайр заминаҳои мусоиди қонунгузорӣ фароҳам оварда шуда, барои истеҳсолкунандагон имтиёзҳо муқаррар намудан лозим меояд.

Итминон дорам, ки ин пешниҳод, ки аз иқдомҳои Пешвои миллат маншаъ мегирад, аз ҷониби ҳама дастгирӣ хоҳад ёфт.

Музаффарҷон Маҳмудов, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон