Такмили қонунҳо — ба манфиати ҷомеа

№53 (3690) 16.05.2017

DSC_047115 майи соли 2017  ҷаласаи  Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор гардид.

Раиси кумита Фарҳод Раҳимӣ доир ба масъалаҳои ба рӯзнома воридкарда — Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» андешаҳояшро иброз намуд.

Сипас, нисбат ба ҳар як масъала хулосаи кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

 Т. фаррухпай,

«Садои мардум»