Минбари вакил

Такмили қонунгузорӣ бунёдкориро вусъат бахшид

№99 (4049) 17.08.2019

DSC_1193Ҳолиё дар шаҳру навоҳии мамлакат ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориҳо идома доранд. Дар баробари дигар соҳаҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба соҳаи меъморию шаҳрсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ин ҷост, ки шаҳру деҳот шаклу намои зебою замонавӣ ба бар мекунанд. 

Махсусан, шаҳри Душанбе солҳои охир дигаргун гардид. Бо қомат афрохтани Маҷмааи Исмоили Сомонӣ, биноҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии Тоҷикис­тон, Боғи устод Рӯдакӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри миллат, маҳаллаи Диёри Душанбе, меҳмонхонаҳои панҷситорадори «Хаят Реҷенси» ва «Сирена», маҷмааҳои Душанбе — Плаза, Пойтахт — 80 ва садҳо иншооти дигар Душанбе ба яке аз шаҳрҳои зеботарини Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Ҳоло сохтмони масҷид дар шаҳри Душанбе, ки назираш дар Осиёи Миёна нест, дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад. Биноҳои нави Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба наздикӣ бунёд мегарданд.

Айни замон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ­таҳияи нақшаи генералии 58 шаҳру ноҳия тасдиқ шудааст ва мавриди амал қарор дорад.

Тавре аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, вобаста ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», 60 лоиҳаи ангоравии иншооти таълимӣ, тиббӣ, хизматрасонӣ, фарҳангӣ таҳия гардидааст. Илова бар ин, «Маҷмӯаи нархҳои миёнаи харҷномавӣ ба захираҳои асосии сохтмон дар ҳар семоҳа» таҳия гардида, тибқи он, ахборот, нархгузорӣ ва индексҳои ҷории бозҳисобкунии арзиши корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ, васлгарӣ ва бакорандозӣ ба субъектҳои фаъолияти шаҳрсозӣ пешниҳод мегардад.

Барои рушди соҳаи сохтмон санадҳои зарурии меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд. Аз ҷумла, таи як соли охир Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия лоиҳаи як қатор қонунҳоро мавриди баррасӣ қарор дода, ба ҷаласаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард.

Лозим ба ёдоварист, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018 ду маротиба тағйиру иловаҳоро ба Кодекси шаҳрсозӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Ин ибтикор ба фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла, ташаккули инфрасохтори хизматрасонии сайёҳӣ, бартараф кардани ихтилофот байни санадҳои қонунгузорӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» равона гардидааст.

Тадбирҳои андешида, ки ба вусъати бунёдкорӣ ва ободу зебо гардидани шаҳру деҳоти мамлакат мусоидат хоҳанд кард, хеле муҳим мебошанд.

Баҳром АБДУАЛИМОВ,

муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия