Такондиҳандаи саноат ва фароҳамсози ҷойҳои нави корӣ

№25 - 26 (3819 - 3820) 27.02.2018

DSC_5914600 кон ва 800 макони зуҳури канданиҳои фоиданок метавонанд ин рисолатро ба ҷо оранд

Таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев 22 феврали соли равон дар мавзӯи «Коркард ва истихроҷи саноати маъданҳои кӯҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз доир гардид. Акрамшо Фелалиев иброз дошт, ки иқтисодиёти мамлакат дар интег­ратсияи иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дошта, вобаста ба он дар соҳаи истих­роҷи мамлакат ислоҳот амалӣ гашта истодааст. Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ ва боз ҳам бештар ворид шудан ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ки натиҷаи он беҳтар гардидани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ мебошад, кӯшиши зиёд менамояд.

Сардори Раёсати саноати маъданҳои кӯҳӣ ва металлҳои қиматбаҳои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Шарифов дар бораи рушди соҳаи коркард ва истихроҷи саноати маъданҳои кӯҳии мамлакат иттилоъ дода, аз ҷумла гуфт, ки алҳол дар саноати истихроҷи кӯҳӣ 9,7 ҳазор нафар фаъолият мекунанд. Ин нисбат ба соли 2015 ҳазор нафар зиёд аст.

- Дар се соли охир истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз ашёи хоми ватанӣ дар мамлакат зиёд шуд, — гуфт Бахтиёр Шарифов. — Соли сипаришуда корхонаҳои истеҳсолӣ 5,5 тонна тилло истеҳсол намуданд, ки суръа­ти афзоиш нисбат ба соли 2016-ум 111,2 фоизро ташкил медиҳад. Соли 1992 истеҳсоли тилло 705 килограмм буд. Истеҳсоли нуқра, хокаи сурб, рӯҳ, сурмаи металлӣ низ дар мамлакат зиёд гашт. Қаблан дар ҷумҳурӣ хокаи мис истеҳсол намешуд, ҳоло истеҳсоли он ба роҳ монда шудааст. Дар назар аст, ки тайи якуним соли оянда истеҳсоли миси холис низ дар мамлакат ба роҳ монда шавад.

Аз рӯи маълумоти оморӣ, соли 2017 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишвар 20,0 миллиард сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар муқоиса ба соли 2016- ум ба 121,3 фоиз расид. Ҳиссаи саноати маъдан дар таркиби ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 27,5 фоизро ташкил медиҳад. Корхонаҳои соҳаи маъдан соли 2017 ба маблағи 5,5 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат 3,6 миллиард сомониро ташкил дод.

Намояндаи ташкилоти «Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Темуралӣ Афғонов аз таҷрибаи байналмилалӣ дар мисоли Ҷумҳурии Озарбойҷон, Мянмар ва ғайра маълумот дод. Номбурда барои таваҷҷуҳи парлумони мамлакат ба ин мавзӯи муҳим изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки тат­биқи ташаббуси мазкур ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар ва зиёд гардидани даромадҳои Буҷети давлатӣ аз истифодаи қаъри замин мусоидат хоҳад намуд.

Коршиноси соҳа Тоҷинисо Азизова дар бораи Ҳисоботи дуюми миллӣ оид ба татбиқи Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2015-2016 иттилоъ дод. Номбурда зикр кард, ки мутобиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» коркард ва истихроҷи канданиҳои фоиданок (тилло, нуқра, сангҳои қиматбаҳо ва ғайра) аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодиёт маҳсуб меёбанд. Дар мамлакат 600 кон ва 800 макони зуҳури канданиҳои фоиданок муайян карда шудааст.

Вакилони мардумӣ Ҷамшед Саидов, Абдуҳалим Ғаффоров, Олим Бобоев ва дигарон ба маърӯзачиён савол дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Инчунин, зикр гардид, ки соҳаи коркард ва истихроҷи саноатии маъданҳои кӯҳӣ метавонад такондиҳандаи саноати мамлакат, боиси ба кор даромадани занҷираҳои нави истеҳсолӣ ва фароҳам шудани ҷойҳои нави корӣ дар кишвар гардад. Аз ин рӯ, ҳоло дар чор мактаби олии мамлакат вобаста ба соҳаи коркард ва истихроҷи маъдан мутахассисон тайёр карда мешаванд. Илова бар ин, 40 ҷавони тоҷик дар Ҷумҳурии Халқии Хитой дониши худро такмил медиҳанд.

Дар хотима Акрамшо Фелалиев изҳори умед намуд, ки Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия таклифу пешниҳод ва мулоҳизаҳои баёншударо мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри такмили қонунгузории соҳа истифода хоҳад бурд.

 С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»