Тамдиди муҳлати аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард

№15 (3652) 14.02.2017

DSC_0215Нуҳуми феврали соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту  коммуникатсия Раҳмоналӣ Амирзода ҷаласа доир гардид.

Доир ба масъалаҳои рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва  барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  алоқаи барқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими  давлатии истеҳсол ва муомилоти баъзе намудҳои маҳсулоти нафт» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  муқовимат ба  қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» аъзои кумита андеша баён дошта, ҷонибдории онҳоро зарур донистанд. Аз ҷумла, зимни баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» зикр гардид, ки он бо мақсади паст намудани таъсири омилҳои буҳрони молиявӣ, таъмини қисми даромади Буҷети давлатӣ, иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлатӣ ва маблағгузории бунёди иншооти муҳими аҳамияти ­стратегидошта қабул шудааст. Ба сархати сеюми моддаи 252 — юми Кодекси андози амалкунанда тағйирот ворид мегардад, ки мутобиқи он муҳлати аз байн бурдани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард аз 1 январи соли 2017 ба 1 январи соли 2018 тамдид карда мешавад.

Оид ба масъалаҳои зикршуда хулосаҳои кумита қабул ва ба Иҷлосияи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ