Тарбияи насли солимфикр яке аз ҳадафҳои Умда ба ҳисоб меравад

№142 (3779) 30.11.2017

Дар низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавқеи махсус ва намоёнро ишғол менамояд.

Фарзандон асоси устувории оила мебошанд ва барои таълиму тарбияи ­дурусти онҳо бояд муҳити эътимоду боварӣ, иззату эҳтироми ҳамдигариро фароҳам овард. Беш аз шаш сол мешавад, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (2 августи соли 2011, №762) амал мекунад.

Дар ҷаҳони муосир терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти номатлубу зишт ва пурдаҳшату хатарафзо барои ҷомеаи башарӣ, сулҳу субот, амнияти давлатҳо ва рушди устувори онҳо таҳдиди бевосита доранд. Гурўҳҳои террористиву экстремистӣ бештар ноболиғон ва ҷавононро, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, ба гурўҳҳои ҷиноятии худ ҷалб менамоянд, ки хеле ташвишовар ва хатарнок аст. Сабаб­ҳои асосии ба ин гурўҳҳо пайвастани ноболиғон ва ҷавонон паст будани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ, аз таълиму тарбия дур мондани онҳо, ҷой доштани камбудиҳои ҷиддӣ дар таълиму тарбия ва назорати онҳо дар оила аст. Аз ин рў, қабули қонуни зикргардида дар вазъияти зудтағйирёбандаи авзои сиёсии ҷаҳони муосир барои кишвар ҳаётан муҳим буда, падару модаронро масъулу вазифадор менамояд, ки баҳри таълиму тарбияи дурусти фарзандон чораҳои мақсадноку зарурӣ андешанд.

Тибқи қонуни мазкур падару модар уҳдадоранд, ки барои ҳифзи саломатӣ, ташаккули ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии фарзанд шароит муҳайё ва ўро дар рўҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ тарбия кунанд. Ба оворагардӣ ва дигар рафторҳои зиддиахлоқӣ машғул шудани фарзанд роҳ надиҳанд. Иштирокашро дар дарсҳо назорат ва бо омўзгорон, кормандон, роҳбарияти муассисаи таълимӣ ҳамкорӣ намоянд, ба таълими фарзанд дар хориҷи кишвар бе розигии хаттии мақомоти ваколатдори давлатӣ иҷозат надиҳанд…

Мутобиқи сархати сездаҳуми моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», падару модарон уҳдадоранд, ки аз тарафи фарзанд мақсаднок ва мувофиқ ба таълиму тарбияи ў истифода шудани интернетро назорат баранд.

Моддаҳои 19 ва 20-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба падару модарон ҳуқуқ медиҳанд, ки аз операторон ва провайдерон оид ба истифодабарии хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд маълумоти дахлдорро ройгон дастрас намоянд. Ҳамчунин, операторон ва провайдерон вазифадоранд, ки ба падару модарон дар бораи истифодаи хизмати алоқаи барқӣ аз ҷониби фарзанд ройгон маълумот пешниҳод кунанд.

Талаботи мазкури қонунгузорӣ ­масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд таҳким мебахшад ва ҷиҳати пешгирии ноболиғон ва ҷавонон аз пайвастан ба ҳар гуна гурўҳҳои террористиву экстремистӣ мусоидат мекунад.

Ёдовар шудан бамаврид аст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 22-юми майи соли 2016 ба моддаи 34-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд, ки ҳадафи он ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд мебошад.

Ҳамчунин, ҷиҳати дуруст ва хубтару беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ 28-уми августи соли ҷорӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ» ворид карда шуданд. Мақсад боло бурдани масъулияти хонандагону донишҷўён ва дар ин замина масъулияти волидайни онҳо дар хусуси иҷрои бомароми муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, зеро наврасону ҷавонон ояндаи давлату миллатанд.

 Фирўз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон