Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат

№143 - 144 (3780-81) 02.12.2017

DSC_9610Бисту нуҳуми ноябри соли 2017 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 нафар вакил ҳузур дорад.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатиро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи ­навбатӣ бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017»

3. Дар бораи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «КМ-Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон

4. Оид ба нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия»

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

9. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»

11. Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017»

12. Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони Маҷлиси намояндагон!

Солҳои охир таъсири номуъта­дили иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон боиси осебпазирии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, низоми молиявию бонкӣ ва вазъи номусоиди рушди иқтисодиёти кишвар гардид. Вале, сарфи назар аз ин, соли равон тамоюли тадриҷан барқароршавии рушди иқтисодиёти ҷаҳон, муътадилии вазъи геосиёсӣ ва нисбатан беҳтар гардидани фазои иқтисодӣ дар кишварҳои шарикони асосии савдо ба мушоҳида мерасад, ки ин ба беҳтар гаштани вазъи иқтисодию молиявии кишвар мусоидат хоҳад намуд. Аз ҷумла, дар 10 моҳи соли 2017 рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи устувор 6,8 фоиз нигоҳ дошта шуд (6,8 фоиз дар 10 моҳи соли 2016). Ҳаҷми содирот 34,8 фоиз афзуда, воридот 10,7 фоиз коҳиш ёфт, ки дар натиҷа тавозуни манфии гардиши савдои хориҷӣ 30 фоиз (524 млн.доллари ИМА) кам гардид.

Ҳадафи ниҳоии Бонки миллӣ, тибқи натиҷагирии самтҳои асосии Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи то 7,0 фоиз муқаррар гардида буд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ сатҳи таваррум 6,0 фоиз ва сатҳи солонаи он 7,0 фоизро ташкил дод. Дар нимаи аввали сол фишорҳои назарраси омилҳои ғайримонетарӣ, бахусус болоравии нархи сабзавот, картошка ва тарифҳои хизматрасонӣ ба сатҳи таваррум бевосита таъсир расонид (дар маҷмӯъ 4,6 банди фоизӣ, аз он ҷумла, саҳми сабзавот 2,4 банди фоизӣ, гӯшти гов 1,0 банди фоизӣ, хизматрасониҳои манзилӣ — коммуналӣ 0,7 банди фоизӣ ва сӯзишворӣ 0,5 банди фоизӣ). Пешбинӣ мегардад, ки дар ҷамъбасти соли 2017 меъёри таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсадноки 7,0 фоиз нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Дар соли 2017 сиёсати қурбии бо реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» амалӣ шуда истодааст. Моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 11,7 фоиз, асосан дар моҳҳои феврал — май, коҳиш ёфт (дар соли 2016 -10,8 фоиз). Қурби бозории доллари нақди ИМА 11,5 фоиз (дар соли 2016 — 6,0 фоиз) боло рафт ва то 31 октябри соли 2017 фарқи байни қурби расмӣ ва қурби нақдӣ ба 0,3 фоиз баробар шуд. Вобаста ба ин, фарқи назарраси дар байни қурбҳо мавҷуда бамаротиб кам шуда, татбиқи чораҳо имконият дод, ки харидуфурӯши асъори нақд аз бозори ғайрирасмӣ ба бозори расмӣ баргардонида шавад.

ҷиҳати пешгирии хавфҳои таваррумӣ, фишорҳои қурбӣ ва баланд бардоштани ҷолибнокии пули миллӣ нисбат ба арзи хориҷӣ маҷмӯи тадбирҳо ва истифодаи воситаҳои сиёсати монетарӣ татбиқ гардид. Аз ҷумла, фишанги меъёри бозтамвил аз 11,0 фоиз то ба 16,0 фоизи солона ва меъёри захираҳои ҳатмӣ барои пасандозҳо бо пули миллӣ 3,0 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 9,0 фоизи солона зиёд шуданд, ки ин барои пешгирӣ намудани хавфҳои низоми бонкӣ равона мегардад.

Бо истифода аз фишангҳои монетарии ғайримустақим аз аввали сол беш аз 150 музоядаи коғазҳои қиматнок дар ҳаҷми 6,7 млрд. сомонӣ гузаронида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 3,4 млрд. сомонӣ ё 2 маротиба зиёд мебошад. (Барои таъмини вазъи муътадили макроиқтисодӣ, новобаста аз хароҷоти стерилизатсионии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), зиёда аз 100 млн.сомониро ташкил дод).

Ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи асосии сиёсати пулӣ дар интиҳои моҳи октябр 14,4 млрд.сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли ҷорӣ 19,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми пули нақд дар муомилот 11,6 млрд. сомониро ташкил намуда, афзоиши он ба 38,9 фоиз расид.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади ғайридолларикунонӣ маҷмӯи чораҳои таъсиррасон андешида шуда, диверсификатсияи муомилоти пулӣ ва афзоиши сатҳи монетизатсияи иқтисодиёт (яъне, таъминнокии иқтисодиёт бо пул – зиёдшавӣ аз 22 фоиз дар соли 2015 то 29 фоиз дар моҳи октябри соли 2017) таъмин гардида истодааст. Дар моҳҳои январ – октябри соли равон ҷиҳати таъмини гардиши пул вобаста ба талаботи иқтисодиёт 4,5 млрд. сомонӣ пули нақд ба муомилот бароварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5 фоиз зиёд мебошад. Ҳамчунин, 1,1 млрд. сомонӣ пули нақд аз муомилот гирифта шуд.

Нишондиҳандаи муҳими устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ (GIR) дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ (тибқи маълумоти воридоти Агентии омор) таъмин гардид. Омили асосии зиёд гардидани захираҳои байналмилалӣ аз ҳисоби анҷомдиҳии амалиёти тиллоӣ – асъорӣ ва барориши Евробондҳо арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади расидан ба самтҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» Бонки миллӣ «Стратегия — дурнамои сиёсати пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2016 -2020»-ро таҳия ва тасдиқ намуд. Вазифаи асосии ҳуҷҷати мазкур марҳила ба марҳила ташкилдиҳии фазои мусоид ва заминаи устуворро барои гузариш ба реҷаи нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум муайян менамояд.

Ба ғайр аз ин, дар соли 2017 бо мақсади таҳкими дараҷаи таъсирбахшии сиёсати пулию қарзӣ, механизми нави пешниҳоди қарзҳо барои пардохтпазирӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (аз ҷумла, фишангҳои нави қарзҳои кӯтоҳмуҳлат ва музоядаҳои қарзӣ) тавассути платформаи савдои электронии байнибонкӣ («Thomson Reuters») ба роҳ монда шуд. Дар даҳ моҳи соли 2017 тавассути фишангҳои зикргардида бо пули миллӣ 398 млн. сомонӣ (дар даҳ моҳи соли 2016 -142 млн.сомонӣ) қарз барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ дода шудааст.

Инчунин, аз моҳи сентябри соли ҷорӣ фишанги нави амонатҳои шабонарӯзӣ (овернайт) ба роҳ монда, тавассути он аз ташкилотҳои қарзӣ дар ҳаҷми 3,4 млрд. сомонӣ амонатҳои шабонарӯзӣ ҷалб карда шуд, ки ҳам барои нигоҳдории муътадилии сатҳи таваррум ва ҳам қурби асъори миллӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Илова ба таъсири манфии омилҳои буҳронӣ ва душвориҳои солҳои гузашта дар низоми бонкӣ, омилҳои дигар, ба монанди идоракунии ғайрисамараноки корпоративӣ, дар сатҳи зарурӣ қарор надоштани механизми баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо, хусусан дар таҷрибаи бонкҳои низомсоз пайдо гардидани хавфҳои қарзӣ, паст шудани сатҳи пардохтпазирӣ, сари вақт ташкил накардани фонди пӯшонидани талафоти имконпазир ва коста гардидани вазъияти молиявии онҳо таъсири худро расониданд.

Дар 10 моҳи соли 2017 бақияи умумии қарзҳои низоми бонкӣ нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 13,3 фоиз тамоюли поёнравӣ дошта, 9,0 млрд. сомониро ташкил дод. (Бақияи сандуқи қарзии низом, бе «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк», нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта – 4,3 фоиз кам шуда, 7,0 млрд. сомониро ташкил медиҳад).

Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда низ коҳиш ёфта, 5,2 млрд. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 27,5 фоиз кам мебошад. (Ҳаҷми қарзҳои додашуда бе дарназардошти ду бонки муаммодор 4,9 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16,4 фоиз ё 958,8 млн. сомонӣ кам мебошад. Дар ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ҳиссаи бонкҳои мазкур 265,7 млн. сомонӣ ва камшавии онҳо – 4,8 баробарро ташкил дод).

Бо вуҷуди раванди мазкур ва сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, теъдоди қарзҳои додашудаи низоми бонкӣ бо нишондиҳандаи мусбат ҷамъбаст ёфт. Дар ин давра шумораи қарзҳои додашуда, ки асосан аз қарзҳои хурд иборат мебошанд, ба 392 ҳазор адад расида, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 6,7 фоиз ё 24,6 ҳазор адад афзуд.

Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 38,0 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ ва аз рӯи соҳаҳо ба савдои хориҷӣ 31 фоиз, саноат ва ­истеъмолот – 20, кишоварзӣ ва хизматрасонӣ – 10 ва дигар соҳаҳо 9 фоиз рост меояд. Бақияи умумии пасандозҳо 9,0 млрд.сомониро ташкил дода, нисбат ба соли ­гузашта 5,0 фоиз кам гардид. (Бақияи пасандозҳо бе назардошти ду бонки муаммодор 6,9 млрд. сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,7 фоиз афзоиш ёфт. Дар ҳаҷми умумии пасандозҳо ҳиссаи ду бонки муаммодор 2,0 млрд. сомонӣ ва камшавии онҳо 43 фоизро ташкил дод).

Дар робита ба ин, Бонки миллии Тоҷикистон пайваста бо ташкилотҳои қарзӣ, блоки иқтисодӣ ва инс­титутҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкорӣ намуда, ҷиҳати солим гардонидани вазъи молиявии бонкҳо, паст кардани сатҳи хавфҳо ва барқарор намудани сатҳи эътимоди мардум ба низом тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Иҷрои саривақтӣ ва босамари тадбирҳои мазкур имкон дод, ки дар даҳ моҳи соли 2017 вазъи молиявии низоми бонкӣ аз рӯи нишондиҳандаҳои асосии он бо натиҷаҳои нисбатан хуб ҷамъбаст гардад. Аз ҷумла, меъёри кифоятии сармоя, ки яке аз нишондиҳандаҳои асосии устувории молиявии низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад, 21,7 фоизро (то 31 октябри соли 2017) ташкил намуда, он аз талаботи муқарраршуда 9,7 банди фоизӣ ва дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Нишондиҳандаи пардохтпазирии низоми бонкӣ низ 81,5 фоизро ташкил намуд, ки аз меъёри муқарраршуда 51,5 банди фоизӣ зиёд буда, нисбат ба соли гузашта 14,5 банди фоизӣ афзоиш ёфтааст (асосан бинобар ба вазъи пардохтпазирӣ дар ду бонки проблемавӣ). Инчунин, ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъоли низоми бонкӣ (қарзҳое, ки зиёда аз 30 рӯз ба таъхир афтодаанд) тамоюли камшавӣ дошта, то 31 октябри соли ҷорӣ 41,9 фоизро (ҳиссаи қарзҳои ғайрифаъол бе «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» – 25,8 фоиз) ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли ­гузашта 1,1 млрд. сомонӣ ва ё 5,9 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст.

ҷиҳати маҳдуд сохтани хавфҳо дар низоми бонкӣ ва таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ, сатҳи долларикунонӣ аз 70 фоиз то ба 57,6 фоиз коҳиш дода шуд ва минбаъд низ бо ин мақсад пешбурди сиёсати ғайридолларикунонии низоми молиявӣ идома меёбад.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, таъмини суботи низоми бонкӣ ва солимгардонии вазъи молиявии бонкҳо, аз тарафи ҳафт бонки низом, ки вазни қиёсии қарзҳои ғайрифаъоли онҳо зиёда аз 30 фоизи сандуқи қарзиро ташкил менамояд, «Нақшаи баргардонидани қарзҳои ғайрифаъол барои солҳои 2017-2019» омода гардида, иҷрои он зери назорат қарор дода шудааст ва соли 2018 яке аз афзалиятҳои низоми бонкӣ ҳисобида мешавад.

Дар самти баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва самаранокии идоракунии корпоративӣ дар бонкҳо, татбиқи стратегия ва сиёсати умумии идоракунии хавфҳо, идоракунии қарзҳои ғайрифаъол ва пешбурди сиёсати қарзӣ бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Дар баробари ин, ҳоло ҳам дар фаъолияти низоми бонкии кишвар камбудӣ ва мушкилии зиёд, аз қабили дар сатҳи паст қарор доштани идоракунии корпоративӣ ва дороиҳову уҳдадориҳо, сатҳи баланди қарзҳои ғайрифаъол, хавфҳои қарзию молиявӣ ва долларикунонӣ, дар сатҳи паст қарор доштани маданияти қарздиҳӣ, ноустувор будани заминаи сармоявии низоми бонкӣ, сатҳи пасти миёнаравии молиявӣ ва дастрасӣ ба қарзҳои меъёри фоизиашон нисбатан пасттар ҷой доранд.

Тавре зикр гардид, дар давраи миёнамуҳлат (солҳои 2018-2020) гузариш ба реҷаи сифатан нави татбиқи сиёсати пулию қарзӣ — ҳадафгирии таваррум пешбинӣ шуда, мунтазам тағйир додани ҳадафи амалиётӣ ва гузариш аз танзими ҳаҷми пулҳои захиравӣ (миқдор) ба меъёри фоизи бозори байнибонкӣ (сифат) бо мақсади идора кардани фоизи қарзҳои бонкӣ бояд таъмин гардад. Вобаста ба ин, дар соли 2018 ҳадафи таваррум дар доираи 7,0 фоиз (± 2 банди фоизӣ) ва дар давраи миёнамуҳлат, яъне дар солҳои 2019 ва 2020 он мувофиқан дар доираи 7,0 фоиз (± 2 банди фоизӣ) ва 6,0 фоиз (± 2,0 банди фоизӣ) муқаррар шудааст.

Таҷрибаи соли ҷорӣ нишон дод, ки ҷиҳати роҳ надодан ба болоравии якбораи нархҳои истеъмолӣ, аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор додани аҳамияти ҷиддӣ ба истеҳсол ва пешниҳоди кофии маҳсулоти аввалиндараҷаи кишоварзӣ дар бозорҳои дохилӣ, бо дарназардошти ҳалли масъалаҳои таъмини тухмии аълосифат, нуриҳои минералӣ, раванди нигоҳдорӣ, захирасозӣ ва аз нав коркардабароии меваю сабзавот ниҳоят зарур мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон дар ин самт ба ташкилотҳои қарзӣ аллакай дастуру супориш дод, ки ҷиҳати минбаъд зиёд намудани ҳаҷми қарзҳои дарозмуддат ва имтиёзнок ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ ва рушди соҳибкории хурду миёна чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Бонки миллӣ идоракунии самараноки механизми сиёсати монетарӣ ва таъсирбахшии онро, пеш аз ҳама, бо муътадил гардидани вазъи молиявӣ ва солимгардонии низоми бонкӣ, барқароршавии эътимоднокӣ, фаъолнокии бозори байнибонкӣ ва миёнаравии молиявӣ равона хоҳад намуд, зеро фаъолияти солим ва босамари низоми бонкӣ ҳамчун миёнарави молиявӣ яке аз шартҳои асосии татбиқи сиёсати муваффақи монетарӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин робита, истифодаи фаъоли сиёсати фоизӣ тавассути фишангҳои монетарӣ, аз ҷумла меъёри бозтамвил, амалиётҳои қарзӣ ва амонатии шабонарӯзӣ (овернайт), музоядаҳои қарзӣ ва музоядаҳои коғазҳои қиматнок ба роҳ монда мешавад.

Дар соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат сиёсати қурбӣ ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асос ёфта, қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилӣ муқаррар карда мешавад. Тибқи ин реҷа, Бонки миллӣ танҳо дар ҳолатҳои аз эътидол берун тағйир ёфтани қурб ба бозори дохилӣ аз рӯи имкониятҳои воқеӣ дахолат менамояд.

Бо мақсади таъмини фаъолияти муътадили бозори дохилии асъор ва маҳдуд сохтани лаппишҳои аз эътидол беруни қурби пули миллӣ, тафовути байни қурби расмӣ ва қурби бозории асъори хориҷӣ то 2 фоиз нигоҳ дошта мешавад. Бинобар ин, дар дурнамои се соли оянда ҳалли масъалаҳои мазкур вазифаи аввалиндараҷаи низоми бонкӣ боқӣ хоҳад монд ва ҷиҳати иҷрои онҳо тадбирҳои зерин андешида мешаванд:

1) Идома додани ислоҳоти низоми бонкӣ, пурзӯр ва самарабахш гардонидани назорати низоми бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ;

2) Баргардонидани қарзҳои батаъхирафтода, паст намудани хавфҳои қарзӣ, мусоидат ба самаранокии фаъолияти бюроҳои қарзӣ;

3) Беҳтар намудани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, зиёд намудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ ва аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ васеъ намудани доираи хизматрасониҳои муосири бонкӣ;

4) Андешидани тадбирҳо барои баланд бардоштани сатҳи идоракунии корпоративӣ дар ташкилотҳои қарзӣ, беҳтар намудани услуби баҳодиҳӣ ва идоракунии хавфҳо;

5) Вусъат додани фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд тариқи гузаштан аз миқдор ба сифат (Дар ду соли охир миқдори ташкилотҳои маблағгузории хурд (ТМХ) аз ҳисоби ташкилотҳои ғайрифаъолу носолим 46 адад кам шуд ва айни замон 75 ададро ташкил медиҳанд. Ҳиссаи ТМХ-и басташуда дар таркиби дороиҳои низоми ТМХ 2 фоиз, сандуқи қарзӣ 1 фоиз ва кормандон 4 фоизро ташкил медод);

6) Вусъат додани фаъолияти бозори байнибонкии қарзӣ;

7) Беҳтар гардонидани ҷараёни қарздиҳӣ, зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳибкории истеҳсолӣ ва соҳибкории хурд, бахусус ба соҳаҳои истеҳсоли маҳсулоти асосии кишоварзӣ ва маҳсулоти воридотивазкунандаи содиротӣ (Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020);

8) Ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, қарзҳои имтиёзнок ва сармоягузориҳои дарозмуҳлати хориҷӣ;

9) Таъмини ҳамоҳангии татбиқи сиёсати монетарию фискалӣ;

10) Таъмини танзим ва назорати самараноки субъектҳои низоми пардохт ва низоми суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

11) Вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, инчунин мусоидат ба раванди татбиқи технологияҳои муосири пардохтӣ ва шаклҳои нави хизматрасонии пардохтӣ ва дар ин робита кам намудани гардиши пули нақд дар муомилот, таъмини шаффофият дар низоми ҳисобдории молиявӣ ва зиёд намудани даромади Буҷети давлатӣ;

12) Ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои истеъмолкунандагони хизматрасонии низоми бонкӣ, тақвияти боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолии кишвар ва вобаста ба он ҳалли мушкилоти ҷойдошта ҷиҳати баргардонидани амонатҳои аҳолӣ дар бонкҳои муаммодор.

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» ҳаматарафа мавриди таҳлил қарор дода шуд ва дар натиҷаи пешниҳодҳо, тағйиру иловаҳои воридшуда, саҳеҳтар ва мукаммал гардид. Бо истифода аз мавриди муносиб, барои ҳамкории муфид ва дастгирии доимии низоми бонкӣ миннатдории худро ба шумо изҳор намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Дурнамои мазкурро ҷонибдорӣ кунед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.

 Шариф РАҲИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Он мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии давлат барои соли 2018-ро муайян менамояд.

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 бо дарназардошти таҳлилу мушоҳидаҳо ва баҳогузории вазъи кунунии иқтисодиёти миллӣ ва таъсири омилҳои берунӣ тарҳрезӣ шуда, барои таъмини муътадилии сатҳи нархҳо дар доираи нишондиҳандаҳои мақсаднок, ки омили муҳими пешрафти иқтисодиёт ва сатҳи некуаҳволии мардум мебошад, равона мегардад.

Дурнамо бахшҳои зеринро дар бар мегирад: шарҳи вазъи макроиқтисодӣ дар соли 2017, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар соли 2017, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат.

Соли 2018 ҳадафи ниҳоӣ нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи 7,0 фоиз мебошад. Барои ноил шудан ба ин ҳадаф истифодаи самараноки фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва асъорӣ, ба монанди амалиёт дар бозори озод, амалиёти бозтамвил, меъёри захираҳои ҳатмӣ, амалиёти асъорӣ дар бозори байнибонкӣ ва ғайра дар назар аст.

Истифодаи реҷаи ҳадафгирии пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи амалиётӣ дар татбиқи сиёсати пулию қарзӣ идома дода мешавад. Нигоҳдории афзоиши ҳаҷми пул вобаста ба талаботи иқтисодиёт, пеш аз ҳама, тавассути танзими ҳаҷми пулҳои захиравӣ, захираҳои софи байналмилалӣ ва дороиҳои софи дохилӣ пешбинӣ мегардад.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул 7 ноябри соли 2017 лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва онро ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳишмандам лоиҳаи Дурнамои мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳо ба охир расиданд. Оид ба ин масъала кӣ савол дорад? Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Иҷрои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2030» 113 миллиард долларро тақозо менамояд. Дар давраи миёнамуҳлат то соли 2020 24 миллиард доллар лозим мешавад. Оё ин маблағҳои пешбинишуда таъмин карда мешаванд ё не?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА: — «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст. Асоснокии иқтисодиву молиявии он омӯхта шуда, таҳлилҳо пешниҳод гардидааст. Бовар дорам, ки маблағҳои дар ин ҳуҷҷати муҳим пешбинишуда давра ба давра ҷамъ ва ба ҳадафҳои дар стратегия нишондода равона мегарданд, зеро манбаъҳои сармоягузорӣ нишон дода шудаанд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Қудратов Рустам дода мешавад.

Рустам ҚУДРАТОВ: — Ман ба раиси Бонки миллӣ ду савол дорам:

1. Меъёри бозтамвили Бонки миллӣ ва фоизи қарзҳое, ки бонкҳо ба мизоҷон пешниҳод менамоянд, минбаъд ҳам дар сатҳи баланд боқӣ мемонанд ё Бонки миллӣ дар ин бобат ягон тадбир меҷӯяд?

2. Мо ҳар дафъае, ки ба мулоқоти интихобкунандагон меравем, қисмати бештари онҳо савол мекунанд, ки кай пасандозҳояшон ба онҳо баргардонида мешавад?

Ҷамшед НУРМАҲМАДЗОДА:

- Меъёри бозтамвилро ҳоло Бонки миллӣ 16 фоиз муқаррар кардааст. Ҳангоми муътадил гардидани вазъи молиявӣ ва иқтисодӣ он таҷдиди назар мешавад. Мо дар бонк кумитаи монетарӣ дорем ва ҳар моҳ ин масъала мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Меъёри қарзҳо воқеан ҳам баланд мебошад. Дар ин бобат мо аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш гириф­тем. Гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст ва дар ин самт кор мебарад. Сандуқи пасандозии бонкҳо ҳоло 9 миллиард сомонӣ аст. Як ҷиҳати баланд будани фоизҳои қарзӣ дар он аст, ки солҳои пеш ташкилотҳои қарзӣ аз аҳолӣ бо пардохти 22 фоиз бо асъори хориҷӣ пасандоз ҷалб мекарданд ва онҳо дар сандуқи имрӯзаи пасандозӣ ҳоло ҳам ҷойгир мебошанд. Ҳоло мо пасандозҳоро бо фоизи паст ҷалб карда истодаем. Баъди анҷоми таҳлилҳо Бонки миллӣ ба ташкилотҳои қарзӣ дастур хоҳад дод.

Пешниҳоду эрод дар бобати сари вақт, пурра бознагардонидани пасандозон дастури фаъолияти Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ мебошад. Мо бо роҳбарони бонкҳои мушкилдор – «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт корро тақвият бахшидем ва дар муҳлати кӯтоҳ беш аз 240 миллион сомонӣ аз ҳисоби пардохти маблағҳо ва фурӯши амвол ба даст оварда, барои мақсадҳои пешбинишуда равон кардем. ҳамин тариқ, 61 миллион сомонӣ ба пасандозгузорон пардохта шуд. Дар «Агроинвестбонк» пасандозҳое, ки маблағашон то 500 доллар буд, пурра пардохта шуданд. Дар ҳар ду бонк пасандозҳое, ки 100 сомонӣ ва аз он камтаранд, зиёд мебошанд, маблағи умумӣ низ калон аст, вале соҳибонашон барои гирифтани онҳо муроҷиат намекунанд. Сарфи назар аз ин, бонкҳо пардохти маблағҳоро ба зимма гирифтаанд ва онро иҷро мекунанд.

«Тоҷиксодиротбонк» дар ду моҳ ба мизоҷон 54 миллион сомонӣ пасандоз баргардонидааст. Амволи ба гарав гирифтаашро низ ба фурӯш бароварда истодааст. Яъне, бонк барои пардохти пасандозҳои қабулкарда уҳдадор аст ва онро иҷро хоҳад намуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018 ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Ҷамшед Абдураҳмон дода мешавад.

КАРИМЗОДА Ҷамшед Абдураҳмон:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур зимни мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони шаҳри Душанбе, ки 15 феврали соли 2017 баргузор шуд, асос ёфта, дар заминаи он тибқи банди 23 Нақшаи чорабиниҳо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор гардид, ки бо ҷалби сармояи дохилӣ ё хориҷӣ барои баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои тамбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахти кишвар чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Феълан мақомоти мазкур дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти дорои ­масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» марҳилаи аввали татбиқи лоиҳаро ба итмом расонидааст, ки дар доираи он 70 адад таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили валидатор ва ноқилҳои пайвасткунанда ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, дар 58 адад автобус ва троллейбус насб карда шудааст.

Тибқи маълумот, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтааст, ки то охири соли 2017 барои дигар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт боз 930 адад таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла, 250 адад барои автобусу троллейбус ва 680 адад барои микроавтобусҳо ба ҷумҳурӣ ворид намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахти кишвар равона шудааст.

Дар доираи амалигардонии лоиҳаи қонуни мазкур кортҳои пардохти электронии роҳкиро ба чанд гурӯҳ тақсим гардида, дар заминаи он кортҳои имтиёзнок барои донишҷӯён, хизматчиён ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ташкил карда мешавад.

Хароҷоти умумии маблағи хариди таҷҳизоти воридшаванда 18172,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва аз ин нишондиҳанда пардохтҳои гумрукӣ 4343,1 ҳазор сомониро дар бар гирифта, 3434,5 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ва 908,6 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ мебошанд.

Аз шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шуда, барои беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, ба низом даровардани пардохти роҳкиро ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ намудани симои пойтахт — шаҳри Душанбе равона шудааст. Татбиқи лоиҳаи қонун барои аз байн бурдани баҳсҳо ҳангоми додани бақияи ҳаққи роҳкирои мусофирон ва аз ҳама муҳим, ба иқтисоди расмӣ гузаштани гардиши маблағҳои хизматрасонии соҳаи нақлиёт мусоидат мекунад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар заминаи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ҷиҳати тақвият бахшидани нақши хизматрасонӣ, дарёфти роҳҳои танзим ва ба тартиб даровардани фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ тасмим гирифтааст, ки лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе»-ро дар ҳамбастагӣ бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гурӯҳ» амалӣ гардонад.

Хароҷоти умумии маблағи хариди таҷҳизот 18 млн.172 ҳазор сомонӣ буда, маблағи умумии имтиёзӣ 4 млн. 343,1 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз ин 3 млн. 434,5 ҳазор сомонӣ андоз аз арзиши иловашуда ва 908,6 ҳазор сомонӣ боҷи гумрукӣ мебошад. Инчунин, ба шаҳрвандоне, ки мунтазам аз хизматрасониҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мебаранд, кортҳои дарозмуҳлат бо тарофаҳои гуногун пешниҳод карда мешавад, ки тавозуни он дар терминалҳо пурра маблағгузаронӣ мешавад.

Озод намудани воридоти таҷҳизоти зарурӣ аз боҷу пардохтҳои давлатӣ барои амалигардонии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» имкон фароҳам меоварад, ки бо ҷалби сармоягузориҳои дохилӣ ва ҳамкории минбаъда дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ширкатҳои ватанӣ дастгирӣ ёфта, барои татбиқи дигар лоиҳаҳои бузург ҷалб гарданд.

Ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» қисми 14 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

«14. Дар соли 2017 таҷҳизоти зарурии барои амалигардонии лоиҳаи «Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе» воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ озод карда мешавад.».

Дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул лоиҳаи қонун бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ гардид.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба ҷаласаи имрӯза муовини раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Саидзода Қурбон Тағой даъват шудааст.

Муҳтарам Саидзода, бо қабули ин қонун дар бахши хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чӣ навигарӣ ба вуқӯъ мепайвандад?

САИДЗОДА Қурбон Тағой:

- Муҳтарам Раис, вакилони Маҷлиси намояндагон! Лоиҳаи қонуни мазкур асосан дар заминаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ гардонида шуда, таҷҳизонидани таҷҳизоти ҳисобкунии ғайринақдӣ дар воситаҳои нақлиёти истифодаи умумро дар пойтахт пешбинӣ менамояд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе зиёда аз 3500 нақлиёти мусофирбари истифодаи умум, аз ҷумла зиёда аз 300 адад автобуси калон ва 75 адад троллейбус мавҷуд аст. 3077 адади боқимонда нақлиёти хурди мусофирбар мебошанд. Пешбинӣ мегардад, ки ҳамаи ин нақлиёт бо ин таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Мақсади асосии татбиқи лоиҳаи қонун аз гардиши ғайрирасмӣ ба гардиши расмӣ баргардонидани маблағҳои соҳаи нақлиёт мебошад. Сокинони пойтахт ва ашхоси дигаре, ки вориди нақлиёти ҷамъиятӣ мешаванд, бо истифода аз кортҳои пластикӣ, ки дар терминалҳо ба онҳо маблағ гузаронида мешавад, пардохти роҳкирои худро анҷом диҳанд. Тариқи автоматӣ аз корт маблағи роҳкиро ситонида мешавад. Баъди тамом шудани маблағ онро метавон дар терминалҳои маблағгузаронӣ дигарбора пурра намуд.

Дар доираи татбиқи лоиҳаи мазкур додани кортҳои пардохти электронии имтиёзнок барои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда ва дигар шахсоне, ки дар рушду нумӯи Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузоштаанд, пешбинӣ мегардад. Онҳое, ки аз хориҷи кишвар ё аз гӯшаҳои дигари ҷумҳурӣ ба пойтахт меоянд, метавонанд аз нуқтаҳои фурӯш кортҳои якдафъаина ва сердафъаина харида, истифода намоянд.

РАИС: — Ин масъаларо дуруст ба аҳолӣ фаҳмонидан лозим аст, то ин ки нофаҳмӣ ба амал наояд. Ҳоло нархи истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт чӣ қадар аст?

САИДЗОДА Қурбон Тағой:

- Ҳоло вобаста ба намуди нақлиёти мусофирбар ва масофаи хатсайр роҳкиро аз 60 дирам то 1 сомонию 60 дирамро (дар автобус, троллейбус ва микроавтобусҳо) ташкил менамояд. Як қисми таҷҳизоти воридшуда дар троллейбусҳо насб карда шуд ва мушкилии имрӯза баргардонидани бақияи роҳкиро ба шумор меравад. Бо оғози татбиқи лоиҳаи мазкур ин мушкил аз миён бардошта мешавад.

РАИС: — Оид ба ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидов Ҷамшед дода мешавад.

 Ҷамшед САИДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дастгирӣ ва қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» аҳамияти муҳим дорад. Пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз таваҷҷуҳ ва ғамхории беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони пойтахт – шаҳри Душанбе дарак дода, месазад, ки мо – вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвари давлат миннатдории самимӣ баён намоем.

Қобили қайд аст, ки ба низом даровардани хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятии пойтахт таҳти назорати роҳбарияти шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи он қарор дошта, амалӣ гардидани низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он қадами устувор дар самти беҳдошти соҳа ба ҳисоб меравад. Мо – сокинони пойтахт ҳар рӯз шоҳиди он мегардем, ки пардохти нақдии роҳкирои нақлиёт барои ронандагон ва мусофирон оид ба баргардонидани бақияпулӣ мушкил пеш меовард. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, маб­лағи зарурӣ барои хариди таҷҳизот ва таҷҳизонидани қариб 1000 адад нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ гардидааст. Озод намудани таҷҳизоти зарурии воридшаванда аз андоз аз арзиши иловашуда, боҷ ва пардохтҳои гумрукӣ ҳангоми амалигардонии лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда шумораи бештари нақлиёти истифодаи умуми пойтахт бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шавад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Мувофиқи ҳисобҳо, татбиқи лоиҳаи мазкур фоидаовар аст. Маблағи барои харидории таҷҳизот пешбинишударо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷудо мекунад?

САИДЗОДА Қурбон Тағой: — Лоиҳаи мазкур дар заминаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ мешавад ва маблағи пешбинигардидаро ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» пардохт менамояд ва баъд аз шурӯи татбиқи лоиҳа аз фоидаи бадастомада маб­лағҳо баргардонида мешаванд.

РАИС: — Маблағи роҳкироро арзонтар кардан зарур аст, махсусан барои гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон.

САИДЗОДА Қурбон Тағой: — Муҳтарам Раис! Баъд аз он ки татбиқи лоиҳа оғоз мешавад, ҷамъоварии маблағҳо 4-5 маротиба меафзояд. Он вақт ин масъалаҳо, албатта, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сабурзода Мирзодавлат дода мешавад.

Мирзодавлат САБУРЗОДА: — Ман аз муовини раиси шаҳри Душанбе пурсиданиям, ки оё дар хариди кортҳои пардохтӣ имтиёз пешбинӣ шудааст?

САИДЗОДА Қурбон Тағой: — Албатта, имтиёзҳо пешбинӣ мешаванд. Ба шаҳрвандон ҳангоми хариди кортҳои пардохтии истифодаи дарозмуддат (якмоҳа, шашмоҳа, солона) тахфиф пешниҳод мегардад. Ҳамчунин, ба категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандон, ки зикрашон дар боло рафт, имтиёз ва сабукиҳо дода мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муъминзод Абдулмаҷид Мубин дода мешавад.

 Муъминзод Абдулмаҷид Мубин:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул дониста шуда, 19 июли соли 2017 аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба имзо расидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир», ки муассисони он ҶДММ «25-солагии Истиқлолият»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи «Би Ю»-и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд, тасмим гирифтааст, ки корхонаи истеҳсоли маводи таркандаи эмулсионии саноатиро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тавассути сармояи мустақими хориҷӣ сохта, ба истифода диҳад.

Корхонаи зикргардида бо сармоягузории тақрибан 20 млн. доллари ИМА дар давоми 1,5- 2 сол сохта, ба истифода дода мешавад, ки дар он 49,99 фоизи саҳм ба ҶДММ «25-солагии Истиқлолият» ва 50,01 фоизи саҳм ба Корпоратсияи «Би Ю» тааллуқ хоҳад дошт. Моддаҳои таркандаи эмулсионӣ бештар дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ ё коркарди маъдан, сохтмони роҳу нақбҳо, неругоҳҳои барқию обӣ ва ғайра истифода мешавад.

Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсоли маводи таркандаи эмулсионӣ умуман ба роҳ монда нашудааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз кишварҳои пешрафта бо дарназардошти нисбат ба моддаҳои таркандаи қаблан истифодашаванда (тратил) безарар ва самаранок будан, аз моддаҳои таркандаи эмулсионӣ истифода менамоянд. Тибқи маълумоти дастрасшуда, талаботи солонаи кишвар ба маводи таркандаи саноатӣ беш аз 25 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки пурра аз хориҷ ворид карда мешавад.

Тибқи созишнома, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» зимни сохтмони корхона талаботи сохтмонӣ, бехатарӣ ва экологии кишварро пурра риоя намуда, инчунин бо мақсади беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолии минтақа дар лоиҳаҳои инфрасохтории иҷтимоӣ саҳм мегузорад.

Дар марҳилаи аввал ҳаҷми истеҳсоли маводи таркандаи саноатӣ дар корхона на камтар аз 20 ҳазор тонна дар як солро ташкил дода, таҷҳизоти муосири насбшаванда имкони истеҳсоли бештари маҳсулотро дорад. Вобаста ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳоло барои корҳои омодагии лоиҳа 170 ҷойи корӣ таъсис шудааст, ки 90 фоизи онро сокинони маҳаллӣ ташкил дода, музди миёнаи меҳнати онҳо 1130 сомониро ташкил медиҳад. То 20 ноябри соли 2017 барои татбиқи лоиҳа зиёда аз 21,8 млн. сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб ва ба маблағи 30,7 ҳазор сомонӣ андоз ба буҷет пардохт шудааст.

Дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳа 24,7 гектар замин ҷудо шуда, 48,8 фоизи сохтмон аллакай ба сомон расидааст. Ба маблағи 12,3 миллион сомонӣ таҷҳизоти корхона ворид шуда, инчунин ба маблағи 45,8 миллион сомонӣ дигар таҷҳизоти зарурии корхона фармоиш дода шудааст. Мутобиқи созишнома, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» тахассуси мутахассисони маҳаллиро дар корхонаҳои амалкунандаи худ дар Ҷумҳурии Халқии Хитой баланд бардошта, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 90 фоизи кормандони корхонаро аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи пурсамари лоиҳа, тибқи созишномаи сармоягузорӣ, сармоягузорро аз андоз аз фоида 5 сол ва молу таҷҳизоти барои татбиқи лоиҳа воридшавандаро аз боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод кардааст. Муҳлати амали созишнома 5 солро фаро гирифта, имтиёзҳои пешбинигардида мутобиқ ба қонунгузории андоз ва гумруки кишвар мебошад.

Тасдиқи лоиҳаи қарори мазкур боиси хароҷоти иловагӣ аз буҷети кишвар нагардида, ба ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ, воридоти техника ва технологияи нав, бунёди инфрасохтори замонавӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар ва ба роҳ мондани маҳсулоти воридотивазкунанда, воридшавии маблағҳои иловагӣ ба Буҷети давлатӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.

Хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Нидозода Ҳусейн Болта дода мешавад.

Нидозода Ҳусейн Болта:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон 19 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир», ки муассисони он ҶДММ «25 — солагии Истиқлолият»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи «Би Ю» -и Ҷумҳурии Халқии Хитой мебошанд, тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, корхонаи истеҳсоли маводи таркандаи эмулсионии саноатиро дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон тавассути сармояи мустақим сохта, ба истифода диҳанд.

Кумитаи масъул 14 ноябри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, ба тасвиб расонидани онро мувофиқи мақсад мешуморад.

Созишномаи мазкур дар доираи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба имзо расидааст. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «КМ Муосир» оид ба сохтмони корхонаи истеҳсоли моддаҳои эмулсионии таркандаи саноатӣ дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон» ба овоз монда шуда, қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи  «Нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷуразода Тоҷиддин дода мешавад.

 Тоҷиддин ҶУРАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби бештари сармоя ва технологияи нави инноватсионӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва Низомномаи минтақа, ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, ботадриҷ рушд медиҳад.

То имрӯз дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузории мустақим беш аз 1,5 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 26 миллион сомонӣ ва ташкили ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ ба 1815 нафар расидааст.

Тағйироти ба лоиҳаи қарор воридшаванда низ дар вусъат додани фаъолияти минтақа нақши муҳим дорад ва аз шумо хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ кунед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинзода Бадриддин Талбак дода мешавад.

Садриддинзода Бадриддин Талбак:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Ба баррасии шумо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017 №502 «Оид ба тасдиқ намудани нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», ки дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 2017, №1454 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қарор бо мақсади вусъат бахшидан ба рушди фаъолияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» омода шудааст, ки ҳоло миқдори субъектҳои он ба 31 расида, 23 адади он барои бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ фаъолият доранд ва дар 10 моҳи соли ҷорӣ 60,8 млн. сомонӣ корҳоро иҷро намуданд.

Бояд қайд кард, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011, №378 «Дар бораи гирифтан ва ба Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» додани қитъаи замин» ба тасвиб расида, 521,32 гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳ ба он вобаста шуд.

Бо дарназардошти он ки заминҳои ҷудогардида дар атрофи деҳаи Меҳрвари Ҷамоати деҳоти Лоҳур ҷойгир аст, масъалаи ҳифзи муҳити зистро баъди оғози сохтмони корхонаҳо ба назар гирифта, бобати дар масоҳати 521,32 гектар ҷудогардида иваз намудани мавзеи ҷойгиршавии замин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014, №832 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2011 № 378 ба тасвиб расидааст.

Бо дарназардошти ба миён омадани тағйирот дар истифодабарии замин, тибқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, №502 «Оид ба тасдиқ намудани нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» қабул гардида, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мутобиқи тартиби муқарраргардида, 23 ноябри соли ҷорӣ ҷаласаи васеи кумита бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дахлдор баргузор гардид. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулоса лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Хоҳиш менамоям, ки Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, №502 «Оид ба тасдиқ намудани нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» — ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ кардани нақшаи ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: - Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод дода мешавад.

Ҳусейнзода Музаффар Маҳмурод

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти аҳамияти инкишофи ҳамкориҳои густурдаи гуногунсатҳ ва робитаҳои ҳасанаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми муосири муносибатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла афзоиши теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф меоранд, зарурати ба танзим даровардани раванди рафтуомад ва будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар ба миён омадааст.

Мусаллам аст, ки уҳдадориҳои байналмилалӣ ва таъмини манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ бархӯрди дурустро талаб менамояд. Бо ин мақсад, дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ» мавриди таҷдиди назар ва такмил қарор дода шуд. Ба ин муносибат гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил ва таҷрибаи андӯхтаи байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт.

Дар лоиҳаи қонуни баррасишаванда амалия ва таҷрибаи муосир дар тартиби рафтуомад, будубош ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бетабаа муқаррар карда шуд. Ҳамчунин моддаҳои иловагӣ оид ба мафҳумҳои асосӣ ворид гардид, ки дуруст тафсир намудани муқаррароти қонунро таъмин менамоянд.

Лоиҳаи қонун аз 5 боб ва 37 модда иборат мебошад. Ҳангоми мувофиқаи лоиҳаи қонуни мазкур эроду пешниҳодоти кумитаҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ба инобат гирифта шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба меъёрҳои Конститутсия, санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, мухолифат намекунад. Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафарзода Бахтовар Амиралӣ дода мешавад.

САФАРЗОДА Бахтовар Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Нақшаи чорабиниҳои давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012 – 2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012, №92 тасдиқ шудааст, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Қонуни амалкунанда соли 1996 қабул гардида, тӯли 21 соли амал қонунгузориҳои соҳавӣ, ки ба ин ё он меъёри қонун дахл дорад, ба тағйироти зиёд рӯ ба рӯ шудаанд. Аз ин рӯ, он аз лиҳози мазмун, мантиқ, истифодаи истилоҳот ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ба талабот ҷавобгӯй нест.

Пеш аз ҳама, номи лоиҳаи пешниҳодшуда аз қонуни амалкунанда фарқ дошта, дар он як категорияи алоҳидаи шахсон, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, яъне шахсони бешаҳрванд, илова шудааст. Вобаста ба ин, дар номи боб ва моддаҳо, ки ба ин категорияи шахсон дахл доранд, истилоҳи «шахсони бешаҳрванд» илова карда шуд.

Дар муқаддимаи лоиҳаи қонун мақсад ва матлаби он омадааст. Боби якуми лоиҳаи қонун муқаррароти умумӣ ном дошта, аз 6 модда иборат аст. Дар моддаи 1 мафҳумҳои асосии истифодашуда шарҳ дода шудаанд. Дар моддаҳои минбаъдаи боби 1 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадории риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, будубоши доимӣ ва муваққатии ин шахсон ва додани паноҳгоҳи сиёсӣ пурра танзими худро ёфтаанд.

Боби дуюми лоиҳа аз лиҳози ҳаҷм ва мазмун калонтарин ба шумор рафта, 17 моддаро дар бар мегирад. Он ба ҳуқуқ, озодӣ ва уҳдадориҳои асосии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар он ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба меҳнат, истироҳат, ҳифзи саломатӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, манзил, ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкӣ, таҳсил, истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ, иштирок дар иттиҳодияи ҷамъиятӣ, озодии виҷдон, муносибатҳои оилавӣ, дахлнопазирии шахс ва манзил, озодии интихоби маҳали зист, уҳдадории супоридани андоз, боҷ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муносибати онҳо ба хизмати давлатӣ ва интихобот, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, муносибат ба хизмати ҳарбӣ пурра танзим ёфтаанд. Бояд гуфт, ки маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳо ва уҳдадориҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ин боб ва умуман дар лоиҳаи қонун омадаанд, ба стандартҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқанд. Дар он муқаррароти Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, инчунин як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Конвенсия оид ба мақоми апатридҳо (яъне шахсони бешаҳрванд) ва Конвенсия оид ба кам кардани шахсони бешаҳрванд пурра инъкиос ёфта, ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.

Боби сеюми лоиҳа ба ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд бахшида шудааст. Он аз 5 модда иборат буда, ворид шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаштани транзитӣ, муқаррар намудани қоида ва тартиби ин ҳаракатҳо, инчунин назорати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба танзим дароварда шудаанд.

Боби чорум масъулияти шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд барои риоя накардани муҳлати будубош ва бо роҳи маъмурӣ берун кардани онҳо аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим кардааст.

Муқаррароти хотимавии лоиҳаи қонун имтиёз ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони дигар, танзими будубоши онҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонуни мазкур, аз эътибор соқит кардани қонуни амалкунанда ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муқаррар намудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон №1311 аз 16 августи соли 2017 барои хулоса ба Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд, ки онро ҷонибдорӣ намуда, ҷиҳати такмил 80 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 54 — тои он пурра ва ё қисман истифода шуд.

Кумитаи масъул 26 октябри соли 2017 бо иштироки муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ,  намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуданд. Пешниҳод гардид, ки бо дарназардошти таклифу  пешниҳодҳо, лоиҳаи қонун такмил дода шавад. Баъд аз такмил лоиҳа дар маҷлиси васеи такрории кумита 16 ноябр баррасӣ гардида, дар шакли такмилёфта пешкаши шумо -  вакилони муҳтарам гардидааст.

Ҳамчунин, лоиҳаи қонун бо дарназардошти тавсияву пешниҳод ва эродҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, мукаммал гардонида шуд.

Хоҳиш менамоям, ки онро  ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо ба охир расид. Кӣ савол дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: - Муҳтарам Раис! Ман ду савол дорам:

1. Ҳоло равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле беҳтар шудааст. Биноан, дар самти  бе раводид ба кишварҳои ҳамдигар рафтуомад кардани шаҳрвандон Вазорати корҳои хориҷӣ чӣ иқдомро амалӣ хоҳад кард?

2. Чанде пеш вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия ҷорӣ намудани раводидро барои шаҳрвандони як қатор кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, пешниҳод намуданд. Вазорат роҷеъ ба ин масъала чӣ назар дорад?

РАИС: - Муҳтарам вакил, ҳар ду саволи пешниҳодкарда ба масъа­лаи мавриди баррасӣ иртибот надорад. Хоҳишмандам, саволҳоро дар доираи масъалаи  баррасишаванда манзур созед.

ҲУСЕЙНЗОДА Музаффар Маҳмурод: - Дар илова ба суханони шумо, муҳтарам Раис, мехоҳам таъкид намоям, ки муносибатҳои байналмилалӣ дар доираи шартнома ва созишномаҳои дуҷониба роҳандозӣ мешаванд ва муносибат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳамчунон байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар чаҳорчӯбаи ҳамон санадҳо амалӣ мешаванд.

РАИС: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуалимов Баҳром Абдулазимович дода мешавад.

Баҳром АБДУАЛИМОВ: - Тибқи қисми 2 моддаи 11- уми лоиҳаи қонун ба шаҳрвандони хориҷӣ доштани амволи ғайриманқул, аз ҷумла манзил, манъ карда шудааст. Қисмати зиёди шаҳрвандон, ки дар Федератсияи Россия зиндагӣ мекунанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ манзил доранд. Ҳангоми дар идораҳои нотариалӣ ба расмият даровардани манзил ва дигар амволи ғайриманқул мушкилот ба вуҷуд меояд. Муаллифони лоиҳа инро чӣ гуна шарҳ медиҳанд?

РАИС: — Кӣ ба ин савол ҷавоб мегӯяд? Марҳамат Бахтовар Сафарзода.

САФАРЗОДА Бахтовар ­Амиралӣ: - Ин ҷо муаммои ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ин маҳдудиятро муқаррар менамояд. Баъдан, масъалаи душаҳрвандӣ мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» бо он кишварҳое, ки шартномаи дутарафа доранд, эътироф карда мешавад. Тибқи созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Россия шахсе, ки душаҳрвандӣ дорад, қонунгузории кишваре, ки дар он ҷо истиқомат мекунад, нисбат ба ӯ амалӣ мегардад. Шахсе, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад, маҳдудият нисбат ба ӯ татбиқ намегардад.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Аҳматҷон Қобилов дода мешавад.

Аҳматҷон ҚОБИЛОВ: - Дар шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадии кишвар шахсони зиёде зиндагӣ мекунанд, ки солҳост шаҳрвандӣ надоранд. Аз Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ё Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба шавҳар баромада, ба Тоҷикистон омадаанд. Дар лоиҳаи қонун ба ин гурӯҳ ягон имтиёз ё сабукӣ пешниҳод мешавад?

САФАРЗОДА Бахтовар ­Амиралӣ: - Муҳтарам вакил, саволи шумо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандӣ» дахл дорад ва масъалаи бамиёнгузошта тибқи он ба танзим дароварда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда ва боб ба боб баррасӣ ва ба овоз монда шуда, яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

 УМАРЗОДА Икром Ислом:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Мақсад аз пешниҳоди он аз байн бурдани мухолифат, муайян намудани таҷрибаи иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот мебошад. Тибқи лоиҳаи қонун, ба қисми якуми моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» илова намудани банди 24 бо мазмуни зерин: «24) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истеҳсолоти иҷро қарздор, молу мулки ӯ ё кӯдакро кофтуков намояд» пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи қисми 1 моддаи 28 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», аз рӯи парвандаҳо оид ба ситонидани алимент, рӯёнидани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи расонидани зарари ҷисмонӣ ё зарари дигар ба саломатӣ ё ин ки вобаста ба фавти саробон расидааст, инчунин дигар ҳолатҳое, ки ҷойи истиқомати қарздор ва макони молу мулки ӯ номаълум мебошад, дар асоси аризаи иҷрочии суд ё ситонанда суди маҳали иҷрои ҳуҷҷати иҷро метавонад кофтукови қарздорро ба воситаи мақомоти корҳои дохилӣ эълон намояд.

Ҳамчунин, бояд тазаккур дод, ки дар қонунгузории мурофиавии гражданӣ оид ба эълони кофтукови кӯдаки аз ҷавобгар гирифташуда меъёр муайян карда шудааст.

Меъёрҳои зикршуда дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» вуҷуд надоштанд. Яъне, бо ворид шудани ин илова ҳам холигӣ дар қонун ва ҳам мухолифат байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз байн меравад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ мудофиа ва амният Тағоймуродов Анвар Ҳайдарович дода мешавад.

 Анвар ТАҒОЙМУРОДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду пешниҳод манзур гардид, ки ба инобат гирифта шуд.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.

 Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Мақсад аз таҳияи он мутобиқ намудани меъёрҳо ба тағйиру иловаҳое мебошад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 майи соли 2016 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид карда шудаанд. Дар лоиҳаи қонуни мазкур, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 2, 21, 24, 37, 39 ва 42 пешбинӣ гардидааст, ки мутобиқи онҳо имтиёзу кафолатҳои дар моддаҳои 37, 39 ва 42 ҳамин қонун пешбинигардида танҳо ба ятимону бепарастороне, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, нигаронида мешаванд.

Аз рӯи маълумоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, кӯдакони бе падару модар дар маҷмӯъ 2638 нафарро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, кӯдакони бе падару модар дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ – 1867, кӯдакони аз парастории волидайн маҳрум — 436, кӯдакони бе падару бе модар дар муассисаҳои томактабӣ – 295 ва кӯдакони аз парастории волидайн маҳрум 40 нафарро ташкил медиҳанд. Аммо шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки падар ё модар надоранд, мутаносибан ба 31956 ва 10007, шумораи кӯдакони муассисаҳои томактабӣ, ки падар ё модар надоранд, мутаносибан ба 1259 ва 227 нафар баробар мебошанд.

Моддаҳои 37, 39 ва 42 қонуни мазкур қабули 4 санади зерқонуниро пешбинӣ менамояд, ки бо қабули онҳо як қатор кафолатҳои давлатӣ (ба манзил, таҳсил, нақлиёт) ба кӯдакони ятим ва бепарастор воқеан пешниҳод карда мешаванд.

Аз ин рӯ, бо қабули қонуни мазкур минбаъд имтиёзу кафолатҳои дар қонун муқарраргардида танҳо ба ятимону бепарастороне, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, мутааллиқ аст.

Аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин ­масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Раҷабов Равшан Муҳитдинович дода мешавад.

 Равшан РАҶАБОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мушаххас намудани доираи кӯдаконе, ки аз имтиёзҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бархӯрдор мегарданд ва мутобиқ гардонидани мафҳумҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур, тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 2, 21, 24, 37, 39 ва 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» пешбинӣ гардидааст, ки тибқи он, имтиёзу кафолатҳои дар моддаҳои 37 «Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба манзил», 39 «Кафолати давлатии амалӣ намудани ҳуқуқи кӯдакони ятим ва бепарастор ба таҳсил» ва 42 «Кафолати давлатии амалӣ намудани дигар ҳуқуқҳои кӯдакони ятим ва бепарастор»-и қонуни мазкур пешбинигардида танҳо ба ятимону бепарастоне, ки таҳти таъминоти пурраи давлат қарор доранд, тааллуқ доранд.

Лоиҳаи қонун бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли 2017, №1441 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ ва ҷиҳати такмил дар маҷмӯъ 11 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 9 — тояш қабул шуд.

Кумитаи масъул 14 ноябри соли 2017 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. 

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Саида Ғайрат дода мешавад.

УМАРЗОДА Саида Ғайрат:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар доираи Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати татбиқи нишондодҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 апрели соли 2005 бармеоянд, 18 июни соли 2008 қабул гардид ва мебоист аз 1 январи соли 2010 мавриди амал қарор мегирифт. Баъдан, 29 декабри соли 2010, №677 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он оғози татбиқи қонуни мазкур ба соли 2014 ва боз ба соли 2017 гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки аз оғози соли 2014 дар доираи омодагӣ баҳри татбиқи қонуни мазкур Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути гурӯҳи кории байниидоравӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, инчунин, шарикон оид ба рушд, роҷеъ ба имкониятҳои ворид намудани суғуртаи тиббӣ як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Барои оғози татбиқи қонуни мазкур аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ чанд санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, аз ҷумла лоиҳаҳои «Низомномаи Фонди суғуртаи тиббӣ», «Барномаи заминавии суғуртаи ҳатмии тиббӣ», «Тартиб ва андозаи суғуртаи тиббӣ» ва дигар ҳуҷҷатҳо таҳия шуданд.

Ҳамчунин, дар ин раванд чанд мушкили вобаста ба шароити зикргардида мавҷуд аст, ки ба сари вақт амалӣ намудани қонуни мазкур монеа мегарданд. Аз ҷумла, дар сатҳи паст қарор доштани шуғли аҳолӣ, ҳаҷми суғуртаи тиббӣ, ки ба сатҳи андоз аз даромади аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад. Пардохт намудани ҳаҷми хизматрасонии тиббӣ ба гурӯҳҳои имтиёзнок аз ҷониби Буҷети давлатӣ низ нокифоя аст.

Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки барои ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на кам аз 4 то 6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад. Ин нишондиҳанда дар Ҷумҳурии Қирғизистон 4,2 фоиз, Ҷумҳурии Молдова — 5,6 ва Ҷумҳурии Эстония 5,9 фоизро ташкил медиҳад ва дар ин кишварҳо суғуртаи ҳатмии тиббӣ амалӣ гардида истодааст. Буҷети соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол 2,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад, ки 80 — 90 фоизи он ба музди меҳнати кормандон равона гардидааст. Барои дигар хароҷот, алалхусус доруворӣ, маблағи ночиз боқӣ мемонад. Ҳамчунин, то амалӣ гардидани татбиқи қонуни мазкур вазорат зарур мешуморад, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд як қатор чорабинӣ, аз қабили пурзӯр намудани иқтидори кадрӣ, гузаронидани таҳлил аз рӯи ­маблағгузорӣ ва оптимизатсияи соҳа, мутобиқ намудани системаи тандурустӣ ба талаботи қонун амалӣ карда шаванд.

Илова бар ин, қайд кардан бамаврид аст, ки аз Буҷети давлатӣ суғуртакунонии ҳатмии тиббии гурӯҳи калони шахсони алоҳида, ки дар моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ шудааст, дар шароити буҳрони иқтисодию молиявӣ аз Буҷети давлатӣ хароҷоти калонро талаб менамояд. Дар баробари ин, Вазорати молия ва Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, ки муҳлати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» то соли 2022 тамдид карда шавад. Дар ин раванд Кумитаи андози ­назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қайд намудааст, ки буҳрони иқтисодию молиявие, ки айни замон вуҷуд дорад, ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба ин васила ба кори субъектҳои соҳибкории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда таъсири манфӣ расонида истодааст. Бинобар ин, бар замми буҳрони иқтисодию молиявӣ, ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ ва вобаста ба ин баланд бардоштани андоз мушкили молиявии фаъолияти субъектҳои соҳибкориро дучанд мегардонад.

Бояд тазаккур дод, ки ҳатто дар кишварҳое, ки вазъи иқтисодию молиявии онҳо ба дараҷаи зарурӣ аст, масалан Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қирғизистон, то ҳол мушкили ҷиддӣ дар татбиқи суғуртаи ҳатмии тиббӣ ба назар мерасад. Бинобар ин, дар асоси хулосаҳои сохторҳои марбута, бо дарназардош­ти мавҷуд набудани имкониятҳои молиявӣ барои таъсиси сохтори алоқаманд, таъмини ҷамъоварии маблағҳо дар сатҳи вилоятҳо бо сабаби нокифоягии неруи кадрии зарурӣ, инчунин шароити номусоиди иқтисодии буҳрони молиявӣ, оид ба тамдид намудани муҳлати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои гирифтани розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи вазорат 23 июни соли 2017 мактуб ирсол гардид. Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 2017, №19489 (25-2) ҷиҳати тамдид намудани муҳлати амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи қонуни мазкур омода шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз ҷониби вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст.

Мо ҷонибдори он ҳастем, ки суғуртаи тиббӣ ҳамчун манбаи иловагии маблағгузории соҳа ворид карда шавад, аммо, тавре таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, дар ҳолати набудани маблағҳои зарурӣ ворид намудани суғуртаи тиббӣ ғайриимкон мебошад. Дар асоси гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан оид ба ин ­масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашурзода Гулбаҳор Сангилло дода мешавад.

 АШУРЗОДА Гулбаҳор Сангилло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсад аз пешниҳоди тағйирот тамдид намудани муҳлати амали қонуни мазкур, бинобар мушкилоти молиявӣ вобаста ба буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2017, № 1443 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Танҳо аз тарафи шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон чор пешниҳод манзур гардид, ки дутои он қабул шуд.

Кумитаи масъул 9 ноябри соли 2017 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

 ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Се лоиҳаи алоҳидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ А. Қодирӣ, Н. Набизода ва вакилони Маҷлиси намояндагон А. Холмуҳаммадзода, М. Қоди­рова, А. Қобилов, Н. Содиқова, Ш. Сироҷов ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳои кодекси мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва санадҳои дигари қонунгузорӣ, ҳамчунин, татбиқи дурусти меъёрҳои он, пешниҳод гардидаанд.

Лоиҳаҳои қонуни зикргардида бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон мувофиқан аз 20 феврали соли 2017, №1081, аз 1 майи соли 2017, №1187 ва 25 сентябри соли 2017, №1368 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуданд. Ҳар яке аз лоиҳаи зикргардида аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати кишвар ҷонибдорӣ гардиданд.

Ҳамчунин, ба лоиҳаҳо 70 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки характери таҳрирӣ доранд ва аз онҳо 39 — тоаш пурра ва 25 — тоаш қисман қабул гардиданд. Дар асоси онҳо, бо мувофиқаи намояндаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ — Ҳукумати мамлакат лоиҳа такмил дода шуд.

Моддаи 48 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қоидаҳои умумии таъини ҷазои маъмуриро муайян менамояд. Қисми 5 моддаи мазкур муқаррар мекунад, ки ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои истисноӣ, бо дарназардошти шахсият, вазъи молумулкӣ ва молиявии гунаҳкор, судя ҳуқуқ дорад нисбати ӯ аз ҳадди ақали моддаҳои дахлдори қисми махсуси Кодекси баррасишаванда пешбининамуда ҷазои маъмурии пасттарро таъин намояд. Ҳамчунин, солҳои охир ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 328 қисми 1, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 339 қисми 2, 497 — 499, 577, 578 қисмҳои 1 ва 2, 579, 585 қисми 1, 592, 593 қисми 1, 594 қисми 1, 595 қисми 1, 596 ва 597 кодекси мазкур пешбинигардида афзоиш ёфтааст, ки барои ҷомеа ва давлат хавфи зиёдро ба миён овардаанд. Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакат бо таҳрири нави ҷумлаи дуюми қисми 5 моддаи 48 кодекси баррасишаванда пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби суд (судя) таъин намудани ҷазои маъмурии пасттар нисбат ба ҷазои ҳадди ақали пешбининамудаи моддаи дахлдори қисми махсуси кодекси мазкур нисбат ба шахсоне, ки дар содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии дар моддаҳои 328 қисми 1, 332, 333 қисмҳои 1 ва 3, 334, 339 қисми 2, 497 — 499, 577, 578 қисмҳои 1 ва 2, 579, 585 қисми 1, 592, 593 қисми 1, 594 қисми 1, 595 қисми 1, 596 ва 597 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбинигардида гунаҳгоранд, минбаъд ба манфиати пешгирии ҳуқувайронкуниҳои мазкур нест ва таҷрибаи мазкур бо сабаби зикргардида истисно карда мешавад.

Ҳамчунин, дар асоси моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тобеияти судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро муайян менамояд, баррасии парвандаҳо оид ба ҳуқуқвайрокуниҳои маъмурии дар моддаҳои 326, 330, 570 — 576, 580-584, 586-591 ва 598 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида ба судҳои мамлакат тобеият надоранд ва онҳо аз ҷониби мақомоти дигари ваколатдор баррасӣ карда мешаванд. Аз ин рӯ, бо асосҳои зикргардида, аз лоиҳа тағйирот вобаста ба моддаҳои 326, 330, 570 — 576, 580-584, 586-591 ва 598 кодекси баррасишаванда хориҷ ва он ба моддаи 93 Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонида шуд.

Дар мувофиқа бо моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дар қисми 7 моддаи 7 ном ва диспозитсияи моддаҳои 223, 406 ва 468 кодекс калимаи «дастуруламал» ба калимаи «дастурамал» ва дар қисми 1 моддаи 31, қисми 3 моддаи 37 ва қисми 3 моддаи 47 кодекс калимаи «қисми» ба калимаи «Қисми» иваз карда мешаванд.

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» дар диспозитсияҳои моддаҳои 92, 343, қисми 3 моддаи 521 ва қисми 1 моддаи 686 кодекс калимаҳои «деҳа» ва «маҳаллӣ» мувофиқан ба калимаҳои «деҳот» ва «шаҳрак ва деҳот» иваз карда мешаванд.

Дар мувофиқа ба моддаҳои 17 — 18 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаҳои 63 ва 66 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 49 кодекси баррасишаванда муқаррар карда мешавад, ки дар баробари бе ҳуҷҷатҳои лоиҳавии тасдиқшуда ҷойгир кардан, бунёд намудан ва ба истифода додани объект бе қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин ва хулосаи мусбати экспертиза ҷойгир кардан, бунёд намудан ва ба истифода додани он низ ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад. Ва бо дарназардошти хавфи баланди кирдорҳои мазкур, ҷавобгарии маъмурӣ барои содир намудани онҳо пурзӯр гардонида шуда, нисбат ба шахсони воқеӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз ҳафт то даҳ, шахсони мансабдор  аз сӣ то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то сад ва шахсони ҳуқуқӣ  аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда мешавад.

Баҳри мувофиқ намудан ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба номи моддаи 415 калимаи «маҳаллии» илова карда мешавад.

Бо дарназардошти паҳнгардӣ ва болоравии хавфи қонуншикании маъмурӣ дар намуди риоя накардани тартиби ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон (моддаи 422 кодекс) ҷавобгарӣ барои кирдори мазкур нисбатан баланд бардошта шуда, ҳаҷми ҷарима мувофиқан аз «даҳ то бист» то ба аз «сӣ то панҷоҳ» ва аз «бист то сӣ» то ба аз «шаст то сад» нишодиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда мешавад. Дар робита ба ин, масъулияти шахсони мансабдор ҳангоми қабули қарор вобаста ба масъалаҳои меъморию шаҳрсозӣ (моддаи 446 кодекс) баланд бардошта, барои бар хилофи нақшаи генералии тасдиқшудаи меъморию шаҳрсозӣ қабул намудани қарор, нисбат ба шахсони мансабдор ба андозаи аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои дар давоми як соли пас аз таъин кардани ҷазо такроран содир намудани кирдори мазкур нисбат ба гунаҳгор ҷазои ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ карда мешавад.

Бо мақсади таъмини риояи тартиби додани иҷозатнома ва сертификат дар соҳаи фаъолияти меъморию шаҳрсозӣ ва сохтмон барои содир кардани кирдори мазкур нисбат ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва дар сурати дар давоми як соли пас аз таъини ҷазо такроран содир намудани кирдори мазкур ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда мешавад.

Мутобиқ ба моддаҳои 1 ва 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», дар ном ва диспозитсияи моддаи 447 кодекс калимаи «сертификат» ба калимаи «ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ» иваз карда шуда, матни модда қисми 1 ҳисобида мешавад. Ҳамчунин, ба модда қисми 2 илова карда, барои дар давоми як соли пас аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, нисбат ба шахсони мансабдор ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар мегардад.

Ҷиҳати мувофиқ намудан ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи иҷозатдиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», дар моддаи 510 кодекс муқаррар карда мешавад, ки бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб менамояд ва бе иҷозатнома амалӣ кардани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ мебошад. Барои бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намудани фаъолияте, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб менамояд, нисбат ба шахсони воқеӣ аз панҷ то даҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз понздаҳ то бист, шахсони мансабдор аз сӣ то чил, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз панҷоҳ то шаст ва шахсони ҳуқуқӣ аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима муқаррар карда мешавад.

Барои бе иҷозатнома амалӣ кардани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, нисбат ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд, аз бист то сӣ, шахсони мансабдор аз чил то панҷоҳ, соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси шаҳодатнома фаъолият менамоянд, аз шаст то сад ва шахсони ҳуқуқӣ аз дусад то сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ё бидуни он пешбинӣ карда мешавад.

Дар мувофиқа бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, илова ба моддаи 685 кодекс, барои ба кор қабул кардани шахсони уҳдадории ҳарбидошта ва ҷавонони синни даъватӣ, ки ба қайди ҳарбӣ гирифта нашудаанд, дар баробари роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва муас­сисаҳои таълимӣ ҷавобгарии маъмурии корфармоёнро муқаррар менамояд.

Мутобиқ ба Конститутсияи мамлакат, дар номи моддаи 594 калимаи «қаламрав» ба калимаи «ҳудуд» иваз карда мешавад. Ҳамин тавр, тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида ба кодекси баррасишаванда аз дигар санадҳои қонунгузории мамлакат сарчашма гирифта, ба рушди низоми ҳуқуқии мамлакат ва татбиқи дурусти меъёр­ҳои Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд.

Лоиҳа бо хулосаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 апрели соли 2017, №152, 29 июни соли 2017, №317 ва 29 августи соли 2017, №395 ҷонибдорӣ шудааст.

Кумитаи масъул 31 октябри соли 2017 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ карда, лоиҳаро ҷонибдорӣ ва ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуд.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»- ро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъа­лаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холиқов Ҳокимҷон Ҳикматуллоевич дода мешавад.

 Ҳокимҷон ХОЛИҚОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» мутобиқ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулнора Бобоева, Ҷамшед Саидов ва Рӯзадор Муҳаббатшо таҳия ва пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, алалхусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва бартараф сохтани номутобиқатии санадҳои қонунгузории ҷорӣ таҳия гардидааст.

Бо тағйироти пешниҳодгардидаи қисмҳои 1, 2, 11, 12 ва 13 лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ карда шудааст. Инчунин, дар лоиҳаи қонуни мазкур номи моддаи 1, қисми 1 моддаи 4, моддаи 9 қонуни амалкунанда пурра дар таҳрири нав пешниҳод гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 июни соли 2017, №1303 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи қонуни зикргардидаро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷиҳати такмили он 52 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки аз онҳо 33 таклиф пурра ва 10 таклиф қисман қабул шуд.

Кумитаи масъул 8 ноябри соли 2017 бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро баррасӣ намуданд ва бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо, лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд. Илова бар ин, бо дарназардошти хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2017, №495 ва пешниҳоди кумитаи  масъул  6 қисми лоиҳа хориҷ ва 6 қисми дигари он таҳрир карда шуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 ноябри соли ҷорӣ аз ҷониби Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров таклифҳо доир ба такмили лоиҳаи қонуни мазкур манзур гардид, ки онҳо пурра ба инобат гирифта шуд.

Хоҳишмандам, онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кабиров Мизроб Саидович дода мешавад.

Мизроб КАБИРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли равон бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 декабри соли 2016 тасдиқ шуд. Он дар доираи қонунҳои амалкунанда ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, назорати комили Вазорати молияи кишвар мавриди амал қарор дода шуд.

Аз 5 то 29 октябри соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти молиявию хоҷагии Маҷлиси намояндагон мавриди тафтиши нақшавӣ қарор ёфт ва боиси қаноатмандист, ки натиҷаи тафтиш хуб арзёбӣ гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2017» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала – «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Холмуҳаммадзода Азизмуҳаммад Холмуҳаммад дода мешавад.

 ХОЛМУҲАММАДЗОДА Азизмуҳаммад Холмуҳаммад:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2018», ки 15 ноябри соли равон қабул гардид, барои Маҷлиси намояндагон 17068000 сомонӣ, аз ҷумла, 16138000 сомонӣ барои Дастгоҳи марказии Маҷлиси намояндагон ҷудо шуд.

Боварӣ дорем, ки Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои ҷудошударо таъмин менамояд.

Лоиҳаи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2018 дар ҷаласаи якҷояи Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кор ва Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 22 ноябри соли 2017 баррасӣ ва ҷонибдорӣ шуд. Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қабули сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагон барои соли 2018, тасдиқи сохтор ва басти вазифаҳои Маҷлиси намояндагон, овоз диҳед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо ва сметаи хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2018» ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаро ҷамъбаст намуд.

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ